Шарҳи Маснавӣ (130)

Зиёфати таъвили магас

* * *

Зиёфат дар инҷо ба маънои норавоӣ ва нохолисӣ аст. Хулосаи ин тамсил бад-ин шарҳ аст, ки: магасе савор бар барги коҳест ва он барги коҳ рӯйи пешоби харе равон аст. Магас ба хиёли худ, рӯйи дарёе паҳновар киштӣ меронад, пас ба худ меболад ва аз сармастӣ чунин мелофад: ин манам киштибоне, ки дар ин дарёи бекарон киштӣ меронам!

Мавлоно дар ин тамсили кӯтоҳи танзомез ва дар айни ҳол газанда ва бепарда, аҳволи сармастон аз бодаи ғурурро нақд мекунад. Ононе, ки дар айни ҳақорат ва кӯтаҳфикрӣ, худро бузург ва доно мепиндоранд. Инсон гоҳ бар асари ғалабаи авҳом ва худбинӣ, хештанро бар мавҷи илму маърифат ва авҷи қудрату салтанат мебинад.

Бинобар ин, ҳар кас ки ҳадди худ нашносад ва пой аз гилеми худ фаротар ниҳад, машмули чунин тамсилест. Мавлоно бо ин тамсил, ҳам муддаъиёни маърифатро нақд карда ва ҳам ҳукком ва амирони замони худро, ки ба маҳзи расидан ба маснаде аз маснадҳои фонии дунявӣ, мағрур мешуданд ва кӯси “Ана Раббукумул-аъло” мезаданд.

Манбаъи ин тамсил қитъаест аз Абунавос дар ҳиҷои Ҷаъфари Бармакӣ, ки дар “Ъуюнул-ахбор”-и Ибни Қутайба омадааст.

Он магас бар барги коҳу бавли хар

Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар.

Он магаси хурдакандом рӯйи барги коҳ ва пешоби хар монанди киштибонон сар баланд мекард.

Бавл: идрор, пешоб.

Гуфт: ман дарёву киштӣ хондаам,

Муддате дар фикри он мемондаам.

Он магас гуфт: ман қаблан дар бораи дарё ва киштӣ матолибе хонда будам, ва муддатеро дар ҳамин андеша сипарӣ мекардам.

Инак, ин дарёву ин киштиву ман,

Марди киштибону аҳли ройзан.

Акнун бидуни шак, ин (пешоби хар) ҳамон дарёест, ки қаблан дар бораи он чизҳое хонда будам. Ва ин (барги коҳ) ҳам киштист ва ман низ киштибони моҳир ва ҳозиқам.

Бар сари дарё ҳамеронд ӯ ъамад,

Менамудаш он қадар берун зи ҳад.

Он магас рӯйи дарёи хиёлии худ (ки пешоби хар аст) қоиқи хиёлӣ (барги коҳ) меронд, ва ин чизҳо дар назараш беш аз андоза бузург ва муҳим ҷилва мекард.

Ъамад: қоиқе, ки аз шоху баргу танаи дарахт созанд.

Буд беҳад он чамин, нисбат бад-ӯ,

Он назар, ки бинад онро рост, ку?

Он пешоб нисбат ба ин магас беандоза паҳновар менумуд, аммо ку он назари воқеъбине, ки пешоби харро он чунон ки ҳаст бибинад?!

Чамин: бавл, саргин.

Оламаш чандон бувад, к-иш биниш аст,

Чашм чандин, баҳр ҳам чандинаш аст.

Ҷаҳони магас ба андозаи биниши ӯст, дарё низ дар назари магас ба андозаи биниши ӯст. (Маърифати магассифатон низ ба андозаи диди тангу хурди онон аст.)

Соҳиби таъвили ботил чун магас,

Ваҳми ӯ бавли хару тасвири хас.

Он касе ки ҳама чизро ба сурати ёва ва беасос таъвил мекунад, монанди ҳамин магас аст. Авҳоми ӯ монанди идрори хар ва тасаввуроти ӯ монанди хасу хошок бемиқдор аст.

Соҳиби таъвили ботил: касе, ки таъвилҳояш беасос аст.

Гар магас таъвил бигзорад ба рой,

Он магасро бахт гардонад ҳумой.

Агар магас он таъвилеро, ки бар пояи раъю назари суст аст раҳо кунад, ҳамон дам толеъи муборакаш ӯро ба парандаи тезболе ҳамчун ҳумо дигар созад.

Ҳумо: номи мурғе, ки устухон мехӯрад ва ба бовари қудамо, бар сари ҳар кас соя афканад, ба давлат ва салтанат расад.

Нукта: Касоне ки дар чанбараи авҳому биниши маҳдуди худ асиранд, агар аз ин ҳисор берун оянд, руҳашон бар ситеғи рафеъи ҳақиқат пар кашад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.369)

Он магас набвад, к-иш ин ибрат бувад,

Руҳи ӯ на дархури сурат бувад.

Ҳар кас дорои чунин биниши жарф ва волое шавад, набояд ӯро магас хонд, зеро руҳи ӯ ҳамрадифи олами сурат ва зоҳир нест, балки аз олами сурат бартар ва болотар омадааст.

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: