The Daily Beast: “Видеоҳои ваҳшатноки Алқоъида, тавассути давлати Омрико сохта мешуданд”

Дар фосилаи солҳои 2007 то 2011, Пентогун 450 милюн дулор ба ширкати Bell Pottinger пардохт кард, то филмҳои ваҳшатноке ба забони арабӣ тавлид кунад ва ба Алқоъида нисбат диҳад.

Мортин Велз (Martin Wells) ба сохтмони нерӯи дарёии Ангилис фаро хонда шуд, намедонист, ки барои эҷоди тарсу ваҳшат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манзури тавҷеҳи ҳамалоти низомӣ ба Ироқ, Яман, Покистон, Афғонистон ва Сумолӣ, интихоб шудааст.

Пас аз тавзеҳи маъмурият, ба Велз 48 соат фурсат дода шуд, то худро омода кунад. Ӯ пас аз савор шудан ба як ҳавопаймои низомӣ, худро дар Ироқ ёфт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки бояд аз дохили дафтари кучаки худ, тамоми ҷаҳониёнро ба ваҳшат биандозад.

Мортин Велз пас аз солҳо гӯшагирӣ, саранҷом ҷаъбаи асрори худро барои рӯзномаи The Daily Beast гушуд ва аз моҷарои ҳарос аз Алқоъида бо филмҳои тавлидии Пентогун таҳти назари Кохи сафед, парда бардошт.

Мортин Велз коршиноси филм аст ва барои муддате тӯлонӣ дар ширкати Bell Pottinger машғул ба кор буд, ки нерӯҳои омрикоӣ дар соли ҳамла ба Ироқ, аз ӯ кӯмак гирифтанд. Дар фосилаи солҳои 2007 то 2011, Пентогун 450 милюн дулор ба ширкати Bell Pottinger пардохт кард, то филмҳои ваҳшатноке ба забони арабӣ тавлид кунад ва ба Алқоъида нисбат диҳад.

Лорд Тим Бил (Lord Tim Bell), раиси собиқи ширкати Bell Pottinger, эътироф кард, ки ин ширкат барои пешбурди пружаи таблиғотии маҳрамонае дар Ироқ, ҳамкории танготанге бо давлати Омрико дошт.

Ба гуфтаи Мортин Велз, муҳимтарин бахш аз ин тарҳи маҳрамона, тавлиди видеоҳои сохтагии камтар аз 10 дақиқа ва нисбат додани онҳо ба созмони Алқоъида буд.

Велз кори худро «даҳшатнок” тавсиф кард ва дар бораи филмҳои сохтагии ширкат гуфт: “Тавлидот ба имзои Дэвид Петроус (David Petraeus), фармондеҳи вақти нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ, ва гоҳ низ ба имзои Кохи сафед мерасид.”

Раиси собиқи ширкати Bell Pottinger, ки ба кори худ ифтихор ҳам мекунад, гуфт: «Мо барои сомон додан ба авзоъ кор кардем, аммо барои мутаваққиф кардани ҳарҷу марҷе, ки ба вуҷуд омад, коре накардем; зеро ин бахше аз раванди таблиғоти Омрико буд.”

Тим Бил эътироф мекунад, ки тавлидоти ширкат — шомили филмҳои кӯтоҳ ба шеваи филмҳои телевизиюнӣ ва филмҳои вобаста ба Алқоъида — ба Пентогун, CIA ва Шӯрои амнияти миллӣ арза мешуд.

Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат филмҳое ба забони арабӣ тавлид ва онҳоро ба Алқоъида мансуб мекард ва ба ин шева, пеш аз ҳар кас, омрикоиҳо онро дарёфт мекарданд.

Илова бар таблиғоти манфӣ, ин видеоҳо шомили вижагиҳое буд, ки Пентогунро қодир месохт аз манотиқи дида шудани ин видеоҳо хабардор шавад ва ба ин тартиб Пентогун метавонист аз бозтоби таблиғоти худ бохабар шавад.

Дар ниҳоят, видеоҳои тавлидшуда ба дасти омрикоиҳо ва дигарон мерасид ва ғарази аслии Омрико, ки ироаи чеҳрае хашин ва ваҳшӣ аз Алқоъида аст, ҳосил мешуд, то дар ҳамла ба Алқоъида дар ҷой- ҷойи ҷаҳон, ба ин видеоҳо истинод шавад.

Тозатарин таҳқиқот ҳокӣ аз он аст, ки “хушунатҳои Алқоъида”, дар утоқҳое дарбаста сохта шудааст ва вуҷуди хориҷӣ надорад, аммо вазъе, ки Омрико ба ин васила дар Ироқ ба вуҷуд овард, комилан воқеӣ аст.

Нозирон таъкид мекунанд, ки Омрико ба ҳадафе, ки аз эҷоди «ҳарҷу марҷ» дар Ироқ дунбол мекард расид, зерсохтҳои Ироқро нобуд кард, пайвандҳои онро аз ҳам гусаст, мазҳабгароӣ ва тоифагароиро ба ҷони мардум он андохт ва ин кишварро ба паноҳгоҳе барои тундравҳо табдил кард.

Дар ин миён, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо таъкид карданд, ки ҳамалоти ҳавоии Омрико маъмулан Алқоъидаро ҳадаф намегирад, балки фақат мардумони рустоиро дар арӯсиҳояшон ҳадаф қарор медиҳад.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: