Занони фармонраво дар давлатҳои исломӣ – 1

Бахши аввал

Мақолаи ҳозир гузорише торихӣ аз ҳокимияти занон дар кишварҳои мусалмони Эрон, Ҳинд, Миср ва Ироқ аст, ки ба фармонравоӣ расидаанд. Дар ин навиштор аз китоби “Занони фармонраво” таълифи Баҳрия Учук, устоди Донишгоҳи Онкоро ва низ мақолае ба ҳамин унвон аз бону Фоиза Таваккулӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон, баҳра бурда шудааст.

1. Сайида Малика Хотун

Аввалин зане, ки пас аз истиқрори ислом дар Эрон ва муқорини аҳди Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ба ҳукумат расид, Ширин машҳур ба Уммул-мулук ва мулаққаб ба Умми Рустам аст, ки ба ӯ Сайида Малика Хотун мегуфтанд ва яке аз фармонравоёни давлати Оли Буя аст. Вай духтари сипаҳбуд Рустами Табарӣ, аз сипаҳбудони хонадони Бованд дар Мозандарон ва ҳамсари Фахруддавлаи Дайламӣ (366-387 ҳ.қ) буд.

Пас аз фавти Фахруддавла фарзанди чаҳорсолаи ӯ — ба ривояте, 11-сола — ба номи Абӯтолиб Рустам мулаққаб ба Маҷдуддавларо ба салтанат баргузиданд. Аммо Сайида Хотун ба далели хурдии синни Маҷдуддавла ва низ бар ӯҳда доштани ҷонишинии салтанати ҳамсараш дар замони ҳаёти ӯ, ба кӯмаки ду тан аз вузарои мушовири худ, бар қаламрави шавҳараш фармонравоӣ ёфт. Ӯ ҳукумати Ҳамадонро ба бародари кучактари Маҷдуддавла ба номи Абӯтолиб Шоҳхусрав мулаққаб ба Шамсуддавла супурд ва ҳукумати Исфаҳонро ба писари дигараш Абӯшуҷоъ Айнуддавла дод ва писардоии худро ба сарпарастии ӯ гумошт. Дар даврони Сайида Малика Хотун, дарбори ӯ маҳалли таҷаммуъи донишмандон, адибон ва фалосифа буд, ки Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино низ муддатеро дар дарбори Сайида Малика Хотун гузаронд.

Дар соли 397 ҳ.қ Маҷдуддавла ба мухолифат ва рақобат бо модар пардохт. Маҷдуддавла, ки дар ин замон 28 сол дошт, мӯҷиби нороҳатии модар аз худ шуд ва дар ин замон буд, ки ба ривояте Сайида Малика Хотун ба қалъаи Табарак дар наздикии Рай рафт ва тибқи ривоятҳои дигар, Маҷдуддавла модарро дастгир ва дар қалъаи Табарак зиндонӣ кард. Чанде нагузашт, ки ба иллати бекифоятии фарзанд, авзоъи кишвар ошуфта шуд. Пас аз муддате шоҳбонуи далер ва бошаҳомат аз зиндон гурехт, пинҳонӣ бо каманд аз қалъа фуруд омад ва пиёда озими Курдистон шуд ва ба назди Бадр ибни Ҳасануя, ки бо Фахруддавла (шавҳари Сайида Малика Хотун) дӯстӣ дошт рафт. Бадр сипоҳе фароҳам овард ва бо ӯ рӯй ба Рай ниҳод. Дар миёнаи роҳ, дар Ҳамадон, Шамсуддавла низ ба модар пайваст. Дар даргирӣ миёни Маҷдуддавла ва модар, сипоҳи модар пирӯз шуд ва Маҷдуддавла дастгир ва зиндонӣ шуд.

Ба нақл аз Ибни Асир, Сайида Малика Хотун Шамсуддавларо ба шоҳӣ нишонд ва худ ихтиёри умурро дар даст гирифт ва аз тарси он ки Бадр ибни Ҳасануя бо ҳузур дар Рай дучори хиёлоти нодуруст нашавад, бо сиёсатмадории хоссе вайро бо ҳадоёи фаровон равонаи Курдистон кард. Пас аз гузашти як сол Сайида Хотун Шамсуддавларо ба ҷиҳати қудратталабиҳояш муҷаддадан ба Ҳамадон фиристод ва дар иваз аз Маҷдуддавла хост, ки ба назди вай дар Рай биёяд.

Дар соли 405 ҳ.қ. Шамсуддавла ба кӯмаки Бадр барои тасарруфи Рай омад ва Маҷдуддавла ва Сайида Хотун раҳсипори Дамованд шуданд. Аммо лашкариён бар Шамсуддавла шӯриданд ва ба ночор ӯ муҷаддадан ба Ҳамадон бозгашт. Дар ин ҳангом Сайида Хотун бо шӯриши Ибни Фӯлоди Дайламӣ, ки ба таҳрики Манучеҳр писари Қобуси Зиёрӣ, ки аз сӯйи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳимоят мешуд, мувоҷеҳ шуд. Сайида, ки ҳамвора роҳи музокираро бар ҷанг тарҷеҳ медод, бо вай мусолиҳа кард. Дар ин авзоъ, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар садад баромад Рай ва ноҳияҳои муҷовири онро ба қаламрави худ замима карда ва бар ганҷҳои боарзиши Даёлима даст ёбад. Султон Маҳмуд бо номае, ки ба Сайида Хотун навишт, ба ӯ паём дод, ки “Бояд хутба ва сикка ба номи ман кунӣ ва хироҷ фиристӣ ва илло ҷангро омода бошӣ.” Аммо Сайида Хотун дар посух ба Султон Маҳмуд шеъре дар вазни “Шоҳнома” навишт, ки ду байт аз он ба ин шарҳ аст:

Манам шерзан гар туи шермард,

Чӣ мода, чӣ нар, шер вақти набард.

Чун барҷӯшам аз хашм чун тунди теғ,

Зи об оташ ангезам, аз дуд меғ.

Ин воқеа ва посухи Сайида Хотун ба сафири Маҳмуди Ғазнавӣ, дар манобеъ ва кутуби торих чунин ривоят шудааст:

Сайида баъд аз он ки ҳарфи сафири шоҳро гӯш кард, гуфт: агар ин пешниҳодҳои оқои шуморо қабул накунам, чӣ хоҳад шуд? Сафир гуфт: он вақт ҳукмдори бузург мулки шуморо ҷабран ва қаҳран ба тасарруфи худ дархоҳад овард. Сайида ба сафир гуфт, ки: ҷавоби маро айнан ба султонатон бигӯед. Дар аҳди шавҳарам, ҳамеша метарсидам, ки ҳукмдоратон бо нерӯи бузург биёяд ва кишвари моро ба тасарруфи худ дароварад, вале пас аз он ки шавҳарам вафот намуд, тарсам зоил шуд барои ин ки тасаввур намекардам, ки шахсе монанди Маҳмуди Ғазнавӣ аз мақоми як имперотури оқил ва ҷавонмард ва бузург таназзул карда, ба рӯйи зане шамшер бикашад. Модоме ки дар ақидаи худ иштибоҳ кардаам, ба ҳукмдоратон арз кунед агар миҳанам мавриди ҳамла қарор гирад, худдорӣ накарда бо силоҳ муқобила хоҳам кард. Агар бар ӯ ғолиб бишавам, торих хоҳад навишт, ки Маҳмуди Ғазнавиро зане мағлуб кард. Ва агар мағлуб шавам, боз торих дар як ҷумла хоҳад гуфт, Маҳмуди Ғазнавӣ занеро мағлуб кард.”

Посухи Сайида Малика Хотун сабаб шуд, ки Маҳмуд тайи ҳаёти худ аз лашкаркашӣ ба Рай худдорӣ кунад.

Сайида Малика Хотун дар одоби мулкдорӣ бисёр кӯшо ва тавоно буд; чунонки сарзаминҳои бисёреро обод кард ва ба вазъи лашкариёнаш таваҷҷӯҳи хосс дошт, бо вузаро ва коргузорон бевосита сухан мегуфт ва посухи қосидон дар саросари кишварро шоиста адо мекард. Сайида Хотун пас аз ҳаштод сол зиндагӣ дар соли 419 ҳ.қ. дар Рай даргузашт. Мазори вай дар наздикии марқади Имомзода Алӣ дар шарқи Теҳрон қарор дорад ва зиёратгоҳи мардум аст.

Идома дорад

* * *

Манобеъи ин мақола:

1. Бостонӣ Порезӣ, Муҳаммадиброҳим, Гузари зан аз гудори торих;

2. Раҷабӣ, Муҳаммадҳасан, Машоҳири занони эронӣ ва порсигӯй;

3. Қавимӣ, Фахрӣ, Корномаи занони машҳури Эрон;

4. Каримон, Ҳусайн, Райи бостон;

5. Муъин, Муҳаммад, Фарҳанги форсӣ.

Реклама


Рубрики:Бонувон, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: