Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 2

Қисмати дуввум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Аз Мадина то Макка

Азимати Имом (а) аз Мадина ба Макка

Имом (а) рӯзи якшанбе ду рӯз пеш аз моҳи мубораки шаъбони соли 60 ҳиҷрӣ ба сӯйи Макка ҳаракат кард ва шаби ҷумъа дар ҳоле ки се шаб аз моҳи шаъбон гузашта буд, дохили Макка гардид. Он ҳазрат пас аз чаҳор моҳу панҷ рӯзи иқомат дар Маккаи Муаззама (аз шаъбон то поёни зилқаъда), дар рӯзи сешанбе 8 зилҳиҷҷа баробар бо рӯзи тарвия (ҳамон рӯзе, ки Муслим ибни Ақил дар Кӯфа қиём кард), аз Макка ба сӯйи Ироқ ҳаракат кард. (1)

Ҳаракати Имом (а) замоне буд, ки ба эшон хабар расид Язид лашкареро ба фармондеҳии Амр ибни Саъид ибни Ос ба Макка гусел намуда ва ӯро амири ҳоҷиён қарор дода ва ба ӯ таъкид карда, ки ҳарҷо Ҳусайнро биёбад, бедиранг ӯро ба шаҳодат бирасонад. (2) Ва аз тарафи дигар Имом (а) огоҳ шуда буд, ки 30 нафар муздурони Язид ҷиҳати терури эшон ба Макка гусел шудаанд. (3) Ба ҳар ҳол, вақте Имом (а) аз тавтиъаи шуми Язид бохабар шуд, барои ҳифзи ҳурмати хонаи Худо пас аз анҷоми тавоф ва саъй байни Сафо ва Марва ва табдили ҳаҷ ба умраи муфрада, қасди хуруҷ аз Маккаи Мукаррама гирифт. (4)

Фарзандону бародарон ва бародарзодагон ва аксари Аҳли Байт ба ҷуз Муҳаммад ибни Ҳанафия, Имомро ҳамроҳӣ мекарданд. (5)

Имом (а) дар ҳоли ҳаракат ин оятро тиловат мекард: (6)

فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

Имом (а) барои рафтан ба Макка роҳи аслӣ ва умумиро ихтиёр карда буд ва дар ҷавоби Аҳли Байт, ки ба ӯ мегуфтанд: агар мо низ аз роҳе, ки ибни Зубайр интихоб карда буд, мерафтем, шояд аз таъқиби душманон дар амон будем. Фармуд: на, ба Худо савганд аз роҳе ғайр аз ин нахоҳам рафт, то хости илоҳӣ анҷом гирад. (7)

Васияти Имом (а) ба Муҳаммад ибни Ҳанафия (р)

Имом (а) пеш аз ҳаракат, номаеро ба унвони васият навишт, ки дар он омада буд:

Ин чизе аст, ки Ҳусайн ибни Алӣ ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанафия васият намудааст: ба дурустӣ, ки Ҳусайн гувоҳӣ медиҳад ба ваҳдонияти Худо ва ин ки ӯ шарике надорад ва Муҳаммад (с) банда ва Расули ӯст ва ҳақро аз ҷониби Худо овардааст. Ва ба дурустӣ, ки биҳишту дӯзах ҳақ аст ва рӯзи қиёмат хоҳад омад ва шакке дар он нест ва Худои Мутаъол мурдагонро зинда хоҳад кард.

Аммо баъд: хуруҷи ман бар Язид барои эҷоди фитнаву фасод ё барои саргармӣ ва худнамоӣ нест, балки хуруҷи ман барои ислоҳи уммати ҷаддам Расули Худо (с) аст. Ман ирода кардаам, ки амри маъруф ва наҳйи аз мункар намуда ва аз сираи ҷаддам ва падарам Алӣ ибни Абӯтолиб (а) пайравӣ кунам. Агар касе даъвати ҳақро пазируфт, пас Худованд сазовортар ба қабули он аст, ва агар касе онро напазируфт, ман сабр хоҳам кард, то Худои Мутаъол миёни ман ва ин ҷамоат доварӣ кунад ва ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст.

Ва ин васияти ман аст эй бародар ба ту. Ва тавфиқе нест, магар бо кӯмаки Худо, бар ӯ таваккул мекунам ва ба сӯйи ӯ тавба менамоям.” (8)

Сипас номаро печид ва онро мӯҳр намуда ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанафия (9) дод.

Пешниҳоди Муҳаммад ибни Ҳанафия (р)

Муҳаммад ибни Ҳанафия ҳангоме ки аз қасди Имом (а) барои берун рафтан аз Мадина огоҳ шуд, назди он ҳазрат омада гуфт:

— Эй бародар! Ту маҳбубтарини мардум назди ман ҳастӣ ва ман аз ҳеч кас насиҳатамро дареғ намедорам, то чӣ расад ба ту, ки туро ба он ниёзманд мебинам. Аз байъати Язид канора гир ва аз сукунат дар шаҳрҳо то метавонӣ парҳез кун, сипас намояндагони худро ба сӯйи мардум гусел дор ва онҳоро ба худат даъват намо. Агар туро иҷобат карданд ва бо ту байъат намуданд, Худоро бар ин неъмат сипосгузор бош ва агар барои байъат дигареро баргузиданд, ин интихоби бад ба ҳеч ваҷҳ мазият ва ҷойгоҳи туро ба дасти фаромӯшӣ нахоҳад супурд. Агар ба шаҳре дохил шавӣ ва мардуми он шаҳр дар байъат бо ту дучори шак гарданд ва гурӯҳе ба ҳимояти ту ва ҷамъи дигаре ба мухолифати ту бархезанд ва оташи фитна забона кашад ва хуни бегуноҳон рехта шавад, саранҷом қасди ҷонат кунанд ва туро аз миён бардоранд.

Имом (а) фармуд:

— Эй бародар! Ба куҷо равам?!

Муҳаммад гуфт:

— Ба сӯйи Макка ҳаракат кун, агар он шаҳрро муносиби иқомат дидӣ, дар онҷо сукунат кун ва агар эҳсос кардӣ, ки Макка низ ҷойи амне барои ту нест, ба биёбонҳо ва кӯҳҳо рӯй овар ва ҳамеша аз нуқтае ба нуқтаи дигаре дар ҳаракат бош, то он ки саранҷоми корро дарёб!

Мулоқот бо Абдуллоҳ ибни Мутеъ (р)

Имом Ҳусайн (а) дар роҳи Мадина ба Макка бо Абдуллоҳ ибни Мутеъ мулоқот кард. Ӯ дар ин ҳангом дар милки худ сари роҳи Мадина ва Макка машғули кандани чоҳе буд, то замини худро бо он обёрӣ кунад. Вақте Имом (а) ба ӯ расид, вай аз он ҳазрат хост аз оби чоҳи ӯ нӯшида, дуое кунад, то чоҳ сероб шавад. Имом низ хостаи ӯро иҷобат кард. (Ибни Саъд, Табақоти Кубро, ҷилди 5, сафҳаи 144 – 145 ва Ибни Асокир, Торихи Димишқ, қисмати “Тарҷуматул Имомил Ҳумайн”, сафҳаи 155)

Он гоҳ Абдуллоҳ аз Имом пурсид:

— Қасди куҷоро доред?

Имом фармуд:

— Дар ҳоли ҳозир ба Макка меравам.

Абдуллоҳ гуфт:

— Худованд бароят хайр қарор диҳад! Аммо ман низ раъй ва назаре дорам, ки дилам мехоҳад барои шумо бозгӯ кунам.

Имом фармуд:

— Назари ту чист?

Абдуллоҳ гуфт:

— Пас аз вуруд ба Макка, вақте хостӣ аз онҷо ба шаҳри дигаре биравӣ, ба Кӯфа наздик нашав; зеро Кӯфа шаҳре шум аст. (Абӯҳанифаи Дейнавӣ, Ал-ахборут-тивол, сафҳаи 338) Дар Кӯфа падарат кушта шуд ва бародарат (Имом Ҳасан) танҳо раҳо шуд ва зарбаи муҳлике бар ӯ ворид шуд. Аз Макка ҷудо машав; зеро шумо сарвар ва оқои араб ҳастед ва ба Худо қасам агар кушта шавед, хонадони шумо низ ҳалок мешаванд. (Ибни Аъсам, Китобул Футуҳ, ҷилди 5, сафҳаи 23 ва Хоразмӣ, Мақталул Ҳусайн, ҷилди 5, сафҳаи 189, 190)

Ҳангоме ки Имом ба Макка расид, ин оятро тиловат кард:

وَ لَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقاءَ مَدْیَنَ قالَ عَسی رَبِّی أَنْ یَهْدِیَنی سَواءَ السَّبیلِ

Ва чун (Мӯсо пас аз хуруҷ аз Миср) рӯ ба сӯйи Мадян ниҳод, гуфт: бошад, ки Парвардигорам маро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунад.”

Вуруд ба Макка

Корвони Имом Ҳусайн рӯзи ҷумъа, севвуми моҳи мубораки шаъбон, вориди Макка шуд. Ҳазрат то 8-уми зилҳаҷҷа дар онҷо боқӣ монд. Дар ин муддат, мулоқотҳои мухталифе доштаанд, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мешавад:

Абдуллоҳ ибни Аббос (р)

Абдуллоҳ ибни Аббос ба мулоқоти Имом Ҳусайн (алайҳис салом) омад ва Имомро савганд дод, ки дар Макка бимонад. Ибни Аббос аҳолии Кӯфаро мазаммат намуд ва ба Имом арз кард:

— Шумо назди касоне меравед, ки падаратонро кушта ва бародаратонро маҷрӯҳ сохтаанд ва мусалламан бо шумо низ чунин рафтор хоҳанд кард.

Имом дар посухи Ибни Аббос фармуд:

— Эй писараму! Ба Худо қасам, медонам, ки ту насиҳатгари дилсӯзе ҳастӣ, вале ман тасмим гирифтаам, ки биравам.

یا ابْنَ عَمّ اِنِّی وَاللَّهِ لَاَعْلَمُ اَنَّک ناصِحٌ مُشْفِقٌ وَلکنِّی اَزْمَعْتُ وَاَجْمَعْتُ عَلَی الْمَسِیرِ

(Ҷарири Табарӣ, Торих, ҷилди 5, сафҳаи 384)

Дар манобеъи мухталиф ҷавобҳои мутафовите аз Имом Ҳусайн (алайҳис салом) дар посух ба Ибни Аббос нақл шудааст; аз ҷумла Имом номаҳое, ки аз мардуми Кӯфа дарёфт карда буд ба Ибни Аббос нишон дода фармуд:

— Инҳо номаҳои аҳолии Кӯфа аст, ки барои ман фиристодаанд ва ин ҳам номаи Муслим ибни Ақил аст, мабнӣ бар ин ки мардуми Кӯфа бо ман байъат кардаанд. (Ибни Мискавайҳ, Таҷорубул Умам, ҷилди 2, сафҳаи 56. Теҳрон, Суруш)

Ҳамчунин омадааст, ки Имом фармуд:

— Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) маро ба қиём амр кардааст ва ман ҳам онро анҷом медиҳад. (Хоразмӣ, Мақталул Ҳусайн, ҷилди 1, сафҳаи 192, 193)

Ва ё ин ки фармуд:

— Дар беруни Макка кушта шавам беҳтар аз он аст, ки дар дохили Ҳарам кушта шавам. (Табаронӣ, Муъҷамул Кабир, ҷилди 3, сафҳаи 128, Бейрут, Дору Эҳёит- туросил- арабӣ)

Ибни Аббос барои наҷоти Имом пешниҳод дод, ки ба Яман бираванд ва гуфт:

— Дар Яман қалъаҳои устуворе аст ва падарат онҷо шиъаёне дорад. (Ибни Касири Димишқӣ, Албидоя ва Анниҳоя, ҷилди 8, сафҳаи 160, Бейрут, Дорул Китоб)

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нақл мекунад: ҳангоме ки Имом Ҳусайн (а) роҳии Ироқ буд, ба диданаш рафтам ва ба ӯ гуфтам:

— Эй фарзанди Расули Худо (с)! Туро ба Худо савганд медиҳам, ки ба Ироқ наравӣ ва аз ин сафар даргузарӣ.

Имом (а) фармуд:

— Эй писари Аббос! Магар намедонӣ, ки хоки Ироқ ҷойгоҳи шаҳодати асҳоби бовафои ман аст?

Гуфтам:

— Ин хабар аз куҷо ба шумо расидааст?

Фармуд:

— Ин розест, ки ман аз он огоҳӣ дорам ва илмест, ки ба ман ато шудааст. (10)

Мулоқот бо Уммулмуъминин Умми Салама (р)

Ҳангоме ки Имом Ҳусайн (алайҳис салом) озими Ироқ шуд, Умми Салама (р) ба Имом гуфт:

— Марав! Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) шунидам, ки мефармуд: фарзандам Ҳусайн дар Ироқ кушта мешавад.

Умми Салама афзуд:

— Назди ман хокест, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) онро даруни шишае ба ман додааст.

Имом фармуд:

— Савганд ба Худо, ман кушта хоҳам шуд, агар ба Ироқ ҳам наравам, маро хоҳанд кушт. (Қутбуддини Ровандӣ. Алхароиҷ вал Ҷароеҳ, ҷилди 1, сафҳаи 253, 254)

Байҳақӣ дар Торихи худ нақл карда, ки Паёмбар (с) ба Ҳусайн (а) фармуд: “Аз барои ту дар биҳишт дараҷае аст, ки ҷуз бо шаҳодат ба он намерасӣ.”

(Пас ҳангоме ки сипоҳи душман барои ҷанг бо Ҳусайн (а) омода шуданд, медонист, ки кушта мешавад, аз ин ҷиҳат ба сабр кӯшид ва ҳаргиз бетобӣ накард, то ба саодати шаҳодат расид, беҳтарин ва волотарин дурудҳо бар ӯ бод. (11))

Ривоят кардаанд, ки Имом (а) борҳо мефармуд: “Ба Худо савганд, ки ин гурӯҳ (Банӣ Умайя) маро раҳо намекунанд, то он ки хунам аз рагҳои бурида ҷорӣ гардад ва чун чунин кунанд, Худованд касеро бар онҳо мусаллат хоҳад кард, ки хору залилашон гардонад.” (12)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ансоб-ул-ашроф 3/160.

(2) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 165.

(3) Тазаллумуз-Заҳро 153.

(4) Ҳаётул-Имомил-Ҳусайн 3/16.

(5) Иршоди Шайх Муфид 2/34.

(6) Қасас: 21. ((Мӯсо) аз шаҳр хориҷ шуд, дар ҳоле ки тарсон буд ва ҳар лаҳза дар интизори ҳодисае. Гуфт: «Парвардигоро! Маро аз ин қавми золим раҳоӣ бахш!».

(7) Иршоди Шайх Муфид 2/35.

(8) … اِنِّى لَمْ اَخْرُجْ اَشِراً وَلا بَطِراً وَلا مُفْسِداً وَلا ظَالِماً وَ اِنَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الاِصْلاحِ فِى اُمَّةِ جِدِّى (ص) اُرِيدُ اَنْ آمُرَ بِالمَعْرُوفِ اَنْهٰى عَنِ المُنْكَرِ وَاَسِيرَ بِسِيرَةِ جَدِّى وَاَبِى عَلِىِّ بنِ اَبِى طالِبٍ (ع)، فَمَنْ قَبِلَنِى بِقَبُولِ الحَقِّ فَاللهُ اَوْلىٰ بِالحَقِّ وَمَنْ رَدَّ عَلَىَّ هٰذا اَصْبِرُ حَتّىٰ يَقْضِىَ اللهُ بَيْنِى وَبَيْنَ القَوْمِ بِالحَقِّ وَهُوَ خَيْرُ الحاكِمِينَ

(9) Ӯ фарзанди Алӣ (а) аст ва «Ҳанафия» лақаби модари ӯст, номи модараш Хула духтари Ҷаъфар ибни Қайс мебошад. Ва роҷеъ ба соли вафот ва маҳалли дафни ӯ ихтилоф шудааст: баъзе вафоти ӯро дар соли 80 ва маҳалли дафни ӯро дар ҷабали Разво ва баъзе дар Тоиф донистаанд.

Аз ҳазрати Ризо (а) нақл шудааст, ки Алӣ (а) фармуд: «Муҳаммадҳо ибо доранд, ки Худо исён шавад, савол шуд: Ин Муҳаммадҳо киёнанд? Фармуд: Муҳаммад ибни Ҷаъфар ва Муҳаммад ибни Абӯбакр ва Муҳаммад ибни Абӯҳузайфа ва Муҳаммад ибни Амирулмӯъминин ибни Ҳанафия.

Ва аммо тахаллуфи ӯ аз Имом Ҳусайн (а) ва наомадни ӯ бо он ҳазрат, шояд ба ҷиҳати узре будааст. Аллома (р) гуфтааст: Муҳаммад ибни Ҳанафия ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва монанди инҳо ҷалолату шаънашон болотар аз он аст, ки эътиқод бар хилофи ҳақ дошта бошанд. (Танқеҳ-ул-мақол 3/112).

(10) Далоил-ул-имомат 74.

(11) Мақтал-ул-Ҳусайн, Хоразмӣ 170.

(12) Комили ибни Асир 4/39.



Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: