Фалсафа ва равиши реализм (39)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (12)

Матни китоб:

Илм (огоҳӣ) бо тақсими аввалӣ мунқасим аст ба илми тасаввурӣ ва тасдиқӣ. “Илми тасаввурӣ” илмест, ки муштамил ба ҳукм нест, монанди сурати идрокии инсони танҳо, аспи танҳо, дарахти танҳо. “Илми тасдиқӣ” илмест, ки муштамил ба ҳукм буда бошад, монанди сурати идрокии “Чаҳор бузургтар аз се аст”, “Имрӯз пас аз дирӯз аст”, “Инсон ҳаст”, “Дарахт ҳаст.” (ва ғайра…)

Ва равшан аст, ки илми тасдиқӣ бе илми тасаввурӣ суратпазир нест (агарчӣ бархе аз донишмандони равоншинос дар куллияти ин қазия муноқиша кардаанд, вале онон тасаввури иҷмолиро ба ҳисоб наёвардаанд).

Ва низ илм бо тақсими дуввумӣ мунқасим мешавад ба ҷузъӣ ва куллӣ. Зеро агар қобили интибоқ ба бештар аз як воҳид набуда бошад, “ҷузъӣ” аст, монанди ин гармӣ, ки ҳисс мекунам ва ин инсон, ки мебинам. (Аммо) агар қобили интибоқ ба бештар аз як фард буда бошад, “куллӣ” аст, чун мафҳуми “инсон” ва мафҳуми “дарахт”, ки ба ҳар инсон ва дарахти мафруз қобили интибоқ ҳастанд.

Илми куллӣ пас аз таҳаққуқи илм ба ҷузъиёт метавонад таҳаққуқ пайдо кунад. Яъне мо наметавонем масалан инсони куллиро тасаввур намоем, магар ин ки қаблан афрод ва ҷузъиёте чанд аз инсонро тасаввур карда бошем.

Зеро агар чунончи мо метавонистем куллиро бидуни ҳеч гуна ягонагӣ ва робитае бо ҷузъиёти худаш тасаввур кунем, нисбати куллии мафруз ба ҷузъиёти худаш ва ғайри онҳо, мутасовӣ (баробар) буд. Яъне, ё ба ҳама чиз мунтабиқ мешуд ё ба ҳеч чиз мунтабиқ намешуд; бо ин ки мо мафҳуми инсонро масалан, пайваста ба ҷузъиёти худаш татбиқ намуда ва ба ғайри ҷузъиёти худаш қобили интибоқ намедонем. Пас, ночор як навъ робитае миёни тасаввури инсони куллӣ ва тасаввури ҷузъиёти инсон мавҷуд буда ва нисбат миёнашон собит ва ғайри қобили тағйир мебошад.

Ва ҳамин баёнро метавон миёни сурати хиёлӣ ва сурати маҳсуса ҷорӣ сохт; зеро агар чунончи як навъ ягонагӣ ва робитае миёни сурати хиёлие — ки бе восита шудани ҳавосс тасаввур мекунем — ва миёни сурати маҳсусаи ҳамон тасаввури хиёлӣ мавҷуд набуд, мебоист ҳар сурати хиёлӣ ба ҳар сурати ҳиссӣ мунтабиқ шавад (ҳар чӣ бошад) ва ё ба ҳеч чиз мунтабиқ нашавад; бо ин ки сурати хиёлии фардеро, ки тасаввур мекунем, танҳо ба сурати маҳсусаи ҳамон фард мунтабиқ буда ва ба ҷуз вай, бо чизи дигар ҳаргиз татобуқ надорад.

Пас, як навъ робитаи ҳақиқӣ миёни сурати маҳсуса ва сурати мутахайила, ва миёни сурати мутахайила ва мафҳуми куллӣ, ва миёни сурати маҳсуса ва мафҳуми куллӣ мавҷуд мебошад.

Ва агар чунончи мо метавонистем “мафҳуми куллӣ”-ро бе собиқаи сурати маҳсуса дуруст кунем, дар сохтани вай ё маншаияти осорро мулоҳиза мекардем ё на; яъне, дар тасаввури “инсони куллӣ” як фарди хориҷии маншаи осорро дар назар гирифта ва мафҳуми куллии бе осори ӯро дуруст мекардем ё на. Дар сурати аввалӣ, бояд ҳақиқати маншаи осорро қаблан ёфта бошем, ва он “сурати маҳсуса” аст. Ва дар сурати сонӣ, як воқеияте аз воқеиятҳои хориҷӣ дуруст кардаем, на як мафҳуми зеҳнӣ, зеро вуҷудаш қиёсӣ нест ва худ ба худ маншаи осор мебошад, пас “мафҳум” нест.

Оре, назар ба зоташ, ки маълуми мост, илми ҳузурӣ хоҳад буд, на илми ҳусулӣ. Ва сухани мо дар илми ҳусулӣ аст (марҳилаи мафҳуми зеҳнӣ) на илми ҳузурӣ (марҳилаи вуҷуди хориҷӣ). Ва ҳамин баён, дар “сурати хиёлӣ” низ монанди “мафҳуми куллӣ” ҷорӣ мебошад.

Пас илми куллӣ масбуқ ба сурати хиёлӣ, ва сурати хиёлӣ масбуқ ба сурати ҳиссӣ хоҳад буд.

Гузашта аз он чӣ гузашт, озмойиш нишон дода, ки ашхосе, ки бархе аз ҳавоссро (монанди ҳисси босира ё ҳисси сомеъа) фоқид мебошанд, аз тасаввури хиёлии суратҳое, ки бояд аз роҳи ҳамон ҳисси мафқуд анҷом диҳанд, оҷиз ва забунанд.

Аз ин баён, натиҷа гирифта мешавад:

1. Миёни сурати маҳсуса ва сурати мутахайила ва сурати маъқулаи (мафҳуми куллии) ҳар чизе, нисбати собите мавҷуд аст;

2. Ба вуҷуд омадани “мафҳуми куллӣ” мавқуф аст ба таҳаққуқи тасаввури хиёлӣ ва таҳаққуқи тасаввури хиёлӣ мавқуф аст ба таҳаққуқи сурати ҳиссӣ, чунонки ҳар як ба тартиб пас аз дигарӣ ба вуҷуд меояд;

3. Ҳамаи маълумот ва мафоҳими тасаввурӣ мунтаҳӣ ба ҳавосс мебошад; ба ин маънӣ, ки ҳар мафҳуми тасаввурӣ фарз кунем, ё мустақиман худ маҳсус аст ва ё ҳамон маҳсус аст, ки даст хӯрда ва тасарруфоте дар вай шуда ва хоссияти вуҷудии тозае пайдо намудааст, чунонки гармое, ки эҳсос мекунем “сурати маҳсуса” буда, ки ташаххус ва тағйирро дорад, ва “сурати хиёлӣ”-и вай моҳияти гармӣ ва ташаххусро дошта, вале аз он ҷиҳат, ки мутахайила мебошад собит аст, ва “мафҳуми куллӣ”-и вай танҳо моҳияти гармиро дошта, вале ташаххус ва тағйирро надорад;

4. Агар натиҷаи севвумро ба муқаддимае, ки дар мақолаи 2 ба субут расид (ба воқеияти хориҷ аз худ филҷумла метавонем ноил шавем) зам кунем, ин натиҷаро медиҳад, ки мо ба моҳиятм воқеии маҳсусот филҷумла ноил мешавем. (Ин қазия ба ҳамон андоза, ки содда мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат саҳлуттановул аст, дақиқ ва саъбулфаҳм низ мебошад ва “фалсафа” ӯро ба маънои дақиқаш исбот мекунад, на ба маънои соддаи вай, чунонки дар ҷойи муносиб ба худаш гуфта хоҳад шуд).

Пурсиш:

Инҷост, ки пурсиши гузашта худнамоӣ карда ва пеш меояд, ки агар чунончи мо бо ҳавосси худ ба моҳиятҳои воқеии ашё ноил мешавем, пас ин ҳама ихтилоф ва тахаллуф дар ҳисс чист? Ҳисси босира дар ибсори мустақим ва мунъакиси худ ғалатҳои бешуморе дорад: мо аҷсомро аз дур кучактар ва аз наздик бузургтар аз миқдори воқеиашон мебинем… (Масалан: хуршедро, ки мебинем, ба андозаи як мушт ҳам нест, дар ҳоле ки воқеият ин намебошад. Аз дур як инсонро, ки мебинем, аз андозаи ҳақиқиаш кучактар аст, ва ҳар андоза ки ба ӯ наздик мешавем, бузургтар мегардад ва мисолҳои дигар…) Бисёре аз аҷсоми мутаҳаррикаро агар худ низ мутаҳаррик бошем, бо тасовии ҳаракатайн дар ҷиҳат ва суръат, сокин ва бо тағйири ҳаракатайн, бо ҳаракатҳои ғайри воқеӣ мебинем. Қатрае, ки аз осмон меафтад, ба шакли хатт ва оташи оташгардон ба шакли доира дида мешавад…

Ҳисси ломиса дар ғалатҳо дасти каме аз босира надорад ва ихтилофи кайфиёт дар узви ламскунанда, дар нишон додани гармӣ ва сардӣ ва сахтӣ ва нармӣ ва ғайра комилан муассир мебошад. Агар як дастатонро дар оби доғ гарм намуда ва дасти дигаратонро дар оби ях сард кунед ва пас аз он, ҳар дуро бо ҳам дар обе нимагарм бигузоред, аз ҳоли об ду хабари комилан мутаноқиз, ки бо хориҷ низ вифқ намедиҳад, ба шумо хоҳанд расонид.

Ҳиссҳои дигар — монанди ҳисси зоиқа ва ғайри он — ба навбаи худ ғалатҳое доранд. Ва билохира ғалат ва таноқуз дар ҳавосс ба андозае бисёр аст, ки аз ҳар гӯшаву канор метавон садҳо мисол ва шоҳид барои он пайдо кард.

Ғалат дар хиёл ва ҳамчунин дар фикри куллӣ, дигар ниёзманд ба гаштан ва мисол пайдо кардан нест, ва ин даста аз ғалатҳо агарчӣ мустақиман дар ҳисс нест, вале аз роҳи ин ки ин даста аз идрокот билохира мунтаҳӣ ба ҳисс мебошанд, метавон гуноҳи инҳоро низ ба гардани ҳиси ниҳод.

(Посухи ин пурсиш, дар баҳси баъдӣ хоҳад омад)

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: