Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 3

Қисмати севвум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Нома ба аҳли Басра

Имом (а) аз Макка ба ҳар як аз бузургони Басра нома навишт, ки аз назари мазмун фарқе бо якдигар надоштанд. Ашхосе, ки номаи Имомро тавассути Сулаймон (1) дарёфт карданд иборат буданд аз: Молик ибни Мусмаъи Бакрӣ, Аҳнаф ибни Қайс, Язид ибни Масъуд, Мунзир ибни Ҷоруд, Масъуд ибни Умар, Қайс ибни Ҳайсам, Амр ибни Убайд ибни Муъаммар.

Дар ин нома омада буд:

Ба дурустӣ, ки Худованди Мутаъол Паёмбарро аз миёни мардум баргузид ва ӯро ба тоҷи нубувват такрим намуд ва ба рисолат ихтиёр кард. Ӯ замоне даъвати Ҳақро лаббайк гуфта ба диёри абадият шитофт, ки вазифаи худро дар иблоғи рисолати илоҳӣ ва ҳидояти ҷомеа анҷом дода буд. Ва мо Аҳли байти Паёмбар (с) ва ҷонишинону ворисони ӯ ҳастем ва бо ин ки сазовортарини мардум барои хилофату имомат будем, ин ҳақро аз мо гирифтанд ва чун мо ихтилофро дӯст надоштем ва салоҳи уммати исломиро — он рӯз — дар сукути худ дидем, инак, ки суннати Паёмбари Акрам (с) ба дасти фаромӯшӣ супурда шуда ва бидъатҳо яке пас аз дигар зоҳир гардидааст, ман фиристодаи худро ҳамроҳи ин нома ба сӯйи шумо фиристодам ва шуморо ба Китоби Худо ва суннати Расули Акрам (с) даъват мекунам, агар ба даъвати ман лаббайк гӯед, шуморо ба роҳи саодат раҳнамун хоҳам шуд.” (2)

Ҷавоби Мунзир ибни Ҷоруд

Мунзир ибни Ҷоруди (3) Абдӣ фиристодаи Имом яъне Сулаймонро ҳамроҳи нома назди Ибни Зиёд бурд ва Убайдуллоҳ шаби ҳамон рӯзе, ки роҳии Кӯфа буд, Сулаймонро ба дор овехт ва баъд раҳсипори Кӯфа шуд, то зудтар аз Имом (а) ба Кӯфа дохил шуда бошад.

Ҷавоби Аҳнаф ибни Қайс

Аҳнаф ибни Қайс дар ҷавоби Имом (а) навишт: “Шикебоиро пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва худро ба дасти касоне, ки имон надоранд хору заъиф магардон!” (4)

Аксуламали Язид ибни Масъуд

Ӯ қабилаи Банӣ Тамим ва Банӣ Ҳанзала ва Банӣ Саъдро гирдовард ва ба онон гуфт: эй Банӣ Тамим! Мизон ва манзилату ҷойгоҳи ман назди шумо чӣ гуна аст?

Гуфтанд: ту сутуни фақароти мо ҳастӣ ва аз назари шарофату манзилат аз ҳамаи мо бартарӣ.

Язид ибни Масъуд гуфт: ман шуморо ба ҷиҳати коре фаро мехонам, то дар бораи он бо шумо машварат карда ва аз шумо кӯмак бигирам.

Гуфтанд: бигӯ, то бишунавем ва фармон барем.

Гуфт: “Муовия мурд ва дарҳои зулму гуноҳ шикаст ва пояҳои ситам мутазалзил гардид, ӯ барои фарзандаш Язид байъат гирифт ва гумон мекард, ки пояҳои хилофатро муҳкам сохтааст, дар ҳоле ки он талош беҳуда ва он машваратҳо ба зиёни ӯ тамом шуд ва Язид фарзанди ӯ, ки ошкоро шароб менӯшад ва аз ҳеч кори нописанде рӯйгардон нест, баъд аз ӯ иддаъои хилофат бар муслиминро дорад ва худро амири онҳо медонад, бе он ки мардум аз ин амр розиву хушнуд бошанд. Ӯ марди сабукақлу беобрӯст, ба гунае ки аз ҳақ чизе намедонад. Ба Худо савганд, ки ҷиҳоду мубориза бо ӯ дар роҳи дин аз ҷиҳод бо мушрикин афзал аст. Дар ҳоле ки дар байни мо Ҳусайн ибни Алӣ (а) ҳаст, ки ӯ фарзанди Расули Худо (с) ва дорои асолат ва шарофату фазилат аст, ки дар васф намегунҷад ва дониши бепоёне дорад ва сазовортар аз ӯ ба амри хилофат вуҷуд надорад. Зеро собиқаи дурахшону муборизаҳои чашмгир ва пайванде, ки бо Расули Худо (с) дорад ва утуфату меҳрубонӣ ва бузургворияш забонзади хоссу ом аст. Ҳусайн ибни Алӣ (а) бо ин номае, ки фиристодааст ҳуҷҷатро бар шумо тамом кардааст. Аз нури ҳақ рӯй магардонед, ки дар зулмат гирифтор шуда ва дар гирдоби ботил ғарқ хоҳед шуд. Шумо дар ҷанги Ҷамал ба василаи Сахр ибни Қайс аз ҳақ ҷудо шудед ва роҳи ботилро паймудед, он доғи нангро имрӯз бо дифоъ ва ёриву ҳимоят аз фарзанди Расули Худо (с), аз домани худ бишӯед. Ба Худо савганд, ҳар кадоми шумо, ки аз ёрии ӯ сарпечӣ кунад ва дар ёрии ӯ кӯтоҳӣ намояд, Худованди Мутаъол зиллату хориро дар фарзандони ӯ ва костиро дар қабилаи ӯ ба ирс хоҳад гузошт. Инак, ман либоси ҷанг бар тан карда ва омодаи дифоъ аз ҳарими ӯ ҳастам. Бидонед, ки саранҷом хоҳем мурд, гарчи имрӯз кушта нашавем. Агар аз майдони ҷанг бигурезед, ба ҳар ҳол марг дар пайи шумост, ба худ оед ва ба некӣ ҷавоб гӯед, Худо шуморо биёмурзад.”

Банӣ Ҳанзала гуфтанд: “Эй Абӯхолид! Мо тирҳои тиркаши ту ҳастем ва аз саворони қабилаи ту ба шумор меравем, агар бо мо тир раҳо кунӣ ба нишон хоҳад хӯрд ва агар бо мо ба майдони мубориза гом ниҳӣ, пирӯз хоҳӣ шуд. Дар ҳар нишебе ҳамроҳи туем ва дар душвориҳо ҳамрикоби ту, мо туро бо шамшерҳои худ ёрӣ мекунем ва баданҳои худро сипари ту хоҳем кард, дар ҳар замоне ки бихоҳӣ.”

Пас аз онҳо қабилаи Банӣ Омир лаб ба сухан кушода гуфтанд: эй Абӯхолид! Мо фарзандони падари ту ва ҳампаймонони туем, аз хашми ту дар хурӯшем. Ва агар қасди кӯч кунӣ, ҳаргиз таваққуф намекунем, ихтиёри мо ба дасти туст, ҳар замон ки ирода кунӣ, моро бихон.

Сипас қабилаи Банӣ Саъд ба ӯ гуфтанд: эй Абӯхолид! Бадтарин чизҳо дар пеши мо мухолифат бо ту ва берун шудан аз ҳалқаи фармони туст. Сахр ибни Қайс моро дар рӯзи ҷанги Ҷамал ба тарки мубориза фармон дод ва мо итоат кардем ва оқибати кори мо некӯ шуд ва иззат дар қабилаи мо боқӣ монд, ба мо мӯҳлат деҳ, то дар ин бора машварат кунем.

Язид ибни Масъуд хитоб ба онон гуфт: агар аз мубориза бо Банӣ Умайя даст бикашед, Худованд шамешри интиқомро аз қабилаи шумо барнахоҳад дошт ва ҳамеша ҷангу хунрезӣ дар миёни шумо хоҳад буд. (5)

Ҷавоби Язид ибни Масъуд ба Имом (а)

Язид ибни Масъуд дар номае ба Имом (а) навишт: номаи ту ба ман расид ва ба он чӣ маро фаро хондаӣ огоҳ шудам, ки растгории худро дар ёрии ту мебинам ва тоати Ҳақро дар итоати ту. Ба дурустӣ, ки Худо ҳаргиз заминро аз раҳбаре, ки мардумро ба роҳи хайр бихонад ва роҳнамое, ки роҳи наҷотро ба мардум нишон диҳад, холӣ намегузорад. Шумо ҳуҷҷати Худо бар халқ буда ва амонати ӯ дар рӯйи замин ҳастед ва шумо ба манзилаи шохаҳои сарсабзи дарахти рисолатед. Қадам бар чашми мо бигузор ва бо мо бош, ки қабилаи Банӣ Тамим дар итоати ту ва ба иҷрои фармонҳои ту омода аст ва сари таслим ба даргоҳи ту месояд. Ва қабилаи Банӣ Саъд низ ба даъвати ту ҷавоби мусбат дод ва ман бо паёми ту чун борони субҳгоҳӣ ғубори кудуратро аз дилҳо бурдам ва торикиҳои ҷаҳолаташонро ба лутфи бориқаи инояти ту равшан кардам.

Чун номаи ӯ ба Имом (а) расид, дар ҳаққи ӯ дуо карда фармуд: “Худо туро аз ҳарос дар амон дорад ва дар рӯзе, ки комҳо дар илтиҳоби ташнагӣ месӯзад (киноя аз рӯзи қиёмат), Худованд туро сарафрозу сероб гардонад!

Язид ибни Масъуд дар ҳоли сафар буд, то ба қофилаи Карбало бипайвандад, ки хабари шаҳодати Имом (а) ва ёрони вафодораш ӯро дар оташи ҳасрат сӯхт ва шӯълаи доғе дар дили ӯ ва мардони қабилааш афрӯхт, ки то охирин лаҳзаҳои умр ба хотири аз даст додани ин саодати бузург, ки шаҳодатро дар пай дошт, дар пушаймонӣ афсӯс мехӯрданд. (6)

Язид ибни Набит

Чун паёми фарогиру сарнавиштсози Имом (а) ба Басра расид, Язид ибни Набити Басрӣ аз ашхоси саршиносе буд, ки ба ин паёми Имом (а) ҷавоби мусбат дод ва барои огоҳии бештар аз ҷараёни умур ба хонаи Мория духтари Саъд рафт, ки он хона маркази шаклгирии ҳаракатҳои шиъаён ва иҷтимои ёрони Имом (а) буд. (7)

Язид ибни Набит, ки аз қабилаи Абдулқайс буд ва даҳ писари рашиду диловар дошт, дар хонаи ҳамин зан ба фарзандону ёронаш хитоб карда гуфт, ки қасди худро гирифтааст ва ба зудӣ аз Басра ба тарафи Макка ҳаракат хоҳад кард, то ба Имом (а) мулҳақ шавад. Ду нафар аз фарзандони ӯ ба номи Абдуллоҳ ва Убайдуллоҳ омодагии комили худро барои ҳамроҳӣ ва ёрии ӯ дар ин сафари пурхатар иброз доштанд ва ёрони ӯ гуфтанд, ки аз сипоҳи Убайдуллоҳ ибни Зиёд — ки барои аз байн бурдани ӯ ва ёронаш ҳеч шакке ба худ роҳ нахоҳад дод — бимноканд. Ӯ дар ҷавоби онон гуфт: ба Худо савганд, бо ин ду фарзанди рашиду чобуксавор аз душман ҳаросе надорам.

Язид ибни Набит бо ду фарзандаш бо шитоб фосилаи Басра то Маккаро гузаронид ва чун огоҳ шуд, ки Имом (а) дар Абтаҳ (атрофи Макка) аст, аз Макка ба тарафи Абтаҳ ҳаракат кард, чун ба он расид, ба ӯ гуфтанд, ки Имом (а) барои дидани ӯ ба Макка рафтааст. Ӯ, ки аз ин ҳама бузургворӣ ва фурӯтании Имом (а) сар аз по намешинохт, мусаммамтар аз пеш ба Макка баргашт ва дар манзили худ ба зиёрати Имом (а) ноил шуд ва аз ин ки Имом (а) то расидани ӯ ба интизор нишастааст, шӯълаҳои муҳаббат аз дилаш забона кашид ва ин ояти муборакаро бар забон ҷорӣ кард: (8)

بِفَضْلِ اللّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَلِكَ فَلْيَفْرَحُواْ

Пас аз салому хайрамақдам, гузорише аз вазъияти умумии Басра ва ҳамчунин мақсади худро аз ҳаракат ба Макка барои Имом (а) бозгӯ кард ва Имом (а) барои ӯ дуои хайр намуд.

Язид ибни Набит ва ду фарзанди диловару вафодораш ҳамроҳи он ҳазрат ба тарафи Карбало ҳаракат кард ва ба иттифоқи фарзандонаш тавфиқи шаҳодат дар рикоби Имомро пайдо кард. (9)

Номаҳои мардуми Кӯфа

Гурӯҳе аз муаррихон навиштаанд: пас аз ин ки мардуми Кӯфа аз марги Муовия ва байъат накардани Имом (а) бо Язид огоҳ шуданд, аз итоати Язид сарпечӣ карда ва шиъаён дар хонаи Сулаймон ибни Суради Хузоӣ (10) гирд омаданд ва пас аз музокираву машварат, бар ин ақида шуданд, ки барои Имом (а) нома навишта ва аз ӯ барои омадан ба Кӯфа даъват намоянд. Ва ба Абдуллоҳ ибни Мусмаъ (11) ва Абдуллоҳ ибни Вол (12) маъмурият доданд, то бо шитоб ба тарафи Макка ҳаракат карда, номаҳоро ба Имом (а) бирасонанд.

Даҳ рӯз аз моҳи мубораки рамазон гузашта буд, ки ду пайки аҳолии Кӯфа ба Макка дохил шуданд ва номаҳоро ба Имом (а) таслим намуданд.

Ҳанӯз ду рӯз аз фиристодани номаҳо нагузашта буд, ки аҳолии Кӯфа номаҳои дигареро ба ҳамроҳи Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ (13) ва Абдураҳмон ибни Абдуллоҳи Ирҳабӣ (14) барои Имом (а) фиристоданд, ва боз пас аз ду рӯзи дигар номаҳои дигареро ба василаи Ҳонӣ ибни Ҳонии Сабиӣ (15) ва Саъид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ (16) ирсол доштанд, ки шумори номаҳои фиристодашуда ба 12 ҳазор нома болиғ шуд. (17)

Аз ашхоси шинохташуда ва саршиносе, ки барои Имом (а) нома навиштанд ва аз ӯ расман барои рафтан ба Кӯфа даъват карданд, ба унвони намуна метавон аз Ҳабиб ибни Мазоҳир, Муслим ибни Авсаҷа, Сулаймон ибни Сурад, Руфоъа ибни Шаддод, Мусайиб ибни Нуҷба, Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Язид ибни Ҳорис, Урва ибни Ҳаҷҷоҷ ва Муҳаммад ибни Умайр ёд кард. (18)

Дар баъзе аз матнҳои мустанад, матни номаҳои аҳолии Кӯфа барои Имом (а) чунин будааст:

Аммо баъд, ситоиш Худойро сазост, ки камари душмани ҷаббори ситамгари шуморо шикаст; душмане, ки зимоми умури ин умматро бо найранг ба даст гирифт ва амволи онҳоро ғасб кард ва беризояти мардум бар онҳо ҳукумат кард. Хубони ин умматро кушт ва бадонро амон дод ва байтулмолро дар миёни ситамгарону пулдорон тақсим намуд. Ӯ монанди қавми Самуд аз раҳмати ҳақ дур бод!

Ба дурустӣ, ки мо имом ва раҳбаре надорем, пас ба сӯйи мо биё, бошад, ки Худованди Мутаъол ба василаи шумо моро дар сироти мустақимаш қарор диҳад. Нӯъмон ибни Башир дар қасри Кӯфа мустақар шудааст ва мо дар маросими намози ҷумъа ва намози ид, ки ба имомати ӯ ташкил мешавад, ширкат намекунем. Ва агар хабари мӯътамаде ба мо бирасад, ки ба Кӯфа хоҳӣ омад, ӯро аз шаҳр берун мекунем, то роҳии Шом шавад, иншоаллоҳ!

Бузургони Кӯфа ин номаҳоро бо Абдуллоҳ ибни Мусмаъ ва Абдуллоҳ ибни Вол ба хидмати Имом (а) фиристоданд ва ба онҳо дастур доданд, ки дар расондани он шитоб кунанд. Ва онҳо низ чунин карданд, то ин ки рӯзи 10-уми моҳи мубораки рамазон дар Макка хидмати Имом (а) расиданд. (19)

Охирин номае, ки дар Макка ба дасти Имом (а) расид, номаи Ҳонӣ ибни Абӯҳонӣ ва Саъид ибни Абдуллоҳи Хасъамӣ буд, ки навишта буданд:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ин номаи шиъаёни боимон ба Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст. Аммо баъд, дар сафар ба тарафи Ироқ шитоб кун, ки мардум дар интизорат лаҳзашуморӣ мекунанд, зеро онҳо раҳбаре ғайр аз ту надоранд, пас шитоб кун! Шитоб кун! Вассалом.” (20)

Номаи Имом (а) ба мардуми Кӯфа

Номаҳои ирсолии мардуми Кӯфа ба Имом (а) бисёр зиёд шуда буд ва дар он шахсиятҳои Кӯфа аз Имом (а) хоста буданд, ки ба Кӯфа биёяд, вале Имом (а) ҷавоб намедод, то ин ки дар як рӯз 600 нома ба дасти Имом (а) расид ва дар фосилаи кӯтоҳе шумори номаҳо болиғ бар 12 ҳазор шуд. (21)

Имом (а) дар ҷавоби номаҳои мардуми Кӯфа фақат ба навиштани як ҷавоб кифоят кард ва ба онҳо навишт:

Аз Ҳусайн ибни Алӣ (а) ба ҷамоате аз мусалмонон ва мӯъминон. Аммо баъд: ба дурустӣ, ки Ҳонӣ ва Саъид (охирин пайкҳои мардуми Кӯфа) номаҳои шуморо назди ман оварданд ва охирин ашхос аз фиристодагони шумо буданд. Ман аз он чӣ шумо зикр кардед огоҳ шудам ва ин ки навишта будед “Мо имому раҳбаре надорем, ба сӯйи мо биштоб, бошад, ки Худои Мутаъол моро ба василаи ту ба роҳи рост ҳидоят кунад”, ман бародар ва писарамуям (Муслим ибни Ақил)-ро, ки шахси боэътимод аст, ба сӯйи шумо фиристодам, агар ӯ барои ман бинависад, ки табақаи аҳли фазлу хирадманди Кӯфа навиштаҳои шумо ва изҳороти фиристодагони шуморо таъйид мекунанд, ба зудӣ ба сӯйи шумо ҳаракат хоҳам кард, иншоаллоҳ!

Ва дар поёни нома омадааст:

Ба ҷони худам қасам, ки имом касе нест, магар он ки ба китоби Худо ҳукм кунад ва адлу дод барпо дорад ва дини ҳақро пазируфта ва худро дар ризои Худо вақф кунад.” (22)

Фиристодани Муслим ба Кӯфа

Имом (а) дар Макка байни рукну мақом ду ракъат намоз хонд ва аз Худои Мутаъол талаби хайр намуд ва баъд Муслим ибни Ақилро эҳзор карда, ӯро аз даъвати мардуми Кӯфа ва дархости онон огоҳ намуд. Ҷавоби номаи аҳолии Кӯфаро ба дасти ӯ супурд, то ба қасди Кӯфа ҳаракат кунад. (23) Ва ба ӯ фармуд: “Ман туро ба сӯйи мардуми Кӯфа мефиристам ва Худои Мутаъол ба зудӣ он чиро, ки мехоҳад ва барои ту меписандад анҷом хоҳад дод ва умедворам, ки ману ту дар мартибаву манзилати шаҳидон бошем, пас бо ёрӣ хостан аз Худо, ба тарафи Кӯфа ҳаракат кун ва чун ба Кӯфа расидӣ, назди боэътимодтарини аҳолии Кӯфа манзил кун.” (24)

Муслим аз Макка ба Мадина омад, ибтидо ба масҷиди Паёмбар (с) рафт ва намоз хонд ва пас аз он ки бо ашхоси хонаводааш видоъ кард, ба ҳамроҳи ду нафар аз қабилаи Қайс, ки ба роҳ ошно буданд, ба тарафи Кӯфа ҳаракат кард, аммо роҳро гум карданд ва ҳамроҳони Муслим аз шиддати ташнагӣ нотавон шуда, аз идомаи роҳ бозмонданд. Бинобар ин Муслим ба танҳоӣ бо талоши бисёр аз рӯйи нишонаҳо роҳро ёфт ва барои иҷрои фармони Ҳусайн (а) ба сӯйи Кӯфа шитоб намуд. (25)

Муслим дар хонаи Мухтор

Муслим ибни Ақил, ки нимаи моҳи мубораки рамазон аз Макка ҳаракат карда буд, 15-уми шаввол вориди Кӯфа гардид ва дар хонаи Мухтор ибни Абӯубайдаи Сақафӣ манзил кард.

Мухтор дар миёни қабила ва хонаводааш марди шарифе буд ва ҳиммати олӣ ва иродаи мустаҳкам дошт, ки бо душманони Аҳли Байт (а) шадидан мухолифат мекард. Ӯро ба ақли вофир ва раъйи соиб мешинохтанд ва ӯ шахсиятест, ки бо ҷудо шудан аз душманон ва пайвастан ба Аҳли Байт (а), дорои макорими ахлоқ ва малакоти фозилаи инсонӣ гардидааст, ӯ дар ошкору ниҳон нисбат ба Аҳли Байт (а) ихлос нишон медод.

Иллати вуруди Муслим ба хонаи Мухтор ин буд, ки Мухтор аз бузургони шиъа ба шумор мерафт ва Муслим бовар дошт, ки ӯ нисбат ба Имом (а) мухлис ва вафодор аст. Ва зимнан, Мухтор домоди Нӯъмон ибни Башир — ҳокими вақти Кӯфа — буд ва бешак то замоне ки Муслим дар хонаи Мухтор бошад, Нӯъмон мутаъарризи Муслим намешуд ва ин интихоби Муслим нишондиҳандаи иҳотаи он бузургвор ба ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ аст.

Чун шиъаён аз вуруди Муслим ба Кӯфа огоҳ шуданд, дар хонаи Мухтор ба дидани ӯ рафтанд ва дар онҷо иҷтимоъ карданд. Муслим номаи Имомро барои ашхосе, ки ба дидани ӯ омада буданд хонд ва аз миёни он гурӯҳи азим, ки шадидан таҳти таъсири паёми Имом (а) қарор гирифта буданд ва ашк мерехтанд, 18 ҳазор нафар бо Муслим байъат карданд. (26)

Суханони Обис ибни Абӯшабиби Шокирӣ

Обис ибни Абӯшабиб, (27) ки дар он ҷамъ ҳузур дошт, ба по хост ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ гуфт: ман аз мардуми Кӯфа барои шумо сӯҳбат мекунам ва намедонам, ки дар дилҳои онон чӣ мегузарад ва қасди фиреби шуморо надорам. Вале ба Худо савганд, он чиро мегӯям дар дарунам нақш баста ва ба он бовар дорам. Ва он ин ки: дар худ ин омодагиро мебинам, ки дар ҳар замоне ки ба кӯмаки ман ниёз дошта бошед, дареғ накунам ва дар рикоби шумо бо шамшере, ки дар даст дорам, бо душманон мубориза намоям ва дар ин роҳ ғайр аз ризои Худованд ва савоби илоҳӣ намеандешам, то ба дидори Худо бишитобам.”

Пас аз ӯ Ҳабиб ибни Мазоҳир бархоста гуфт: эй Обис! Раҳмати Худо бар ту бод, ки он чӣ дар дарун доштӣ дар қолиби ҷумлаҳои кӯтоҳ бар забон рондӣ. Ва дар идомаи суханонаш гуфт: ба Худо савганд, ки ман ҳам монанди Обис дар ёрии ту қасдам устувор аст.

Ва баъд аз ӯ Саъид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ қиём кард ва суханоне монанди Обис ва Ҳабиб гуфт. (28)

Номаи Муслим ба Имом (а)

Чун ин гурӯҳи мардум бо Муслим байъат карданд ва Муслим ба пирӯзии ин қиёми мардумӣ бовар намуд, номае бар ин мазмун барои Имом (а) навишт: теъдоди 18 ҳазор нафар аз мардуми Кӯфа бо ман байъат карданд ва аз Имом (а) дархост кард, ки ба маҳзи расидани нома ба тарафи Кӯфа ҳаракат кунад, зеро мардум толиби ӯ ҳастанд ва нисбат ба хонадони умавӣ алоқае надоранд. (30)

Номаи Муслимро — ки номаи аҳли Кӯфа низ замимаи он буд — Қайс ибни Мусаҳҳар ва Обис ибни Абӯшабиб барои Имом (а) бурданд. (31)

Суханони ҳокими Кӯфа

Аз тарафи дигар, чун хабари вуруди Муслим ва байъати мардум ба Нӯъмон ибни Башир — ҳокими Кӯфа расид, ба минбар рафт ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ хитоб ба мардуми Кӯфа гуфт: эй бандагони Худо! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва ба сӯйи фитнаву тафриқа наравед, зеро сабаби рехта шудани хунҳо ва кушта шудани мардон ва ғорат шудани амволи онон хоҳад шуд. Ман бо касе ки бо ман наситезад намеҷангам ва шуморо ба ҷони якдигар намеандозам ва бар сирфи тӯҳмат касеро боздошт намекунам. Вале агар бо ман душманӣ кунед ва паймонеро, ки бастаед нодида бигиред ва бо Язид мухолифат намоед, ба Худо савганд то замоне ки шамшер дар даст дорам бо шумо хоҳам ҷангид, ҳарчанд аз шумо касе ба ёрии ман барнахезад. Ва ман умедворам, ки дар миёни шумо ашхосе, ки ҳақро мешиносанд аз ашхосе, ки ба ботил гароиш доранд, зиёдтар бошад. (32)

Пас аз суханони Нӯъмон ибни Башир, Абдуллоҳ ибни Муслими Хазрамӣ, ки ҳампаймони Банӣ Умайя буд, аз ҷой бархоста гуфт: бо ин равиш, ки ту дар пеш гирифтаӣ коре аз пеш нахоҳӣ бурд ва ин фитна ҷуз бо саркӯб кардан аз байн нахоҳад рафт, эй Нӯъмон! Назари ту назари мардуми заъифу нотавон аст.

Ҳокими Кӯфа дар ҳоле ки аз суханони Абдуллоҳ Хазрамӣ барошуфта буд, гуфт: агар ман аз заъифони ҷомеа ба шумор оям вале дар итоати Худо бошам, беҳтар аст аз ин ки дар маъсияти ӯ азиз бошам. Сипас аз минбар ба зер омад.

Абдуллоҳ Хазрамӣ, ки аз сарсупурдагони шинохташудаи ҳукумати умавӣ ба шумор мерафт, аввалин касе буд, ки ба Язид нома навишт ва аз вуруди Муслим ибни Ақил, намояндаи Имом (а) ба Кӯфа ва байъати чашмгири мардум бо ӯ хабар дод. Ва зимни изҳори нигаронӣ, хотирнишон кард, ки агар ба Кӯфа ниёз дорӣ, марди қавӣ ва боиродаеро ба онҷо гусел кун, то фармони туро ба кор гирад ва ҳамчун ту бо душманонат рафтор намояд. Нӯъмон ибни Башир ё марди нотавону беиродае аст ва ё чунин вонамуд мекунад ва дар амри ҳукумат салоҳият надорад.

Ба ғайр аз Абдуллоҳ ибни Муслими Хазрамӣ ҷирахорони ҳукуматии дигар низ, монанди Аммора ибни Валид ва Умар ибни Саъд номаҳои мушобеҳе барои Язид фиристоданд. (33)

Сарҷун ғуломи Муовия

Пас аз ин ки ин номаҳо ба дасти Язид расид, Сарҷун (34) — ғуломи вафодори падараш — ро ҳозир кард ва ӯро аз моҷарои Муслим ва байъати мардуми Кӯфа ва аз қотеъ набудани Нӯъмон ибни Башир огоҳ сохт ва дар мавриди интихоби ҳокими дигар бар Кӯфа, аз ӯ назархоҳӣ кард.

Сарҷун ба ӯ гуфт: агар падарат акнун зинда мешуд, назари ӯро дар ин маврид ба кор мебастӣ?

Язид гуфт: оре.

Сарҷун медонист, ки Язид аз Убайдуллоҳ ибни Зиёд кинаҳо дар дил дорад. Ба ҳамин ҷиҳат барои ин ки ӯро ром кунад, фармони Муовияро, ки пеш аз мурданаш барои Убайдуллоҳ навишта ва ҳукумати Кӯфаро ба ӯ дода буд, берун овард ва ба Язид нишон дода гуфт: назари Муовия дар мавриди Убайдуллоҳ инчунин буд ва инак, ки саросари Кӯфаро ошӯб фаро гирифтааст, бояд ҳукумати Басра ва Кӯфаро якҷо ба Убайдуллоҳ вогузор кунӣ, то битавонад мухолифони ҳукуматро дар ин ду пойгоҳ ба ҷойи худ бинишонад.

Язид пешниҳоди Сарҷунро пазируфт ва дар фармоне, ҳукумати Кӯфа ва Басраро ба Убайдуллоҳ ибни Зиёд — ки дар он вақт фақат ҳокими Басра буд — вогузор кард ва фармонро ба ҳамроҳи номае тавассути Муслим ибни Амри Боҳилӣ барои Убайдуллоҳ фиристод. (35)

Номаи Язид ба Убайдуллоҳ

Дар номаи Язид барои Убайдуллоҳ чунин омада буд: ашхосе, ки рӯзе мавриди ситоиш қарор мегиранд, рӯзи дигар ба нангу нафрин дучор мешаванд ва чизҳои нописанд ба сурати матлубу дилписанд дармеоянд (36) ва ту дар мақому манзилате қарор дорӣ, ки шоистаи он ҳастӣ! Ба қавли шоири араб: “Ту боло рафтӣ ва аз абрҳо пешӣ гирифтӣ ва бар фарози онҳо мақом кардӣ, ки барои ту ҷуз маснади хуршед ҷойгоҳе нест.” (37)

Ва дар ин нома ба ӯ фармон дод, ки дар сафар ба Кӯфа шитоб кунад ва Муслим ибни Ақилро пас аз дастгирӣ, кушта ва ё табъид намояд. (38)

Суханони Убайдуллоҳ ибни Зиёд

Пас аз ин ки номаи Язид дар Басра ба дасти Убайдуллоҳ расид, дастур дод, то фиристодаи Имом Ҳусайн (а)-ро, ки ҳомили номае барои ашрофу бузургони Басра буд гардан заданд ва баъд дар масҷиди шаҳр ба минбар рафта хутбае хонда гуфт:

Язид вилояти Кӯфаро ба ман вогузор намудааст ва ман фардо аз Басра ба тарафи Кӯфа ҳаракат хоҳам кард. (39) Ба Худо савганд, ки сахтиҳо ба ман наздик нахоҳад шуд ва пешомадҳои рӯзгор маро мутазалзил нахоҳад кард. Бо ҳар кас, ки бо ман аз дари душманӣ дарояд, хусумат мекунам ва бо касе, ки қасди ситез бо маро дорад, хоҳам ҷангид ва шарбати маргро ба коми ӯ хоҳам рехт. Бародарам Усмон ибни Зиёдро дар набуди худ ба ҳукумати Басра мегуморам, мабодо бо ӯ мухолифат кунед, ки ба Худо қасам дар куштани ашхоси мухолиф устуворам ва ашхоси наздикро ба ҷойи ашхоси дур ба уқубат мерасонам! Бо ман рост бошед ва бо ман мухолифат накунед!” (40)

Ҳаракати Убайдуллоҳ ба сӯйи Кӯфа

Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба ҳамроҳи Муслим ибни Амри Боҳилӣ, Мунзир ибни Ҷоруд, Шарик ибни Аъвар (41) ва Абдуллоҳ ибни Ҳорис ибни Навфал ва 500 марди басрӣ чунон бо шитоб роҳи Кӯфаро гузар кард, ки вақте дид Шарик ибни Аъвар ва Абдуллоҳ ибни Ҳорис тавони ҳамрикобӣ бо ӯро надоранд, онҳоро дар миёни роҳ танҳо гузошт ва худ бо ҳамроҳони дигараш ба ҳаракат идома дод. Ин ду мехостанд, ки Ибни Зиёд дертар аз вақти муқаррар ба Кӯфа бирасад, то шояд варақ баргардад, вале ӯ аз хавфи ин ки Имом (а) бар ӯ пешӣ гирифта ва зудтар дохили Кӯфа шавад, бо шитоби бештар фосилаи Басра то Кӯфаро гузар кард, то ин ки дар Қодисия ғуломи ӯ Меҳрон низ аз идомаи роҳ бозмонд ва Ибни Зиёд ҳарчӣ талош кард, ки ӯро бо татмеъу дирамбахшӣ омода кунад муваффақ нашуд, ночор ӯро низ танҳо гузошт ва бо либоси мубаддал ба роҳи худ идома дод.

Ибни Зиёд ҷомаи ямонӣ бар тан кард ва аммомаи сиёҳранге бар сар гузошт, то касе ӯро нашиносад ва дӯстдорони Имом Ҳусайн (а) ӯро иштибоҳан ба ҷойи Имом (а) бидонанд! Ӯ бо ин тағйири либос аз ҳар бозрасгоҳе гузар мекард, мардум мепиндоштанд, ки ӯ Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст ва ба ӯ марҳабо мегуфтанд ва Ибни Зиёд ба рӯйи худ намеовард ва сокит буд. (42)

Вуруди Убайдуллоҳ ба Кӯфа

Ибни Зиёд чун ба наздикии Кӯфа расид, то фаро расидани шаб диранг кард ва баъд, аз он тарафи Кӯфа, ки наздики Наҷаф аст, дохили шаҳр шуд. Дар ин миён зане бонг бардошт, ки ба Худои Каъба савганд, ин писари Паёмбар (с) аст! Ва мардуми фиребхӯрда аз шавқ ба фарёд омаданд ва дар ҳоле ки атрофи ӯро гирифта буданд, гуфтанд: мо ҷамъияте афзун ба 40 ҳазор нафар бо ту хоҳем буд. (43)

Вале ин мардуми соддадил вақте ба худ омаданд, ки Ибни Зиёд парда аз чеҳраи худ бардошт ва хитоб ба онон гуфт, ки ман Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҳастам.

Мардуми Кӯфа, ки сахт ғофилгир шуда буданд, бар рӯи ҳам рехтанд ва дар зери дасту по лагадмол шуданд ва Ибни Зиёд дохили Дорулимора шуд. (44)

Хутбаи Убайдуллоҳ дар Кӯфа

Субҳи рӯзи баъд Ибни Зиёд дастур дод, ки мардум дар масҷид ҷамъ шаванд. Он гоҳ хутбае хонда ба онҳо гуфт:

Язид ҳукумати шаҳри шуморо ба ман супурдааст, то аз байтулмол ҳифозат кунам ва табақаи мазлумро ҳимоят намоям ва бо касоне ки аз фармонҳои содиршуда итоат мекунанд, монанди падари меҳрубон рафтор намоям ва шамшерамро рӯи касоне хоҳам кашид, ки аз фармони ман сарпечӣ кунанд. Аз хашми ман битарсед ва бидонед, ки ман марди амалам ва ба гуфтор басанда намекунам.” (45)

Таҳдид ва иръоб

Ибни Зиёд ба маҳзи вуруд ба Кӯфа ва такя задан бар маснади ҳукумат, барои заҳри чашм гирифтан аз мардуми Кӯфа дастури дастгирӣ ва куштори ҷамъе аз саршиносони Кӯфаро содир кард, то руҳияи инқилобии мардумро мутазалзил карда ва ҳавои қиёмро аз сари онҳо берун кунад. Ва дар рӯзи дуюми вурудаш дастур дод, то мардум дар масҷиди шаҳр ҷамъ шаванд ва он гоҳ бар фарози минбар нишаст ва дар хутбаи таҳдидомезе хотирнишон кард:

Эҳсос мекунам ин мушкил ҷуз бо шиддати амал аз миён нахоҳад рафт. Бидонед, ки ман бегуноҳро ба ҷойи гунаҳкор ва мардуми ҳозирро ба ҷойи ашхоси ғоиб кайфар хоҳам кард! Ва ҳар як аз шуморо дар ҷойи худуш хоҳам нишонд.”

Дар ин ҳангом марде аз аҳолии Кӯфа ба номи Асад ибни Абдуллоҳ ба по хост ва дар радди суханони ибни Зиёд гуфт:

Эй амир! Худои Мутаъол мефармояд: (46)

وَلاَ تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى

Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигариро ба дӯш намегирад. Ва ҳар кас бояд дар баробари амале, ки кардааст ҷавобгӯ бошад, бар ту лозим аст, ки бигӯӣ ва бар мо лозим аст, ки бишунавем, вале бо нописандӣ бо мо амал макун пеш аз он ки аз ту некӣ дида бошем.”

Ибни Зиёд аз идомаи сухан бозмонд ва аз минбар пойин омада, ба қаср рафт. (47)

Ва Ибни Зиёд дар зимни суханонаш гуфт: сухани маро ба ин марди ҳошимӣ бирасонед, то аз хашми ман бипарҳезад. Муродаш аз марди ҳошимӣ Муслим ибни Ақил буд. (48)

Рафтор бо маъмурон ва ҷосусони ҳукуматӣ

Убайдуллоҳ бо маъмурон ва ҷосусони ҳукуматӣ ва бозрасон бинои бадрафторӣ ва сахтгириро гузорид ва аз онҳо хост, то номҳои ашхоси ғарибе, ки дохили шаҳри Кӯфа мешаванд ва мардуме, ки бо ҳукумати Язид созиш надоранд ва дар ҳаққонияти хилофати ӯ шак мекунанд ва ашхосе, ки бинои мухолифату тафриқаафканӣ доранд, гузориш кунанд ва агар касе аз ин амр сарпечӣ кунад ва ба вақти лозим гузоришҳоро таслим нанамояд ва душманони Язидро ошно накунад, на танҳо даромади ӯ аз байтулмол қатъ хоҳад шуд, балки хуну моли ӯ мубоҳ гашта ва дар муқобили хонааш ба дор овехта мешавад ва ё ин ки ба “Зора” (49) табъид мегардад. (50)

Муслим дар хонаи Ҳонӣ

Чун Муслим аз омадани Убайдуллоҳ ба Кӯфа огоҳ шуд ва аз суханони ӯ дар масҷид ва он чӣ бо ҷосусон дар миён гузорида буд бохабар гашт, аз хонаи Мухтор — ки дар он сукунат дошт — берун омада ба хонаи Ҳонӣ ибни Урва (51) рафт ва пайравони Имом (а) пинҳонӣ дар хонаи Ҳонӣ ба мулоқоти он ҷаноб мерафтанд ва ба якдигар суфориш мекарданд, ки ин амрро аз дигарон пинҳон нигаҳ доранд. (52)

Иллати ин ҷобаҷоӣ ин буд, ки маҳалли иқомати Муслим махфӣ нигаҳ дошта шавад, зеро ӯ хавфнок буд, ки мабодо пеш аз он ки ба маъмурияти худ ҷомаи амал бипӯшонад, тавассути маъмурони Ибни Зиёд дастгир гардад. (53)

Пас аз ин ки Муслим дар хонаи Ҳонӣ иқомат кард ва шумори байъаткунандагон ба 25 ҳазор нафар расид, қасди хуруҷ гирифт, вале Ҳонӣ ба ӯ гуфт, ки дар ин кор шитоб макун. (54)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Сулаймон ибни Заррин аз маволиёни Имом Ҳусайн (а) аст, ки он ҳазрат ӯро ба сӯи раисони панҷгонаи Басра фиристод ва Мунзир ибни Ҷоруд яке аз онҳост, ки фиристодаи Имомро ба гумони ин ки дасисаи Убайдуллоҳ аст, ба назди ӯ бурд, пас Убайдуллоҳ дастур дод ӯро ба қатл бирасонанд ва бар минбар рафт ва мардумро таҳдид кард ва роҳии Кӯфа гардид, то Ҳусайн бар ӯ пешӣ нагирад. (Абсор-ул-айн 53).

(2) Таърихи Табарӣ 6/200. Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/322.

(3) Ӯ Мунзир ибни Ҷоруд аст, падараш аз асҳоби Расули Худо (с) мебошад. Ҳазрати Алӣ (а) ӯро бар баъзе аз навоҳӣ аморат дод ва ӯ дар он ҷо ба гунае амал кард, ки Имом (а) номае дар мазаммати ӯ навишт ва падараш Ҷорудро мадҳ кард. Мунзирро уламои риҷол заъиф шумурдаанд. (Танқеҳ-ул-мақол 3/248).

(4) Рум: 60. (Сияру аъломин-нубало 3/200).

(5) Нафс-ул-маҳмум 87.

(6) Ал-малҳуф 17. Мақтал-ул-Ҳусайн, 141.

(7) Комили ибни Асир 4/21. Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/328.

(8) Юнус: 58. «Ба фазлу раҳмати Худо бояд хушҳол шаванд».

(9) Нафс-ул-маҳмум, 92 ба нақли Табарӣ.

(10) Сулаймон ибни Сурад аз бузургони шиъа дар Кӯфа ва аз фармондеҳони наҳзати “Таввобин” буд, ки дар «Айнулварада» дар соли 65 шаҳид шуд. Ӯ аз асҳоби Расули Худо (с) ба шумор меравад.

(11) Абдуллоҳ Ҳамдонӣ аз муборизони номдори наҳзати “Таввобин” будааст. (Абсор-ул-айн 14).

(12) Абдуллоҳ ибни Вол аз ашрофи Кӯфа аз ҷумлаи фақеҳон ва обидон будааст, ӯ аз “Таввобин” буда, ки дар «Айнулварада» бо Сулаймон ибни Сурад ба шаҳодат расид. (Нафс-ул-маҳмум 569).

(13) Қайс аз ёрони Имом (а) аст, ки дар ҳамин китоб аз моҷарои шаҳодаташ огоҳ хоҳед шуд.

(14) Абдураҳмон дар рӯзи 12 моҳи рамазон бо 53 нома аз аҳолии Кӯфа дар Макка хидмати Имом (а) расид ва аз шуҳадои Карбало аст. (Абсор-ул-айн 77).

(15) Ҳонӣ ибни Ҳонӣ аз қабилаи Ҳамдон аст, ки фаъолона дар наҳзати “Таввобин” ширкат дошт. (Абсор-ул-айн 14).

(16) Саъид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ низ аз шуҳадои Карбалост.

(17) Ниёзи шадиди аҳолии Кӯфа ба даъвати Имом (а) ҳангоме ошкор мешавад, ки бо дар назар гирифтани замоне ки сарфи навиштани номаҳо шуда ва хатарҳое, ки табиатан дар камини мухолифони ҳукумати умавӣ, хусусан пайкҳои фиристодашуда будааст. Ба шаҳодати таърих, дар муддати панҷ рӯз шумори дувоздаҳ ҳазор нома барои Имом (а) ирсол гардид, ки дар ҳамаи ин номаҳо бар безории мардум аз ҳукумати умавӣ ва байъат накардани аҳолии Кӯфа бо Язид ва даъвати Имом (а) барои рафтан ба Кӯфа таъкид шудааст, ки зоҳиран ҳуҷҷатро бар Имом (а) тамом карда бошанд.

(18) Абсор-ул-айн 4.

(19) Иршоди Шайх Муфид 2/37.

(20) Таърихи Яъқубӣ 2/241.

(21) Ал-малҳуф 15.

(22) Иршоди Шайх Муфид 2/38. Таърихи Табарӣ 6/198.

(23) Ал-малҳуф 31.

(24) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 145 ба нақл аз Мақтал-ул-Ҳусайн, Хоразмӣ 1/196.

(25) Иршоди Шайх Муфид 2/39. Мақтал-ул-Ҳусайн, 146.

(26) Ҷамъе аз муаррихон шумори байъаткунандагонро 18 ҳазор нафар навиштаанд (Иршоди Шайх Муфид 2/41). Ва гурӯҳи дигаре шумори ин ашхосро 25 ҳазор, 28 ҳазор, 30 ҳазор, 40 ҳазор нафар навиштаанд. (Нафс-ул-маҳмум 95), (Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/347).

(27) Тарҷумаи ҳоли Обис таҳти унвони шуҳадо зикр хоҳад шуд.

(28) Нафс-ул-маҳмум 83.

(29) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/345.

(30) Биҳор-ул-анвор 44/336. Ал-бидоя ван-ниҳоя 8/163.

(31) Мусир-ул-аҳзон 32.

(32) Комили ибни Асир 4/22.

(33) Иршоди Шайх Муфид 2/41.

(34) Сарҷун ибни Мансур аз насорои Шом буд, ки Муовия ӯро дар маслиҳати ҳукумати худ ба кор гирифт ва падараш Мансур аз тарафи Ҳерақл пеш аз фатҳи Шом, масъулияти байтулмолро бар ӯҳда дошт, бо ин ки Умар ибни Хаттоб (р) дастур дода буд, ки аз истихдоми ашхоси масеҳӣ худдорӣ кунанд, магар он ки мусалмон шаванд. (Пайнавишти Мақтал-ул-Ҳусайн, 148).

(35) Комили ибни Асир 4/22.

(36) Ҳамин ҷумла кинаи пешинаи Язид нисбат ба Убайдуллоҳро ошкор мекунад.

(37)

رفعتَ وجاوَزتَ السّحابَ وفوقَهُ فَما لَكَ اِلاّ مرقب الشّمسِ مَقْعَدُ

(38) Мақтал-ул-Ҳусайн, 148.

(39) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/355.

(40) Комили ибни Асир 4/23.

(41) Шарик ибни Аъвар аз асҳоби хосси Алӣ (а) буда ва дар ҷанги Ҷамалу Сиффин дар хидмати он ҳазрат будааст. (Танқеҳ-ул-мақол 2/84 ба ихтисор).

Навиштаанд, ки Шарик ба ҷиҳати шахсият ва шарофате, ки дошт, Убайдуллоҳ аз тарафи Муовия ӯро ба ҳукумати Кирмон гумошта буд ва ӯ бо Ҳонӣ дӯстиву мусоҳибат дошт. (Мақтал-ул-Ҳусайн, 152).

(42) Мақтал-ул-Ҳусайн, 149.

(43) Мусир-ул-аҳзон 30.

(44) Биҳор-ул-анвор 44/340

(45) Аълом-ул-варо 222.

(46) Анъом: 164.

(47) Ал-футӯҳ 5/67.

(48) Мусир-ул-аҳзон 30.

(49) «Зора» маконе дар Уммон аст.

(50) Комили ибни Асир 4/24. Иршоди Шайх Муфид 2/45.

(51) Ҳонӣ ибни Урваи Мазҳаҷӣ марде буд, ки дар ташайюъ гоми устуворе дошт ва аз қориёни номдор ва аз ашрофи Кӯфа башумор мерафт ва раҳбарии шумори зиёде аз мардуми Кӯфаро бар ӯҳда дошт. Ӯ аз асҳоби хосси Алӣ (а) башумор мерафт ва дар ҷанги Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон ҳамрикоби он ҳазрат буд ва ҳамчунин Расули Худоро дарк карда буд ва аз саҳобаи он ҳазрат низ башумор мерафт ва аз умри ӯ дар рӯзе, ки ба дасти Убайдуллоҳ ба шаҳодат расид, навад сол мегузашт. (Мақтал-ул-Ҳусайн, 151).

(52) Биҳор-ул-анвор 44/341.

(53) Ал-малҳуф 19.

(54) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/91.

Реклама


Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: