Вақте адолат дар ин кишвар леҳ мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар бихоҳем ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро дар як ҷумлаи кӯтоҳ баён бикунем, бояд бигӯем: “Адолат дар Тоҷикистон леҳ шуд!” Наметавон ин воқеияти талхро ба гунае дигар баён дошт. Ин ду вакили мудофеъ магар чӣ ҷурме муртакиб шуда буданд, ки мебоист яке барои 23 сол ва дигаре барои 21 сол роҳии зиндон шаванд?!

Оё Бузургмеҳр касеро кушта?! Нуриддин Маҳкамов ба касе таҷовуз карда?! Ин ду оё ҳаққи касеро баноҳақ хӯрдаанд?! Оё силоҳ ба даст гирифтанд ва мисли Ондерс Брейвик ба қатлу куштори бегуноҳон даст ёзидаанд?! Брейвике, ки дар соли 2011 беш аз 70 нафар бегуноҳро ба рагбор зад ва сипас ба 21 сол зиндон маҳкум шуд?!

Ин чӣ иттиҳоми масхара аст, ки барои ин ду вакили мудофеъ бофтед: “Даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ”?! Оё вақте Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дифои боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро ба дӯш гирифта ва хостанд, аз онҳо дар додгоҳ дифоъ ба амал биёваранд, барои “тағйири сохти конститутсионӣ” камар бастаанд?!

Яъне, вақте як вакили мудофеъ фарз кардем дифои як “ҷинояткор”-ро ба ӯҳда бигирад, дар ҷурми он “ҷинояткор” саҳим дониста хоҳад шуд?! Ҳамон Ондерс Брейвик, ки зикри “хайраш” гузашт, вакил дошт ва он вакил дар додгоҳ чунон аз ин ҷонӣ ва муҷрим дифоъ мекард, ки гӯӣ “Ондерси бечора”, ки 70 нафар бегуноҳ аз пиру кӯдакро ба рагбор зада буд, тақсире надошта, “бандаи Худо” равонаш хароб буда! Хуб, билохира, кори вакил ҳамин аст. Агар натавонад муттаҳамро табриа кунад, лоақал саъй мекунад, аз ҳукми ӯ тахфиф ва сабук бишавад.

Ва ин дар ҳолест, ки азизоне, ки Бузургмеҳр ва Нуриддин Маҳкамов далерона дифои эшонро ба ӯҳда гирифтанд, на муҷрим ҳастанд ва на ҷинояткор, чунонки шумо иддаъо мекунед, балки онон низ мисли ин ду вакил ноҷавонмардона ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ва аз ин ҳам масхараомезтар ин иттиҳом аст: “Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ”! Ин чӣ иттиҳоми масхара аст?! Оё Бузургмеҳр Ёров масалан иддаъои паёмбарӣ карда ва мардумро ба дине ҷадид фаро хонд?! Ва ё аз мардум хост, аз динашон баргарданд?!

Дар мавриди иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва нажодӣ” низ ҳамин сухан матраҳ аст. Оё Акои Нуриддин Маҳкамов ва ё Бузургмеҳр Ёров масалан нозӣ ва фашист буданд ва мисли Ҳитлер ва нозиҳои Олмони замони ҷанги ҷаҳонии дуввум, қоил ба бартарии нажоди ориёӣ ва мӯътақид буданд, ки нажодҳои ғайри ориёӣ ё бояд дар хидмати ориёиҳо бошанд ва ё бояд кушта ва нобуд гарданд?! Ё мисли нозиҳои руси замони худамон, нисбат ба нажоди “сиёҳ” (ба қавли онон) нафрат дошта ва ҳарҷо онҳоро ёфтанд, куштанд ва ё таҳқир ва тавҳинашон карданд?!

Иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” низ як иттиҳоми аҷибу ғарибест! Куҷо Бузургмеҳр Ёров ифротигарӣ карда?! Ва куҷо Нуриддин Маҳкамов амале ифротгароёна анҷом дода?! Бузургмеҳр Ёров масалан узви ДОЪИШ аст?! Акои Нуриддин Маҳкамов узви созмони теруристии Алқоъида аст?! Оё ин ду ҷалиқаи интиҳорӣ ба камар баста ва хостанд, худашонро миёни мардум мунфаҷир кунанд ва ба истилоҳ, амалиёти интиҳорӣ анҷом бидиҳанд?!

Аҷаб замонае шуда! Ҳар ки мавриди писандашон набошад ва аз ҳар ки хушашон наояд, филвафр иттиҳоми “терурист”, “ифротгаро”, “тундрав” барояш мечаспонанд ва роҳии зиндонаш мекунанд.

Оё дигар иттиҳоме барои ин ду пайдо накардед?! Иттиҳоме, ки лоақал мардум боварашон бишавад?! Оё касе бовараш мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров ифротӣ аст ва мардумро барои анҷоми “фаъолиятҳои ифротгароӣ” даъват карда?! Лоақал иттиҳоме меёфтед, ки то ба ин ҳад “лоятачаспак” намебуд!

Хок бар саратон!

* * *

Роқими ин сутур кучактарин тардиде надорад, ки ин ҳукм бевосита ба дастури шахси аввали ин кишвар яъне Эмомалӣ Раҳмон содир шуда. Вагарна, додгоҳ ҷуръати судури инчунин ҳукмеро ба хусус дар мавриди Бузургмеҳр Ёров надошт, бо таваҷҷӯҳ ба дифоияҳое, ки Бузургмеҳр дар ҷаласаҳои додгоҳ аз худ ба намоиш гузошт. Бале, банда дар ин маврид ва ҳамчунин дар хусуси ҳукми фаъолон ва раҳбарони ҲНИТ ва низ ҳукми Зайд Саидов, шахси Раҳмонро айбдор медонам ва мӯътақидам, ки агар ӯ намехост, кор ба инҷоҳо кашида намешуд.

Бинобар ин, бисёр дардовар ва аламовар аст, ки ҳанӯз дар ин ҷомеа касонеро мебинед ва пайдо мекунед – ки тоза, иддаъои рӯшанфикрӣ ҳам доранд ва шоиранд ё нависанда ва ё рӯзноманигор – ки на танҳо дар баробари ин воқеиятҳои талх лоақал мебоист сукут ихтиёр бикунанд, балки ба мадҳу ситоиши ин “Пешво” қаламфарсоӣ менамоянд. Як рӯз пеш аз судури ҳукми Бузургмеҳр ва акои Нуриддин, яъне дар торихи 5 октябр, зодрӯзи “Пешво” буд. Ҳамон рӯз, сафҳаи шабакаи иҷтимоӣ бо мадҳу ситоиш, таърифу тамҷид, тамаллуқҳои беҷо нисбат ба “Пешво” пур шуда буд, ва он ҳам аз сӯйи ҳамин тоифа!

Ҳоло коре надорам, таъриф кардаед, ихтиёр доред, аммо оё қалами шумо дар бораи ин аҳкоми ноҷавонмардона дар бораи Бузургмеҳр ва акои Нуриддин ва зулм ва ситамҳое, ки нисбат ба одамони бегуноҳ дар ин кишвар, яъне ҳаммиҳанони худатон мешавад низ ба ҳаракат хоҳад даромад?!

Оё дар шумо чизе ба номи виҷдон боқӣ мондааст?!

Дар поён шоиста медонам, ёддошти ахири бону Файзинисо Воҳидова, он шерзани тоҷикро биёварам:

6-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи мотами миллӣ аст!

Имрӯз дар ватани азизамон яке аз неъматҳои ғайримоддӣ ва маънавӣ бо номи Адолат дар синни 25-солагӣ вафот кард!

Ин хоҳари азизи маънавии мо хеле ҷавон ва барвақт бо ин дунёи фонӣ Худоҳофизӣ кард!

Хоҳарамон 9 сентябри соли 1991 чашм ба олам кушода, санаи 6 октябр вафот кард!

Ин хоҳари ҷавонмарги мо ҳамагӣ 25 солу 25 рӯз умр дид! Ва 23 захми ҷисмониро ба қалбаш расониданд.

Ин хоҳар бо аҷали худ намурд, ӯро куштанд, буғӣ карданд, ба дасти афроди бераҳму сангиндил буғӣ карда шуд!

Адолат хоҳарамон, ки рамзи адолат ва озодӣ буд ва дар ҷахон ӯро Фемида ном мебурданд, бо як чашми нобинояш маъюб буд. Ин бераҳмон ба маъюб низ дастдарозӣ карданд. Бо як чашм ҳам кӯшиш мекард, ки мӯйро аз хамир ҷудо кунад, аммо қотилон ба маъюби кӯру якчашма ҳам раҳм накарданд. Куштанд. Буғӣ карданд, ба қатл расонданд! 23 зарба заданд!

Бузургмеҳри азиз, дигар танҳо Умед ба Худои меҳрубон мебандем! Худо ёрат бод!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: