Занони фармонраво дар давлатҳои исломӣ – 2

Бахши дуввум

Султон Разия Хотун

Дар миёни фармонравоёни зани мусалмон, яке Разия Хотун аст. Ӯ яке аз подшоҳони Салтанати Деҳлӣ ба шумор меояд, ки тайи солҳои 634-638 ҳ.қ (1236-1240 милодӣ) бо иқтидор ҳукмронӣ кардааст. Салтанати Деҳлӣ маҷмӯае аз ҳукуматҳои мусалмон дар Ҳинд буданд, ки аз соли 602 ҳ.қ то 939 ҳ.қ (1206-1526 милодӣ) бар Деҳлӣ ва манотиқе аз шимоли Ҳинд ҳукм ронданд ва муташаккил аз чандин хонадони турк буданд. Ин подшоҳӣ аз садаи 13-уми милодӣ дар шимоли Ҳинд тавассути ҷангсолорони турки Фарорӯд (Осиёи Миёна) падидор шуданд.

Разия Хотун духтари Илтутмиш мулаққаб ба “Шамсуддунё ваддин”, яке аз подшоҳони Салтанати Деҳлӣ буд, ки дар соли 607 ҳ.қ ба салтанат расид. Шамсуддин Илтутмиш ба воситаи адолаташ фарде машҳур буд. Вай ҳарчанд вазире ҳамноми Хоҷа Низомулмулк (вазири машҳури дарбори Салҷуқиён)-ро маъмури расидагӣ ба умур намуда буд, худ низ бидуни ташрифот, шабонарӯз барои эҳқоқи ҳаққи мардум ба корҳо расидагӣ мекард (Ибни Баттута, ҷ.2, с.436); чунонки дастур дод, муҷассамаи ду шер аз санги мармарро дар муқобили кохаш насб карданд ва зангҳое низ ба гардани муҷассамаҳо овехтанд, то мардум дар ҳар лаҳзае аз шабонарӯз битавонанд бо ба садо даровардани онҳо, бо ӯ тамос бигиранд ва додхоҳӣ намоянд.

Валиаҳдии Разия Хотун

Аз миёни фарзандони Шамсуддин Илтутмиш, танҳо фарзанди муқтадир ва болиёқати ӯ Носируддин Маҳмуд ба ҳангоми ҳукуматаш дар Бангол вафот кард ва фарзандони дигараш (Рукнуддин ва Муъизуддин) ақл ва дирояти духтараш Разияро надоштанд (Ибни Баттута, ҷ.2, с.435).

Разия Хотун зане одил ва дӯстдори мардум буд ва тарбияти падар бисёр бар ӯ таъсир гузошта буд. Вай бар тамоми румузи идораи умури мамлакат воқиф буд. Аз ин рӯй Илтутмиш пас аз фатҳи Гволиур ва ба ҳангоми бозгашт ба Деҳлӣ, вазир ва иддае аз умароро эҳзор кард ва валиаҳдии Разия Хотунро ба иттилоъи онон расонид ва ба вазираш Тоҷуддин Маҳмуд низ дастур дод, ки маншури вилоятаҳдиро таҳия кунад. (Табақоти Носирӣ, ба нақл аз Учук, с.112).

Ба ҳангоми омода шудани ин маншур, умарои бонуфузе, ки бо подшоҳ дар тамос буданд, иллати таъйини Разия Хотунро ба подшоҳии мусалмонони Ҳинд, алорағми вуҷуди писарони подшоҳ, ки дар синни булуғ низ буданд, ҷӯё шуданд ва номуносиб будани тасмими подшоҳро дар ин хусус ба ӯ тазаккур доданд. Султон Илтутмиш маъойиби писаронаш аз ҷумла майхорагӣ ва ғарқ шудан дар руъёҳои ҷавонӣ ва ин ки ҳеч кадом аз онҳо тавоноии идораи мамлакатро надоранд, баршумурд ва низ тавоноии Разия Хотун ва салоҳияти вай барои валиаҳдиро гӯшзад кард ва ин ки дар оянда барои эшон маҳосини ин интихоб рӯшан хоҳад шуд.

Разия Хотун тамоми авсофи подшоҳиро беҳтар аз фарзандони зукури Илтутмиш доро буд. Ӯ дар айни ҷангҷӯӣ ва ҷасорат, зане бисёр хушхӯй ва дӯстдор ва пуштибони уламо ва донишмандон буд. Модараш Туркон Хотун низ аз муқтадиртарини занон маҳсуб мешуд.

Пас аз марги Илтутмиш, гурӯҳе аз умаро хостори ба салтанат расидани Разия Хотун буданд, вале гурӯҳи дигар майл доштанд яке аз писарони Илтутмиш ба номи Рукнуддин Фирӯзшоҳро ба салтанат бирасонанд. Билохира ин гурӯҳ бо кӯмак ва висотати Шоҳтуркон, модари Рукнуддин, пирӯз шуданд.

Майхорагӣ ва лоуболигарии беш аз ҳадди Рукнуддин боис гардид, ки идораи умур ба дасти Шоҳтуркон биафтад. Баъд аз муддати каме, аксари ҳуккоми вилоёт ва ҳамчунин Ғиёсуддин Муҳаммад (яке дигар аз писарони Илтутмиш) саркашӣ карда ва аз пардохти баъзе молиётҳо сар боз заданд. Ошуфтагии авзоъ бар тирагии равобити Разия Хотун бо Шоҳтуркон, модари Рукнуддин афзуд, то он ҷо, ки Шоҳтуркон ӯро таҳдид ба марг кард.

Ин шойеъа дар шаҳр печид ва тарафдорони Разия Хотун худро барои ҳимоят аз ӯ омода карданд. Дар ин замон Шоҳтуркон ба тарафдорони Разия Хотун ҳамла кард, аммо тарафдорони Разия дар шаҳри Деҳлӣ Шоҳтурконро маҷбур ба паноҳ гирифтан дар кохи худ намуданд. Ба маҳзи расидани Рукнуддин ба шаҳри Гилугеҳрӣ, модараш Шоҳтуркон асир гардид ва умарои лашкар ба пойтахт омаданд ва пас аз байъат намудан бо Разия Хотун, ӯро ба тахти салтанат нишонданд. Разия Хотун ба маҳзи ҷулус ба тахти салтанат, баъзе аз умаро ва тарафдорони худро барои дастгирии Рукнуддин ба шаҳри Гилугеҳрӣ фиристод. Умаро пас аз асир кардани Рукнуддин, ӯро ба Деҳлӣ оварданд ва ба дастури ҳокими ҷадид ӯро ба зиндон андохтанд, то он ки дар соли 634 ҳ.қ (1236 милодӣ) фавтид.

Ибни Баттута дар мавриди ба салтанат расидани Султон Разия Хотун менависад: “Рукнуддин таҳти таъсири модараш Шоҳтуркон, дар ҳаққи бародараш бинои зулм гузошт ва ба ин иллат хоҳараш Разия Хотун тасмим ба нобудии ӯ гирифт ва дар яке аз рӯзҳое, ки Рукнуддин дар масҷид буд, Разия Хотун либоси тазаллумхоҳи пӯшид ва ба пушти боми қасри қадимӣ (давлатхона) рафт ва бо нишон додани худ ба мардуми шаҳр, шурӯъ ба сӯҳбат намуд, ки бародарам Рукнуддин бародарамон Муъизуддин (ё Қутбуддин Муҳаммад)-ро нобуд карда ва ҳол қасди нобудии маро дорад. Вай ҳамчунин ҷавонмардӣ, адолат ва бахшиши падарашро ба мардум ёдоварӣ намуд.”

Мардум Рукнуддинро дар масҷид дастгир намуданд ва ба ҳузури Султон Разия Хотун оварданд ва Разия Хотун Рукнуддинро ба ҷурми қатли бародараш эъдом кард. Ба иллати кучак будани соири фарзандони Илтутмиш, умаро ба иттифоқ, Разия Хотунро дар соли 634 ҳ.қ ба салтанат нишонданд.

Иқдомоти Султон Разия Хотун

Разия Хотун дар соли 1236 милодӣ ба тахти салтанат ҷулус кард. Ӯ ибтидо ба авзоъи нобасомони хонадони “Шамсия” сарусомон дод. Адолатро бар ҷомеа ҳоким кард ва рафтори одилона бо мардум пеш гирифт. (Табақоти Носирӣ, ба нақл аз Учук, с.116)

Рӯйи сиккаҳое, ки дар авоили салтанати Разия Хотун зарб гардид, ибороти “Умдатун-нисвон маликаи замон Султон Разия бинти Шамсуддин Илтутмиш” ва дар ҷойи дигар “Разиятуд-дунё ваддин” ва ановини дигаре назири “Билқиси ҷаҳон” ба чашм мехӯрад.

Ин зани барҷаста дар ибтидои салтанат мувоҷеҳ бо шӯришҳои фурсатталабоне шуд, ки аз ҷумла ба шӯриши Нуруддин, ки алайҳи мазоҳиби ҳанафӣ ва шофеӣ мардумро таҳрик мекард, метавон ишора кард, ки албатта пас аз кушта шудани иддаи зиёде аз Қаромита, ҳамлаи шӯришиён дафъ шуд. Дар дарбор низ вазири ӯ Низомулмулки Ҷунайдӣ бо ҳамдастии умарое, ки аз Султон Разия дили хуше надоштанд, дар дарвозаи шаҳри Деҳлӣ иҷтимоъ карданд ва бад-ин тартиб тавонистанд шаҳри Деҳлиро муҳосира кунанд. Вале Султон Разия аз шаҳр хориҷ шуд ва дар канори рӯдхона урду зад ва аз он маҳал ҷангеро, ки миёни тарафдорон ва душманонаш дар ҷараён буд идора кард, то он ки Малик Изуддин Муҳаммад Солорӣ ва Малик Изуддин Кабирхон Аёз ба тарафи урдуи Султон Разия омаданд ва бо ӯ мулоқот ва мусолиҳа намуданд. Пас аз он, соири умарои шӯришӣ қароргоҳҳои худро тарк карданд ва пинҳон шуданд. Бад-ин тартиб давлате, ки Султон Разия ташкил дод, бо таъйини Хоҷа Муҳаззаб Қоим Низомулмулк ба симати вазорат ва таъйини Малик Сайфуддин Ойбек ба симати фармондеҳии сипоҳ, рӯ ба иқтидор ва интизом рафт ва тамоми умаро ва маликҳо ҳокимияти ӯро гардан ниҳоданд. (Табақоти Носирӣ, ба нақл аз Учук, с.121)

Аммо пас аз марги Малик Сайфуддин Ойбек ва интисоби Ҷалолуддин Ёқут Ҳабашӣ ба шуғли амирулумароӣ, ҳасодати соири умарои турк таҳрик шуда, дар садади эҷоди дасиса алайҳи Султон Разия баромаданд; зеро тамоми мақомҳои муҳимми давлатӣ ва идораи вилоятҳо дар дасти ғуломони турки харидоришуда тавассути Илтутмиш буд. Султон Разия аз ин замон ба баъд буд, ки барои муқобила бо умарои турк, либоси мардона ба тан мекард ва дар анзори мардум зоҳир мешуд (Мирхонд, ҷ.4, с.652). Ӯ дар ҳоле ки ҳамеша мусаллаҳ ба тиру камон буд, савор бар фил ба миёни мардум меомад. Ҳамчунин гуфтаанд, ки ниқоб ба сурати худ мезада ва дар анзор зоҳир мешудааст. (Табақоти Носирӣ, ба нақл аз Учук, с.123)

Саранҷоми Султон Разия Хотун

Пас аз интисоби Ҷалолуддин Ёқут Ҳабашӣ ба симати амирулумароӣ, ҳасодати умарои турк ва дасисаҳои онон алайҳи Султон Разия густариш ёфт. Ба дунболи шӯришҳои волиён, Султон Разия лашкариёни зиёде ҷамъ овард ва дар соли 637 ҳ.қ пойтахти худ Деҳлиро ба сӯйи шӯришён тарк гуфт, аммо бо наздик шудани Султон Разия ба Барҳанд (минтақаи шӯришӣ), умарои турк ба сипоҳи ӯ ҳуҷум бурданд ва амирулумаро Ёқут Ҳабаширо ба қатл расонданд. (Мирхонд, ҷ.4, с.652)

Султон Разия пас аз марги Ёқут Ҳабашӣ ва худдории соири умаро аз ҳимояти ӯ, тавассути умарои шӯришӣ дастгир ва ба қалъаи Барҳанд фиристода ва зиндонӣ шуд ва пас аз муддате ҳокими Барҳанд, Малик Ихтиёруддин Олтуния, бо ӯ издивоҷ кард ва пас аз он даъвии Султон Разияро ба манзилаи ҳаққи худ дунбол кард ва сипоҳе гирд овард ва ин сипоҳро ба сӯйи Деҳлӣ фиристод. Дар Деҳлӣ Баҳромшоҳ, бародари нотании Султон Разия, ба муқобила бо хоҳараш бархост ва дар натиҷа Олтуния ва Султон Разия асир шуданд.

Дар бораи сарнавишти Султон Разия ривоятҳои гуногуне дар даст аст, аз ҷумла Ибни Баттута ба шаҳид шудани ӯ ба дасти ҳиндуҳо ишора карда, менависад: “Султон Разия пас аз шикаст хӯрдан дар ҷанг, барои ин ки асир нашавад, аз муқобили сипоҳиёне, ки бародараш Баҳромшоҳ аз шаҳри Деҳлӣ ба муқобила бо ӯ фиристода буд, фирор кард ва дар ҳини фирор гуруснагӣ ва машаққати зиёд кашид ва дар роҳ ба кишоварзе, ки машғули шухм задани мазраъаи худ буд, бархӯрд. Аз ӯ хӯроке хост. Кишоварз тикканони хушке ба ӯ дод. Разия пас аз хӯрдани нон, ба иллати хастагии зиёд ба хоб рафт. Дар ин ҳангом, кишоварз, ки бар зан будани ӯ огоҳӣ ёфта буд, ба тамаъи тасоҳуби либосҳои гаронбаҳои Султон Разия ӯро кушт ва ҷасадашро дар мазраъа дафн кард ва аспи ӯро низ ба тарафи дигаре равона намуд. Чанде баъд марди кишоварз барои фурӯши қисмате аз либосҳои Султон Разия озими бозор гардид. Аҳолии бозор бо мушоҳидаи либоси сангдӯзишуда ва гаронбаҳо дар дасти кишоварзе фақир ба шак афтоданд ва ӯро ба ҳузури қозии шаҳр бурданд ва кишоварз ба қатли Султон Разия эътироф кард. Ҷанозаи Султон Разия тайи маросиме мазҳабӣ ба хок супурда шуд ва қуббае бар мазораш сохтанд. Инак қабри Разия зиёратгоҳ аст ва аз мазороти мутабаррика дар Ҳинд ба шумор меравад.” (Ибни Баттута, ҷ.2, с.437)

Султон Разия наздик ба чаҳор сол расман мамлакати васеъе назири як имперотуриро идора намуд. Ӯ барои мамлакати худ намунае аз адолат ва қудрат буд. Султон Разия, гузашта аз қобилияти идорӣ ва низомӣ, дар санъат ва ҳунар низ истеъдоди ғайри қобили инкоре дошт. Ашъори дилнишини ӯ бо тахаллуси “Ширини Деҳлавӣ” ё “Шери Ғурӣ”, ки ҳама ба порсӣ ҳастанд, мавҷуд аст.

Идома дорад



Рубрики:Бонувон, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: