Оё ҷанги ҷаҳонии севвум наздик аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Агар гузоришҳои Маркази мутолеоти истротежики “Фирил” дар Берлин дар хусуси вуҷуди тарҳи НАТО барои ҳамла ба артиши Сурия ва инҳидоми фурудгоҳҳо ва марокизи фармондеҳии он тайи ҳамалоти ҳавоӣ, ки бо истифода аз 800 ҳавопаймои ҷангӣ, мушорикати 14 кишвар ва шиллики мушакҳои “Тумоҳук” аз пойгоҳҳои омрикоӣ дар минтақаи халиҷи Форс сурат мегирад, сиҳҳат дошта бошад, метавонем бигӯем, ки дар остонаи ҷанги ҷаҳонии севвум қарор гирифтаем ва танҳо умед он аст, ки Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, барои мутаваққиф кардани он (тарҳ) вориди амал шавад.

Ин тарҳ мушобеҳи тарҳҳои созмони НАТО аст он ҳангом ки 20 сол пеш Сербистонро бомбборон кард, дар соли 1998 амалиёти “Рӯбоҳи саҳро” алайҳи Ироқро иҷро ва ҳамчунин дар соли 2011 Либиро бомбборон кард ва ба зудӣ бар рӯйи артиши Сурия мутамаркиз хоҳад шуд ва албатта аз аҳдофи низомии Русия иҷтиноб хоҳад кард.

Тааҷҷубовар ё дур аз зеҳн нест, ки ифшои иттилооти ин тарҳ аз ҷониби як маркази мутолеоти олмонӣ, дар сояи ҷанги сарди кунунӣ миёни Маскав ва Вошингтун бошад, вале ҳар касе ки матбуоти омрикоӣ ба вижа Washington Post ва Wall Street Journal ва гузоришҳо, таҳлилҳо ва мақолаҳои онҳоро пайгирӣ кунад, ин гуна истинбот мекунад, ки эҳтимоли ҷанг бисёр бештар аз эҳтимоли сулҳ аст ё тибқи назарияи Бернорд Луи, файласуфи фаронсавӣ, ин ҷанги пешбинишуда ба манзури “сулҳ” аст.

Washington Post таъкид кард, Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико — шомили шуморе аз женеролҳои артиш ва созмонҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ва ҳамчунин коршиносоне аз вазоратхонаҳои хориҷа ва дифоъ – “аз муддатҳо пеш бар рӯйи баррасии ҳамалоте маҳдуд алайҳи низоми Сурия ва артиши он» мутамаркиз шудаанд, то ин низомро ба тағйири рафтораш дар қиболи оташбас дар минтақаи Ҳалаб ва самарабахш кардани гуфтугӯҳо бо вай, таҳти фишор қарор диҳанд. Дар ин миён, Ҷон Маккен, номзади собиқи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико ва раиси Кумитаи умури нерӯҳои мусаллаҳи Сенои Омрико, рӯзи сешанбе мақолае таҳти унвони “Асадро алъон мутаваққиф кунед ё ҷанги чандинсоларо пешбинӣ кунед”, дар рӯзномаи Wall Street Journal навишт, ки мафҳуми куллии он ин буд: мунҳадим кардани ҳавопаймоҳои Сурия ва муҷаҳҳаз кардани муъоризон ба таслеҳоти пешрафта.

* * *

Коршиносони низомӣ дар Ландан аз эҳтимоли вуқӯи ҳамалоти сиррии ҳавоӣ бидуни эъломи қаблӣ дар Сурия сухан мегӯянд; дар ҳоле ки Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико, аз “ҳамалоти маҳдуд” ва бидуни интизор барои судури қатъномае аз сӯйи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати машрӯъиятбахшӣ ба он чӣ ки мушобеҳи он барои Либӣ ва Кувайт иттифоқ уфтод, сухан мегӯяд.

Бидуни тардид, Русия ба ҷиҳати доштани дастгоҳи иттилоотии қавӣ, аз ин тарҳҳо, аҳдоф ва ниятҳои Омрико дар Сурия огоҳ аст ва истиқрори ду нови ҷангии ҷадиди Русия дар баҳри Медитарона (Миёназамин) барои пайвастан ба нови ҳавопаймобари он дар ин минтақа ва ҳамчунин таҳким ва тақвияти тавони дифоъии Сурия бо истифода аз мушакҳои бисёр пешрафтаи С-300, баёнгари огоҳии Русия аз ин амр аст ва баъид нест, ки ин мушакҳо дар ихтиёри артиши Сурия барои муқобила бо ҳар гуна ҳамалоти омрикоӣ, қарор бигирад.

Хонум Валентина Матвиенка, раиси Шӯрои федеросиюни Русия, талоши “бархе тарафҳо” барои иттихози тадобири низомӣ ҷиҳати “сарнагун кардани давлати Башшор Асад ва таҷзия кардани Сурия ба федеролҳо”-ро рад накард. Ӯ ин изҳоротро дар таъйиди баёнияи рӯзи сешанбеи Вазорати хориҷаи Русия матраҳ кард.

Ин фазои тираву тор, ки бо таҳдидҳое дар бораи ҳамалоти ҳавоӣ бо истифода аз мушакҳои қоррапаймои “Тумоҳок” ҳамроҳ аст, ба маънои воқеии калима ёдовари ду рухдод аст: ҳамалоти “Тӯфони саҳро” барои берун рондани нерӯҳои ироқӣ аз Кувайт дар соли 1991, ва дуввум, ҷанги Ироқ ва ишғоли он дар моҳи марти 2003.

Кишварҳое, ки ҳавопаймои ҷангии онҳо дар ин ҳамалоти ҳавоӣ — ки аз Ӯрдун ва пойгоҳи ҳавоии “Инҷирлик”-и Туркия оғоз хоҳад шуд — мушорикат мекунанд, ҳаргиз нерӯҳои заминӣ эъзом нахоҳанд кард; чаро ки ҳадаф аз ин ҳамалот, фалаҷ кардани нерӯи ҳавоии Сурия ва бистарсозӣ барои пешравии нерӯҳои муъоризи мусаллаҳи сурӣ ва ба даст гирифтани зимоми умур дар арсаи майдонӣ аст.

* * *

Дар тамомии ин тарҳҳо ин воқеият бо сароҳат нодида гирифта шудааст, ки агар амалиёти мушобеҳ дар Сербистон, Ироқ ва Кувайт муваффақиятомез буд, ба ин далел буд, ки Омрико ба унвони абарқудрат ва бидуни ҳар гуна рақобате аз сӯйи Русия ва Чин, дар майдон ҳузур дошт. Ин дар ҳоле аст, ки Русияи кунунӣ Русияи 20 сол пеш нест ва баъид аст, ки иқдоми Омрико ба бомбборони мавозеъи артиши Сурия ва фурудгоҳҳои он ва низ терури мақомҳои низомии ин кишвар ба манзури тағйири низомро ба тамошо биншинад.

Шояд бархе бигӯянд, ки мо дар ин амр муболиға мекунем ҳамон тавр ки дар пойбандии Русия ба дифоъ аз ҳампаймони сурии худ — ҳатто агар ба ҷанги мустақим бо НАТО мунтаҳӣ шавад — муболиға мекунем, вале набояд фаромӯш кард, ки Русия дар ин миён танҳо нест, балки ҷузъе аз як маҷмӯаи байналмилалӣ ва минтақаӣ аст. Шикасти он ё муттаҳидонаш дар Сурия, ба манзилаи шикасти кулли ин маҷмӯа хоҳад буд.

Меҳвари сафари панҷшанбеи (яъне дирӯзи) Жон Морк Ойру, вазири хориҷаи Фаронса ба Маскав ва низ сафари рӯзи ҷумъаи (имрӯзи) вай ба Вошингтун, авзоъи Сурия ва гуфт‎угӯ дар бораи қатъномае аст, ки кишвараш омодаи ироаи он ба Шӯрои амният аст, то шояд ба ин тариқ заминаи таҳаққуқи роҳи ҳалли диплумотик дар Сурия фароҳам шавад ва даргирии эҳтимолӣ ба таъхир биуфтад, вале воқеият ин аст, ки шикасти ин сафар ба маънои оғози шумориши маъкус барои ҳамалоти маҳдуд ё густарда дар Сурия ва шӯълавар шудани оташи ҷанге хоҳад буд, ки паёмадҳои ҳавлнок ва фоҷеабори онро наметавон пешбинӣ кард.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: