Сафар ба сарзамини эрониҳо дар Русия

Гузорише тасвирӣ аз Фарзона Шафиъӣ дар хабаргузории Sputniknews

Уситиё (Осетия) минтақаест, ки дар ду тарафи риштакӯҳҳои Қафқоз воқеъ шуда. Мардумони ин минтақа эронитабор ҳастанд ва ба забони уситиёӣ — яке аз забонҳои эронии шарқӣ аз хонаводаи ҳиндуурупоӣ сухан мегӯянд. Бо вуҷуди зебоии васфнопазири ин минтақа ва мардуми хунгарм ва меҳмоннавози ин хитта, камтар касе аз русҳо барои истироҳат ба ин нуқта сафар мекунанд.

Дар Эрон низ ба ғайр аз коршиносони ҳавзаи Русия ва Қафқоз, ба нудрат касе бо ин ном ва ин мардумон ошноӣ дорад. Камлутфӣ ба ин минтақа дар Русия, далоили торихӣ дорад ва дар Эрон танҳо далели он беиттилоӣ аз вуҷуди чунин гавҳаре дар ҳамсоягии мост.

Инҷо сарзаминест, ки худро “иронӣ” ё “ирунӣ” меноманд ва вақте аз маҳаллиҳо суол мекунӣ ба чӣ забоне сухан мегӯед, дар ҷавоб мегӯянд, ба забон ирунӣ. Ростӣ, ки шунидани ин калима бо эҳсосе лаззатбахш ҳамроҳ аст. Осори бостоншиносӣ ва иштирокоти фаровони фарҳангии ин мардум бо фалоти Эрон ва Осиёи Марказӣ, исботкунанда нуфузи тираҳои ҳиндуурупоӣ ва сакоҳо будааст.

Сакоҳо гурӯҳе аз тираи сарматҳо ҳастанд, ки тавонистанд ноҳияҳои густардае аз Қафқози Шимолӣ яъне дарёи Озуф (Азовское море) то дарёи Мозандаронро дар ихтиёр бигиранд. Сарматҳо аз диди устураӣ, писарони Салм дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳастанд, ки бародари эрониён ва тӯрониён будаанд. Олонҳо дар идомаи роҳи тираҳои сакоҳо дар Қафқози Шимолӣ, каму беш ҳазор сол давом оварданд. Аз диди торихӣ ва бостоншиносӣ, сакоҳо, сарматҳо ва олонҳо аз ҳам ҷудо набудаанд. Кӯч ва зиндагии кӯчнишинӣ бисёре аз тираҳои сакоҳоро водор ба тағйири макон мекунад, аммо дар сарзамини Қафқози Марказӣ ҳамеша гурӯҳе эронизабон ба ҷой мондаанд.

Вақте аз фурудгоҳи бисёр муҳаққари Уситиёи Шимолӣ роҳии шаҳри Влодиқафқоз шудем, бо вуҷуди сармои ҳаво ва барф, ки дар аксари нуқот нишаста буд, руҳи шаҳр манро дар худ гирифт ва эҳсоси наздикии зиёде бо ин мардум ва ин сарзамин кардам. Чашмандози кӯҳистонҳои атроф бо лояҳои барфӣ, аз ҳамон ибтидо зебоии ин минтақаро ба рух мекашад. Дар ин сафари дурӯза ба Уситиёи Шимолӣ, фурсатро ғанимат шумурдем ва як рӯзи комилро дар кӯҳистон ва дараҳо гузарондем. Ҳамон тавр ки роҳнамо гуфта буд, ҳеч як аз дараҳо ва кӯҳҳо ба ҳам шабоҳат надоштанд. Дараи Куртотинск, дараи Дориёл, дараи Кормодун ва дараи Хуршед, ҳар як мунҳасир ба фард ва зебо, кӯҳҳои ба ранги қаҳваӣ, сурмаӣ ва хокии барафрошта ва сарбаланд, мояи ифтихори мардуми ин минтақа ҳастанд. Рӯзи аввалро ба ошноӣ бо шаҳр ва дараи Дориёл ихтисос додем ва таъму атри хӯроки уситиёиро чашидем.

Пирошкиҳои Уситиё бо хамири нисбатан нозук, паҳн ва гирд дар саросари Русия шӯҳра ҳастанд ва танаввӯъи зиёде доранд. Бо вуҷуди ин ки се нафар бештар набудем, аммо се пирошкии таҳияшуда аз себзаминӣ, гӯшти чархкарда ва калами қирмиз суфориш додем, ки қоъидатан бо вуҷуди кабоби гӯсфанди тоза ва бушқобҳои пур аз сабзӣ ва панири маҳаллӣ ва пешғизоҳои дигар мечаспид ва бахши зиёдеро низ ҳамроҳи худ ба ҳутели маҳалли иқомат бурдем.

Суфраи ин мардум рангин ва дилашон бузург аст. Роҳнамо беш аз мо ҳаяҷони суфориши ғизоҳои мутанаввеъ ва ошно кардани мо бо атру таъми ғизоҳоро дошт ва ҷолиб ин ки ба расми меҳмоннавозии шарқиҳо, иҷозаи даст кардан дар ҷайбро ҳам ба мо намедод. Талоши мо барои нишон додани рафторҳои туристӣ ва харид аз мағозаҳои кучаки рустоӣ бесамар буд ва ҷолибтар ин ки вақте ба мағозаи кучаке дар рустое рафтем ва аз зани солхӯрдаи фурӯшанда нон хостем, вақте фаҳмид, ки ман аҳли Эрон ҳастам, билофосила таъкид кард, ки мо аз меҳмон пул намегирем.

Рӯзи дуввуми сафарро ба гузар аз кӯҳ ва дара ихтисос додем. Дар иртифоъи 2000-метрӣ ё бештар, дар дамои мусбати чаҳор дараҷаи бидуни вазиши бод, ҳозир мешавӣ аз ҳама чиз бигузарӣ ва чанд соатеро дар сукут ва оромиш ва шукӯҳи кӯҳҳо сипарӣ кунӣ. Дар ҳангоми сарфи ноҳор дар рестуроне шабеҳ ба боғчаҳои Лавосон (минтақае хушобу ҳаво дар атрофи Теҳрон) дар утоқаке ихтисосӣ канори ҷӯйи хурӯшони об, ба расме зебо дар миёни ин мардум пай бурдем.

Дар миёни ин мардум, эҳтиром ба бузургтар ва волидайн ҳанӯз ба дасти фаромӯшӣ супурда нашуда. Интихоби ғизоро ба ӯҳдаи роҳнамо гузоштем. Муҷаддадан се пирошкӣ бо се таъми мухталиф суфориш дод, ки сумбули осмон, хуршед ва замин аст. Пирошкиҳоро буриш зада ва сафаҳоти гирдро рӯйи ҳам қарор дод. Барои ҳар се каме аз чойи хушатри маҳаллӣ рехт ва гуфт: “Ҷоми аввалро ба ёди Худо менӯшем; чун ӯст, ки ба мо саломатӣ, хайр ва баракат ато карда ва дар ҳама ҳол ҳомӣ ва нигаҳдори мост!” Баъд аз нӯшидан чой, тиккае аз пирошкӣ бардоштем. Пас аз муддате, муҷаддадан дар истакони ҳар як каме чой рехт ва гуфт: “Ҷоми дуввумро ба ёди Геургии муқаддас ҳомии Маскав ва Қафқоз менӯшем. (Дар фарҳанги исломӣ, Геургӣ ҳамон Ҷурҷиси паёмбар аст). Ӯ ҳомии мусофирон аст ва бо дуои ӯ, Худованд ба мо хайр ва баракат ато мекунад!” Ва дар ниҳоят, ҷоми севвумро барои саломатии волидайн баланд кард. Роҳнамо барои мо тавзеҳ дод, ки дар Қафқоз падару модар аз ҷойгоҳи болое бархӯрдоранд ва эҳтиром ба бузургтарро аз кӯдакӣ ниҳодина мекунанд. Эҳтиром ба бузургтар то андозае муҳим аст, ки вақте хонавода ё дӯстон даври як миз менишинанд, агар бузургтари ҷамъ биистад, соирин ҳам ба эҳтироми ӯ меистанд. Агар дар маросими ҷашн ва пойкӯбӣ, бузургтар ба васати майдон рақс биравад, ҷавонтарҳо ба эҳтиромаш меистанд то замоне ки ӯ иҷозаи нишастан бидиҳад.

Васфи дидаҳо дар ин сафари кӯтоҳ бисёр аст, аммо дидаҳоро наметавон ба рӯйи коғаз овард, фақат метавон ламс ва эҳсос кард. Оромиш дар хиёбонҳо ва дар рафтори гарми мардум ба роҳатӣ ба чашм мехӯрад. Барои ин мардум зиндагӣ ҳамеша ором орзу мекунам.

Sputniknews



Рубрики:Пароканда

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: