Исломгароён пирӯзи интихоботи порлумонии Мағриб шуданд

Бар пояи гузориши расонаҳо, исломгароён дар интихоботи порлумонии Мағриб пирӯз шуданд.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, мардуми Мағриб (Марокаш) дар шимоли Офриқо, рӯзи гузашта (ҷумъа) барои интихоби 395 намояндаи худ дар порлумон, пойи сандуқҳои раъй ҳузур ёфтанд.

Интихоботи порлумонии Мағриб дар ҳоле баргузор шуд, ки Ҳизби адолат ва тавсиъа — бозуи сиёсии ҷамоати Ихвонул-муслимини ин кишвар, ки ташкилдиҳандаи эътилофи давлати кунунӣ аст, аз шонси бештаре ҷиҳати пирӯзӣ дар интихобот бархӯрдор буданд.

Шабакаи Алҷазира дар гузорише аз интихоботи порлумонии Мағриб, бо ишора ба ин ки муҳимтарин рақиби Ҳизби адолат ва тавсиъа дар ин давр аз интихобот, ҳизби ростгарои муъоризи “Асолат ва навгароӣ” аст, таъкид мекунад: “Рақобати аслӣ байни исломгароён ва ростгароёни Мағриб ҷараён дошт.”

Вазорати кишвари (дохилаи) Мағриб бо эъломи замони раъйгирӣ ва оғози раванди шумориши оро, мизони мушорикати мардумӣ дар ин давр аз интихоботи порлумониро 43 дарсад эълом кард.

Интихоботи рӯзи гузашта, дуввумин интихоботи порлумонии баргузоршуда дар Мағриб аз замони оғози раванди ислоҳоти қонуни асосӣ дар ин кишвари офриқоӣ аз соли 2011 шумурда мешавад.

Дар аввалин даври интихоботи порлумонии баргузоршуда аз замони оғози раванди ислоҳи қонуни асосӣ дар ноябри 2011, Ҳизб адолат ва тавсиъа ба пирӯзӣ расид ва муваффақ ба ташкили кобина шуд.

Ҳизби адолат ва тавсиъаи Мағриб ба вафодорӣ ба созмони ҷаҳонии Ихвонул-муслимин муттаҳам аст ва мунтақидон ин ҳизбро ба ҷунбиши исломгароии Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия ташбеҳ мекунанд, аммо Ҳизби адолат ва тавсиъа ин иддаъоро рад кардааст.

Ҳизби исломгарои адолат ва тавсиъа дар давраи пешин, пас аз ба даст овардани аксарияти оро дар интихоботи порлумонӣ, ҳамроҳ бо ду ҳизби дигар, яъне либерол ва кумунист, давлат ташкил дода ва нахуствазир аз Ҳизби адодат ва тавсиъа буд.

Бар асоси қонуни асосии Мағриб, подшоҳ нахуствазирро таъйид ва ба он расмият мебахшад ва дар амал бар арсаи сиёсӣ, амният, диплумосӣ, иқтисоди калон, додгустарӣ ва интисобҳо назорат дорад.

Сохтори сиёсии Мағриб аз замони истиқлол сохтори чандҳизбӣ буда ва дар интихоботи рӯзи гузаштаи ин кишвар 32 ҳизб ва ҷараёни сиёсӣ мушорикат доштанд, ки дар амал танҳо 8 ҳизб шонси ҳузур дар сохтори ҳукуматиро доро мебошанд.

Тибқи эъломи Вазорати кишвари Мағриб, Ҳизби исломгарои адолат ва тавсиъаи ин кишвар бо касби 99 курсӣ аз маҷмӯи 395 курсӣ, пештоз будааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: