Нахуствазири Конодо: “Қатъи робита бо Эрон иштибоҳ буд”

Ҷостин Труду (Justin Trudeau), нахуствазири Конодо, рӯзи ҷумъа изҳор дошт: “Таътилии сафорати Конодо дар Теҳрон ва қатъи робитаи диплумотик бо Эрон, тасмиме иштибоҳ буд.”

Ба гузориши пойгоҳи хабарии CBC, Труду, ки дар ҷамъи хабарнигорон сухан мегуфт, таъкид кард: “Иқдоми давлати пешини Конодо дар таътилии сафоратамон дар Теҳрон, тасмиме сирфан идеулужик ва сиёсӣ буд.”

Ин нахустин бор нест, ки як мақоми аршади конодоӣ бар тасмими иштибоҳи давлати пешини ин кишвар дар қатъи робитаи диплумотик бо Эрон эътироф мекунад.

Пештар Истефон Дуюн (Stéphane Dion), вазири умури хориҷаи Конодо низ гуфта буд, ки таътилии сафорати ин кишвар дар Теҳрон ва қатъи робитаи диплумотик бо Эрон аз сӯйи давлати пешини Конодо, иштибоҳ будааст.

Рӯзномаи National Post ба нақл аз Дуюн навишт, бо таътил шудани сафорати Конодо дар Эрон, кишвараш қодир набуда аз манофеи худ ва ҳампаймононаш, хонаводаҳои конодоӣ ва эрониёни дорои тобеияти Конодоро дар Эрон муҳофизат кунад.

Вай дар мавриди баста шудани сафорати Конодо дар Эрон гуфт: “Сафорати Конодо дар Эрон акнун беш аз се сол аст, ки баста шуда, натоиҷи ин кор чӣ буда? Оё дуруст аст, ки барои ҳифозат аз манофеи Конодо ба Итолиё муттакӣ бошем?

Дуюн афзуд: “Имрӯз Конодо бояд ба Эрон бозгардад, то нақши муфиде дар он минтақа аз ҷаҳон ифо кунад. Тамоми тарафҳо аз мо мехоҳанд, ки ба таъомул бо Эрон бозгардем ва ин корро мекунем.”

Гуфтанист, давлати пешини Конодо, ки мавзеи сарсахт дар баробари Эрон дошт, авохири тобистони соли 2012 эълом кард, ки равобити диплумотик байни Конодо ва Эрон ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои ғарбӣ, аз он замон то кунун равобити диплумотики Эрон ва Конодо қатъ буда, аммо бо рӯйи кор омадани давлати ҷадиди Конодо ба нахуствазирии Труду ва эъломи тавофуқи барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), Конодо мавзеи мулойимтаре дар қиболи Эрон гирифтааст.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: