Раҳбарони сокити мухолифин ва бахусус ҲНИТ, аз худ дарак медиҳанд?

Ёддошти Амруллоҳи Низом

Конфронси ҷаҳонии САҲА дар Варшава дар бораи ченакҳои инсонӣ як қисми мухолифонро бедор ва қисми дигареро ҳам ба ҳаракат даровард ва як навъ умедбахш низ дар ҷомеа талаққӣ шуд. Онҷо муъзами иштирокчиён ҳар гаҳу ногаҳ аз раҳбарону пешвоёни худ ба ифтихор сӯҳбат мекарданд.

Дар бораи иддае аз раҳбарони сокиту оромнишастаашон ҳам гапу хабари каме надоштанд. Ба илова, ҳар вақте бо дӯстони маҷозиам аз ҳар гӯшаи дунё сӯҳбат мекунем, хеле вақтҳо чун сухан дар бораи Ватан меравад, як қисми муколамотамон ҳам нохудогоҳ ба самти чеҳраҳои сокиту ором савқ мехӯрад.

Баъд аз навиштани чанд гузориш дар бораи Конфронси мазкур, баъзе дӯстон бисёр хоҳиш карданд, ки дар бораи як идда аз раҳбарони сокит ҳам матолиберо таҳия ва нашр кунем. Биноан, дар якҷоягӣ бо он дӯстон ба ин натиҷа расидем, ки талош бояд кард, то сирри ғайбати ин бузургворонро кашф кунем ва онро ба дигарон бирасонем, то роҳравон ва мухлисону пайравонашон донанд, ки аз пушти кӣ ва ба куҷо мераванд? Дар айни замон роҳи интихобкардаи кӣ дуруст аст: аз пайравони роҳрав ё аз раҳбарони хомӯш? Дар ин як соли ахир раҳбарони сокит чӣ фоида карданду раҳравони эътирозгар чӣ зарар? Агар раҳбарони сокит фоидае кардаанд, чаро онро пинҳон медоранд ва ё агар зараре диданд, чаро онро ба раҳравонашон намегӯянд, то онҳо эҳтиёт кунанд? Агар умр боқӣ бошад, матолиби таҳияшаванда дар доираи ҳамин суолҳо ва ҷузъиёташон омода хоҳанд шуд.

Як идда аз раҳбарони сокитро аз саркардаҳои ҲНИТ ба мисли ҷанобон Муҳаммадҷони Нурӣ, Сайидиброҳими Назар, Қамариддини Афзалӣ, Эшони Давлатхоҷа, Эшони Абдусаттор ва чанд каси дигарро мо худамон рӯйхат кардем, ҳоло дӯстон метавонанд номи як иддаи дигар аз раҳбарони худашонро, ки то ҳол сокит ва хомӯш нишастаанд, дар поёни матн зикр кунанд, маълумоти аввалияро метавонанд аз тариқи мессенҷери фейсбук ба мо ироа кунанд ва дар таҳия кардани матолиб низ кам ҳам бошад, ба мо кӯмак кунанд.

Ҳоло агар касе аз ин бузргворони хомӯш ба сӯҳбат кардану аз худ дарак додан моил шаванд, чӣ хуб ва илло мо дар тасвири чеҳраашон ба маълумоти дарёфтӣ ва дигар ёфтаҳои мувассақ иктифо хоҳем кард. Бигзор, пайравону роҳравонашон баъзе маълумотро дар шарҳҳо илова кунанд.

Пешопеш мегӯям, ки ин матолиб ба иловаи нашр кардан дар сафаҳоти мухталифи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар баъзе расонаҳои хабариву таҳлилӣ низ нашр хоҳанд шуд.

* * *

Барои изҳори назар метавонед ба ин сафҳа ворид ва назаратонро иброз бидоред:

https://www.facebook.com/amrullohi.nizom/posts/1136064046483362



Рубрики:Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: