Фалсафа ва равиши реализм (40)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (13)

Дар посух ба ишколи материализми диалектик – ки дар бахши пешин зикр шуд – шоиста дидам, пеш аз овардани матни китоб шарҳ ва таълиқи шореҳ яъне Устод Муртазо Мутаҳҳариро биёварам. Эшон дар ҳошияи матни китоб, баҳси муфассале оростаанд, ки дар ду ё се қисмат хоҳам овард:

Инак, шарҳи Устод Мутаҳҳарӣ:

* * *

Ҳарчанд дар матни мақолаи 2 назарияи “ҳақиқати нисбӣ” баён ва интиқод шуд ва мо низ дар муқаддимаи ҳамин мақола назарияи ҳақиқати нисбиро — мутобиқи тақрири нисбиюн — баён ва интиқод кардем, вале тарафдорони материализми диалектик ҳақиқати нисбиро тибқи усули моддӣ ва мантиқи диалектики худ ба тарзи дигаре баён кардаанд ва байни худашон ва соири нисбиюн фарқе қоиланд ва рӯйи ҳамон фарқ аст, ки онҳоро “шаккок” ва худро “ҷазмӣ” муаррифӣ мекунанд.

Ба илова, қаблан ба хонандагони мӯҳтарам ваъда додаем, ки назариёти хосси материализми диалектикро дар бораи “арзиши маълумот” мутаъарриз шавем. Аз ин рӯ, дар инҷо дар зимни ин ки назарияи онҳоро дар мақоми тавҷеҳи хатои ҳавосс ва баёни ҳақоиқи нисбӣ — ки дар матн ба таври хулоса баён шудааст — тавзеҳ медиҳем, соири назариёташонро дар боби “арзиши маълумот” низ мутаъарриз мешавем, то дуруст равшан шавад, ки ин назариёт тибқи усули реализм қобили қабул аст ё на? Ва оё воқеан ҳамон тавре ки иддаъо мекунанд, байни онҳо ва соири нисбиюн — ки ба эътирофи худашон онҳо шаккок ҳастанд — фарқе ҳаст ё на? Маҷмӯи ин матолибро дар тайи ин чанд қисмат баён мекунем:

а) Ҳақиқати нисбӣ ба тақрири моддигароён;

б) Оё материализми диалектик шаккок аст ё ҷазмӣ?

в) Оё байни назарияи Конт ва назарияи материализми диалектик аз лиҳози арзиши маълумот фарқ аст ё на?

г) Оё байни нисбигароӣ (relativism = релятивизм) ва материализми диалектик аз лиҳози арзиши маълумот фарқ аст ё на?

д) Туруқи исбот такомули ҳақиқат дар назари тарафдорони материализми диалектик ва посухи онҳо;

е) Иҷтимои саҳеҳ ва ғалат, ва ҳақиқат ва хато;

ё) Бунбасти аҷиб ё як нуктаи муфид ва муҳим;

ж) Фалокати материализм ба дасти диалектик.

“Ҳақиқати нисбӣ” ба тақрири тарафдорони материализми диалектик

Эҳсос (ҳисс кардан) асаре аст, ки ба дунболи таъсире, ки аз шайъи хориҷӣ бар силсилаи асабӣ ворид мешавад, тавлид мегардад. Яъне силсилаи асабии инсон ва ҳайвон дар асари як силсила такомули тадриҷӣ дорои ин хоссият шудааст, ки ба дунболи таъсире, ки аз хориҷ бар он ворид мешавад, аксуламали моддии хоссе эҷод кунад. Ин тавлиди аксуламал ҳамон эҳсос аст.

Тибқи усули диалектик, ҳеч чиз дар табиат дорои таъсири ҷомид (якнавохт) нест; ҳар чизе бино ба вазъият ва мавқеияти хосс, таъсири махсус дорад ва чун ашё доиман тағйири вазъ ва мавқеият медиҳанд, қаҳран дорои таъсироти мухталиф хоҳанд буд.

Ин тағйири вазъ ва мавқеият, ҳам дар ашёи хориҷӣ ва ҳам дар силсилаи асабӣ ва мағз ҳукмфармост. Яъне ҳам шайъи хориҷӣ (маҳсус), ки таъсири аввалиро бар аъсоб ворид мекунад ва ҳам силсилаи асабӣ ва мағз (ҳосса), ки бар рӯйи таъсири аввалӣ таъсири дигаре ворид карда эҳсос тавлид мекунад, вазъ ва мавқеияташон тағйир мекунад ва дар натиҷа таъсирашон низ тағйир хоҳад кард. Пас, ҳам “ҳискунанда” ва ҳам “маҳсус” (ҳисшаванда) ҳамвора бино ба ихтилофи вазъ ва мавқеият, дорои таъсири мухталиф хоҳанд буд.

Ва чун “ҳақиқат” иборат аст аз: таъсире, ки ҳосса (силсилаи асабӣ) ба дунболи таъсире, ки аз маҳсус мегирад тавлид кунад, пас ҳеч як аз эҳсосҳои мо дар мавориде, ки гуфта мешавад “ҳисс хато кардааст” хато нест; зеро дар ҳамаи он маворид, дар таҳти шароити моддии муайян, хоссияти махсуси шайъи хориҷӣ, ки бар аъсоб таъсир ворид карда ва хоссияти махсуси силсилаи асабӣ ғайр аз он ки буда наметавонист буда бошад.

Ва аз инҷо иллати ихтилофи идрокоти ашхос нисбат ба якдигар низ равшан мешавад; зеро аввалан, мумкин аст ташкилоти сохтмонии аъсоби як нафар бо як нафари дигар фарқ кунад ва дар натиҷа ҳамеша мухталиф дарк кунанд. Ва ҳамчунин мумкин аст аъсоби як нафар дар як лаҳза вазъи хоссе дошта бошад, ки ин вазъ барои дигаре мавҷуд набошад. Ва бино ба таърифи фавқ, ки гуфтем “ҳақиқат иборат аст аз он чӣ дар асари муқобила ва мувоҷеҳа бо хориҷ ҳосил шавад”, пас ҳар касе дар ҳар ҳолат ҳар чӣ эҳсос мекунад, барои шахси ӯ дар он ҳолати хосс ҳақиқат аст, пас ҳақиқат ҳамеша нисбӣ аст ва хатои ҳавосс маънӣ надорад.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализм” сафҳаи 38 мегӯяд:

Мох (Mach) мегӯяд, як мидод дар ҳаво мустақим ба назар меояд ва дар об шикаста дида мешавад. Ин тақсири илм нест, балки нақс дар таҷриба аст. Албатта возеҳ аст, ки сӯҳбати қусур ва тақсир дар инҷо бемаврид аст. Як мидод дар шароити махсус таъсири муайян дорад ва дар таҳти шароити дигар бояд ҳам таъсири дигар дошта бошад. Таҷриба боис намешавад, ки (чунонки Мох мегӯяд) мо яке аз ҳолотро “ҳақиқат” ва дигареро “иштибоҳ” бидонем, балки ба кӯмаки таҷриба аст, ки иллати ин ихтилоф ва ҳақиқӣ будани ҳар ду ҳолро метавон нишон дод.”

Ин буд тақрири моддигароёни ҷадид дар боби ҳақиқати нисбӣ ва тавҷеҳи хатои ҳавосс.

Возеҳ аст, ки бо ин баён наметавон хатои ҳавоссро тавҷеҳ намуд ва гуфт, аслан хатое нест ва ҳамвора ҳар чӣ инсон эҳсос мекунад, ба ҳар наҳв, ки бошад, ҳақиқат аст; зеро донишмандони моддӣ агар фақат мехоҳанд истилоҳро иваз кунанд ва ҳақиқатро таври дигаре (“Ҳар чизе, ки дар асари муқобила ва мувоҷеҳаи ҳисс бо хориҷ пайдо шавад”) ғайр аз маънои маъруф байни донишмандон (“Идроки мутобиқ бо воқеъ”) таъриф кунанд, албатта баҳсе нест, вале асли ишкол (адами мутобиқати сурати ҳиссӣ бо хориҷ) ба ҷойи худ боқӣ аст.

Ва аммо агар манзури ин донишмандон ин бошад, ки бихоҳанд бигӯянд, “ҳамаи эҳсосҳое, ки дар асари муқобила ва мувоҷеҳа бо хориҷ пайдо мешавад, як навъ мутобиқат бо воқеъ дорад”, возеҳ аст, ки дурӯғ аст; зеро дар мисоли боло, ки дуктур Аронӣ аз Мох дар мавриди мидод нақл мекунад, ҳарчанд хоссияти мидод аз лиҳози таъсире, ки бар чашм ворид мекунад ва кайфияти амвоҷи нуре, ки ба чашм мефиристад, дар ҳаво ва дар об фарқ мекунад, ва ҳарчанд ин матлаб низ саҳеҳ аст, ки мо иллати ин ихтилофро ба василаи таҷриба ва қароини илмӣ мефаҳмем ва ин ки Мох мегӯяд “нақс дар таҷриба аст” ғалат аст, вале натиҷаи фалсафӣ ҳам, ки дуктур Аронӣ ва руфақояш аз ин ду матлаби саҳеҳи илмӣ мегиранд ва мегӯянд: “Ҳар ду тасвири мухталифи мидод, ки дар ҳоссаи мо падидор омадааст, ҳақиқат аст” низ ғалат аст; зеро яқинан худи мидод дар воқеъ ё мустақим аст ё мункасир, ё дорои қомати рост аст ё шикаста. Ва дар ҳар ду ҳолат (муҳити ҳаво ва муҳити об) қомати мидод тағйир накарда, пас яке аз ду эҳсоси мо аз лиҳози воқеънамоӣ ва нишон додани қомати воқеии мидод хатост. Мо агар бихоҳем ба таври саҳеҳ аз ҷанбаи фалсафӣ натиҷагирӣ кунем, бояд ин тавр бигӯем: ”Ба кӯмаки таҷриба ва аз рӯйи қароини илмӣ аст, ки иллати ин ихтилоф ва иллати хатои босираро дар яке аз ду ҳол мефаҳмем.”

Бинобар ин, тавҷеҳи материализми диалектик дар мавриди хатои ҳавосс қобили қабул нест.

Оё материализми диалектик шаккок аст ё ҷазмӣ?

Тарафдорони материализми диалектик маслаки худро маслаки ҷазм ва яқин муаррифӣ мекунанд ва аз ин ки “шаккок” ё “суфастоӣ” хонда шаванд, ба шиддат эҳтироз доранд, ҳатто он ки он ришта аз қавонини илмии улуми табиӣ, ки муттакӣ ба фарзияҳост ва гувоҳе ҷуз интибоқ бо таҷрибиёти маҳдуд ва мавҷуд надорад ва қотибаи донишмандон (ҳатто худи соҳибони фарзияҳо) онҳоро бо эҳтимол ва яқини изофӣ талаққӣ мекунанд, на бо ҷазм ва яқини ҳақиқӣ, донишмандони моддии ҷадид дар бораи онҳо низ иддаъои ҷазм ва яқини ҳақиқӣ мекунанд ва тағйиру табдили он фарзияҳоро, ки гувоҳи қатъӣ бар ҳақиқӣ набудани онҳост, аз роҳи тағйир ва такомули ҳақиқат тавҷеҳ мекунанд. Вале ин нуктаро набояд аз назар дур дошт: мизони суфастоӣ ё шаккок будан ва набудани ҳар шахс ё ҳар даста, иддаъои худи онҳо нест, балки мизон назариёте аст, ки дар боби “арзиши маълумот” иттихоз мекунанд, вагарна ағлаби суфастоиён ва шаккокон аз ин ки “шаккок” ё “суфастоӣ” хонда шаванд, эҳтироз доранд. Масалан Ҷорҷ Берклей бо он ки назариёташ тамоман мубтанӣ бар адами вуҷуди дунёи хориҷ аз зеҳн ва инкори бадеҳиёт аст, аз суфастоӣ будан ваҳшат дорад. Конт ва баъзе дигар, бо он ки воқеан шаккок ҳастанд ва донишмандони моддӣ низ онҳоро шаккок қаламдод мекунанд, майл надоранд, ки ба онҳо “шаккок” итлоқ шавад.

Аз тарафи дигар, маслаки шак як шаклу сурати муайян надорад, ҳамвора дар тӯли таърихи фалсафа бо шаклҳои мутанаввеъ зоҳир шуда ва ҳар касе аз як роҳи махсус дар гирдоби шак афтодааст. Чунонки медонем, роҳе, ки масалан Конт пеш гирифт, бо роҳе, ки нисбигароён ё роҳе, ки шаккокони қадими пирҳунӣ пеш гирифтанд, ҷудо буд ва дар айни ҳол ҳама як саффи воҳидро аз лиҳози шаккок будан ташкил медиҳанд.

Материализми диалектик низ аз роҳи моддӣ будани фикр ва идрок ва нисбӣ будани ҳақоиқ ва аз роҳҳои дигаре, ки зайлан тавзеҳ дода мешавад, дар ҳамон гирдоб афтода ва дасту по мезанад.

Моддигароён рӯйи назарияи моддӣ будани фикр ва он ки “шинохтан” ва ҳар идроке моварои амали аъсоб нест, тарзи шинохтани ҳар чизро бо навъи сохтмони аъсоб ва мағзи шахси шиносанда марбут медонанд ва мегӯянд, чун навъи сохтмони аъсоби ашхос бо ҳам мутафовит аст, пас ақсоми шинохтанҳои ҳақиқӣ низ нисбат ба ашхос мутафовит хоҳад буд.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 24 мегӯяд:

Навъи сохтмони силсилаи асабӣ ба тарзи махсусе дар амали шинохтан муассир хоҳад буд. Худи ҳамин таъсир шинохтан аст. Мо медонем аъсоби инсон ва ҳайвоноти дигар ба тарзи мухталиф амал мекунад, бӯйе муайян инсонро мутанаффир, вале ҳайвонеро ҷалб мекунад, ранги муайян ба назари ҳайвони дигар ҳоли дигарро дорад ё ин ки оҳанги муайяне ба гӯши як нафар хуш ва ба гӯши дигаре номатбӯъ аст, дараҷаи ҳарорати муайян гоҳ ба назар гарм ва гоҳ сард ҷилва мекунад. Хулоса, таъсири сохтмони асабиро дар шинохтан медонем, вале аз инҷо набояд натиҷа бигирем чун навъи асаб дар шинохтан муассир аст, пас айни ҳақиқатро наметавон шинохт, зеро чунонки зикр кардем, мафҳуми калимаи “шинохтан” шомили ҳамин таъсири махсус ҳам ҳаст.”

Дуктур Аронӣ шинохтани айни ҳақиқат ва ҳақиқати мутлақро (ҳақиқате, ки аз ноҳияи аъсоб шакли махсусе пайдо накунад) пуч ва бемаънӣ мешуморад. Дар ҳамон сафҳа мегӯяд:

Чӣ қадр бемағз аст агар мактабҳои мухолифи мо таваққӯъ доранд, ки фикр ва ашё дар ҳам таъсир намоянд яъне амали “шинохтан” сурати хориҷӣ пайдо кунад бидуни ин ки як тараф таъсир дошта бошад, яъне фикр дар таъсире, ки аз ашё гирифтааст тасарруф накунад. Билохира ҳамин тасарруф, ҳамон шинохтан аст ва агар яке набошад, дигаре ҳам нахоҳад буд. Инҳое, ки ақиби “айни ҳақиқат” ва “ҳақиқати мутлақ” ва мафҳумҳои пучи дигар мебошанд, мисли ин аст, ки мехоҳанд амали шинохтан монанди амали ҳазмӣ сурат гирад, ки на моддаи ғизоӣ вориди меъда шавад ва на меъда бар рӯйи маводди ғизоӣ асар кунад.”

Ҳамчунин дар ҳамон ҷузва сафҳаи 29 мегӯяд:

Мағз аз ҳамон замони таваллуд дорои як хоссияти аслӣ аст ва он, хоссияти фикр кардан аст, вале ин хоссияти аслӣ вақте метавонад кор кунад, ки моддаи лозимро дарёфт кунад; мисли ин ки як меъда хоссияти ҳазм дорад, вале вақте ҳазм мекунад, ки моддаи ғизоӣ дар он дохил шавад. Агар ба воситаи аносури таъассури дидан ва шунидан ва ғайра мавзӯе пайдо кунад, фикр ҳам кор мекунад

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: