Чаро Тоҷикистону Эронро муқобили ҳам мегузорем?

Ёддошти Сипеҳри Кароматулло

Чанд вақт боз андешае дар зеҳнам хутур кард ва дар фикри онам, ки бо баёни он, хотири бархеро орзурда накунам ва ба истилоҳи тоҷикон, ин фикр «калонгапӣ» набошад. Ин масъала сирфан ба баҳси адаб, таърих ва тамаддуни эронӣ бармегардад. Ин мабоҳис дар айни ҳол доғ мешавад. Ангушшумор касоне ҳастанд, ки аз чунин шеваи кор, яъне нақду баррасии масоили адабиву фарҳангии ҳавзаи пажӯҳишии форсизабонон, интиқод мекунанд. Ин ҳама хомӯшӣ шояд сабабе дошта бошад, вале фикр мекунам, бояд ба ин ҳама даъвоҳои пуч ва равишҳои муғризонаи нақду тафсири адабу таърих ва тамаддуни эронӣ посух гуфт.

Албатта, дар тавони камина нест, ки бо равиши тахассусӣ ба эшон посух бигӯям. Фақат танҳо чанд мисол зикр мекунам ва кургиреҳи ин мабоҳисро ба дасти мунтақидони сҳҳа медиҳам, то боз кунанд.
Ҳоло дар кишвари мо як ҷараёни «эронҳаросӣ» дар фазои сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто пажӯҳишу таҳқиқ ва фарҳангу адаб ба роҳ афтода, «дастандаркорон»-и он талоши шадид доранд, ин ду кишвари зодаи як тамаддуни фарҳангиро дар муқобили ҳам қарор диҳанд.

Ба назарам, ин равиши бархӯрд ва муносибат бо Эрони Фирдавсиву Сино, Зардушту Дориюш кори муносиб ва дуруст нест. Инҷо ба баҳси ихилофоти сиёсӣ намепардозам, чун медонам он гузарону лаҳзаӣ аст. Вале дар масъалаи ҳавзаҳои пажӯҳишу таҳқиқ ва масоили фарҳангӣ ва ғайра.. таъкид мекунам, ки набояд аз равиши ихтилофангезӣ кор гирифт ва ин ду кишваро дар муқобили ҳам қарор дод.

Чанд мисол дар зер зикр мекунам, ки авҷи ин ҷараёни эронҳаросиро ба мо бармало мекунад.

Дар ҳамин фазои маҷозӣ чашмам ба навиштаи як тан аз рӯзноманигорони ба истилоҳи худаш «матраҳ» бархӯрд. Ӯ дар навиштааш аз тоҷиконе сарзаниш мекунад, ки қадри олиму муҳаққиқу сарояндаҳои тоҷикро намедонанд ва «эрониҳоро аз онҳо боло медонанд (!) Дар тавзеҳи ин гуфтораш иддаъо мекунад, ки ҳеч ҳофизшиноси эроние дар сатҳи фалон ҳофизшиноси тоҷик нест. (Ҳофизшниноси тоҷике, ки дар ҳеч сатраш ман як тафсири навро нахондаам ва шарм медорам бигӯям, мо чунин ҳофизшиносе дорем). Ҷои дигар сарояндаҳои моро ном мебарад ва мегӯяд, ҳеч сарояндаи эронӣ дар сатҳи онҳо нест (!)

Аслан чунин равиши таҳлил ва қиёси бузургони илму фарҳанги ҳавзаи тамаддуни форсизабонон кори дуруст ва савоб нест; чаро ки ин ҳама зодаи тамаддуни эронӣ ҳастанд ва мояи ифтихори ҳамаи мо мебошанд. Чунин равиши нақд ва қиёси берун аз мантиқ аз як дарди музмин гувоҳӣ медиҳад: он ҳам уқдаи худкамбинӣ! Онҳое, ки равоншиносанд медонанд, ки уқдаи худкамбинӣ бештар дар киҳо ва кадом ҷинс инсонҳо зуҳур мекунад. Ва муттассифона, дар бархе тоҷикон нишонаи ин бемориро эҳсос мекунам. Ин гурӯҳ авввал ба баҳси маҳал пардохтанд ва диданд нашуд, акнун миқёси ин баҳсро густариш медиҳанд ва бо ҳамон тафаккури музофотӣ баҳси эрониву тоҷикро матраҳ мекунанд. Чаро мо онҳоеро дар муқобили ҳам мегузорем, ки зодаи як тамаддун, як фарҳанг ва як ҳавзаи тамаддунӣ ҳастанд?

Дар ҷое як профессори дигар мегӯяд, Фирдавсӣ «барои он Сӯҳробро мағлуб кард, ки осиёи миёнагӣ буд.» Ва дар сатр-сатри гуфтори ин профессор ман як навъ уқдаи худкамбинӣ ва эронҳаросиро дарёфтаам.

Чунин бархӯрд бо Эрон кори оқилона аст? Магар ин амал теша задан ба решаи як миллат нест?

Чаро мо мехоҳем як миллат аз решаву пайвандаш ҷудо шавад?!

Як «дӯст»-и ҷавонам ҳамеша бо банда сари даъво дорад, маро ба эронгароӣ муттаҳам мекунад, бо як уқдаи худкамбинӣ мегӯяд, агар мо забони худро форсӣ гӯем, ҳеч эроние моро қабул намекунад. Мо дар сатҳи онон нависандаву шоиру олиму ва ғайра… надорем! Газофтар аз ин гуфтор дар ҳаётам нашунида ва нахонада будам. Ӯ, ки ғайр аз далели худаш ҳеч далелро қабул намекунад, ҳамеша дар ҳамаҷо ҷор мезанад ва аз «хатар»-и Эрону «забони эронӣ» — ба истоҳи худаш, ҳушдор медиҳад!

Ин ҳам як кори ғалат ва шабеҳ ба амали онҳоест, ки ба решаи як миллат теша мезананд. Агар ин «дӯст»-и ҷавони ман як каме аз осори холиқони тамаддуни форсӣ, ба вижа Нодири Нодирпур вуқуф медошт, ҳеч гоҳ чунин ҳарфи гозофро ба миён намеёвард…

Баргардам ба баҳси ҳофизшиносии он журналисти «матраҳ». Дар ҳеч ҳавзаи пажӯҳишии форсизабонон Ҳофиз дар сатҳе, ки дар Эрон тавзеҳу тафсир шудааст, таҳқиқу тафсир нашудааст. Чаро бояд ин ҳақиқатро инкор кунем? Мо, ки худро меросбари шеъри Рӯдакӣ медонем, китобе беҳтар аз асари Саъиди Нафисӣ дар бораи Рӯдакӣ таълиф кардаем? Қисми зиёд онҳое, ки осори Рӯдакиро таҳқиқ кардаанд, ба таҳқиқоти ҳамин «эрониҳо» истинод кардаанд ва он чиро тавзеҳ додаанд, ки бародарони мо таҳқиқ кардаанд. Ҳеч ҷойи айб надорад ва аҳсант, ки чунин кори арзишмандеро онҳо анҷом доданд. Рӯзе мерасад, аз байни мо касоне ба майдон меоянд, ки мояи ифтихори кулли эрониҳо хоҳанд шуд. Худи ҳамин Саъиди Нафисӣ баҳои баланд дар ҳаққи мо гуфта ва ҷойгоҳи моро дар байни ҳавзаи тамаддуни эронӣ мушаххас кардааст. Мо наметавонем Саъиди Нафисиро инкор кунем! Беҳтар аз асари ӯ дар бораи Рӯдакӣ ман асареро нахондаам.

Муаллиме дар дарс (ӯ ҳам журналист аст ва дар байни ҳама матраҳ) иддаъо кард, ки эрониҳо Мавлавиро таҳқиқ намекунанд, ба хотири он ки ӯ суннимазҳаб аст! Вақте муруре ба Гугли форсӣ кардам, ҳис кардам, эрониҳо бештар аз мо Мавлавиро хондаанду дӯст доранд. Он қадр таҳқиқу пажӯҳиш дар хусуси Мавлоно анҷом додаанд, ки шояд дар Тоҷикистон ҳоло дар чунин ҳаҷм осори Мавлоно таҳқиқ нашуда бошад!

Ба иловаи ин ҳама, бояд ин нуктаро дарк кунем, ки бародарони ҳамзабон ва ҳамхуни мо ба шарафи ҳифзи хатти ниёгон, яъне форсӣ, ба дастовардҳои муҳимми илмӣ дар тамоми соҳот даст ёфтаанд. Ин рушд ва пешрафт дар замоне сурат гирифт, ки онон шадидан таҳти фишор ва таҳримҳои байнулмилалӣ будаанд. Бо вуҷуди он ҳама таҳрим ва фишорҳо, онон бо баракати ҳамин хатти форсӣ ба халқ ё эҷоди осори мондагор даст ёфтанд, ки дар сатҳи минтақа ва ҳатто ҷаҳон эътироф шудааст.

Масалан, дар соҳаи синамо эрониён беҳтарин дастовардҳоро ба даст овардану ҳоло ҳам дар ин замина ба муваффақиятҳо даст меёбанд. Ин ҳама набояд мояи ҳасодат ё уқдаи худкамбинӣ бишавад, балки моро таҳрик бидиҳад, ки мисли онҳо ба ҳамун ҷойгоҳи аслӣ баргардем.

Давроне, ки Синову Форобӣ ва даҳҳо нафар олимон ва холиқоне (офарандагон) доштем, ки имрӯз мояи ифтихори мо ҳастанд. Имрӯ ҳам ягон-ягон дар мо зуҳур мекунанд, мисли Темур Зулфиқоров, ки мояи ифтихорӣ мо ҳастанд. Чаро аз инҳо ҳама ифтихор накунем?! Чаро бояд, масалан Содиқ Ҳидоят ва Темур Зулфиқоровро дар муқобили ҳам гузорем ва бигӯем, мо Темур дорем?! Аслан, набояд бо чунин равиш ба пешрафте, ки даст ёфтем, бинозем. Ин шуъур шуъури музофотист. Ҳама чиз набояд дар ченаки маҳал санҷида ва баҳогузорӣ шавад.

Мисоли дигар аз кирдор ва рафтори ин дастандаркорони ҷараёни эронҳаросӣ, яке он аст, ки як муллое меҳмонамон шуд. Вақте дар рӯйи миз ҷилди осори Рӯдакӣ бо хатти форсиро дид, бардошт ва саҳифаи аввалашро боз кард. Бо дидани исми чопи Теҳрон, ҳолаш ба ҳам хӯрд ва гуфт, ин китоби шиъаро нахонед! Ин ҳамон ҷараёне ҳаст, ки қарне қабл дар Аморати Бухоро оташ ангехта буданд. Ёддошти Устод Айнӣ дар мавриди сунниву шиъа ва фалокати он баҳсу ҷидолҳо, ки оқибат ба вайронии Бухорои Шариф — он макони илму дониш, анҷомид, хуб дарҷ шудааст. Биноан, бояд талош аз сӯйи рӯшанфикрон сурат бигарад, то пеши роҳи ин ҳама мавҷ ё ҷараёни тахрибкор гирифта шавад.

Дар фавқ ишора кардам, ки мабоҳис ва ихтилофоти сиёсӣ ҷузъӣ ва лаҳзаӣ мебошанд ва бо гузашти вақт ҳалли онҳо имконпазир мегардад. Аз ин ҷизҳат, набояд фурсат дод, ки бархе гурӯҳҳо ва лобиҳои кишварҳо аз ин ихтилофот баҳраҷӯии сиёсӣ кунанд ва ҳама равобитро ба ҳам зананд.

Муҳимтар аз ин ҳама, набояд бо як уқдаи худкамбинӣ ба худ нигарист. Ва набояд ба хотири «эронӣ ё афғон» (истилоҳе, ки ин тоифа зиёд ба кор мебарад) худро кам ё беш нишон диҳем. Мо ҳамоне, ки ҳастем, ҳамонем. Гоҳ аз байни мо Рустам, гоҳ Сӯҳроб, гоҳ Рӯдакӣ, гоҳ Ҳофиз, гоҳ Мавлавӣ ва Аҳмадшоҳу ва гоҳи дигар Қосим Сулаймонӣ ба майдон меоянд ва хоҳанд омад ва ин мояи ифтихори ҳамаи мост! Чӣ тоҷик, чӣ афғон ва чӣ эронӣ (ба истилоҳи ҳамин гурӯҳ гуфтам, то дуруст дарк кунанд).

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: