Шарҳи Маснавӣ (131)

Тӯлидани шер аз дер омадани харгӯш

* * *

Тӯлидан яъне бонг задан ба овози баланд.

Ҳамчу он харгӯш, к-ӯ бар шер зад,

Руҳи ӯ кай буд андар хурди қад?

Он харгӯше, ки бо шер муқобила кард, чӣ гуна мумкин аст руҳаш ҳамрадифи ҷисмаш бошад? Яъне руҳи он харгӯши ҳушманд аз ҷисми кучакаш басе волотар буд. Ин як мисол аст барои матлаби пешин, он ҷо, ки гуфта буд: Он магас набвад, к-иш ин ибрат бувад // Руҳи ӯ на дархури сурат бувад.

Зад: муқобила кард, тасодум кард.

Шер мегуфт аз сари тезийю хашм,

К-аз раҳи гӯшам адӯ барбаст чашм.

Шер аз рӯйи хашму ғазаб бо худ мегуфт: душман аз роҳи гӯш чашмонамро фурӯ баст. Яъне ҳамин ки ёваҳои он гурӯҳро шунидам ва дил бад-он бастам, чашми басиратам баста шуд.

Адӯ: душман, талаффузи порсии “адувв”-и арабӣ.

Макрҳои ҷабриёнам баста кард,

Теғи чӯбиншон танамро хаста кард.

Шер гуфт: ҳилаҳои аҳли ҷабр (нахҷирон) дасту поямро баст ва шамшери чӯбини онон танамро маҷрӯҳ кард.

Хаста кард: дар инҷо ба маънои захмӣ намуд ва маҷрӯҳ кард омадааст.

Нукта: Нахҷирон ҳарчанд дар иқомаи далел мағлуби шер шуданд, вале амалан навъе ҷабрро бар ӯ илзом карданд, бад-ин тартиб, ки: қарор шуд шер аз талаби шикор даст кашад ва ба ризқи муайяни нахҷирон басанда кунад. Ҳамон тавр ки дар ибтидои ҳикоят омад, нахҷирон нумоди ҷабриёнанд. Мавлоно дар инҷо истидлолҳои бепояи ҷабриёнро ба шамшери чӯбин ташбеҳ мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.370)

З-ин сипас ман нашнавам он дамдама,

Бонги девон асту ғулон он ҳама.

Аз ин ба баъд, ман дигар суханони пурмакру тазвири ононро нахоҳам шунид, зеро ки ин суханон бонги девону ғулон аст. Яъне гуфтаҳои онон монанди шаётин ва ғулон аст, ки ҳамвора бо макру ҳила омехтааст.

З-ин сипас: дар инҷо ба ҷойи “з-ин пас” омадааст. Дамдама: макру фиреб.

Бардарон, эй дил, ту эшонро, маист,

Пӯстшон баркан, к-ишон ҷуз пӯст нест.

Эй дил! Бедиранг ононро пора-пора кун ва пӯсташонро баркан, ки онон чизе ҷуз пӯст нестанд. (Яъне гуфторҳои пурнақшу нигори онон фоқиди мағзи ҳақиқат аст. Пас, метавон фавран расво ва зорашон кард.

Пӯст чӣ бвад? Гуфтаҳои ранг-ранг,

Чун зиреҳ бар об, к-иш набвад диранг.

Пӯсту қишр чист? Ҳамон суханони гуногун ва гуфторҳои рангоранг. Дуруст монанди ҳалқаҳои зиреҳмонанде, ки рӯйи об нақш мебандад, давоме надорад ва билофосила нобуд мегардад.

Зиреҳ: дар инҷо мурод ҳалқаҳоест, ки бар сатҳи об намоён мешавад.

Нукта: Мавлоно худ фармояд: “Дард чун нест, чӣ ҳосил, ки сухан рангин аст” вақте каломи одамӣ аз ҳиляти ҳақиқат ва нишони садоқат орӣ бошад, ҳарчанд ҳам онро ороста баён дорад ва шево нависад, қалбу руҳи шунаванда ва хонандаро гармӣ набахшад ҷуз малол; назири мадоеҳ ва тамаллуқоти шоирон ва суханварони нонпеша нисбат ба арбоби қудрат ва асҳоби мукнат. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.371)

Ин сухан чун пӯсту маънӣ мағз дон,

Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон.

Сухане, ки гуфта мешавад, онро монанди пӯст бидон ва маъниро мағз. Ба иборате дигар: сухан монанди ҷисм аст ва маънӣ ҳамчун руҳ.

Пӯст бошад мағзи бадро айбпӯш,

Мағзи некӯро зи ғайрат ғайбпӯш.

Пӯст пӯшонандаи мағзи бад ва нохуш аст, ҳамин тавр алфоз ва ибороти рангоранг пӯшонандаи айбҳои дарунии инсон аст. Вале мағзи некӯ ва ҷони пурмаъно ниёзе ба алфози пуртамтароқ надорад, балки Ҳақ Таъоло аз камоли ғайраташ он касонро, ки соҳиби ҷоне пурмаъно ҳастанд, аз дидаи зоҳирии мардум мепӯшонад, ки инонро “Авлиёи мастур” гӯянд.

Нукта: Ду байти ахир интиқоде аст бар касоне, ки дар каломи худ аз ибороти рангин ва калимоти пуртамтароқ истифода мекунанд, вале вақте ба умқи он назар мешавад, маълум мегардад, ки ҳечу пуч аст. Санъатсозиҳои ифротӣ ва бемаззаи каломӣ маъмулан вақте падид меояд, ки гӯянда аз дастмояи маънавӣ тиҳӣ аст ва мехоҳад бо ибороти пуробу тоб ва орояҳои лафзӣ, бар ҷаҳлу бемоягии худ сарпӯш ниҳад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.371-372)

Чун қалам аз бод буд, дафтар зи об,

Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.

Ба унвони мисол: ҳар гоҳ қалам аз бод бошад ва коғаз аз об, ҳар чӣ рӯйи он бинависӣ, бедиранг нобуд мешавад.

Нукта: “Нақш бар об задан” ё “Нақши бар об” масале аст барои беҳудакорӣ ва бесуботӣ; назири “Хишт бар дарё задан ва об дар ҳован кӯбидан” аст. Мавлоно дар инҷо суханонеро, ки аз рӯйи ҳавои нафс бар забон оварда мешавад, дар беҳудагӣ ва бесуботӣ, ба нуқуши рӯйи об ташбеҳ мекунад.

Нақши об аст, ар вафо ҷӯйӣ аз он,

Бозгардӣ дастҳои худ газон.

Агар аз нуқуше, ки бар сатҳи об менишинад давому бақо бихоҳӣ, мусалламан дучори пушаймонӣ хоҳӣ шуд ва саранҷом аз рӯйи надомат дастонатро хоҳӣ газид. Ҳамин тавр аст алфоз ва ибороти рангин ва миёнтиҳӣ.

Бод дар мардум ҳавову орзуст,

Чун ҳаво бигзоштӣ, пайғоми Ҳу-ст.

Нуқуше, ки бод бар сатҳи об падид меоварад давоме надорад ва зуд фонӣ мешавад, ҳамин тавр ин бод, ки дар одамиён ҳамоно шаҳавот ва орзуҳои беасос аст, дар нафсҳои онон нуқуше менигорад, ки пойдор набошад. Ва инак, агар ҳавову ҳаваси шайтониро фурӯ гузорӣ, пайғом ва суруши Ҳақро хоҳӣ шунид.

Нукта: Дар инҷо ҳавои нафсро ба “бод” ташбеҳ мекунад, зеро ки бод бар сатҳи об мавҷ меангезад. Ҳавои нафс низ дар дили одамӣ мавҷи ҳавасу орзу падид меоварад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.372)

Хуш бувад пайғомҳои Кирдгор,

К-ӯ зи сар то пой бошад пойдор.

Пайғомҳои ҳазрати Парвардигор нағзу хуш аст, зеро ки он пайғомҳо яксара пойдор ва бодавом аст.

Хутбаи шоҳон бигардад в-он киё

Ҷуз киёву хутбаҳои анбиё.

Хутба ва азамати шоҳони рӯзгор тағйир пайдо мекунад, магар бузургӣ ва хутбаҳои паёмбарон, ки ҳамвора барқарор аст.

Нукта: Устод Фурӯзонфар дар тавзеҳи байти ахир мегӯяд: “Хутбаву сикка аломати подшоҳӣ ва иморат аст, аз он ҷиҳат, ки ҳар гоҳ касе ба подшоҳӣ ва иморат мерасид, хатиб мукаллаф буд, ки номи ӯро рӯзи ҷумъа ва дар аъёди расмӣ дар хутба ёд кунад ва ҳамин ки маъзул мешуд ва ё дармегузашт, номи вайро аз хутба меафканданд ва номи ҷонишини ӯро дар хутба зикр менамуданд. Дар нақши сикка низ ҳамин равиш маъмул буд ва ҳанӯз ҳам маъмул аст. Вале ҳеч гоҳ номи ҳазрати Расули Акрам (с) аз хутба ҳазф намешавад, чунон ки дар сиккаҳои исломӣ калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ” бар доираи хориҷӣ ва канора ва ё бар тарафе аз он зарб мешуд ва номи подшоҳ ва ё амири маҳал дар даруни он доира ва сӯйи дигар манқуш мегардид, вале ин нақш бо тағйири салтанат ва ҳукумат табдил меёфт. Мавлоно дар ин абёт бад-ин расму ойин ишора мефармояд. Ва ҳақиқати амр он аст, ки ҳукумати Ҳақ тағйирпазир нест, бар хилофи ҳукумати зоҳирӣ ва қудрати моддӣ, ки дар маърази завол аст.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.423)

З-он ки бавши подшоҳон аз ҳавост,

Борномай анбиё аз Кибриёст.

Зеро шукӯҳу шавкати подшоҳони дунявӣ аз рӯйи ҳавову ҳавас аст ва давоме надорад, вале шукӯҳу ҷалоли паёмбарон аз сӯйи Худои Таъолост, ки соҳиби бузургӣ ва азамат аст. Пас, ҳамон тавр ки кибриёии Ҳақ Таъолоро фано ва заволе нест, қудрат ва ҷалоли паёмбарон низ завол нагирад.

Бавш: тавоноӣ ва шукӯҳ ва қудрат. Борнома: ҳашамат ва бузургӣ.

Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд,

Номи Аҳмад то абад бармезананд.

Номи подшоҳонро бар рӯйи сиккаҳо ҳак мекунанд (зеро дар ҳар замон навбати яке аз онон аст, ки ҳукм биронад), дар ҳоле ки номи Аҳмад (с) барои ҳамеша боқӣ ва пойдор аст.

Номи Аҳмад номи ҷумлай анбиёст,

Чунки сад омад, навад ҳам пеши мост.

Номи шарифи ҳазрати Аҳмад (с) номи ҳамаи паёмбарон аст. Яъне ҳақиқати ҳазрати Муҳаммад (с) ҷомеъи ҷамиъи маротиб ва зуҳуроти анбиёст. Ва ойини ӯ комилтарини ойинҳо ва зубдаи ҳамаи шаройеъ аст, зеро ки масалан вақте адади садро дошта бошем, дар воқеъ ҳамаи аъдоди камтар аз садро низ дорем. Дар ҳақиқат, Аҳмад (с) хулосаи ҳамаи паёмбарон аст, зеро ба эътиқоди сӯфия, ҳар паёмбаре тамҳиде аст барои зуҳури паёмбари баъдӣ, ва қаҳран он паёмбар мустаҷмиъи ҷамиъи камолоти анбиёи пеш аз худ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.374)

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: