Қундуз; мардум ҳатто қодир ба фирор нестанд (тасовир)

Намояндаи мардуми Қундуз дар порлумон, бо ишора ба ташдиди ҷанг дар шаҳри Қундуз, гуфт: “Дар ҷараёни 6 рӯзи ҷанг дар ин шаҳр, нерӯҳои давлатӣ ба далели адами ҳамоҳангӣ то кунун дастоварде надоштаанд.”

Шоистабоз Носирӣ, намояндаи мардуми Қундуз дар порлумони Афғонистон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори сойти Афғонистон (Хабаргузории Форс), гуфт: “Бархе шаҳрвандони Қундуз ҳамакнун ҳатто қодир ба фирор ҳам нестанд.”

Носирӣ афзуд: “Дастикам дар 90 дарсади шаҳри Қундуз ҷанг идома дошта ва акнун, ки ҷанг вориди 6-умин рӯз шудааст, ҳеч дастоварде ба дунбол надоштааст.”

Вай бо таъкид бар ин ки нерӯҳои давлатӣ то кунун ба сурати дифоӣ ҷангидаанд, гуфт: “Бархе мушкилот дар сатҳи раҳбарии нерӯҳои давлатӣ вуҷуд дорад, ки сабаби тазъифи руҳияи сарбозон шуда ва ба ҳамин далел, ҷанг дар Қундуз ба суди давлат тамом намешавад.”

Ин намояндаи мардуми Қундуз дар порлумони Афғонистон, бо баёни ин ки ҳамакнун танҳо дафотири волӣ, фармондеҳи пулис, риёсати амнияти миллӣ, ҷоддаи фурудгоҳ ва фурудгоҳ дар контроли нерӯҳои давлатӣ аст, изҳор дошт: “Дар соири манотиқ ё ҷанг ҷараён дорад ва ё дар контроли шибҳинизомиёни Толибон аст.”

Мардум аз гуруснагӣ мемиранд

Вай, бо баёни ин ки маводди ғизоии мардум тамом шудааст, гуфт: “Дар тӯли 5 рӯзи ҷанг тамоми маводди ғизоии худро қундузиҳо хӯрданд, акнун тамоми мағозаҳои шаҳр бастааст.”

Шоистабоз Носирӣ дар идома тасреҳ кард: “Бархе гузоришҳое ҳам вуҷуд дорад, ки як пиразан ба далели гуруснагӣ дар шаҳри Қундуз аз байн рафтааст.”

Ин узви порлумони Афғонистон бо изҳори нигаронӣ аз идомаи ҷанг дар шаҳри Қундуз, гуфт: “Набардҳо сабаби муҳоҷирати густардаи шаҳрвандони Қундуз ба соири вилоятҳо шудааст.”

Мардум ҳатто қодир ба фирор ҳам нестанд

Вай, бо баёни ин ки то кунун омори дақиқи баҷошудагони шаҳри Қундуз мушаххас нест, тасреҳ кард: “Беш аз як милюн нафар дар шаҳри Қундуз зиндагӣ мекарданд, ки аксарашон аз шаҳристонҳо ва вилоятҳои ҳамҷивор дар он ҳузур ёфта буданд.”

Носирӣ таъкид кард: “Қундуз яке аз шаҳрҳои муҳимми Афғонистон аст ва дар сурати идомаи ҷанг тамоми шаҳрвандони он ё кушта ва ё маҷбур ба фирор хоҳанд шуд.”

Вай тасреҳ кард: “Ҳамакунун теъдоди зиёде аз хонаводаҳои Қундуз ҳатто қодир ба фирор ва муҳоҷират аз шаҳри Қундуз нестанд, зеро манотиқи онҳо ё таҳти контроли Толибон аст ва ё ҳамхатти нахусти ҷанг шудааст.”

Адами ҳамоҳангии масъулони низомӣ сабаби идомаи ҷанг шудааст

Намояндаи мардуми Қундуз дар порлумон бо изҳори нигаронӣ аз идомаи ҷанг дар Қундуз ва дубор суқут кардани ин шаҳр ба дасти Толибон, гуфт: “Давлат бояд посух диҳад, ки чаро вазъияти амниятии шаҳри Қундуз вахим буда ва ҳар аз гоҳе суқут мекунад.”

Вай бо баёни ин ки мо нерӯи кофӣ дар Қундуз барои шикасти Толибон дорем, гуфт: “Заъфи мудириятии нерӯҳои низомӣ ва адами ҳамоҳангӣ байни масъулони аршади давлатӣ ва низомӣ, сабаби идомаи ҷанг дар Қундуз шудааст.”

Шоистабоз Носирӣ бо баёни ин ки “ноҳамоҳангиҳои мавҷуд сабаби идомаи ҷанг барои чандин рӯз ва ҳатто моҳҳо хоҳад шуд”, гуфт: “То кунун масъулони аршади вазоратҳои кишвар (дохила) ва дифоъ ва ҳамчунин риёсати амнияти миллӣ ҷиҳати ҳамлаи муқтадирона барои нобудии Толибон дар Қундуз, байни худ ҳамоҳанг нашудаанд.”

Вай дар поёни суханони худ, аз давлати Кобул хост, то пас аз шикасти Толибон аз Қундуз, афроди вазифашинос ва ватандӯстро ба унвони волӣ ва фармондеҳи пулис интихоб кунад.

Тасовире дилхарош аз вазъи мардум дар Қундуз:

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: