Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 4

Қисмати чаҳорум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Аз Макка то Карбало

Таъқиби Имом (а)

Чун ба Амр ибни Саъид ибни Ос (волии Макка) хабар доданд, ки Имом (а) аз Макка хориҷ шуда ва ба сӯйи Ироқ метозад, фармон дод, то ӯро таъқиб ва дастгир кунанд. Маъмурони ҳукуматӣ пас аз соатҳо таъқиб вақте аз даст ёфтан ба Имом (а) ноумед шуданд, ба Макка бозгаштанд. (1)

Ақаба ибни Самъон мегӯяд: чун Имом Ҳусайн (а) аз Макка хориҷ гардид, Амр ибни Саъид ҷамоатеро ба фармондеҳии бародараш Яҳё фиристод, то Имомро аз рафтан ба Ироқ боздошта, ба Макка баргардонад, вале Имом (а) аз бозгашт ба Макка худдорӣ кард, он гурӯҳ бо ёрони Имом (а) даргир шуда ва бо тозиёна бар онҳо ҳамлавар шуданд ва Имом (а) ва ёронаш дар баробари онҳо шуҷоъона муқовимат карда, ба тарафи Кӯфа роҳро идома доданд.

Он гурӯҳ гуфтанд: эй Ҳусайн! Оё тақвои Худоро пеша намекунӣ ва аз ҷамоат берун рафта ва байни уммат ҷудоӣ меандозӣ?!

Имом (а) дар ҷавоб ин оятро қироат кард: (2)

لِي عَمَلِي وَلَكُمْ عَمَلُكُمْ أَنتُمْ بَرِيئُونَ مِمَّا أَعْمَلُ وَأَنَاْ بَرِيءٌ مِّمَّا تَعْمَلُونَ

Номаи Валид ибни Утба

Чун ба Валид ибни Утба — амири Мадина — хабар расид, ки Имом Ҳусайн (а) ба сӯйи Ироқ ҳаракат кардааст, номае барои Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба ин мазмун навишт:

Аммо баъд: Ҳусайн ба сӯйи Ироқ ҳаракат кардааст ва ӯ фарзанди Фотима духтари Расули Худост. Эй писари Зиёд! Ҳазар кун аз ин ки аз ноҳияи ту осебе ба ӯ бирасад, ки бар худ ва қабилаат зиён ворид хоҳӣ кард; зиёне, ки ҳеч чиз ва ҳеч кас наметавонад пеши онро бигирад ва то дунё боқӣ аст, ҳеч кас онро фаромӯш нахоҳад кард.”

Вале Убайдуллоҳ ба номаи Валид эътиное накард. (3)

Муҳосираи роҳҳо

Ҳангоме ки Убайдуллоҳ аз ҳаракати Имом (а) ба ҷониби Кӯфа огоҳ шуд, шахсе ба номи Ҳасин ибни Усомаи Тамимӣ ва баъд шахси дигаре аз фарзандони Ҷашиш ибни Моликро, ки масъулияти лашкари ӯро бар ӯҳда дошт, фиристод ва ӯ дар Қодисия фуруд омад ва лашкарро аз Қодисия то Хаффон ва аз Қутқутона то Лаълаъ (4) мустақар намуд. (5)

Сипас фармон дод, мобайни Воқиса (6) то тариқи Шом ва аз он ҷо то роҳи Басраро муҳосира намуданд ва ба касе иҷозати рафту омад аз ин маҳдударо намедоданд. Ва ҳангоме ки Имом (а) афродеро дар миёни роҳ мулоқот кард, аз онҳо дар бораи ин муҳосира пурсиш кард, онҳо гуфтанд: ба Худо савганд! Мо наметавонем ин ҳалқаи муҳосираро бишканем ва қудрати ин корро надорем. Пас Имом (а) ба роҳи худ идома дод. (7)

Суфён ибни Уяйна аз Алӣ ибни Язид ва ӯ аз Алӣ ибни Ҳусайн (а) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

Пас аз берун рафтан аз Макка дар ҳеч манзиле фуруд наомадем ва аз он ҷо кӯч накардем, магар ин ки падарам моҷарои Яҳё ибни Закариё (алайҳимас салом) ва кушта шудани ӯро ёдовар мешуд. Ва рӯзе фармуд: аз пастиҳои дунё назди Худо ин аст, ки сари Яҳё ибни Закариёро ба расми ҳадя назди зани бадкорае аз Банӣ Исроил бурданд.” (8)

Номаи Амр ибни Саъид ба Язид

Амр ибни Саъид, волии Макка, хабари ҳаракати Имомро ба Кӯфа барои Язид ибни Муовия навишт, Язид чун номаи Амрро хонд, ин шеърро замзама кард: (9)

 فَاِنْ لا تَزُرْ قَبْرَ العَدُوِّ فَاِنَّهُ

يَزُرْكَ عَدُوٌّ اَوْ يَلُومَنَّكَ كاشِحُ

Пас, ба Убайдуллоҳ номае навишт ба ин мазмун:

Ба ман хабар расида, ки Ҳусайн роҳии Кӯфа гардидааст. Асру замони ту аз миёни замонҳо ва шаҳри ту дар миёни шаҳрҳо бо масъалаи Ҳусайн омехтааст ва ту аз миёни коргузорон бо ӯ рӯ ба рӯйи ҳам қарор гирифтаед ва дар ин моҷаро ё тан ба бандагӣ хоҳӣ дод ва ё озодагӣ ихтиёр хоҳӣ кард.” (10)

Вуруд ба Карбало

Фуруди Имом (а) ба замини Карбало (11) рӯзи панҷшанбе 2 муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ будааст. (12) Дар Мақтали Абӯисҳоқи Исфароинӣ омадааст, ки: Имом (а) бо ёронаш сайр карданд, то ба маҳалле расиданд, ки дар он ҷо ҷамоате зиндагӣ мекарданд, Имом (а) аз номи он маҳал пурсиданд, ҷавоб доданд: шатти Фурот аст.

Он ҳазрат фармуд: оё исми дигаре ғайр аз ин исм дорад?

Ҷавоб доданд: Карбало.

Пас гирист ва фармуд: ба Худо савганд ин замин замини карбу бало аст!

Сипас фармуд: муште аз хоки ин заминро ба ман диҳед, пас онро гирифта бӯид ва аз гиребонаш миқдоре хок берун овард ва фармуд: ин хокест, ки Ҷабраил (а) аз ҷониби Парвардигор барои ҷаддам Расули Худо (с) оварда ва гуфта, ки ин хок аз макони турбати Ҳусайн аст, пас он хокро ниҳод ва фармуд: ҳар ду хок як атру бӯ доштанд.

Дар Тазкираи Сибт омадааст, ки Имом (а) пурсид: номи ин замин чист?

Гуфтанд: Карбало. Пас гирист ва фармуд: Карбу бало. Сипас фармуд: Умми Салама (р) бар ман хабар дод, ки Ҷабраил (а) назди Расули Худо (с) буд ва ту ҳам назди ман будӣ, пас ту гиристӣ. Паёмбар (с) фармуд: фарзандамро раҳо кун! Ман туро раҳо кардам, Паёмбар (с) туро дар домани худ нишонд, Ҷабраил (а) гуфт: оё ӯро дӯст медорӣ? Фармуд: оре! Гуфт: уммати ту ӯро хоҳанд кушт ва агар мехоҳӣ хоки он замин, ки ӯро дар он хоҳанд кушт ба ту нишон диҳам! Паёмбар (с) фармуд: оре! Пас Ҷабраил (а) замини Карбалоро ба Паёмбар (с) нишон дод.

Ва чун ба Имом (а) гуфта шуд, ки ин замин Карбалост, хоки он заминро бӯид ва фармуд: ин ҳамон замин аст, ки Ҷабраил (а) ба ҷаддам Расули Худо (с) хабар дод, ки ман дар он кушта хоҳам шуд. (13)

عن أبي وايل شقيق بن سلمة عن أم سلمة قالت : كان الحسن والحسين رضي الله عنهما يلعبان بين يدي النبي ( ص ) في بيتي فنزل جبريل ( ع ) فقال : يا محمد ان أمتك تقتل ابنك هذا من بعدك فأومأ بيده إلى الحسين ، فبكى رسول الله ( ص ) ووضعه إلى صدره ، ثم قال رسول الله ( ص ) : وديعة عندك هذه التربة ، فشمها رسول الله ( ص ) وقال : ويح كرب وبلاء . قالت : وقال رسول الله ( ص ) : يا أم سلمة إذا تحولت هذه التربة دما فاعلمي ان ابني قد قتل ، قال : فجعلتها أم سلمة في قارورة . ثم جعلت تنظر إليها كل يوم وتقول : ان يوما تحولين دما ليوم عظيم

Дуои Имом (а)

Имом (а) фарзандону бародарон ва аҳли байти худро ҷамъ кард ва баъд назаре бар онҳо андохта гирист ва гуфт: “Худоё! Мо итрати паёмбарат Муҳаммад (с) ҳастем, моро аз ҳарами ҷаддамон ронданд ва Банӣ Умайя дар ҳаққи мо ҷафо раво доштанд. Худоё! Ҳаққи моро аз ситамгарон бистон ва моро бар бедодгарон пирӯз гардон!” (14) – (15)

Умми Кулсум (а) ба Имом (а) гуфт: эй бародар! Эҳсоси аҷибе дар ин водӣ дорам ва андӯҳи ваҳшатноке бар дили ман соя афкандааст.

Имом (а) хоҳари худро тасаллӣ дод. (16)

Суханони Имом (а)

Имом (а) пас аз вуруд ба сарзамини Карбало, ба асҳоби худ фармуд:

Мардум бандагони дунё ҳастанд ва бар дин монанди чизе, ки таъму мазза дошта бошад нигоҳ мекунанд ва то маззаи онро бар забони худ эҳсос мекунанд, онро нигоҳ медоранд ва ҳангоме ки бинои имтиҳон бошад, шумори диндорон андак мешавад.” (17)

Номаи Имом (а) ба аҳли Кӯфа

Имом (а) давоту коғаз талаб кард ва хитоб ба шуморе аз бузургони Кӯфа, ки медонист бар назари худ устувор мондаанд, ин номаро навишт:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Аз Ҳусайн ибни Алӣ ба Сулаймон ибни Сурад ва Мусайяб ибни Нуҷба ва Руфоъа ибни Шаддод ва Абдуллоҳ ибни Вол ва гурӯҳи мӯъминин. Аммо баъд: шумо медонед, ки Расули Худо (с) дар ҳаёти худ фармуд: ҳар кас султони ситамгареро бибинад, ки ҳароми Худоро ҳалол намояд ва паймони худро шикаста ва бо суннати ман мухолифат мекунад ва дар миёни бандагони Худо бо зулму ситам рафтор менамояд ва он гоҳ (бар чунин султоне) қавлан ва амалан эътироз накунад, сазовор аст, ки Худои Мутаъол ҳар азоберо, ки бар он султони бедодгар муқаддар мекунад, барои ӯ низ муқаррар дорад.

Ва шумо медонед ва ин гурӯҳ (Банӣ Умайя)-ро мешиносед, ки аз шайтон пайравӣ намуда ва аз итоати Худо сарпечӣ карда ва фасодро зоҳир ва ҳудуди илоҳиро муъаттал намуда ва ғаниматҳоро махсуси худ сохтаанд, ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром кардаанд.

Номаҳои шумо ба ман расид ва фиристодагони шумо ба назди ман омаданд ва гуфтанд, ки шумо бо ман байъат кардаед ва маро ҳаргиз дар майдони мубориза танҳо нахоҳед гузошт ва маро ба душман таслим нахоҳед кард. Ҳол агар бар байъати худ пойдоред, ки роҳи савоб ҳам ҳамин аст, ман бо шумоям ва хонадони ман бо хонадони шумо ва ман пешвои шумо хоҳам буд. Ва агар чунин накунед ва бар аҳди худ устувор набошед ва байъати маро аз худ бардоштед, ба ҷони худам қасам, ки таъаҷҷуб нахоҳам кард; зеро рафторатонро бо падару бародарам ва писарамуям Муслим дидаам. Ҳар кас фиреби шуморо хӯрад, марди ноозмудае аст, шумо аз байъати худ рӯйгардон шудед ва баҳраи худро дар ҳамроҳ будан бо ман аз даст додед. Ҳар кас паймон шиканад, зиёнашро хоҳад дид ва Худованд ба зудӣ маро аз шумо бениёз гардонад, вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Номаи Убайдуллоҳ ба Имом (а)

Вақте Убайдуллоҳ бохабар шуд, ки Имом (а) вориди Карбало шудааст, номае ба ин мазмун ба ҳазрат навишт:

Ба ман хабар расида, ки дар Карбало омадаӣ ва амирул-мӯъминин Язид ба ман навиштааст, ки сар бар болин наниҳам ва нони сер нахӯрам, то туро ба Худованди Латифу Хабир мулҳақ кунам! Ва ё ин ки ба ҳукми ман ва ҳукми Язид ибни Муовия гардан ниҳӣ! Вассалом.”

Чун ин номаро Имом (а) хонд, онро дур андохта фармуд: растагор нашаванд он гурӯҳе, ки хушнудии махлуқро ба хашми холиқ харидаанд!

Фиристодаи Убайдуллоҳ гуфт: эй Абӯабдуллоҳ! Ҷавоби номаро намедиҳӣ ?

Имом (а) фармуд: ин нома ҷавобе надорад, зеро бар Убайдуллоҳ азоби илоҳӣ лозим ва собит аст.

Чун қосид назди Убайдуллоҳ бозгашт ва ҷавоби Имомро гуфт, Убайдуллоҳ ибни Зиёд барошуфт ва ба Умар ибни Саъд ибни Абӯваққос нигарист ва ӯро ба ҷанги Ҳусайн фармон дод.

Ибни Саъд, ки шефтаи вилояти Рай буд, аз ҷанг бо Ҳусайн (а) узр хост.

Убайдуллоҳ гуфт: пас он фармони вилояти Райро пас бидеҳ.

Убайдуллоҳ андаке пеш аз ин ҳодиса дастур дода буд, то Умар ибни Саъд ба сӯйи Дастбӣ (18) ҳамроҳ бо чаҳор ҳазор нафар лашкар ҳаракат кунад, зеро дайламиён бар он ҷо мусаллат шуда буданд ва Ибни Зиёд фармони аморати Райро ба номи Ибни Саъд навишта буд. Ибни Саъд ҳам дар ҳаммоми Аъян (19) худро омодаи ҳаракат кард, ки хабари ҳаракати Имом (а) ба тарафи Кӯфа ба Ибни Зиёд расид ва ӯ Ибни Саъдро талаб карда гуфт: бояд ба ҷониби Ҳусайн равӣ ва чун аз ин маъмурият фароғат ёфтӣ, он гоҳ ба сӯйи Рай равона шав!

Ба ҳамин ҷиҳат Умар ибни Саъд, ки рӯй гардондан аз ҳукумати Рай барояш бисёр ногувор буд, ба Ибни Зиёд гуфт: имрӯзро ба ман мӯҳлат деҳ, то бияндешам!

Навиштаанд, ки: Ибни Саъд аз аввали шаб то саҳар дар андешаи ин кор буд ва бо худ мегуфт: (20) – (21)

ءَاَتْـرُكُ مُـلْكَ الرَّىِّ وَالرَّىُّ رَغْـبَتِى اَمْ اَرْجِـعُ مَـذْمُوماً بِقَتْلِ حُسَينِ

وَفِى قَـتْلِهِ النّارُ الَّـتِى لَـيْسَ دُونَـها حِجابٌ وَمُـلْكُ الرَّىِّ قُرَّةُ عَيْنِى

Оё ҳукумати Райро раҳо кунам ва ҳол он ки орзуи ман аст?! Ё бозгардам ва бо куштани Ҳусайн худро дар маърази мазаммату шамотати халқи Худо қарор диҳам?! Дар куштани Ҳусайн оташе аст, ки наметавон аз он гурехт ва ҳукумати Рай ҳам нури чашми ман аст!

Сипас бо аҳли машварат ин масъаларо дар миён гузошт, ҳама ӯро аз ҷанг бо Ҳусайн наҳй карданд ва Ҳамза ибни Муғийра фарзанди хоҳараш ба ӯ гуфт: туро ба Худо савганд, аз ин андеша даргузар, зеро ҷанг бо Ҳусайн (а) нофармонии Худост ва қатъи раҳим кардан аст, ба Худо савганд, ки агар ҳамаи дунё аз они ту бошад ва онро аз ту бигиранд, беҳтар аз он аст, ки ба сӯйи Худо биштобӣ, дар ҳоле ки хуни Ҳусайн (а) бар гардани ту бошад.

Ибни Саъд гуфт: ҳамин корро анҷом хоҳам дод иншоаллоҳ!

Аммор ибни Абдуллоҳ

Аммор ибни Абдуллоҳ аз падараш нақл кардааст, ки бар Умар ибни Саъд ибни Абӯваққос дохил шудам, дар ҳоле ки роҳии Карбало буд. Ба ман гуфт: Амир маро фармон додааст, ки ба сӯйи Ҳусайн ҳаракат кунам. Ман (Аммор) ӯро аз ин кор наҳй кардам ва гуфтам: аз ин қасд бозгард! Ҳангоме ки аз назди ӯ берун омадам, шахсе назди ман омад ва гуфт: Ибни Саъд мардумро ба ҷанг бо Ҳусайн фаро мехонад. Ба назди ӯ рафтам, дар ҳоле ки нишаста буд, чун маро дид рӯй аз ман гардонд, донистам, ки омодаи ҳаракат аст ва аз назди ӯ берун омадам.

Ибни Саъд назди Ибни Зиёд рафт ва гуфт: маро ба ин масъулият гуморидӣ ва дар баробари он вилояти Райро ба ман ато кардӣ ва мардум ҳам аз ин муомила огоҳанд, вале пешниҳод дорам, ки ба гурӯҳе аз ашрофи Кӯфа дар ин ҷанг ниёз дорам! Онҳоро назди худ фаро хон, то лашкари маро дар ин роҳ ҳамроҳ бошанд. Сипас номи шуморе аз ашрофро зикр кард.

Убайдуллоҳ гуфт: мо дар ин ки киро хоҳем фиристод, аз ту назар намехоҳем. Агар бо ин гурӯҳ, ки ҳамроҳи ту ҳастанд, аз ӯҳдаи анҷоми ин маъмурият бармеойӣ, ки баромадӣ, дар ғайри ин сурат бояд аз аморати Рай чашм бипӯшӣ.

Ибни Саъд чун пофишории Убайдуллоҳро мушоҳида кард, гуфт: хоҳам рафт. (22)

Рӯзи сеюми муҳаррам

Ибни Саъд баъд аз як рӯз аз вуруди Имом (а) ба Карбало, яъне рӯзи сеюми муҳаррам бо чаҳор ҳазор лашкар аз аҳли Кӯфа дохили Карбало шуд. (23)

Баъзе навиштаанд: Банӣ Зӯҳра (қабилаи Ибни Саъд) назди ӯ омада гуфтанд: туро ба Худо савганд медиҳем, аз ин кор даргузар ва ту довталаби ҷанг бо Ҳусайн машав, зеро ин сабаби душманӣ миёни мо ва Банӣ Ҳошим мегардад.

Ибни Саъд назди Убайдуллоҳ рафт ва истеъфо дод, вале Убайдуллоҳ истеъфои ӯро напазируфт ва ӯ таслим шуд. (24)

Баъзе аз таърихнависон навиштаанд: Ибни Саъд ду писар дошт, яке ба номи Ҳафс, ки падарро ташвиқу тарғиб ба рафтан мекард, то бо Имом (а) ҷанг намояд, вале фарзанди дигараш ӯро ба шиддат аз ин кор барҳазар медошт. Ва саранҷом Ҳафс низ бо падараш роҳии Карбало шуд. (25)

Ҳангоме ки Умар ибни Саъд ба Карбало дохил шуд, Азра ибни Қайси Аҳмасиро назди Имом (а) фиристод, то аз ҳазрат суол кунад, барои чӣ ба ин макон омадааст ва чӣ қасде дорад?

Чун Азра аз касоне буд, ки ба Имом (а) нома навишта ва ӯро ба Кӯфа даъват карда буд, аз рафтан ба назди ҳазрат шарм кард, сипас Ибни Саъд аз он ашрофи Кӯфа, ки ба Имом (а) нома навишта ва ӯро ба Кӯфа даъват карда буданд, хост, ки ин корро анҷом диҳанд, вале тамомии онҳо аз рафтан худдорӣ карданд. Билохира Ибни Саъд шахсе ба номи Қурра ибни Қайси Ҳанзалиро фаро хонд ва ба ӯ гуфт: эй Қурра! Бо Ҳусайн мулоқот кун ва иллати омаданашро ҷӯё шав.

Қурра ба тарафи Имом (а) омад, ҳазрат ба асҳобаш фармуд: оё ин мардро мешиносед?

Ҳабиб ибни Мазоҳир гуфт: оре, ин мард Тамимӣ аст ва ман ӯро ба ҳусни назар мешинохтам ва гумон намекардам, ӯро дар ин саҳна мушоҳида кунам.

Он гоҳ Қурра омад ва бар Имом (а) салом кард ва паёми худро расонид, Имом (а) фармуд: мардуми шаҳр ба ман нома навиштанд ва маро даъват кардаанд ва агар аз омадани ман нохушнудед, бозхоҳам гашт.

Қурра чун хост бозгардад, Ҳабиб ибни Мазоҳир ба ӯ гуфт: эй Қурра! Вой бар ту! Чаро ба сӯйи ситамкорон бозмегардӣ? Ин мардро ёрӣ кун, ки ба василаи падаронаш ба роҳи рост ҳидоят ёфтӣ.

Қурра гуфт: ман паёми худро ба Ибни Саъд бирасонам, сипас дар ин бора андеша хоҳам кард. Пас ба назди Ибни Саъд бозгашт ва ӯро аз ҷараёни амр бохабар кард, Ибни Саъд гуфт: умедворам, ки Худо маро аз ҷанги бо Ҳусайн бираҳонад. (26)

Номаи Умар ибни Саъд ба Ибни Зиёд

Ҳисон ибни Фоид мегӯяд: ман назди Убайдуллоҳ будам, ки номаи Ибни Саъдро оварданд ва дар он нома чунин омада буд:

Чун бо лашкариён дар баробари Ҳусайн ва ёронаш пиёда шудам, қосиде назди ӯ фиристода, аз омаданаш ҷӯё шудам. Ӯ дар ҷавоб гуфт: аҳолии ин шаҳр барои ман нома навишта ва намояндагони худро назди ман фиристода ва аз ман даъват кардаанд, агар омаданамро хуш намедоред, бозхоҳам гашт.”

Убайдуллоҳ чун номаи Ибни Саъдро хонд, гуфт: (27)

الآن وَقَدْ عَـلِقَتْ مَـخالِبُنا بِـه يَرجُو النِّـجاتَ وَلاتَ مَـناصِ

«Акнун, ки дар чанги мо гирифтор шудааст, умеди наҷот дорад, вале ҳоло вақти гурез нест!

Номаи Убайдуллоҳ ба Умар ибни Саъд

Убайдуллоҳ ба Ибни Саъд навишт:

Номаи ту ба ман расид ва аз мазмунаш огоҳ шудам, аз Ҳусайн бихоҳ, то ӯ ва тамоми ёронаш бо Язид байъат кунанд, агар чунин кард, мо назари худро хоҳем навишт.”

Чун ин нома ба дасти Ибни Саъд расид, гуфт: мепиндорам, ки Убайдуллоҳ хоҳони офияту сулҳ нест. (28)

Рӯзи чаҳоруми муҳаррам

Дар ин рӯз Убайдуллоҳ мардумро дар масҷиди Кӯфа ҷамъ намуд ва худ бар минбар рафта гуфт:

Эй мардум! Шумо Оли Абӯсуфёнро озмудед ва онҳоро чунон ки мехостед ёфтед! Ва Язидро мешиносед, ки сира ва тариқаи некӯе дорад ва ба зердастон эҳсон мекунад ва бахшишҳои ӯ баҷост ва падараш низ чунин буд. Ва инак Язид дастур додааст, ки баҳраи шуморо аз атоё бештар кунам ва пулеро назди ман фиристода, ки дар миёни шумо тақсим кунам ва шуморо ба ҷанг бо душман — Ҳусайн бифиристам. Ин суханро ба гӯши ҷон бишунавед ва итоат кунед.”

Сипас аз минбар ба зер омад ва барои мардуми Шом (29) низ атоёе муқаррар кард ва дастур дод, то дар тамоми шаҳр нидо кунанд, ки мардум барои ҳаракат омода бошанд ва худ ва ҳамроҳонаш ба сӯйи Нухайла ҳаракат кард ва Ҳасин ибни Нумайр ва Ҳаҷҷор ибни Абҷар ва Шабас ва Шимрро ба Карбало гусел дошт, то Ибни Саъдро дар ҷанг кӯмак намоянд. (30)

Пас аз фиристодани Ибни Саъд ба Карбало, Шимр аввалин шахсе буд, ки бо чаҳор ҳазор нафар лашкари озмуда барои ҷанг бо Имом Ҳусайн (а) эъломи омодагӣ кард ва баъд Язид ибни Рикоби Калбӣ бо ду ҳазор нафар ва Ҳасин ибни Нумайр бо чаҳор ҳазор нафар ва Мазоир ибни Руҳайнаи Мозинӣ бо се ҳазор нафар ва Наср ибни Ҳарша бо ду ҳазор нафар, ки ҷамъан бист ҳазор нафар мешуданд. (31)

Шумори лашкариёни Умар ибни Саъд

Дар шумори кулли лашкариёне, ки ба ҳамроҳи Умар ибни Саъд ибни Абӯваққос дар Карбало ҳузур доштанд, то бо Имом (а) биҷанганд, ихтилоф аст, вале нуктае, ки набояд фаромӯш кард ин аст, ки шумори низомиёни ҷирахоре, ки аз ҳукумати вақт ҳуқуқ, либос, силоҳ ва лавозими ҷангӣ дарёфт мекарданд 30 ҳазор нафар будааст. (32) – (33)

Рӯзи ҳафтум ва бастани об бар рӯйи Имом

Дар ин рӯз Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба Ибни Саъд номае фиристод ва дастур дод, то бо сипоҳиёни худ байни Имом (а) ва асҳобаш ва оби Фурот фосила эҷод карда ва иҷозати нӯшидани ҳатто қатрае обро ба онҳо надиҳад, ҳамон гуна, ки аз додани об ба Усмон ибни Аффон худдорӣ шуд. (34)

Ибни Саъд низ фавран Амр ибни Ҳаҷҷоҷро бо 500 нафар дар канори рӯдхонаи Фурот мустақар кард ва ҷилави дастрасии Имом (а) ва ёронаш ба обро гирифт. Дар ин ҳангом марде ба номи Абдуллоҳ ибни Ҳасини Аздӣ, ки аз қабилаи Буҷайла буд фарёд баровард, ки: эй Ҳусайн! Ин обро дигар монанди ранги осмонӣ нахоҳӣ дид! Ба Худо савганд, ки қатрае аз онро нахоҳӣ ошомид, то аз ташнагӣ ҷон бидиҳӣ!

Имом (а) фармуд: Худоё! Ӯро аз ташнагӣ бикуш ва ҳаргиз ӯро машмули раҳмати худ қарор мадеҳ!

Ҳамид ибни Муслим мегӯяд: ба Худо савганд, ки пас аз ин гуфтугӯ, ба дидори Абдуллоҳ ибни Ҳасини Аздӣ рафтам, дар ҳоле ки бемор буд, қасам ба он Худое, ки ҷуз ӯ Парвардигоре нест, дидам, ки Абдуллоҳ ибни Ҳасин он қадр об меошомид, то шикамаш боло меомад ва онро қайъ мекард ва боз фарёд мезад: ташнаам! Боз об менӯшид, то шикамаш варам мекард, вале сероб намешуд ва чунин буд, то ин ки ҷон дод. (35)

Чун ташнагӣ Имом (а) ва асҳобашро сахт озурд, он ҳазрат каланде бардошт ва дар пушти хаймаҳо ба фосилаи нуздаҳ гом ба тарафаи қибла заминро канд, ки ногаҳон оби бас гуворое берун омад, ҳама нӯшиданд ва машкҳоро пур карданд, сипас он об нопадид шуд ва дигар нишоне аз он дида нашуд.

Хабари ин моҷарои ҳайратовар ва эъҷозомез тавассути ҷосусон ба Убайдуллоҳ расид ва пайке назди Ибни Саъд фиристод ва гуфт: ба ман хабар расида, ки Ҳусайн чоҳ меканад ва об ба даст меоварад ва худ ва ёронаш менӯшанд. Ба маҳзи ин ки нома ба ту расид, беш аз пеш муроқибат кун, ки дасти онҳо ба об нарасад ва корро бар Ҳусайн ва асҳобаш бештар сахт бигир ва бо онон чунон рафтор кун, ки бо Усмон карданд.

Ибни Саъд тибқи фармони Убайдуллоҳ беш аз пеш бар Имом (а) ва ёронаш сахт гирифт, то ба об даст наёбанд. (36)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ал-иқд-ул-фарид 4/166.

(2) Юнус: 41. «Амали ман барои худам ва амали шумо ҳам аз они шумо, аз он чӣ ман мекунам безоред ва ман низ аз аъмоли шумо безорӣ меҷӯям». Мусир-ул-аҳзон 39.

(3) Биҳор-ул-анвор 44/368.

(4) Лаълаъ исми кӯҳ ва ё манзиле аст байни Кӯфа ва Басра. (Маросид-ул-иттилоъ 3/1205).

(5) Ансоб-ул-ашроф 3/166.

(6) “Воқиса» маконе дар тариқи Макка ба Ироқ аст. (Мӯъҷам-ул-булдон 5/354).

(7) Иршоди Шайх Муфид 2/72.

(8) Тафсири Маҷмаъ-ул-баён 3/502.

(9) “Агар назди қабри душман наравӣ ва ӯро зиёрат накунӣ, ӯ назди ту хоҳад омад ва ё душман туро маломат кунад.” Мусир-ул-аҳзон 44.

(10) Ал-иқд-ул-фарид 4/169.

(11) Карабло: маконе аст, ки Ҳусайн ибни Алӣ (а) дар он кушта шуд ва наздики Кӯфа дар тарафи биёбон қарор гирифта ва дар канори Фурот аст. (Маросид-ул-иттилоъ 3/1154).

(12) Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ 194. Ал-бадъу ват-таърих 6/10.

(13) Муъҷамут Табарони, ҷилди 51, сафҳаи 124. Захоирул Уқбо, сафҳаи 147. Маҷмаъуз Завоид, ҷилди 9, сафҳаи 189. Суютӣ, Алхасоисул Кубро, ҷилди 2, сафҳаи 152. Ҷавҳарул Калом, сафҳаи 120 .Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ 197.

(14) اللَّهُمَّ اِنّا عِتْرَةُ نَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ قَدْ اُخْرِجْنا وَطُرِدْنا وَ اُزْعِجْنا عَنْ حَرَمِ جَدِّنا وَتَعَدَّتْ بَنُو اُمَيَّةَ عَلَيْنا، اللَّهُمَّ فَخُذْ لَنا بِحَقِّنا وَٱنْصُرنا عَلَى القَوْمِ الظّالِمِينَ

(15) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 193.

(16) Вақоеъ-ул-айём, Хиёбонӣ 171.

(17) «النّاسُ عَبِيدُ الدُّنْيا وَالدِّينُ لَعَقٌ عَلىٰ اَلْسِنَتِهِمْ يَحُوطُونَهُ ما دَرَّتْ مَعايِشُهُمْ فَاِذا مُحِّصُوا بِالبَلاءِ قَلَّ الدَّيّانُونَ» Биҳор-ул-анвор 44/383 ва 75/116, ба нақл аз Туҳаф-ул-уқул.

(18) Дастбӣ, асли он даштбӣ, минтақаи васее байни Рай ва Ҳамдон аст. (Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ 222).

(19) «Ҳаммоми Аъян» номи маконе дар Кӯфа аст мансуб ба «Аъян» мавлои Саъд ибни Абӯваққос. (Маросид-ул-иттилоъ 1/423).

(20) “Оё ҳукумати Райро раҳо кунам ва ҳол он ки орзуи ман аст? Ё бозгардам ва бо куштани Ҳусайн худро дар маърази мазаммату шамотати халқи Худо қарор диҳам? Дар куштани Ҳусайн оташе аст, ки наметавон аз он гурехт ва ҳукумати Рай ҳам нури чашми ман аст!”

(21) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 197.

(22) Таърихи Табарӣ 5/409.

(23) Иршоди Шайх Муфид 2/84.

(24) Табақоти ибни Саъд, тарҷумаи ҳоли Имом Ҳусайн 69.

(25) Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ 222.

(26) Таърихи Табарӣ 5/410.

(27) «Акнун, ки дар чанги мо гирифтор шудааст, умеди наҷот дорад, вале ҳоло вақти гурез нест!!»

(28) Таърихи Табарӣ 5/411.

(29) Аз ин нақл истифода мешавад, ки дар ҷанги бо Имом (а) мардуми Шом ҳам ширкат доштанд.

(30) Ал-ахборут-тивол 254.

(31) Биҳор-ул-анвор 44/386.

(32) Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ 230. Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 201.

(33) Муфаззал ибни Амр аз Имом Содиқ (а) нақл карда, ки фармуд: Ҳусайн ибни Алӣ (а) ба бародараш Имом Ҳасан (а) дохил шуд ва чун бар ӯ назар намуд, гирист. Имом Ҳасан (а) аз иллати гиря савол кард, Имом Ҳусайн (а) фармуд: Барои мусибатҳое, ки бар ту ворид мешавад гиря мекунам. Имом Ҳасан (а) фармуд: Маро ба василаи заҳр шаҳид хоҳанд кард, вале рӯзе монанди рӯзи ту нест эй Абоабдуллоҳ! Сӣ ҳазор мард, ки иддао доранд аз уммати Паёмбар (с) ҳастанд ва худро ба Ислом мансуб мекунанд бар куштан ва рехтани хуни ту ҷамъ мешаванд. Ҳурмати туро нигаҳ намедоранд ва занону фарзандони туро асир ва амволатро ғорат менамоянд, дар он ҳангом Худованд лаънати худро бар Банӣ Умайя нозил кунад ва осмон хун биборад ва ҳар чиз, ҳатто ваҳшиҳо ва моҳиҳо бар ту бигирянд. (Ал-малҳуф 11).

(34) Ансоб-ул-ашроф 3/180.

(35) Иршоди Шайх Муфид 2/86.

(36) Мақтал-ул-Ҳусайн, Хоразмӣ 1/244.



Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: