Сайфулло Сафаров: “Рӯдакӣ аз куҷо медонист, ки форсӣ чист?”

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баёни ин ки “забони порсӣ ҳам аз мост, вале яке аз лаҳҷаҳои забони қадимаи тоҷикист” изҳор дошт: “Асосгузори адабиёти тоҷику форс устоди бузургамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз куҷо медонист, ки форсӣ чист? Тоҷикӣ менавишт.”

Ин дидгоҳро ҷаноби Сайфулло Сафаров дар ҳошияи ёддошти яке аз корбарони Фейсбук ба номи Салим Шукронаев, ки пешниҳод карда, бояд аз раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост бишавад, то “рафтуомади байни Эрону Тоҷикистонро бидуни раводид таъмин намояд” изҳор доштааст.

Шукронаев дар ёддошти худ овардааст: “Чӣ мешуд агар аз Президент Эмомалӣ Раҳмон талаб кунем, ки рафтуомади байни Эрону Тоҷикистонро бидуни раводид таъмин намояд. Ба ҳар ҳол ду давлату як милатем. Шахсан ман сафарҳои зиёде ба Аврупо, Амрико ва давлатҳои ОМ доштам. Ин гуна ки соҳибэҳтиромии худро дар Эрону Афғонистон ҳис кардам, дигар дар ҷое надидам. Агар афғонҳо донанд, ки тоҷик ҳастӣ, мегӯянд «дар ин хок ҳакдор ҳастӣ», эрониҳо мегӯянд «Қурбони шумо!»

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ёддошт ёдовар шудааст: “Эҳ дӯсти азиз вале содаам! Медонӣ ин ба чӣ меанҷомад?! Хаёли Хоруғу Кулобаш кардӣ чӣ? Дар Афғонистон чӣ гап аст? Дар Эрон чӣ нақшаҳо? “Қурбони Шумо!” кати масъала ҳал намешавад-ку. Мо ҳам онҳоро дӯст медорем. Вале он ҷо фақат мардуми чун мо соддаву заминӣ нест, балки боз қувваҳое ҳам ҳастанд, ки ба амнияти миллии мо таҳдид мекунанд.

Сафаров ҳамчунин хотирнишон кардааст: “Бародар, худат агар тоҷик бошӣ, чӣ гуна забонат номи дигар метавонад дошта бошад?! Эрониҳо лаҳҷаи форсии тоҷикиянд. Асосгузори адабиёти тоҷику форс устоди бузургамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз куҷо медонист, ки форсӣ чист? Тоҷикӣ менавишт-ку. Наход то ҳол макри таърихии зидди тоҷикиро нафаҳмида бошед, ки аз забони худ даст мекашед.”

Вай афзудааст: “Забони порсӣ ҳам аз мост, вале яке аз лаҳҷаҳои забони қадимаи тоҷикист, чун забони дарӣ. Ин аз рӯйи мантиқ аст, зеро форсиву дарӣ заминаи этникӣ надоранд. Ин мафҳумҳоеанд, ки ҷамъи халқҳои ба ин забонҳо гуфтугӯкунандаро ифода мекунанд. Ба гуфти як сиёсатмадори тоҷик, наход ду чизи айниятдоштаро бо номҳои гуногун ифода кунанд! Аз ин ҷо ин ду забон фарқиятҳои ба худ хос доранд ва чун устод Саид Нафисӣ эътироф кардааст, ки решаҳои забони форсӣ аз Мовароуннаҳр аст, пас забони имрӯзаи форсӣ ҳам бояд лаҳҷаи форсии забони тоҷикӣ номида шавад.”

Муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома баён доштааст: “Яъне мо аз наздик будану амакбача ё аммабача буданамон даст нахоҳем кашид, вале забони худро эътироф накардани Шуморо дастгирӣ нахоҳем кард. Ин хиёнат ба Рӯдакӣ, Ғаззолӣ, Берунӣ, ал-Фарғонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хисрав, Умари Хаём, Абдулқосими Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Садриддини Айнӣ, Хоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Фарзонабону ва дигар устодони бузурги насру назми тоҷик хохад буд.”

* * *

Бо ин ки изҳори назари ҷаноби Сайфулло Сафаров дар ин мавзӯъ ба ҳадде дур аз мантиқ ва воқеият аст, ки ниёз ба посух навиштан ҳам надорад ва беҳтар буд эшон бинии худро дар масоиле, ки ворид нест нахалонад, вале холӣ аз фоида нахоҳад буд агар намунае чанд аз ашъор ва гуфтори баъзе аз бузургоне биёварам, ки ҷаноби Сафаров дар ёддошти худ аз онон ном бурда ва муддаъӣ шудааст, порсӣ унвон кардани забонамон “хиёнат ба онон” будааст:

Фирдавсӣ:

Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,

Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.

Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.

Гаронмоя Булфазл дастури ӯ,

Ки андар сухан буд ганҷури ӯ.

Бифармуд то порсиву дарӣ

Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ.

В-аз он пас чу пайваста рой омадаш,

Ба дониш хирад раҳнамой омадаш.

Ҳаме хост то ошкору ниҳон

Аз ӯ ёдгоре бувад дар ҷаҳон.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

* * *

Рӯдакӣ:

Шодӣ Бу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад

Он маҳи озодагону мафхари Эрон

Он милки адлу офтоби замона

Зинда бад-ӯ доду равшаноии кайҳон

* * *

Носири Хисрав:

Гар ту ба табор фахр дорӣ,

Ман мафхари гавҳару таборам.

Ашъор ба порсию тозӣ,

Бархону бидор ёдгорам.

* * *

Мавлоно:

Порсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

Бӯйи он дилбар чу паррон мешавад,

Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад.

* * *

Лоиқ Шералӣ:

«Агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо — варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як садсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки:

Эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, дар осмон ҳамситораем! Мо ҳамон Авасто, ҳамон Зардушт, ҳамон Эронвиҷ, ҳамон давлати Қуръон, ки Ҳофиз ҳар чи кард, аз он кард, ҳамон фарҳанги исломӣ, ҳамон «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, ки Қуръони паҳлавист, ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург, ки бузургиямонро «бузургони» дигар чашми дидан надоштанд ва моро «хурд» карданд.

Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност!»

* * *

Мӯъмин Қаноат:

Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ, 

Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ, 

Дурр аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст 

Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ. 

Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст, 

Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ. 

Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт, 

Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ. 

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: