Саратони забони миллат

 

Ба қалами муаррих Устод Луқмон Бойматов

Фоҷиъае, ки мероси гаронмоя шудааст

Чӣ қадр зишт аст, ки донишмандон қабл аз ин ки таҳқиқи амиқ анҷом бидиҳанд, дунболи таҳаввулот мешаванд ва чӣ қадр аблаҳона аст масъулин қабл аз ин ки ба сухане гӯш бияндозанд, ба он ҷавоб медиҳанд! Иштибоҳи кӯчаки сарварону масъулин дар андак замон ба осонӣ метавонад ҷомеъаи ноогоҳро аз авҷи рифъати зоҳирӣ ба умқи манзалати воқеъӣ биафканад.

Борҳо гуфта шуда, ки дар асри гузашта мардуми тоҷик дар маърази хатар қарор дошт. Сиёсати ҳукумати вақт дар таъйини сарнавишти миллатҳои ғайри рус, аз ҷумла, барои миллати тоҷик зиёда дардовар буд. Ҷудо кардани миллати мутамаддин аз хатту савод ва суннати таърихии хеш ва бар қасд дар тӯли чанд даҳа иваз кардани хатти миллӣ, ба гунаи маснӯъӣ сода кардани гуфтори адабӣ ва ноогоҳона заъиф сохтани пояҳои забони миллӣ тавассути сарсупурдагони ”тамаддуни пролетарӣ”, дар воқеъ, натоиҷи сиёсати боғараз ва ҳисобшудаи ҳукумати вақт дар сарнавишти қарни бисти тоҷикони Моваруннаҳр буданд.

Агар забони форсӣ (тоҷикии) даврони гузаштаро бо забони адабии замони Шӯравӣ муқоиса кунем, хоҳем дид, бар ниҳоди миллат, чӣ ҷавру ситамҳое фурӯ рехтааст. Забони адабии даврони Шӯравӣ, бахусус, дар мароҳили аввали ҳукумати шӯроҳо, чӣ аз назари сохтор ва чӣ назари қавонини забон дучори дигаргуниҳои ҷиддӣ шудааст. Кош ин дигаргуниҳо мусбат мебуданд. Чунончӣ, забони адабӣ ва матбуъоти замони Шӯравӣ ”ба далели оммиёна шуданаш ” (ибораи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ) на танҳо аз асолаташ фосила гирифт, балки рӯз аз рӯз фасоҳату латофати худро ба андозаи ҳузнангез аз даст дод.

Мардумӣ кардани қавоиду қавонини забон ва аносури марбут ба пояи он боиси мунҳариф шудани забони адабӣ аз роҳи табиии худ хоҳад шуд. Агар забон аз роҳи мантиқӣ ва табиии худ, мардумӣ гардад, ҷойи хушҳолист, вале агар ин амр бо зӯри қудрату сиёсати худкомагиву худхоҳиҳои сарварон сурат бигирад, айни тахриби забони миллӣ ва шояд аз бадтарин тахрибҳо гардад!

Пеш гирифтани чунин сиёсат дар замони Шӯравӣ ба қавли устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ”муборизаи ду гуна дар забон, яке гунаи мардумӣ ва дигари гунаи адабӣ оғоз ёфт. Миллатҳои сиёсӣ дар қарни бист ин ду гуна забонро ба ҳам ҷанг андохт.” Дар ҳақиқат, сиёсати ноболиғи миллӣ заҳре дар сиришти миллат шуд.

Воқеъан, сиёсӣ кардани сохтори забон ва аносури марбут ба пояҳои он, хатарноктарин раванд дар давлату ҷомеъа аст. Баррасӣ, таҳлил ва ҳатто тағйир додани қавоид, қавонин ва сохтори забони адабӣ фақат кори илм бояд бошад ва фақат аз роҳи илм метавон ба дигаргун сохтани забони миллӣ даст ёзид. Сиёсате, ки шабеҳи илм аст (на худи илм), ҳаргиз рӯҳия ва тавони кори илмро надорад! Ҳар гоҳ, ки сиёсати ноболиғу нопухта даст ба анҷоми чунин кори сарнавиштсоз бизанад, натиҷааш танҳо зиёну нокомиҳо хоҳад буд.

Ибораи пирӯз гардидани ”гуфтори омиёна бар забони классикӣ”-и устод Муҳаммадҷон Шакуриро бад-ин маънӣ бояд фаҳмид, ки масъулини вақт забони содаи мардумиро бо зӯри қудрат бар забони солиму асили адабӣ пирӯз гардониданд. Моҳиятан, сиёсат ғолиб ва забону фарҳанг мағлуб шуд. Ба далели шикасти маънавиёт ва фарҳанги мардумӣ буд, ки дар фосилаи саршумориҳои 1926 то 1979 таъдоди миллатҳои мавҷуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз 194 ба 101 миллат коҳиш ёфт. Сиёсати ”ба зӯр мардумӣ кардани забону суннатҳои миллӣ”, дар амал нобуд кардани фарҳангҳои миллӣ буд. Аз миён рафтани 93 забони миллатҳои ”кӯчак” дар замони Шӯравӣ, моҳиятан, нобудии шакле аз фарҳанги ҷомеъа буд.

Бо зӯри қудрат мунҳариф кардани забони миллӣ аз раванди табиӣ ва таърихии худ, ба иҷбор таъйин намудани роҳу равиш ва ”тарвиҷ”-и забони адабии форсӣ — тоҷикӣ шояд ҷонкоҳтарин зарбае бошад, ки ба ниҳоди фарсудаи миллати тоҷик дар гузаштаи начандон дур ворид кардаанд.

Тахриби забони миллӣ ва латма задан ба сохтори он кори мардуми оддӣ нест, балки натоиҷи сатҳинигариҳои рӯшанфикарону масъулин аст. Масъулини вақт дар рӯзгори ҳукумати шӯроҳо кореро анҷом доданд, ки дар тамоми шуъунаш ғалат буд. Вуҷуди силсилаи иштибоҳоти таърихӣ нишонгари онанд, ки масъулияти рӯшанфикрон ва аҳли илму адаб дар таъйини сарнавишти миллат ва ҷомеъа бештар аз сиёсатмадорон будааст.

Дар воқеъ, забони миллӣ нодиртарин ганҷе аст, ки аҷдодон барои ворисон ба ёдгор монданд. Забон асоситарин нишонаи ҳувият ва рӯҳи фарҳанги миллат аст. Хушбахтона, ҳамаи тоҷикзабонон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, соҳиб ва ҳомии ин ганҷи беназиранд. Пас чаро пос доштани забони миллӣ ва тақвияти он фақат марбут ба донишмандон, устодони забону адабиёт ва забоншиносону шоирону адибон бошад?! Магар ақшор ва табақоти дигари ҷомеъаи тоҷикон бо ин забон ҳарф намезананд ва ё забони тоҷикӣ забони модариашон нест?

Тавваҷӯҳ кунед, дар ҳамаи ҷаласот ва нишастҳо, ки марбут ба масоъили забони модарӣ баргузор мешавад, ғолибан, ҳузури забоншиносон, адибону шуаро ва гоҳе ширкати файласуфон қобили мушоҳида аст. Чунин ба назар мерасад, ки баррасии тақдири забони миллӣ ва ҳимоят аз ояндаи он танҳо ба онҳое марбут аст, ки нигаронанд. Аммо миллат бояд аз худ бипурсад, ки ин ҳама беэътиноиҳо нисбати ояндаи забони модариаш сарнавишташро ба куҷо хоҳад кашонд?

Решаҳои фаҷоеъи миллӣ

Аҳли илму фарҳанг дар бораи аксуламалҳои расонаҳо пиромуни назароти ислоҳталабонаи бархе аз устодон ба хубӣ огоҳанд. Сар задани ҳамчунин иттифоқоти номуносиб дар маҳдудаи сарои илм, дақиқан паёми ҳушдордиҳандае аст ҷиҳати огоҳии донишмандон. Донишмандон ба ҷои ин ки аз назароти илмӣ ва мантиқӣ дифоъ бикунанд, бо сукут ва бетарафии худ бар ҷароҳатҳои маънавиёти миллӣ намак мерезанд. Решаи бисёре аз фаҷоеъву шикастҳо ҳамоно бетавваҷуҳӣ аст.

Дар сарои аслии улуми ҷумҳурӣ, яъне дар Акедемияи илмҳо ҳамеша шоҳиди залил кардани забони модарӣ тавассути худи сарварони улум ва донишмандони «парчамбардори илм» ҳастем.

Ошкору ниҳон руасои бахшҳои улуми Академия, муҳаққиқони барҷаставу шинохта аз матраҳ кардани манзалати забони модарӣ ба унвони забони илм канорагирӣ мекунанд. Кас дар ҳайрат мемонад, ҳатто донишмандони дараҷаи аввал, ки боғурур аз ҳувият ва таърихи мардуми тоҷик сухан мегӯянд, нисбат ба сарнавишти забони миллӣ хунсарданд ва ба ин роҳатӣ чашм аз ҳаққи таърихии забони модариашон пӯшидаанд.

Фазои ҳузноваре, ки ҳамакнун домани фазлу донишро фаро гирифтааст, бар он дорад, ки гӯӣ миллат таърих дораду, вале безабон аст. Баҳси забони илмии таърихнигориии миллӣ, бидуни шакк густарда аст. Вале, барои тақвияти ҳарфи хеш ба унвони як муаррих мегӯям, ки агар гурӯҳи бисёр хурди донишмандонро сарфи назар кунем, шоҳиди он мешавем, ки ҳанӯз ҳам ағлаби таърихнигорони кишварамон нисбат ба ояндаи забони миллӣ бетафовутанд. Чунончӣ, сарварони радаи болои улуми таърих, ба ҷои ин ки дар ҳассостарин марҳилаи таърихи миллӣ, ҳимоят аз ҷойгоҳи таърихии забони форсӣ (тоҷикӣ) намоянд, хешро бештар побанди суннати замони шӯроҳо карда ва хоставу нохоста таъкидҳои беҷо бар забони русӣ мекунанд.

Дар воқеъ, изҳори ҳақиқати таърих ба забони модарӣ чӣ мушкиле доштааст, ки ҳамагон ба ақди забони русӣ даромадаанд? Барои наслҳои имрӯз, ки ғолибан русиро намедонанд, аз манзалати таърихи дирӯзи гузаштагон ба русӣ гуфтан мояи ифтихор илм нест! Бояд бифаҳмем, ки ҳақиқати таърихро фақат ба забони русӣ намешавад ошкор намуд. Гурӯҳе аз муаррихонро ҳам медонем, ки мехоҳанд ҷомеъаашон огоҳ бошад, вале аз чӣ сабаб бошад, ҳарос аз талошҳои миллат ба расидани асли хешанд.

Мушкилӣ на дар тавоноии забони миллӣ, балки дар заъфи иродаи худи донишмандон аст, ки намепазиранд. Донишмандоне, ки заъфи худро қабул надоранд, саранҷом рӯ ба нокомиҳои илмӣ қадам мениҳанд. Шояд ҳам посухи иддае аз руасои муттассиб ва ҷабҳагаро ин бошад, ки забони форсӣ (тоҷикӣ) ҳанӯз забони илм нашудааст! Аммо ин фикр ба куллӣ ботил аст. Тавонои забони форсӣ (тоҷикӣ) дар улум, ҳеч камӣ аз забонҳои дигари ба истилоҳ «илмӣ» надорад.

Чунончӣ, ганҷинаи таърихнигории ҷаҳони исломро, ки бахше аз ҷавомеъи башарист, бидуни забони форсӣ наметавон тасаввур кард. Гузашта аз ин, бояд дар назар дошта бошем, ки тамоми мутахассисони мактабҳои шарқшиноси дунё ва муасиссоти илмӣ ва пажӯҳишии марбут ба Шарқ форсиро медонанд ва ин забон барои онон аслиҳаи аслӣ ва корбурдаш муҳимтар аз забони русӣ мебошад.

Оре, ҳақиқатро метавон бо ҳар забон гуфт. Муҳим ин аст, ки он гуфта шавад. Аз ин назар, мавқеъи имрӯзии муаррихон ва улуми дигари инсонӣ дар робита бо масъалаи забони модарӣ, ба ростӣ хиҷолатовар аст.

Албатта, мо тоҷикон ифтихори онро дорем, ки дар ҷавомеъи байналмилалӣ ба унвони миллати мустақил шинохта шудаем. Аммо мутаассифона, фаромӯш кардаем, ки забон аслитарин нишони миллат аст. Хоставу нохоста ба қадри забони миллии хеш ба дурустӣ намерасем. Шиори ”Порсиро пос бидорем!”, агарчӣ маълум аст, вале дар ҷомеъаи мо ба гунае, ки лозиму шоиста бошад, ҷо наяфтодааст.

Далели беэътиноӣ нисбат ба забони миллӣ фақат як чиз аст ва он ҳам огоҳ набудани миллат ва бетафовут будани ҷомеъа нисбат ба сарнавишти хеш! Ҳанӯз ҳам фурсатро аз даст медиҳем. Мо аз таърих панд нагирифтаем, онро бохтаем! Хароб кардан осон аст ва созандагӣ душвор. Набояд ба рӯйдодҳову дигаргуниҳо сар-сарӣ нигоҳ кард. Вонамуд мекунем, ки таърих ва забони миллиро медонем, вале дар асл аз таъриху забони хеш ба ҷуз боландагиву болидан фаромӯш кардаем.

Аз сароҳат бояд гуфт, ки нигарониҳое, ки гурӯҳе аз аҳли илму фарҳанг, ахиран, дар робита бо ояндаи забони миллӣ доранд, ба ҳеч ваҷҳ, эҳсосот нестанд, балки дурнигариҳоеанд, ки бар пояи фикри амиқ ва мантиқи солим шакл гирифтаанд.

Гуфтан ва навиштан дар бораи фаҷоеъи миллӣ ҳамеша дардовар аст. Аммо таърих ба мо мегӯяд, ки бидуни огоҳӣ наметавон аз фаҷоеъи ҷадид пешгирӣ кард. Вазифаи рӯшанфикрону донишмандон аст, ки ҷомеъаро аз раванд ва таҳавуллоти иҷтимоъӣ огоҳ намояд.

Ҳар чиз ва ҳар масъала ва ҳар мушкилот, билохира, қобили ҳалл аст ва басо, ки кор ғайри мумкин набошад. Аммо агар ҳамаи тарҳҳо ва пешниҳодҳоро дар тӯли таърихи муъосир муқоисаву татбиқ намоем, хоҳем дид, ки забони расмии миллат, ки баъдҳо ба он забони модарӣ ном ниҳоданд, дар вазъи бисёр мазлум қарор доштааст.

Таносуби ду унсур ва заъфи фарҳангиён

Набояд фаромӯш кард, ки забони оммаи мардум фақат ва фақат аз авомили ҳастӣ ва аз заминаҳои такомули забони милливу адабӣ аст, вале вуҷуди забони мардумӣ (манзур, лаҳҷаҳо) айни такомули забони миллӣ нест. Бегумон, забони оммаи мардум бо тамоми анвоъ ва зуҳуроташ махзани беназири ганҷ мебошад, вале василаи такомул ва сайқалдиҳандаи ганҷи маънавиёт ҳамоно забони адабӣ аст.

Агар василаи сайқалдиҳандаи забон заъфу нотавон аст, тавоноӣ ва арзишҳои ганҷ камранг хоҳад шуд. Дурустии ин назарро аз шавоҳиди адвори таърихи забон ва адабиёти тамомии миллатҳо возеҳ метавон мушоҳида кард. Адабиёти катбии миллат ҳар чӣ қадр равнақ ёфта бошад, забони мардум ба унвони махзани ганҷ ба маротиб зиндаву фаъол аст. Ин ду унсур, дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи хеш на танҳо мукаммали якдигар будаанд, балки гоҳе таъсири мутақобилае ба ҳам доштанд.

Натиҷаи сиёсати вежаи ”мардумӣ кардани забони адабӣ” беҳтарин намунаи ин иддаъост. Муҳимтарин шарти пешрафт ва такомули забони миллӣ, дар хидмати якдигар қарор додани ин ду унсур (забони адабӣ ва гуфтори мардумӣ) мебошад. Мутаассифона, имрӯз ҳам на танҳо аз тавоноии ҳар ду унсур барои такомул ва пешрафт ба дурустӣ истифода намешавад, балки моҳиятан ин ду унсур дар рӯ ба рӯи якдигар қарор дода шудаанд. Мисоли рӯшани ин амр, батадриҷ «ҳоким шудани лаҳҷаи қудратхоҳ» дар ҷомеъаи имрӯзи тоҷикон метавонад бошад. Ҳамакнун, шоҳидем, ки гӯийишҳо ва лаҳҷаҳои хушку бе рӯҳ дар ҷомеъа расмӣ ва нохоста паҳнаи забони адабӣ рӯз аз рӯз тангтар мешаванд. Ҳушёр бояд шуд, ки ин фақат оғози фоҷиъаи забони миллӣ аст!

Муҳаққиқону пажӯҳишгарон тоҷик аз қабили: Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шерзод Абдуллоҳзода, Мукаррама Қосимова, Додхудо Саймуддинов ва бисёр дигарон таъкидҳои мукаррар бар ҷойгоҳи забони модарӣ карда ва ба таври мустақим ишора бар он доштанд, ки унсури воқеъии забони миллӣ гӯишҳо нест, балки забони адабист, ки ягона барои ҳамаи форсигӯён аст. Ин назарро ҳама мепазиранд, вале барои тақвияти забон пазируфтан муҳим нест, балки амал кардан муҳимтар аст.

Ҳамон гуна ки дар навиштаҳои профессор Мукаррама Қосимова дуруст ишора шудааст, иллати амалӣ нашудани тасмимоти масъулини қаблӣ дар мавриди ҳимояту тақвияти забони миллӣ, дар заъфи ирода ва нотавонии масъулияти устодону равшанфикарон ва аҳли илми Тоҷикистон будааст.

Дар ҳақиқат, зуҳури заъфи созмонҳои давлатӣ, идороти расмӣ ва ғайри расмӣ, расонаҳо (радио, телевизион, матбуъот ва ғ.), ба дурустӣ надонистани забони модарӣ таввассути масъулин ва афроди воломақом, адами салоҳият дар тадвини китобҳои дарсӣ, вусъати бесаводии мардум, ҳама дар маҷмӯъ нишондиҳандаи заъфи тадобири рӯшанфикарону асотид ва муҳаққинону коршиносони ҷомеъаанд.

Чаро бояд нодида гирифт? Муҳити забони адабӣ ҳамакнун табдил ба ҳавзаи фасодзо шудааст. Бисёре аз донишмандон, муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳатто муаллимони забон ва адабиёти форсӣ, ҳозир нестанд заъфи дониши хешро бипазиранд. Иддае ҳам, бидуни ин ки пардаи хиҷолат бар рӯи амалашон бикашанд, дар пеши шогирдону ҳамкоронашон, ба гӯйиш ва лаҳҷаи маҳалии худ ҳарф мезананд. Онон шояд бар ин боваранд, ки лаҳҷаашон бозгӯкунандаи асли насабашон дар ин рӯзгори лаҳҷагароӣ аст.

Мутасссифона, рӯҳияи ҷомеъаи мо бо ин падидаи ашғолу гандидаҳо хӯ гирифта ва наметавонад домани худро аз фарҳанги бефарҳангӣ ба осонӣ пок намояд! Камоли донишу фарҳанг ин аст, ки ҳудуди ҳар фарҳанг ва меъёри арзишҳои он риъоят гардад, на ин ки волотарин арзишҳо зери по шаванд.

Бемаврид ба ҳам омезиш додани вожаҳои забонҳо (манзур, истифодабарии калимоти русӣ дар тоҷикӣ) ва ба забони шикастаи миллати дигар сӯҳбат кардани як нафар фарҳангӣ, таҷаллии фарҳанг нест, балки нишонаи бефарҳангии миллат аст.

Агар ин ”фарҳангиён” воқеъан огоҳу фарҳангиянд, бояд саъй бикунанд, то ҳамаи забонҳоро, ки медонанд, дар ҷояш ва бо назокату латофаташ ба кор бибаранд. Фарҳангиён бояд ҳамчунон ҳарф бизананд, то афроде, ки дар муқобилашон қарор дошта бошанд, аз сӯҳбати онон лаззат бибаранд ва аъмолашонро дар зиндагиашон улгу қарор бидиҳанд. Бояд бидонем, ки истифодаи калимоти русӣ дар ҷумалоти форсӣ (тоҷикӣ) нишонаи арҷгузорӣ ба забоне нест, балки тавҳин бар ҳар ду забон аст.

Хиҷолатовар аст, ки мардуми мо, агарчӣ форсизабонанд, вале барои ироаи андешаҳояшон дар қолаби забони модариашон фикр намекунанд. Таваҷҷӯҳе ба навиштаҳои муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони Академияи улум кунед, возеҳ мебинед, ки тарзи тафаккури ағлаби нависандагон ва муаллифони мо ҳанӯз ҳам дар қолаб ва меъёрҳои забони русӣ сурат мегирад. Яъне, онон ғолибан, ба русӣ фикр мекунанд, сипас онро ба зӯр ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума мекунанд. Изҳори назари бархе аз донишмандони тоҷик, ҳатто ба масоиле, ки худ сару кор доранд, ба ҳадди ифтизоҳ хароб аст. Дар воқеъ, бо ин тарзи тафаккур чӣ мавқеъ мо ”тоҷик” мешавем?

Борҳо таъкид шудааст, ки яке аз роҳҳои муаассири тақвияти забони модарӣ анҷоми тарҷумаҳои мутуни илмӣ аст. Бидуни шакк, тарҷумаҳо нақши бисёр муҳим дар интиқол ва фаҳми мафоҳими ҷадид дар ҳамаи ҳавзаҳои улум доранд, аз ҷумла, дар улуми инсонӣ. Мутаассифона, тарҷумаи осори таърихӣ, фалсафӣ, мардумшиносӣ ва ғ. дар ҷумуҳурии мо дар сатҳи бисёр пойин қарор дорад. (Ин масъала дар чанде аз навиштаҳои нигоранда ба форсӣ нақду баррасӣ шудааст).

Метавон гуфт, ки ба далели густариши заъф ва аз ҳадди зиёд «мардумӣ» (лаҳҷаӣ) будани забони миллат, зеҳни миллии мо ҳанӯз ҳам усул ва зарофатҳои илми байналмиллиро дарк намекунад. Барои дарки пешрафт бояд муҳити муносиб ва барои тавсеъаи илму фарҳанг заминаҳои лозим фароҳам гарданд.

Саратони забони миллат

Бояд мутазаккир бошем, ки яке аз масоили бисёр муҳим, масъалаи ҳаллу фасл намудани шароит ва муҳити гузаштан ба хатти ниёгон аст. Албатта, дар ин замина донишмандону ва муҳаққиқин, бахусус, адибону адабиётшиносон, файласуфону ҷомеъшиносони ҷумуҳурӣ изҳори назар карда ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо миёни рӯшанфкарон ва аҳли зиё идома дорад.

Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст. Бо камоли таъассуф, ағлаби муаррихин ва нависандагони таърихи миллӣ аз ҳаллу фасли ин масъала боз ҳам ба наҳве канорагирӣ мекунанд. Шояд ин фирқа аз аҳли илм «сукут ва бепарвоиҳо»-ро нисбат ба ҳассостарин ва дар айни ҳол, муаассиртарин омили пойдории ҳувияти миллӣ, иқдоме аз «дурнигарӣ», «эҳтиёткорӣ» ва ё «дурандешиҳо»-и сиёсии хеш бидонанд. Аммо ин дидгоҳ на «дурандешӣ ва на «эҳтиёткорӣ» аст, балки бо тамоми маъно, беэҳтиромӣ ва шояд дуруст бошад бигӯем, ки навъе аз хиёнатҳо нисбат ба вазоифи илмиву миллӣ хеш аст. Дар зимн, бояд огоҳ бошем, ки сафаҳоти таърих пур аз он чизе, ки ба ғалат бетаваҷҷӯҳӣ мехонданд, дар асл хиёнат будааст! Надониста хомӯш ва бетафовут будани олим далели заъфи хирадаш, вале дониста хомӯш ва бетафовут будан — хиёнати ақлаш аст.

Дар кишварҳое, ки бӯҳрони ҳувияти миллии худро паси сар намуда ва истиқлоли воқеъиро касб кардаанд (мисли Эрон, Туркия, Миср ва ғ.) муаррихин ва пажӯҳишгарони масоили таърих буданд, ки қабл аз ақшори дигари ҷомеъа назари хешро нисбат ба таъйини авомили сарнавиштсози миллаташон эълом намуда буданд, чун онон хуб медонистанд, ки роҳҳои ҳалли ҳар гуна масоили фарҳангӣ, беш аз пеш реша дар умқи таърих дорад.

Муаррихине, ки баъд аз ҳаллу фасли муҳимтарин масоили таърихӣ ва тақдирсоз, изҳори назар мекунанд ва «тарафдорӣ» аз таҳвуллоту ислоҳоти анҷом шуда менамоянд, дар воқеъ, беш аз почалесону чоплусони қудрат нахоҳанд буд.

Боиси хушнудист, ки иддае аз муаррихон ва пажӯҳишгарони таърихи миллӣ бо дарки масъулияти илмӣ, гузаштан ба хатти ниёконро аз муҳимтарин ва муаассиртарин омили пешрафти миллат медонанд. Онон дуруст мегӯянд, ки миллат бидуни хатти аслӣ ва суннатии хеш наметавонад ояндаи худро бисозад.

Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик — русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селлулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳувият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Оре, ҳар чиз ба асли худ муроҷиъа менамояд ва руҷӯъ ба асл низ аз фитрати вижаи инсон аст. Чун забон ҳам аз аносири аслии инсон аст, пас чаро гуфта нашавад, ки такомулаш аз роҳи расидан ба аслаш бошад?

Барои пешрафту такомул ба коргирии унсури асл муҳим аст, на фаръ. Ағлаби рӯшанфикарону фарҳангиён, чӣ дар гузашта ва чӣ дар муъосир аслро раҳо мекарданду дунболи фаръ мегардиданд ва ин суннат, бо камоли таъассуф, ҳанӯз ҳам побарҷост. Фарҳангиёни миллӣ, мисли гузашта амали худро намебинанд, фақат илалу авомили сонавиву атрофро ба ҳисоб меоваранд.

Воқеъияти талхи таърихи муъосири миллӣ ин аст, ки ислоҳоти сарнавиштсоз ҷиҳати ҳимояти забони миллӣ ҳанӯз, ки ҳанӯз сурат нагирифтааст! Масъала бо интиқоди андешаву дидгоҳҳо ҳалл намешавад. Роҳи ҳалл фақат якест ва он ҳам анҷоми ислоҳоти решаиву сарнавиштсоз аст.

Оқил бошем ва бояд бипазирем, ки мабдаъ ва роҳи ислоҳи аслии ҳар гуна мушкилот худ ҷомеъа аст ва дар амри ислоҳ донишмандон ва фарҳанигён, ки масъулияти бештареро бар ӯҳда доранд, боястӣ иродаву ҷасорат аз худ нишон бидиҳанд. Агар марди донишманд иродаву ҷасорат надошта бошад ва сухани ҳаққро напазирад, вай фақат дузди босавод аст. Вақте ки дар миёни рӯшанфикрони миллат дуздони андеша ва дар миёни андешмандон чоплусони қудрат зиёд мешаванд, дар ҷомеъа фақру бенавоии маънавият ҳоким мегардад. Фақри маънавият модари ҳамаи фасодҳои ҷомеъа аст. Пас, нахуст бояд илали фақрро аз миён бардошт!

Биёд, бо афкор ва андешаи нек баҳри пешрафт ва саъодати ҷомеъа як дилу як тан бошем ва бо пиндору гуфтору кирдорамон забони модариро пос дошта бошем ва ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки рӯйдодҳои фардоро аз кайфияти имрӯз метавон пешбинӣ кард. Хостан тавонистан аст!

Луқмон Бойматов, Суис (Шветсария)



Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: