Таҷрубаи муваффақи ҳамкории исломгароён ва секулорҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷоизаи сулҳи Нубели имсол насиби Хувон Монуэл Сонтус, раисиҷумҳури Кулумбиё шуд. Интихоби Сонтус ба далели талошҳои вай барои барқарории сулҳ бо шӯришиёни Форк будааст, ки тавофуқномаи он ахиран дар Кубо имзо шуд.

Агар меъёр барои интихоб, воқеан барқарории сулҳ ва ҷилавгирӣ аз ҷангу рехтани хунҳо бошад, бе тардид подшоҳи Мағриб (Марокаш) ва раҳбари ҳизби исломгарои “Адолат ва тавсиъа”-и ин кишвар сазовори дарёфти чунин ҷоизае ҳастанд; зеро ҳам подшоҳи Марокаш ва ҳам ин ҳизби исломгаро, дар оғози “баҳори арабӣ” (соли 2011) коре карданд, ки кишварашон аз як ҷанги хонабарандоз дар амон бимонад. Аммо муҳимтар аз ин он аст, ки ҳукком ва сиёсатмадорони ин кишвар – бо вуҷуди ихтилоф дар дидгоҳҳо — тавонистанд бо иқдомоти ҳушмандона ва оқилонаи худ, барои соири кишварҳо ва ҷомеаҳои исломӣ намунае бисёр зебо аз ҳамзистӣ ва ҳамкории сиёсӣ миёни аҳзоби исломгаро ва секулор дар як кишвари мусалмоннишинро ба намош гузоранд. Улгуе, ки кош ҳуккоми дигар кишварҳо аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз он пайравӣ мекард.

Ҳоло як тавзеҳи мухтасар бидиҳам. Дар оғози “баҳори арабӣ” (соли 2011), дар қатори Миср, Тунис, Яман, Либӣ, Сурия ва Баҳрайн, як кишвари дигар низ дар шимоли Офриқо обистани таҳаввулот буд ва мерафт, то тазоҳурот ва эътирозоти мардумӣ тамоми ин кишварро фаро бигирад ва албатта шурӯъ ҳам шуда буданд. Ва он кишвар Мағриб (Марокаш) аст. Зеро вазъи Марокаш дар пеш аз соли 2011, тафовути чандоне бо вазъи Мисру Тунису соири кишварҳои “баҳори арабӣ” надошт. Аммо хушбахтона “баҳор” дар ин кишвар ба “зимистон” табдил нашуд, чунонки дар Мисру Либӣ ва Сурияву Яман шоҳидаш будем (ва ҳастем).

Тавзеҳ он ки: мардуми мӯътариз дар ин кишварҳо (Мисру Либиву ғайра…), дар ибтидои кор, чизе ҷуз иҷрои ислоҳоти решаӣ дар кишварҳояшон намехостанд ва агар дар мароҳили баъд самту сӯйи ин эътирозот тағйир ёфт ва мӯътаризон хостори истеъфо ва сарнагунии ҳоким шуданд, ин ё ба хотири лаҷоҷат ва такаббур ва якравии ҳукком ва аҳёнан ба хоку хун кашидани эътирозгарон аз сӯйи ҳукуматҳо буд, ва ё ба хотири дахолати кишварҳои бегона ва суистифода аз вазъи пешомада. Ва илло, агар дар ҳамон оғоз, Муборак тан ба ислоҳот медод ва ё Қаззофӣ кӯтоҳ меомад, кор ба инҷоҳо кашида намешуд ва худашон ҳам бо он вазъи хор ва залилона аз тахт пойин оварда намешуданд ва ин ҳама хун рехта ҳам намешуд.

Дар Мағриб (Марокаш) аммо подшоҳи ин кишвар пеш аз он ки кор аз кор бигузарад, хирад бар ӯ чира гардид ва тан ба ислоҳоти решаӣ дод ва пешниҳоди аҳзоби мухолиф ва дар расъи онҳо ҳизби исломгарои “Адолат ва тавсиъа” – ки шохаи Ихвонул-муслимин дар ин кишвар аст – мабнӣ бар иҷрои ислоҳоти асосиро пазируфт. Подшоҳи Мағриб Муҳаммади шишум дар 17 июни 2011 тайи як суханронӣ, эълом кард, дар қонуни асосии кишвараш таҷдиди назар ва ба реферондум (ҳамапурсӣ) гузошта шавад ва чунин ҳам шуд. Бар асоси ин ислоҳот, ҳамроҳ бо афзоиши озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ, порлумон аз ихтиёроти густардатаре аз ҷумла интихоби нахуствазир бархӯрдор шуда ва қувваи қазоия ба унвони ниҳоде мустақил эълом гардид.

Сипас, бо фосилае андак (дар ноябри соли 2011) нахустин интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар баргузор ва ҳизби исломгаро ва мӯътадили “Адолат ва тавсиъа” бо касби бештарин оро (ҳудуди 40 дарсад) маъмур ба ташкили давлат шуд. Ин ҳизби исломгаро дар эътилоф бо аҳзоби либерол ва кумунист, нахустин давлат пас аз ислоҳи қонуни асосиро ташкил ва нахуствазир ҳам Абдуллоҳ бен Кирон, раҳбари ҳизби исломии “Адолат ва тавсиъа” интихоб шуд.

Дар интихоботи порлумонии дирӯз (8 октябри 2016) низ ин ҳизб бо касби аксарияти орои раъйдиҳандагон, ҳоло қарор аст давлат ташкил бидиҳад ва ба гуфтаи коршиносон, бо ҳамон тими қаблиаш, яъне ҳизби кумунист ва либерол, давлати ҷадидро ташкил бидиҳад.

Иқдоми подшоҳи Марокаш дар соли 2011 барои иҷрои ислоҳоти решаӣ аз як сӯ ва тасоҳул ва тасомуҳи ҳизби исломгарои “Адолат ва тавсиъа” дар ҳамон мавқеъ, боис шуданд ин кишвар аз як ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ ва чӣ басо кушту кушторҳо наҷот биёбад. Яъне шумо имрӯз вақте ба вазъи Либӣ ва Яман ва Сурия ва ҳатто Миср (ки ҳанӯз эътирозот дар ин кишвар барпост) нигоҳ мекунед, иқдоми ҳукком ва сиёсатмадорони мағрибӣ ва рафтори бамавқеъ ва ҳушмандонаи онон, бе тардид таҳсини шуморо бармеангезад. На подшоҳ қаллашаққӣ ва якравӣ кард ва на аҳзоби исломгаро исрор ва пойфишорӣ бар хостаҳои сиёсии худ, балки ҳар ду забони якдигарро ёфтанд ва кӯтоҳ омаданд ва барои кишварашон ҳозир ба ҳамкорӣ ва таъовун бо якдигар шуданд. Дар ғайри ин сурат, шак накунед, дар Марокаш низ имрӯзҳо ифротгароён – ки зуҳурашон натиҷаи лаҷоҷатҳо ва якравиҳо ва худкомагиҳи ҳуккоми нобихрад аст – дар хиёбонҳои ин кишвар ҷавалон мезаданд.

Таҷрибаи Марокаш бояд як намуна ва як улгу барои соири ҳукком ва сиёсатмадорони кишварҳои мусалмоннишин, чӣ исломгарояш ва чӣ дунявияш, қарор бигирад. Ҳеч кас қодир ба ҳазфи рақиби худ нахоҳад шуд. На он ҳокими ба истилоҳ дунявӣ ва секулор қодир ба ҳазфу маҳви исломгароён хоҳад шуд ва на исломхоҳон хоҳанд тавонист дигарандешонро аз майдон ва арсаи як кишвар ҳазф намоянд.

Инки имрӯзҳо дар кишвари мо, Тоҷикистон, баъзеҳо замзама мекунанд, ки дигар аз ҲНИТ хабаре нест, иштибоҳ мекунанд ва сахт ҳам иштибоҳ мекунанд. Ба ҷойи ин замзамаҳо ва хиёлпардозиҳо, беҳтар аст бо чашмони воқеъбин ба дунё нигоҳ кунанд. Маҳол аст дар як кишвари мусалмоннишин ту битавонӣ ҳизби исломгароро аз арса ҳафз намоӣ. Ва ҳамчунин исломгарое ҳам, ки мӯътақид аст, бояд ҳамагон ба ҷуз вай, дар ҷомеа вуҷуд надошта бошанд, сахт иштибоҳ мекунад. Бояд воқеъбин буд.

Аз ҳамин манзар, таҷрубаи Марокаш як намунаи бисёр муваффақ барои кишварҳое аст, ки вазъе шабеҳи ин кишвар дар онҳо ҳукмфармост.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: