700 кушта ва захмӣ дар ҳамлаи Арабистон ба як маросими хатм дар Яман (филм ва тасовир)

Дар пайи ҳамалоти ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ ба як маросими хатм дар Санъо, пойтахти Яман, дастикам 144 нафар кушта ва 550 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши расонаҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саудӣ ба маҳалли баргузории маросими хатми падари вазири дохилаи Яман ҳамла карданд. Пойгоҳи хабарии “Понуромо Ашшарқул-авсат” гузориш дод, дар ин ҳамла яке аз солунҳои бузурги баргузории маросим дар Санъо ҳадафи ду ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ қарор гирифт, дар ҳоле ки маросими хатми падари Ҷалол Арравишон, вазири дохилаи Яман ва мудири дафтари Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури пешини Яман, дар ин солун дар ҳоли баргузорӣ будааст.

Бар асоси ин хабар, садҳо тан дар ин ҳамла кушта ва захмӣ шудаанд ва шуморе аз масъулони баландпояи яманӣ низ дар миёни қурбониён будаанд. Бархе манобеъ эълом кардаанд, Абдулқодир Ҳилол, шаҳрдори Санъо дар миёни кушташудаҳо будааст.

Шабакаи хабарии Алмасира гузориш дод, ки бемористонҳои Санъо аз мардум хостаанд, ба далели шумори болои қурбониён, барои эҳдои хун ба бемористонҳо муроҷеа кунанд.

Тамим Ашшомӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман гуфт: “То кунун ҳаддиақал 144 нафар кушта ва беш аз 550 нафар низ маҷрӯҳ шуданд.”

Вазорати беҳдошти Яман зимни дархост аз мардум барои эҳдои хун, эълом карда, ки бархе қурбониёни ин ҷиноят дар оташ сӯхтаанд ва шумори зиёде аз захмиҳо низ бо қатъи узв мувоҷеҳ шудаанд.

Бархе гузоришҳои расонаӣ аз бозгашти ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саудӣ ба осмони Санъо хабар додаанд, дар ҳоле ки ҳанӯз амалиёти хориҷ кардани ҷасадҳои қурбониён аз зери овор ба поён нарсидааст.

Ин ҷиноят ба ҳадде ҳавонок буд, ки ҳатто ҳампаймони ямании Арабистон низ онро маҳкум кард. Абдулмалик Алмихлофӣ, вазири хориҷаи давлати мустаъфии Яман, ки мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ аст, ҷинояти суратгирифта дар пойтахти Яманро ба шиддат маҳкум ва онро “ҷинояти ҷангӣ” унвон кард.

Порлумони Яман дар вокуниш ба ин ҷиноят, хостори мудохилаи Шӯрои амният ва порлумони арабӣ барои таваққуфи таҷовузоти Саудӣ ва лағви муҳосираи дарёӣ, ҳавоӣ ва заминии ин кишвар шуд.

Тасовир ва филми ин ҷиноят:



Рубрики:Салафият, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: