Занони фармонраво дар давлатҳои исломӣ – 3

Бахши севвум

Шаҷаруд-дурр

Яке дигар подшоҳони зани мусалмон, Шаҷаруд-дурр ё Шаҷаратуд-дурр, ҳамсари Султон Солеҳ Наҷмуддин Айюб, аз подшоҳони айюбӣ буд, ки дар кишвари Миср ба ҳукумат расида. Султон Солеҳ фарзанди Маликул-Комил буд, ки дар ҷараёни сафари падар ба Сурия барои набард бо салибиҳо, ба ниёбат аз вай дар мақоми валиаҳдӣ салтанати Мисрро бар ӯҳда гирифт.

Султон Солеҳ аз миёни ғуломоне аз Фарорӯд (тибқи навиштаи торихнигорон, аз Хоразм), аз духтари бисёр зебое ба номи Шаҷаруд-дурр духтари Абдуллоҳ хушаш омад. (Айнӣ, ба нақл аз Учук, с.139) Ӯро ба никоҳи худ даровард ва аз ӯ соҳиби фарзанде ба номи Халил гардид. Султон Солеҳ Шаҷаруд-дурро то мақоми маликаи Миср иртиқо дод. (Миқризӣ, ба нақл аз Учук, с.139) Султон Солеҳ ҳамвора шефтаи Шаҷаруд-дурр буд ва аз мусоҳибат бо ӯ бисёр лаззат мебурд. Шаҷаруд-дурр дар шароити бисёр сахт ва дар рӯзҳои машаққатбор ва хатарнок ҳеч гоҳ ҳамсари худро танҳо намегузошт.

Шаҷаруд-дурр фарзандаш Халилро дар синни 6-солагӣ аз даст дод ва дар соли 647 ҳ.қ низ ҳамсараш Султон Солеҳ фавтид. (Миқризӣ, ба нақл аз Учук, с.140) Вай баъд аз фавти ҳамсараш, аз онҷо, ки бисёр ҳушманд ва дурандеш буд, марги ҳамсарашро махфӣ нигаҳ дошт, то кишварашро аз таҳдидоти салибиҳои фаронсавӣ, ки Димётро ишғол карда буданд, дар амон нигаҳ дорад.

Шаҷаруд-дурр фавти Султон Солеҳро танҳо ба умарои наздикаш, аз ҷумла ба Ҷамолуддин Муҳсин, фармондеҳи горди муҳофиз ва раиси гурӯҳи Баҳрия иттилоъ дод. Вай пас аз ба хок супурдани ҷасади ҳамсараш дар Қоҳира, ба васияти Султон Солеҳ амал карда, Туроншоҳро (писари Султон Солеҳ аз ҳамсаре дигар) ба симати ҷонишинӣ ва Амир Фахруддин Юсуф (яке аз сипоҳиён)-ро ба симати фармондеҳии сипоҳ баргузид ва аз мардум ва умаро хост, то аз онҳо табаият кунанд. Тамоми умаро низ итоат карданд. (Айнӣ, ба нақл аз Учук, с.140)

Шаҷаруд-дурр то омадани Туроншоҳ аз Ҳисни Кифо, шойеъ намуд, ки султон мариз аст ва ҳеч кас ҳаққи мулоқот бо ӯро надорад ва бо ҷаъли имзои подшоҳ ва судури фармон, мамлакатро идора мекард. Пас аз ба сари қудрат омадани Туроншоҳ, ҳамкории Шаҷаруд-дурр — дар ҳимоят аз мамолик ва дафъи ҳамалоти салибиҳои фаронсавӣ — идома дошт, то ин ки салибиҳо шикаст хӯрданд ва Луии нӯҳум (Louis IX), подшоҳи Фаронса низ ба дасти мусалмонони Миср асир гардид. (Абулфараҷ, ба нақл аз Учук, с.141)

Туроншоҳ дар идомаи ҳукуматаш, бо таҳрики афроде, ки аз Ҳисни Кифо бо худ оварда буд, алайҳи номодариаш Шаҷаруд-дурр иқдомоте анҷом дод, аз ҷумла он ки хазинаҳои падариро аз ӯ хостор шуд ва Шаҷаруд-дурр дар ҷавоб гуфт, ки ҳазинаи низомӣ барои набард бо Фаронса ва ҳазинаи идораи мамлакатро то замони рӯйи кор омадани Туроншоҳ, аз хазина пардохт кардааст. Бо ин вуҷуд, Туроншоҳ ҷабҳагирӣ кард ва алайҳи мамолике, ки таҳти нуфузи Шаҷаруд-дурр буданд, иқдом кард.

Дар ин авзоъу аҳвол, Шаҷаруд-дурр бо додани ваъдаи иморат ба афроди саршиноси Мамолик назири Форисуддин Ӯктой, Зоҳир Бийбарс, Изуддин Ойбек ва Қаловун, бо онҳо барномаи сарнагун сохтани Туроншоҳро рехт. (Айнӣ, ба нақл аз Учук, с.142) Мамолик алайҳи Туроншоҳ шӯриданд ва ӯро куштанд (648 ҳ.қ). Бо марги вай, ҳукумати 81-солаи айюбӣ дар Миср ба сар омад ва Мамолик ҷойгузини онҳо шуданд.

Даврони салтанати Шаҷаруд-дурр

Шаҷаруд-дурр аввалин подшоҳи Мамолики Миср мебошад. Баъд аз қатли Туроншоҳ, умарои Мамолики Баҳрия ва Солеҳия ва бузургони давлат ва мушовирон, дар толори бузурги дарбор ҷамъ шуда, пас аз машварат ва табодули назар, ба иттифоқи оро нисбат ба интихоби Шаҷаруд-дурр ба тавофуқ расиданд. (Хондамир, ҷ.3, с.251) Умарои Мамолик, ки лиёқат ва ҷасорати Шаҷаруд-дуррро дар идораи умури кишвари бузурги Миср пас аз марги Султон Солеҳ то рӯйи кор омадани Туроншоҳ дида буданд, Шаҷаруд-дурро ба ҳокимияти Миср интихоб карданд.

Шаҷаруд-дурр ба маҳзи эъломи подшоҳӣ, дар кохи Манил воқеъ дар қалъаи Ҷабал дар соҳили Нил бар тахт нишаст. Сукунат дар қалъаи Ҷабал аз одобу русуми баҷоймондаи айюбиён буд. Тамоми қавонине, ки аз ин кох содир мешуд, мӯҳри “Волидатул-Халил” ба рӯяш зада мешуд. Шаҷаруд-дурр дар авроқи расмӣ танҳо ин имзоро ба кор мебурд. Вай аз пӯшидани хилъати подшоҳӣ сар боз мезад. Дар тамоми масоҷиди Миср ба номи ӯ хутба хонда мешуд ва сикка зарб мегардид. Аз ҷумлаи алқоби вай «”Исматуд-дунё вад-дин”, “Маликаи муслимин” ва “Уммул-Халил” мебошад.

Бар рӯйи сиккаҳои Шаҷаруд-дурр чунин навишта мешуд: “Алмустаъсим Солиҳия Маликатул- муслимин волидатул-Маликул-мансур Халил, халифа Амирул-муъминин…” (Миқризӣ, ба нақл аз Учук, с.146)

Нувайрӣ дар “Ниҳоятул-ираб” менависад: “Дар фармоне, ки ӯ ба умарои Шом фиристод, ановини “Аламир ал-ъолӣ ал-мавлавӣ ассултон ал-хотун ассолиҳӣ…” ба кор рафтааст.” (Учук, с.146)

Шаҷаруд-дурр пас аз ҷулус бар тахти фармонравоӣ, ибтидо ба дафъи шарри душмани хориҷӣ, яъне фаронсавиҳо пардохт. Қалъаи Димётро, ки 11 моҳ дар тасаллути фаронсавиҳо буд, бо музокира аз дасти онон хориҷ сохт ва 40 ҳазор динор ғаромати ҷангӣ низ аз онон дарёфт намуд. Дар муқобил низ, Луӣ (Louis) подшоҳи Фаронса, ҳамсари вай ва бародараш, ки дар асорати мусалмонон буданд, озод шуданд. Мардуми Миср ба юмни ин мавқеият ҷашн гирифтанд ва шоирон ба шодмонии ин рӯзҳо ашъори зиёде суруданд. (Нувайрӣ, ба нақл аз Учук, с.147) Пирӯзӣ бар фаронсавиҳо боиси тасбити низоми ҳамбастагии беш аз ҳадди мардум ва таҳкими ҷойгоҳи маликаи оқил ва ботадбири Миср гардид.

Шаҷаруд-дурр дар ибтидои кор молиётҳои сангини мардумро лағв намуд ва бисёре аз молиётҳоро тахфиф дод. Вай ҳар рӯз бо вузарои худ барои расидагӣ ба корҳои мамлакатӣ маҷолиси хусусӣ ташкил медод ва худ аз пушти парда ин маҷолисро идора мекард ва қабл аз ҷӯё шудани назариёти онон, ҳеч ҳукме содир наменамуд ва дар сурати тасвиби фармонҳо аз тарафи вузаро, онҳоро имзо мекард ва қабл аз судури ҳар фармоне, бо мушовири аъзами худ, ки Изуддин Ойбек ном дошт, ба таври муфассал машварат мекард.

Малика бо ҷалби ҳимояти мардум, умаро ва лашкариён, умури Мисрро беҳтар аз мардони замони худ ва бо қудрати ҳар чӣ тамомтар идора мекард, аммо пас аз муддате умарои тарафдори Туроншоҳ ва шоҳзодагон алайҳи вай кина ва душманиро оғоз карданд ва бо матраҳ намудани ин ки як зан наметавонад ба унвони маликатул-муслимин подшоҳӣ намояд, алайҳи ӯ бапо хостанд.

Илова ба ин, номаи таҳдидомезе низ аз Бағдод ба сӯйи Миср ирсол гардид. Халифа дар ин нома мегӯяд: “Агар дар Миср марде барои подшоҳӣ ёфт намешавад, барои шумо як подшоҳ бифиристем!

Дар ин миён ва дар ҷараёни ҷудоии Сурия аз Миср, ки тавассути айюбиён сурат гирифт, Шаҷаруд-дурр ҷаласае машваратӣ ташкил дод, то барои ин амри муҳим бо вузаро ва умаро чорае биандешад. Дар ин ҷаласа буд, ки умаро дар айни розӣ будан аз малика Шаҷаруд-дурр, ба хотири масолеҳи кишвар канорагирии ӯро аз салтанат лозим донистанд ва бад-ин тартиб Шаҷаруд-дурр дар 29 рабиъул-аввал пас аз фақат се моҳи ҳукумат, аз салтанат канор кашид. (Миқризӣ, ба нақл аз Учук, с.150)

Умарои дӯстдори малика барои ҳифзи қудрати ӯ муқаддимаи издивоҷи ӯро бо Изуддин Ойбек фароҳам намуданд ва Ойбекро ба подшоҳии Миср расонданд. Ойбек аз ғуломони Баҳрия буд, ки бо хадамоти содиқонааш ба Султон Солеҳ, ба иморат расида буд. Ҷулуси подшоҳи ҷадид ба василаи нома, ба иттилоъи халифа расид, вале дар умури мамлакат ҳеч навъ дигаргунӣ анҷом нагардид. (Абулфараҷ, ба нақл аз Учук, с.5) Шаҷаруд-дурр пас аз издивоҷ бо Ойбек низ камокон мамлакати Мисрро ҳамонанди гузашта аз пушти парда идора мекард ва ҳатто фармонҳое низ ба исми ӯ содир мегашт.

Ба мурури замон, равобити Шаҷаруд-дурр ва Ойбек рӯ ба сардӣ гаройид ва ба дунболи он Ойбек ҳокимияти Шаҷаруд-дурро бар худаш гарон дид ва аз ин рӯ дар садади канор задан ва раҳо шудан аз султаи вай гардид. Ойбек барои дарҳам шикастани қудрати Шаҷаруд-дурр, ба хостгории духтари ҳокими Мусил рафт ва ӯро номзад кард. Шаҷаруд-дурр, ки баъд аз он аз нақшаи қатли худаш ба василаи Ойбек дар тарсу ваҳшат буд, ба фикри интиқомҷӯӣ афтод ва бо даъват аз вай, заминаи қатли ӯро тавассути ғуломон ва ходимон фароҳам овард ва дар маҳалли иқоматгоҳи худ дар маҳалле дар канори рӯди Нил, Ойбекро кушт.

Шаҷаруд-дурр баъд аз он аз умарои Мамолик хост, то идораи умури Мисрро бар ӯҳда бигиранд, аммо аз тарс ҳеч кадом напазируфтанд. Ғуломони Ойбек, ки аз моҷарои қатли вай тавассути ҳамсараш бохабар шуданд, тасмим ба интиқом аз Шаҷаруд-дурр гирифтанд ва ба бурҷ ҳамла бурданд ва ӯро зиндонӣ намуданд ва тамоми умарое, ки дар қатли Ойбек даст доштанд эъдом гардиданд. Шаҷаруд-дурр низ тавассути ҳамсари дуввуми Ойбек ва канизон ва ходимони ӯ дар асари заработи муҳлик ба қатл расид. Ҷасади ӯро дар хандақи канори қалъа андохтанд. Ҷасади маликатул- муслимин, ки рӯзгоре дар зебоӣ, ҳуш ва зарофат монанди ситорае бар тахти салтанати Миср медурахшид, рӯзҳое дар хандақи канори қалъа барҷой монд, то ин ки наздиконаш ӯро аз шалвори дастдӯзишудааш шинохтанд ва дар Қоҳира дар наздикиҳои Сайид Насир дар дохили масҷид ба хок супурданд. (Абулфараҷ, ба нақл аз Учук, с.163)

Бар асоси катибае, ки дар атрофи қуббаи Шаҷаруд-дурр қарор дорад, малика ин биноро дар соли 648 ҳ.қ бино намуд. Масҷиде, ки дар канори оромгоҳи ӯст, ҳанӯз ҳам ба номи “Масҷиди Шаҷаруд-дурр” ё “Масҷиди Халифа” маъруф аст.

Шаҷаруд-дурр зане мудир, диндор, хайрхоҳ ва мӯътақид ба сулҳ ва оромиш дар дохили мамлакат буд. Вай муассиси силсилаи ҷадиди Мамолики Баҳрия дар Миср мебошад.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Бонувон, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: