Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 5

Қисмати панҷум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Мулоқоти Имом (а) ва Умар ибни Саъд

Имом (а) яке аз ёрони худ ба номи Амр ибни Қарзаи Ансориро назди Умар ибни Саъд фиристод ва аз ӯ хост, ки шабҳангом дар фосилаи ду сипоҳ бо ҳам мулоқоте дошта бошанд ва Ибни Саъд пазируфт. Шабҳангом Имом (а) бо 20 нафар аз ёронаш ва Ибни Саъд низ бо 20 нафар аз сипоҳиёнаш дар маҳалли таъйиншуда ҳузур ёфтанд.

Имом (а) ба ҳамроҳонаш дастур дод, то баргарданд ва фақат бародараш Аббос ва фарзандаш Алиакбарро дар назди худ нигоҳ дошт. Ва ҳамин тавр Ибни Саъд низ ба ғайр аз фарзандаш Ҳафс ва ғуломаш, ба дигарон дастури бозгашт дод.

Ибтидо Имом (а) сухан оғоз карда фармуд: эй писари Саъд! Оё бо ман ҷанг мекунӣ ва аз Худое, ки бозгашти ту ба сӯйи ӯст ҳаросе надорӣ? Ман фарзанди касе ҳастам, ки ту худ беҳтар медонӣ! Оё ту ин гурӯҳро раҳо намекунӣ, то бо ман бошӣ? Ва ин сабаби наздикии ту ба Худо хоҳад буд.

Ибни Саъд гуфт: агар аз ин гурӯҳ ҷудо шавам, метарсам, ки хонаамро вайрон кунанд.

Имом (а) фармуд: ман барои ту хонаатро месозам.

Ибни Саъд гуфт: ман метарсам, ки милкҳоямро аз ман бигиранд.

Имом (а) фармуд: ман беҳтар аз он ба ту хоҳам дод, аз амволе, ки дар Ҳиҷоз дорам.

Ва ба нақли дигаре Имом (а) фармуд: ман Бағайбағаро ба ту хоҳам дод. Бағайбаға киштзори бисёр бузурге буд, ки нахлҳои зиёд ва зироати фаровоне дошт, ба ҳадде ки Муовия ҳозир шуда буд онро ба як милюн динор харидорӣ кунад, вале Имом (а) онро ба ӯ нафурӯхт.

Ибни Саъд гуфт: ман дар Кӯфа бар ҷони хонаводаам аз хашми Ибни Зиёд бимнокам ва метарсам, ки онҳоро аз дами шамшер бигузаронад.

Имом (а) вақте дид, Ибни Саъд аз қасди худ бознамегардад, аз ҷой бархост вп гуфт: туро чӣ мешавад? Худованд ҷони туро ба зудӣ дар бистарат бигирад ва туро дар рӯзи қиёмат наёмурзад! (1)

Ва баъзе навиштаанд: Имом (а) ба ӯ фармуд: маро мекушӣ ва гумон мекунӣ, ки Убайдуллоҳ вилояти Рай ва Гургонро ба ту хоҳад дод? Ба Худо савганд, ки гуворои ту нахоҳад буд ва ин аҳде аст, ки бо ман баста шудааст ва ту ҳаргиз ба ин орзуи деринаат нахоҳӣ расид! Пас ҳар коре, ки метавонӣ анҷом деҳ, ки баъд аз ман рӯи шодиро дар дунёву охират нахоҳӣ дид. Ва мебинам, ки сари туро дар Кӯфа бар сари найза мегардонанд! Ва кӯдакон сари туро ҳадаф қарор дода ва ба тарафи ӯ санг меандозанд. (2)

Номаи Умар ибни Саъд ба Убайдуллоҳ

Баъд аз ин мулоқот Ибни Саъд ба лашкаргоҳи худ бозгашт ва ба Убайдуллоҳ номае навишт: “Худо оташи фитнаро биншонид ва мардумро бар як сухану назар муттаҳид кард. Ҳусайн мегӯяд, ё ба ҳамон макон, ки аз онҷо омадааст бозгардад ё ба яке аз марзҳои кишвари исломӣ биравад ва монанди яке аз мусалмонон зиндагӣ кунад ва ё ин ки ба Шом рафта, то ҳар чӣ Язид хоҳад дар бораи ӯ анҷом диҳад!. Ва хушнудиву салоҳи уммат дар ҳамин аст.” (3)

Ақаба ибни Самъон (4) мегӯяд: ман аз Мадина то Макка ва аз Макка то Ироқ ҳамроҳи Имом (а) будам ва то лаҳзае, ки он ҳазрат шаҳид шуданд, аз ӯ ҷудо нашудам. Он бузургвор на дар Мадина ва на дар Макка ва на дар миёни роҳ ва на дар Ироқ ва на дар баробари лашкариёни душман, то лаҳзаи шаҳодат сухане нагуфт, магар ин ки ман онро шунидам. Ба Худо савганд он чиро ки мардум мегӯянд ва гумон доранд, ки ӯ гуфтааст, ки бигузоред ман дастамро дар дасти Язид бигузорам ё маро ба сарҳадде аз сарҳадҳои исломӣ бифиристед, чунин сухане нафармуд. (Ин як дурӯғ ва бӯҳтон аст). Фақат мегуфт: бигузоред ман дар ин замини паҳновар биравам, то бибинам амри мардум ба куҷо поён мегирад. (5) – (6)

Баъзе навиштаанд, ки: Ибни Саъд касеро назди Убайдуллоҳ фиристод ва ин паёмро ба ӯ расонид, ки агар яке аз мардуми Дайлам (киноя аз мардуми бегона) шабеҳи ин матолибро (ки Ҳусайн хоста) аз ту хоҳад ва ту онҳоро напазирӣ, дар бораи ӯ ситам раво доштаӣ. (7)

Ҷавоби Убайдуллоҳ

Чун Убайдуллоҳ номаи Ибни Саъдро дар назди ёрони худ қироат кард, гуфт: Ибни Саъд дар садади чораҷӯӣ ва дилсӯзӣ барои худ аст.

Дар ин ҳангом Шимр аз ҷой бархоста гуфт: оё ин рафторро аз Ибни Саъд мепазирӣ? Ҳусайн ба сарзамини ту ва дар канори ту омадааст. Ба Худо савганд, ки агар ӯ аз ин минтақа кӯч кунад ва бо ту байъат накунад, рӯз ба рӯз нерӯмандтар гашта ва ту аз дастгирии ӯ оҷиз хоҳӣ шуд, инро аз ӯ напазир, ки шикасти ту дар он аст. Агар ӯ ва ёронаш ба фармони ту гардан ниҳанд, он гоҳ ту дар уқубат ё афви онон ихтиёр хоҳӣ дошт.

Ибни Зиёд гуфт: раъйи некӯе аст ва назари ман низ ҳамин аст. Эй Шимр! Номаи маро назди Ибни Саъд бибар, то бар Ҳусайн ва ёронаш бирасонад, агар аз қабули ҳукми ман сарпечӣ кунанд, бо онҳо биҷангад ва агар Ибни Саъд ҳозир ба ҷанг нашуд, ту амири лашкар бош ва гардани Ибни Саъдро бизан ва назди ман бифирист.

Таҳдид ба барканорӣ

Сипас номае ба Ибни Саъд навишт, ки:

Ман туро ба сӯйи Ҳусайн нафиристодам, ки аз ӯ дафъи шар кунӣ ва корро ба дарозо бикашонӣ ва ба ӯ умеди саломату осоиши зиндагӣ диҳӣ ва узри ӯро қабул карда ва шафеъи ӯ гардӣ. Агар Ҳусайн ва асҳобаш бар ҳукми ман сар фуруд оварда, таслим шаванд, ононро назди ман бифрист ва агар аз қабули ҳукми ман худдорӣ карданд, бо сипоҳиёни худ бар онҳо битоз ва ононро аз дами шамшер гузарон ва банд аз банди онон ҷудо кун, ки мустаҳаққи онанд. Ва чун Ҳусайнро куштӣ, пайкари ӯро дар зери суми аспон лагадкӯб кун, ки ӯ қотеъи раҳим ва ситамкор аст. Ва намепиндорам, ки пас аз марги ӯ ин амал (лагадкӯб кардан) ба ӯ зиёне бирасонад, вале сухане аст, ки гуфтаам ва бояд анҷом шавад. Пас агар фармони моро итоат кардӣ, туро подош диҳам ва агар аз фармони ман сарпечӣ кардӣ, аз лашкари мо канора гир ва масъулияти онҳоро ба Шимр вогузор, ки мо фармони худро ба ӯ додаем, вассалом.” (8)

Рӯзи нӯҳуми муҳаррам (Тосуъо)

Шимр номаро аз Убайдуллоҳ гирифта ва аз Нухайла ба лашкаргоҳи Кӯфа шитоб кард ва пеш аз зуҳри рӯзи панҷшанбе 9 муҳаррамул-ҳаром дохили Карбало шуд (9) ва номаи Убайдуллоҳро барои Ибни Саъд қироат кард.

Ибни Саъд ба Шимр гуфт: вой бар ту! Худо хонаатро вайрон кунад, чӣ паёми баду нангине барои ман овардаӣ! Ба Худо савганд, ки ту Убайдуллоҳро аз қабули он чӣ ки ман барои ӯ навишта будам боздоштӣ ва корро вайрон кардӣ, ман умедворам, ки ин кор ба сулҳ тамом шавад, ба Худо савганд, Ҳусайн таслим нахоҳад шуд, зеро руҳи падараш дар ҷисми ӯст.

Шимр ба ӯ гуфт: бигӯ бидонам чӣ хоҳӣ кард? Оё фармони амирро итоат карда ва бо душманаш хоҳӣ ҷангид ва ё канора хоҳӣ гирифт ва ман масъулияти лашкарро бар ӯҳда хоҳам дошт?

Ибни Саъд гуфт: фармондеҳии лашкарро ба ту вогузор намекунам ва дар ту ин шоистагиро намебинам ва ман худ ин корро ба поён мерасонам, ту амири лашкари пиёда бош.

Ва билохира Ибни Саъд шомгоҳи рӯзи панҷшанбе 9 муҳаррамул-ҳаром худро барои ҷанг омода кард. (10)

Имом Содиқ (а) фармуд: тосуъо (9 муҳаррам) рӯзе аст, ки дар он рӯз Имом (а) ва асҳобашро муҳосира карданд ва лашкари Кӯфа ва Шом дар атрофи ӯ ҳалқа зада ва Ибни Марҷона (Убайдуллоҳ) ва Ибни Саъд ба ҷиҳати зиёдии лашкар изҳори шодмонӣ мекарданд. Ва дар ин рӯз Ҳусайнро танҳову ғариб ёфтанд ва донистанд, ки дигар ёваре ба суроғи ӯ нахоҳад омад ва аҳли Ироқ ӯро мадад нахоҳанд кард. (11)

Амоннома

Шимр ва Абдуллоҳ ибни Абулмуҳил (ки Уммулбанин (12) аммаи ӯ буд) ба Убайдуллоҳ гуфтанд: Эй амир! Хоҳарзодагони мо ҳамроҳи Ҳусайн ҳастанд, агар салоҳ мебинӣ, номаи амон барои онҳо бинавис. Убайдуллоҳ пешниҳоди онҳоро пазируфт ва ба котиби худ фармон дод, то амонномае барои онҳо бинависад.

Радди амоннома

Абдуллоҳ ибни Абулмуҳил амонномаро ба василаи ғуломи худ — Казмон — ба Карбало фиристод ва ӯ пас аз вуруд ба Карбало, амонномаро барои фарзандони Уммулбанин қироат карда гуфт: ин амонномае аст, ки Абдуллоҳ ибни Абулмуҳил, ки аз хешони шумост фиристодааст.

Онҳо дар ҷавоби ғулом гуфтанд, саломи моро бирасон ва бигӯ: моро ҳоҷате ба амонномаи ту нест, амони Худо беҳтар аз амони Убайдуллоҳ ва писари Сумайя аст. (13)

Ҳамчунин Шимр ба наздикии хаймаи Имом (а) омад ва Аббос ва Абдуллоҳ ва Ҷаъфар ва Усмон фарзандони Алӣ ибни Абӯтолибро (ки модарашон Уммулбанин аст) садо зад, онҳо берун омаданд. Шимр ба онҳо гуфт: барои шумо аз Убайдуллоҳ амон гирифтаам.

Вале онҳо гуфтанд: Худо туро ва амони туро лаънат кунад, мо амон дошта бошем ва писари Расули Худо (с) амон надошта бошад? (14)

Хутбаи Имом (а) шаби Ошӯро

Имом (а) ёрони худро наздики ғуруб ба назди худ фаро хонд.

Алӣ ибни Ҳусайн (а) мефармояд: ман низ хидмати падарам рафтам, то гуфтори ӯро бишнавам, дар ҳоле ки бемор будам, падарам ба асҳоби худ мефармуд:

Худоро ситоиш мекунам ба беҳтарини ситоишҳо ва ӯро сипос мегӯям дар хушиву нохушӣ. Бор Худоё! Туро сипосгузорам, ки мо (хонадони Паёмбар (с))-ро ба нубувват гиромӣ доштӣ ва илми Қуръону фиқҳи динро ба мо каромат фармудӣ ва гӯши шунавою чашми бино ва дили огоҳ ба мо ато кардӣ, моро аз зумраи сипосгузорон қарор деҳ! Ман ёрони беҳтару бовафотар аз асҳоби худ суроғ надорам ва аҳли байте фармонбардортар ва ба силаи раҳим пойбандтар аз аҳли байти худ намешиносам, Худо шуморо ба хотири ёрии ман ҷазои хайр диҳад! Ман медонам, ки фардо кори мо бо инҳо ба ҷанг хоҳад анҷомид. Ман ба шумо иҷозат медиҳам ва байъати худро аз шумо бармедорам, то аз сиёҳии шаб барои паймудани роҳ ва дур шудан аз маҳалли хатар истифода кунед ва ҳар як аз шумо дасти як тан аз аҳли байти маро бигиред ва дар рустоҳо ва шаҳрҳо пароканда шавед, то Худованд кушоиши худро барои шумо муқаррар дорад. Ин мардум маро мехоҳанд ва чун бар ман даст ёбанд, бо шумо коре надоранд.” (15) – (16)

Рӯзи Ошӯро

Сапедадам (17) Имом (а) бо асҳобаш намози субҳро хонда ва дасти муборакашро ба сӯйи осмон бардошт ва гуфт:

Худовандо! Ту паноҳи ман ҳастӣ дар мушкилҳо ва умеди ман ҳастӣ дар сахтиҳо ва малҷаъу ёварам ҳастӣ дар он чӣ ки бар ман нозил шавад! Парвардгоро! Аз дилзахмҳои ранҷоваре, ки қалбро шикаста ва чораро гусаста ва дӯстро ба норавоӣ дошта ва неши душманро ҳамроҳ, ба ту шикоят мекунам!

Умед ба ту бастан, бениёзӣ аз дил додан ба дигарӣ аст, пас дарҳои бастаро бикушо ва равзанаҳои умедро бинамоён, ки тамоми неъматҳо аз они туст ва ҳамаи хубиҳо аз они туст ва ту танҳо мақсуди орзуҳои ман ҳастӣ.” (18)

Сипас Имом (а) ба по хост ва хутба хонд ва ҳамду санои илоҳӣ намуд ва ба асҳобаш фармуд: бар шумо бод, ки сабру шакебоиро пешаи худ созед. (19)

Шумори ёрони Имом (а)

Шумори асҳоби Имом (а) дар рӯзи Ошӯро 32 нафар савора ва 40 нафар пиёда будааст. Ва аз Муҳаммад ибни Абӯтолиб нақл шудааст, ки пиёдагон 82 нафар буданд. Сайид ибни Товус аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки шумори ёрони Имом (а) 45 нафар савора ва 100 нафар пиёда буданд. (20)

Имом (а) Зуҳайр ибни Қайнро дар майманаи (21) лашкари худ қарор дод ва Ҳабиб ибни Мазоҳирро дар майсара (22) гуморид ва парчамро ба дасти бародараш Аббос (Абулфазл) супурд ва хаймаҳоро дар пушти сари лашкар қарор дод ва амр кард хандақеро, ки пушти хаймаҳо канда буданд аз най ва ҳезум анбошта ва онҳоро оташ заданд, ки душман натавонад аз пушт ҳамла кунад. (23)

Сипоҳи Умар ибни Саъд

Умар ибни Саъд низ Абдуллоҳ ибни Зуҳайри Аздиро бар ҷамъе аз лашкариён амир кард ва бар Қайс ибни Ашъас ибни Қайс фармондеҳии қабилаи Рабиа ва Киндаро дод ва бар Абдуллоҳ ибни Абӯсабураи Ҷӯъфӣ лашкариёни Мазҳаҷӣ ва Асадиро дод ва бар Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ фармондеҳии қабилаи Тамим ва Ҳамдонро супурд (ва тамомии ин гурӯҳҳо дар саҳнаи ҷанг бо Имом (а) ҳузур доштанд ба ғайр аз Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ, ки тавба кард ва ба лашкари Имом (а) рафт ва ба шаҳодат расид).

Баъд аз тақсими масъулиятҳо — ки решаи қавмӣ дошт — Ибни Саъд Амр ибни Ҳаҷҷоҷи Зубайдиро бар майманаи лашкар ва Шимрро дар майсара ва Урва ибни Қайсро бар саворагони лашкар ва Шабасро бар пиёдагони лашкар гуморид ва парчамро ба Дурайд, ғуломаш супурд. (24)

Ҳаракати сипоҳи душман

Лашкари Ибни Саъд рӯ ба сӯйи хаймаҳо намуда ва атрофи хаймаҳои Имомро муҳосира карданд ва бо хандақе, ки ба дастури ҳазрат дар атрофи хаймаҳо канда шуда буд ва дар он оташ афрӯхта буданд, рӯ ба рӯ шуданд, Шимр наърае баровард, ки: эй Ҳусайн! Пеш аз фаро расидани қиёмат ва оташи дӯзах ба истиқболи оташ рафтаӣ?

Имом (а) фармуд: ин кист? Гӯё Шимр ибни Зилҷавшан аст!

Гуфтанд: оре.

Имом (а) бо бонги расое ҷавоб дод: ту ба азоби оташ сазовортарӣ.

Муслим ибни Авсаҷа қасд намуд, ки Шимрро ҳадафи тир қарор диҳад, Имом (а) ӯро аз ин кор боздошт.

Гуфт: бигузор то ин фосиқро, ки аз сардамдорони ситамкорон аст бо тир бизанам, ки фурсати хубе аст.

Имом (а) фармуд: ӯро бо тир мазан, зеро ман дӯст надорам, ки оғозгари ҷанг бо ин гурӯҳ бошам. (25)

Хутбаи Имом (а)

Имом (а) маркаби худро талаб кард ва бар он савор шуд ва бо садои баланд нидо кард, ба тавре ки мардуми ҳозир дар лашкари Ибни Саъд садои он ҳазратро мешуниданд:

Эй мардум! Сухани маро бишнавед ва дар ҷанг шитоб макунед, то шуморо ба чизе, ки адои он бар ман фариза аст ва ҳаққи шумо бар ман аст, мавъиза кунам ва ҳақиқати амрро бо шумо дар миён бигузорам, агар инсоф додед, саодатманд хоҳед шуд ва агар напазируфтед ва аз роҳи адлу инсоф канора гирифтед, қасди худро амалӣ намоед ва бо мо биҷангед. Худои Бузург сарпарасту ва соҳибихтиёри ман аст, ҳамон Худое, ки Қуръонро нозил фармуд ва ихтиёри некӯкорон ба дасти ӯст. (26)

Эй мардум! Насаби маро ба ёд оваред ва бибинед кистам? Ва ба худ ойед ва худро маломат кунед ва нигоҳ кунед, ки оё куштан ва шикастани ҳурмати ман равост?

Оё ман писари духтари паёмбари шумо ва фарзанди ҷонишин ва писарамуи ӯ нестам? Ҳамон касе, ки пештар аз ҳама имон овард ва Расули Худоро ба он чӣ аз ҷониби Худо оварда буд тасдиқ кард?

Оё Ҳамза Саййидушшуҳадо амуи падарам нест?

Ва оё Ҷаъфари Тайёр, ки Худованд ду бол ба ӯ каромат фармуд, то дар биҳишт ба парвоз дарояд, амуи ман нест?

Оё шумо намедонед, ки Расули Худо (с) дар бораи ман ва бародарам фармуд: ин ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд?

Агар каломи маро бовар накарда ва дар садоқати гуфторам шак доред, ба Худо қасам аз замоне ки донистам Худованд дурӯғгӯёнро душман медорад, ҳаргиз сухани дурӯғе нагуфтаам. Дар миёни шумо ашхосе ҳастанд, ки ба дурустиву ростӣ машҳуранд ва гуфтори маро таъйид мекунанд, аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ Ансорӣ ва Абӯсаъиди Худрӣ ва Саҳл ибни Саъди Соъидӣ ва Зайд ибни Арқам ва Анас ибни Молик бипурсед, то барои шумо он чиро ки аз Расули Худо (с) шунидаанд бозгӯ кунанд, то сидқи гуфтори ман барои шумо собит шавад. Оё ин гувоҳиҳо ва шаҳодатҳо аз рехтани хуни ман пешгирӣ намекунад?” (27) – (28)

Гуфтугӯи Шимр бо Имом (а)

Дар ин ҷо Шимр гуфт: агар чунин аст, ки ту мегӯӣ, ман ҳаргиз Худоро бо ақидаи росих ибодат накарда бошам!

Ҳабиб ибни Мазоҳир гуфт: ба Худо савганд, ки туро мебинам Худоро бо тазалзул ва шакки бисёр парастиш мекунӣ… Худои Бузург бар дили ту мӯҳри ғафлат задааст.

Имом (а) фармуд:

Оё шумо дар ин ҳам шак доред, ки ман писари духтари Паёмбари шумо ҳастам? Ба Худо савганд, ки дар фосилаи машриқу мағриби олам фарзанди духтари Паёмбар ба ғайр аз ман нест. Вой бар шумо! Оё аз шумо касеро куштаам, ки аз ман хунбаҳои ӯро мехоҳед? Оё молеро аз шумо табоҳ намудам ва ё қасосе бар гардани ман аст, ки онро мутолиба мекунед?

Онҳо сукут карда, хомӯш шуданд, зеро сухане барои гуфтан надоштанд.

Баъд, Имом (а) фарёд бароварда фармуд: эй Шабас ибни Рибъӣ! Эй Ҳаҷҷор ибни Абҷар! Эй Қайс ибни Ашъас! Эй Язид ибни Ҳорис! Оё шумо барои ман нома нанавиштед, ки меваҳо расид ва заминҳо сабз шуд, агар биёӣ лашкари оростае дар хидмати ту хоҳад буд?

Қайс ибни Ашъас гуфт: мо намедонем чӣ мегӯӣ. Вале агар ба фармони писарамуи худ (яъне Язид) таслим шавӣ, ба ғайр аз некӣ нахоҳӣ дид.

Имом (а) фармуд: на! Ба Худо савганд, дастамро монанди ашхоси залилу паст дар дасти шумо нахоҳам гузошт ва аз пеши рӯйи шумо монанди бардагон нахоҳам гурехт.

Сипас Имом (а) фармуд: эй бандагони Худо! Ман ба Худои худ ва Худои шумо паноҳ мебарам, вале аз гарданкашоне, ки ба рӯзи қиёмат имон надоранд безорам ва аз газанди онон низ ба Худо паноҳ мебарам.

Он гоҳ маркаби худро хобонд ва ба Ақаба ибни Самъон дастур дод, то зонуҳои маркабро бибандад. (29)

Хабар додани Имом (а) аз оқибати кори Умар ибни Саъд

Сипас Имом (а) фармуд: Умар ибни Саъд куҷост? Ӯро назди ман фаро хонед.

Умар ибни Саъд, дар ҳоле ки дӯст надошт ин мулоқот анҷом шавад, ба назди Имом (а) омад. Ҳазрат ба ӯ гуфт: ту маро мекушӣ? Гумон мекунӣ, ки фурӯмоя фарзанди фурӯмоя (Ибни Зиёд) ҳукумати Рай ва Гургонро ба ту арзонӣ дорад? Ба Худо савганд, ки чунин нахоҳад шуд ва ин аҳде аст маъҳуд. Ҳар чӣ хоҳӣ бикун, ки пас аз ман на дар дунё ва на дар охират шод нагардӣ ва гӯё мебинам сари туро дар Кӯфа бар найза насб карда ва кӯдакон бар он санг мезананд ва онро ҳадаф қарор медиҳанд! (Тибқи нақли торих, пас аз ҳодисаи Карбало воқеан ҳам бо Ибни Саъд чунин шуд.)

Ибни Саъд хашмгин шуд ва рӯй гардонид ва бар лашкари худ гуфт: дар интизори чӣ ҳастед? Ҳама якбора бар ӯ ҳамла кунед, ки инҳо як луқма беш нестанд. (30)

Хутбаи дигаре аз Имом (а)

Пас он ҳазрат дар баробари лашкари душман омад, дар ҳоле ки ба сафҳои онҳо менигарист, ки монанди сел мехурӯшиданд ва ба Ибни Саъд назар кард, ки дар миёни ашрофи Кӯфа истода буд, пас хутбае (31) хонд ва фармуд:

Худоеро ҳамд мекунам, ки дунёро офарид ва онро хонаи фанову завол муқаррар намуд ва аҳли дунёро дар аҳволи мухталифу гуногуне қарор дод. Он ки фиреби дунёро хӯрад бехирад аст ва он ки фирефтаи дунё гардад нагунбахт аст. Мабодо дунё шуморо фиреб диҳад, ки дунё умеди ҳар касро, ки ба он гарояд қатъ кунад ва тамаъи он касро, ки ба он дил бандад, ба ноумедӣ мубаддал намояд. Шуморо мебинам барои анҷоми коре дар инҷо ҷамъ шудед, ки Худоро ба хашм овардаед ва рӯй аз шумо бартофта ва иқобашро бар шумо нозил карда ва аз раҳмати худ шуморо дур сохтааст. Худои мо Парвардгори некӯест ва шумо бандагони бад ҳастед, ки ба тоъати ӯ иқрор карда ва ба Расулаш имон оварда, вале бар сари зуррияи ӯ тохтед ва қасд бар қатли онҳо гирифтед, шайтон бар шумо ғолиб гардид ва Худои бузургро аз ёд бурдед, ҳалок бод бар шумо ва он чӣ мехоҳед! Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун. Инҳо ҷамоате ҳастанд, ки пас аз имон кофир шуданд, дур бод раҳмати Парвардгор аз ситамгарон!” (32)

Дар ин миён Ибни Саъд рӯ ба ашрофи Кӯфа карда гуфт: вой бар шумо! Бо ӯ такаллум кунед, ба Худо савганд ин писари ҳамон падар аст, ки агар як рӯз ҳам идомаи сухан диҳад, аз сухан гуфтан оҷиз намешавад.

Пас Шимр пеш омада гуфт: эй Ҳусайн! Ин чӣ сухан аст, ки мегӯӣ? Ба мо бифаҳмон, то бифаҳмем!

Имом (а) фармуд:

Мегӯям аз Худо битарсед ва маро макушед, зеро куштан ва рехтани обрӯи ман ҷоиз нест, ман фарзанди Расули Худо (с), ки паёмбари шумост ҳастам ва ҷаддаи ман Хадиҷа ҳамсари Паёмбари шумост. Ва шояд сухани Пайғмбар (с) ба шумо расида бошад, ки фармуд: Ҳасан ва Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд.” (33)

Ҳур ибни Язид

Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ (34) вақте дид, сипоҳи Ибни Саъид қасди ҷанг доранд, назди вай омада гуфт: оё бо Ҳусайн ҷанг мекунӣ?

Гуфт: оре, ба Худо савганд, ҷанге, ки камтаринаш ин бошад, ки сарҳо ва дастҳо ҷудо гардад.

Ҳур гуфт: он чӣ Ҳусайн баён кард, барои шумо кифоят накард?

Ибни Саъд гуфт: агар кор ба дасти ман буд, мепазируфтам, вале амири ту Убайдуллоҳ намепазирад.

Сипас Ҳур кам-кам ба хаймагоҳи Ҳусайн (а) наздик шуд, марде ба ӯ гуфт: ин чӣ ҳолате аст, ки дар ту мебинам?

Ҳур гуфт: ба Худо савганд, худро дар миёни биҳишту дӯзах мебинам. Ва ба Худо қасам чизеро бар биҳишт иваз намекунам, гарчи маро пора-пора карда, дар оташам бисӯзонанд.

Сипас бар аспи худ наҳиб зад ва ба Имом (а) пайваст ва ба он ҳазрат гуфт: эй писари Расули Худо! Ҷони ман ба фидои ту бод! Ман касе будам, ки бар ту сахт гирифта ва дар ин макон фуруд овардам ва гумон намекардам, ки ин гурӯҳ бо ту чунин рафтор намоянд ва сухани туро напазиранд. Ва ба Худо савганд агар медонистам, ки ин гурӯҳ бо ту чунин хоҳанд кард, ҳаргиз даст ба чунин коре намезадам. Ва ман ба даргоҳи Худои Бузург тавба мекунам аз он чӣ ки анҷом додаам, оё тавбаи ман пазируфта мешавад?

Имом (а) фармуд: оре, Худо тавбаи туро мепазирад, пиёда шав!

Ҳур гуфт: ман барои ту савора бошам беҳтар аз он аст, ки пиёда шавам, рӯйи ин асп муддате мубориза мекунам ва дар поёни кор фуруд хоҳам омад.

Имом (а) фармуд: Худо туро биёмурзад! Он чиро, ки қасд кардаӣ анҷом деҳ.

Сипас Ҳур муқобили лашкари Кӯфа истод ва гуфт: эй аҳли Кӯфа! Модаратон дар азоятон бигиряд! Ин бандаи солеҳи Худо (Ҳусайн)-ро даъват кардед ва гуфтед, дар роҳи ту ҷон хоҳем дод, вале инак шамшерҳои худро бар рӯйи ӯ кашида ва ӯро аз ҳар тараф иҳота кардаед ва намегузоред, ки дар ин замини паҳновар ба ҳар куҷо, ки мехоҳад биравад ва монанди асир дар дасти шумо гирифтор мондааст. Ӯ ва занону духтарони ӯро аз нӯшидани оби Фурот манъ кардед, дар ҳоле ки қавми яҳуду насоро аз он менӯшанд ва ҳатто ҳайвонот дар он меғалтанд, вале инон аз ташнагӣ ба ҷон омадаанд! Шумо поси ҳурмати Паёмбарро дар бораи хонадони ӯ нигоҳ надоштед, Худо дар рӯзи ташнагӣ шуморо сероб нагардонад.

Дар ин ҳол гурӯҳе бо тир бар ӯ ҳамлавар шуданд, ӯ пеш омад ва дар муқобили Имом (а) истод. (35)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Биҳор-ул-анвор 44/388.

(2) Сафинат-ул-биҳор 2/270, калимаи Умар.

(3) Иршоди Шайх Муфид 2/82.

(4) Ақаба ибни Самъон ғуломи Рубоб ҳамсари Имом Ҳусайн (а) аст. Дар рӯзи Ошӯро лашкариёни ибни Саъд ӯро гирифта, назди ибни Саъд оварданд. Ва ӯ чун донист, ки Ақаба ғулом аст, амр кард ӯро озод намоянд. Ва баъзе аз ҳодисаҳои Карбало, монанди ин ҷараён аз ӯ нақл шудааст.

(5) Таърихи Табарӣ 5/413. Комили ибни Асир 4/54.

(6) Бо таваҷҷӯҳ ба ин ривоят ба ин натиҷа мерасем, ки номаи ибни Саъд тӯҳмат аст ба он бузургвор ва ибни Саъд бо ин ангеза ин дурӯғро ба Имом (а) нисбат дод, ки шояд Убайдуллоҳ пазирад ва ҷанг анҷом нагирад.

(7) Мақотил-ут-толибиййин 114.

(8) Аълом-ул-варо 233.

(9) Ал-имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ249.

(10) Иршоди Шайх Муфид 2/89.

(11) Сафинат-ул-биҳор 2/123, калимаи тисъ.

(12) Уммулбанин ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) мебошад, ҳазрат пас аз вафоти сарвари занони олам Фотимаи Заҳро (а) бо ӯ издивоҷ карданд ва соҳиби фарзандоне шуданд, ки онҳо ҳамроҳи Имом Ҳусайн (а) ба Карбало омада ва ба файзи шаҳодат расиданд.

(13) Комили ибни Асир 4/56.

(14) Ансоб-ул-ашроф 3/184.

(15)

اُثْنِى عَلىٰ اللهِ اَحْسَنَ الثَّناءِ وَاَحْمَدُهُ عَلىٰ السَّرّاءِ وَالضّرّاءِ، اللّهُمَّ اِنِّى اَحْمَدُكَ عَلىٰ اَنْ اَكْرَمْتَنا بِالنُّبُوَّةِ وَجَعَلْتَ لَنا اَسْماعاً وَاَبْصاراً وَاَفْئِدَةً وَعَلَّمْتَنا القُرْآنَ وَ فَقَّهْتَنا فِى الدِّينِ فَاجْعَلْنا لَكَ مِنَ الشّاكِرِينَ، اَمّا بَعْدُ فَاِنِّى لا اَعْلَمُ اَصْحاباً اَوْفىٰ وَلا خَيْراً مِنَ اَصْحابِى وَلا اَهْلَ بَيْتٍ اَبَرُّ وَلا اَوْصَلُ مِنْ اَهْلِ بَيْتِى فَجَزاكُمُ اللهُ جَمِيعاً عَنِّى خَيْراً. اَلا وَاِنِّى لاَظُنُّ يَوْمَنا مِنْ هٰؤُلاءِ الاَعْدَاءِ غَداً وَاِنِّى قَدْ اَذِنْتُ لَكُمْ جَمِيعاً فَانْطَلِقُوا فِى حِلٍّ لَيْسَ عَلَيْكُمْ مِنِّى ذِمامٌ، هٰذا اللَّيْلُ قَدْ غَشِيَكُمْ فَاتَّخِذُوهُ جَمَلاً وَلْيَأْخُذْ كُلُّ رَجُلٍ مِنْكُمْ بِيَدِ رَجُلٍ مِنْ اَهْلِ بَيْتِى فَجَزاكُمُ اللهُ جَمِيعاً ثُمَّ تَفَرَّقُوا فِى البِلادِ فِى سَوادِكُمْ وَ مَدائِنِكُمْ حَتّىٰ يُفَرِّجَ اللهُ فَاِنَّ القَوْمَ يَطْلُبُونَنِى وَلَوْ اَصابُونِى لَهُوا عَنْ طَلَبِ غَيْرِى

(16) Комили ибни Асир 4/57.

(17) Дар ҳадиси муноҷоти Мӯсо омадааст, ки гуфт: Худоё! Чаро уммати Паёмбари худ Муҳаммадро бар умматҳои дигар фазилат додӣ?

Худои Таоло гуфт: Ононро ба ҷиҳати 10 хислат фазилат додам: Намоз, закот, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, намози ҷумъа, намози ҷамоат, Қуръон, илм ва Ошӯро.

Мӯсо савол кард, ки Ошӯро чист?

Худои Таоло фармуд: Гиристан бар Муҳаммад (с) ва марсияву азодорӣ бар фарзанди духтари Паёмбари баргузида аст. Эй Мӯсо! Ҳар бандае аз бандагонам дар он замон, ки ӯ бигиряд ва ё табокӣ кунад дар азои фарзанди Мустафо, ӯро подоши биҳишт диҳам. Ва ҳеҷ бандае аз бандагонам аз молу сарвати худ дар роҳи муҳаббати фарзанди духтари Паёмбар (с) сарф нанамояд, магар ин ки подоши ҳар дирҳамро ҳафтод дирҳам дар дунё ато кунам ва дар биҳишт баҳраманд шавад ва аз гуноҳони ӯ даргузарам. Ба иззату ҷалолам савганд, ҳеҷ зан ё марде қатрае аз ашкаш дар рӯзи Ошӯро ва ё ғайри он ҷорӣ нагардад, магар ин ки ӯро подоши сад шаҳид ато намоям. (Маҷмаъ-ул-баҳрайн 3/405 — луғати ашр).

(18)

 اللَّهُمَّ اَنْتَ ثِقَتِى فِى كُلِّ كَرْبٍ وَرَجائِى فِى كُلِّ شِدَّةٍ، وَاَنْتَ لِى فِى كُلِّ اَمْرٍ نَزَلَ بِى ثِقَةٌ وَ عُدَّةٌ، كَمْ مِنْ هَمٍّ يُضْعُفُ فِيهِ الفُؤادُ وَتَقِلُّ فِيهِ الحِلْيَةُ وَيَخْذُلُ فِيهِ الصَّدِيقُ وَيَشْمُتُ فِيهِ العَدُوُّ اَنْزَلْتُهَ بِكَ وَ شَكَوْتُهُ اِلَيْكَ رَغْبَةً مِنِّى اِلَيْكَ عَمَّنْ سِواكَ فَفَرَّجْتَهُ وَ كَشَفْتَهُ فَاَنْتَ وَلِىُّ كُلِّ نِعْمَةٍ وَ صاحِبُ كُلِّ حَسَنَةٍ وَمُنْتَهىٰ كُلُّ رَغْبَةٍ.

(19) Исбот-ул-васият 126. Мухтасари Таърихи ибни Асокир 7/147. Ва дар Исбот-ул-ҳудот 2/583 ҳамин матлабро Ҳалабӣ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст.

(20) Биҳор-ул-анвор 45/4.

(21) Тарафи рост.

(22) Тарафи чап.

(23) Иршоди Шайх Муфид 2/95.

(24) Комили ибни Асир 4/60.

(25) Иршоди Шайх Муфид 2/96.

(26)

اَيُّها النّاسُ ٱسْمَعُوا قَوْلِى وَلا تَعْجَلُوا حَتّىٰ اَعِظَكُمْ بِما حَقٌّ لَكُمْ عَلَىَّ، وَ حَتّىٰ اَعْتَذِرَ اِلَيْكُمْ مِنْ مَقْدَمِى عَلَيْكُمْ، فَاِنْ قَبِلْتُمْ عُذْرِى وَصَـدَّقْتُمْ قَوْلِى وَاَعْطَيْتُمُونِى النَّصَفَ مِنْ اَنْفُسِكُمْ كُنْتُمْ بِذٰلِكَ اَسْعَدُ وَلَمْ يَكُنْ لَكُمْ عَلَىَّ سَبِيلٌ، وَاِنْ لَمْ تَقْبَلُوا مِنِّى العُذْرَ وَلَمْ تُعْطُوا النَّصَفَ مِنْ اَنْفُسِكُمْ «فَأَجْمِعُواْ أَمْرَكُمْ وَشُرَكَاءَكُمْ ثُمَّ لاَ يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُواْ إِلَيَّ وَلاَ تُنظِرُونِ» «إِنَّ وَلِيِّيَ اللّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ».

(27)

اَيُّها النّاسُ! ٱنْسِبُونِى مَنْ اَنا ثُمَّ ٱرْجِعُوا اِلىٰ اَنْفُسِكُمْ وَعاتِبُوها وَٱنْظُرُوا هَلْ يَحِلُّ لَكُمْ قَتْلِى وَٱنْتِهاكُ حُرْمَتِى؟ اَلَسْتُ ٱبْنُ بِنْتِ نَبِيِّكُمْ وَٱبْنُ وَصِيِّهِ وَٱبْنِ عَمِّهِ وَ اَوَّلُ المُؤْمِنِينَ بِاللهِ وَالمُصَدِّقِ لِرَسُولِهِ بِما جاءَ مِنْ عِنْدِ رَبِّهِ ؟ اَوَلَيْسَ حَمْزَةُ سَيِّدُ الشُّهَداءِ عَمُّ اَبِى ؟ اَوَلَيْسَ جَعْفَرُ الطَّيّارُ عَمِّى؟ اَوَلَمْ يَبْلُغْكُمْ قَوْلُ رَسُولَ اللهِ (ص) لِى وَلاَخِى: هٰذانِ سَيِّدا شَبابِ اَهْلِ الجَّنَّةِ ؟ فَاِنْ صَدَّقْتُمُونِى بِما اَقُولُ وَهُوَ الحَقُّ، وَاللهِ ما تَعَمَّدْتُ الْكَذِبَ مُنْذُ عَلِمْتُ اَنَّ اللهَ يَمْقُتُ عَلَيهِ اَهْلَهُ، وَ يَضُرُّ بِهِ مَنِ ٱخْتَلَقَهُ، وَاِنْ كَذَّبْتُمُونِى فَاِنَّ فِيكُمْ مَنْ اِذا سَاَلْتُمُوهُ اَخْبَرَكُمْ، سَلُوا جابِرَ بنَ عَبْدَاللهِ الاَنْصارِى وَ اَباسَعِيدٍ الخِدْرِىّ وَ سَهْلَ بْنَ سَعْدٍ السّاعِدِىّ وَ زَيْدَ بْنَ اَرْقَمٍ وَ اَنَسَ بْنَ مالِكٍ يُخْبِرُوكُمْ اَنَّهُمْ سَمِعُوا هٰذِهِ المَقالَةَ مِنْ رَسُولِ الله (ص) لِى وَلاَخِى، اَما فِى هٰذا حاجِزٌ لَكُمْ عَنْ سَفْكِ دَمِى ؟!

(28) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 3/184.

(29) Иршоди Шайх Муфид 2/97.

(30) Биҳор-ул-анвор 45/10.

(31) Дар ин ки Имом (а) рӯзи Ошӯро чанд мартаба ба майдон омада ва бо лашкари Кӯфа сӯҳбат кардааст, таърих гӯё нест, мо дар ин ҷо се хутба аз он ҳазрат нақл кардем ва равшан нест он бузургвор ин суханонро як бор иншо кардаанд ва аҳли таърих онро аз ҳам ҷудо намудаанд ё он ки дар чанд навбат эрод кардаанд. Ва баъзе шумори ин хутбаҳоро беш аз се зикр кардаанд. (Василат-уд-дорайн 298).

(32)

الْحَمْدُ للهِ الَّذِى خَلَقَ الدُّنْيا فَجَعَلَها دارَ فَناءٍ وَ زَوالٍ، مُتَصَرِّفَةً بِاَهْلِها حالاً بَعْدَ حالٍ، فَالمَغْرُورُ مَنْ غَرَّتْهُ الشَّقِىُّ مَنْ فَتَنَتْهُ، فَلا تَغُرَّنَّكُمْ هٰذِهِ الدُّنْيا فِاِنَّها تَقْطَعُ رَجاءَ مَنْ رَكَنَ اِلَيْها وَتُخُيِّبُ طَمَعَ مَنْ طَمَعَ فِيها، وَاراكُمْ قَدِ ٱجْتَمَعْتُمْ عَلىٰ اَمْرٍ قَدْ اَسْخَطْتُمُ اللهَ فِيْهِ عَلَيْكُمْ وَاَعْرَضَ بِوَجْهِهِ الكَرِيمِ عَنْكُمْ وَاَحَلَّ بَكُمْ نِقْمَتَهُ وَجّنَّبَكُمْ رَحْمَتَهُ، فَنِعْمَ الرَّبُّ رَبُّنا وَبِئْسَ العَبِيدُ اَنْتُمْ، اَقْرَرْتُمْ بِالطاّعَةِ وَآمَنْتُمْ بِالرَّسُولِ مُحَمَّدٍ (ص) ثُمَّ اِنَّكُمْ زَحَفْتُمْ اِلىٰ ذُرِّيَّتِهِ وَعِتْرَتِهِ تُرِيدُونَ قَتْلَهُمْ، لَقَدِ ٱسْتَحْوَذَ عَلَيْكُمُ الشَّيْطانُ فَاَنْساكُمْ ذِكْرَ اللهِ العَظِيمِ، فَتَبّاً لَكُمْ وَلِما تُرِيدُونَ، اِنّا للهِ وَاِنّا اِلَيْهِ راجِعُونَ، هٰؤُلاءِ قَوْمٌ كَفَرُوا بَعْدَ اِيمانِهِمْ فَبُعْداً لِلْقَوْمِ الظّالِمِينَ.

(33) Биҳор-ул-анвор 45/5.

(34) Ӯ Ҳур ибни Язид ибни Ноҷия ибни Итоб аст. Ӯ дар миёни қавми худ чӣ дар замони ҷоҳилият ва чӣ пас аз Ислом шариф будааст ва ҷадди ӯ (Итоб) радиф ва надими Нӯъмон ибни Мунзир подшоҳи Ҳияра будааст. (Василат-уд-дорайн 127).

(35) Аълом-ул-варо 238.

Реклама


Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: