Хатари рӯёрӯии Омрико ва Русия дар Сурия

Ёддошти Самиҳ Саъб дар рӯзномаи Аннаҳор

Оё Вошингтун дар гузинаҳои худ дар Сурия ба самте меравад, ки бархӯрди низомии мустақим бо Русияро интихоб кунад? Ин суоли асосиест, ки ин рӯзҳо баъд аз таълиқи иртибототи омрикоӣ – русӣ бар сари оташбас дар Сурия ва баъд аз оғози амалиёти бозпасгирии манотиқи шарқи Ҳалаб тавассути артиши Сурия ва бо ҳимояти нерӯи ҳавоии Русия, матраҳ шудааст. Амалиёте, ки агар ба муваффақият бирасад, хутути тамосе, ки миёни мухолифон бо хориҷ аз соли 2012 дар дохили шаҳр эҷод шуда буд, аз байн меравад ва ҷойгоҳи Димишқро дар нақшаи ҳар гуна роҳи ҳалли сиёсии ояндаи Сурия, ба шиддат тақвият хоҳад кард.

Вақте ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико эълом кард, ки «ҳамаи гузинаҳо»-ро дар Сурия баррасӣ мекунад, талош кард ин гуна вонамуд кунад, ки мумкин аст ба самти гузинаи ҳамлаи низомӣ ба артиши Сурия мутамойил шавад. Ин изҳорот сабаб шуд, то фазое шабеҳи фазои сентябри 2013 ба вуҷуд ояд. Замоне ки Вошингтун мерафт гузинаи низомиро алайҳи артиши Сурия — баъд аз он ки мухолифони сурӣ ва ғарбиҳо Димишқро муттаҳам карданд, ки дар Ғутаи шарқӣ ва ғарбӣ аз силоҳи шимиёӣ истифода кардааст — ба кор гирад.

Имрӯза Ҳалаб мушобеҳи ҳамон иттиҳомҳоро мутаваҷҷеҳи худ мебинад, бо ҳамон фазо ва бо ҳамон иттиҳомот ва ҷанҷолсозиҳои соли 2013; бо ин тафовут, ки Русия дар он замон то ин андоза даргири сиёсӣ ва низомӣ дар Сурия нашуда буд. Ҳоло вазъият ба гунае шудааст, ки ҳар ҳамлаи низомии омрикоӣ ҳатто агар фақат маҳсур ба пойгоҳҳои сурӣ бошад, ба манзилаи ҳамла ба Русия ва нақш ва ҳузури он дар ин кишвар бо тамоми имконоташ маҳсуб мешавад.

Ҳар гуна ҳамлаи низомии омрикоиҳо алайҳи артиши Сурия, фақат маҳдуд ба ҷанг бо ҳукумати Сурия нахоҳад буд, балки ҷойгоҳи Русияро дар Сурия низ ҳадаф қарор хоҳад дод. Барои ҳамин аст, ки Русия нерӯҳои бештаре — аъамм аз ҳавоӣ ва дарёӣ — ба Сурия гусел доштааст, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки эҳтимоли рӯёрӯӣ бо Иёлоти Муттаҳида ин бор беш аз ҳар замоне эҳтимол дорад.

Аммо ин ҳаҷм гусели нерӯ ин паёми равшанро низ мутаваҷҷеҳи Вошингтун мекунад, ки паёмадҳои оғози набарди заминии Омрико дар ҷанги Сурия — ки ба манзилаи оғози марҳилаи ҷадиде аз ҷанги сурӣ аз сӯйи Омрико барои тазъифи артиши Сурия аст — метавонад арсаи низомиро ба гунае тағйир диҳад ва корро ба ҷойе бирасонад, ки ҳар гуна тасвияи сиёсиро бар худи Вошингтун низ таҳмил кунад. Ва ин дақиқан чизе аст, ки Русия аз 30 сентябри 2015 хостааст, ки ба он марҳила нарасад ва барои ҳамин аст, ки бар ҷудо кардани гурӯҳҳои мавсум ба “миёнарав” аз “ҷиҳодиҳо” таъкид дорад.

Паёми раисиҷумҳури Русия равшан аст, тасмиме истротежик барои дифоъ аз манофеи Русия дар Сурия гирифтааст ва иҷоза намедиҳад Димишқ ба дасти Ғарб суқут кунад ва Либии дигаре рақам бихӯрад.

Агар дахолати низомии Русия Вошингтунро шука кард ва таъвиқи суқути ҳукумати Сурияро – ки ҳадафи истротежики Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймононаш дар минтақа ҳамин буд — боис шуд, бозгашти Омрико ба гузинаи низомии мустақим низ метавонад мухотираи рӯёрӯии мустақими ин кишвар бо Русияро рақам бизанад. Ва ин фақат маҳдуд ба арсаи Сурия нахоҳад буд. Шояд ин масъала дар муҳосиботи омрикоиҳо лиҳоз шуда бошад ва бихоҳанд дар сиёсатҳои худ таҷдиди назар кунанд.

Annahar



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: