“Чинисозӣ”-и Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чин ба лиҳози торихӣ, ҳаргиз кишваре “истеъморгар” (ба маънои роиҷи он) шинохта нашудааст, ин кишвар дар торихи ҳазоронсолаи худ, ба ҷуз мавориде нодир ва андак кишвареро ишғол ва аз он ба унвони як “мустаъмараи худ” баҳракашӣ накардааст; бар хилофи кишварҳое назири кишварҳои урупоӣ ва ҳатто Русия. Балки Чин ба унвони як абарқудрат, сиёсатеро — ба хусус дар садаи ахир — дунбол мекунад, ки бадтар аз “истеъмор” аст. Сиёсати тавсиъаталабонаи ин кишвар ба ин будааст (ва ҳанӯз ҳам чунин аст), ки сарзамин ва кишвари дигареро ба тадриҷ ба кишвар ва сарзамини худ мулҳақ ва онро ҷузъе аз худ бикунад. Ва ба сухани дигар, сиёсати тавсиъаталабонаи Чин “чинисозӣ” аст, то “истеъмор”.

Ҳоло ба унвони намуна, як мисол бизанам: азизон ҳатман бо торихчаи Уйғуристон — ва ё ҳамон Туркистони Шарқӣ, ки инак ба унвони устони Синкёнг шинохта шуда ва ҷузъе аз Чин ба шумор меояд — ошноӣ доранд. Дар гузашта, Уйғуристон як кишвари исломии мустақил буда ва ҳатто замоне кишваре қуратманд ҳам маҳсуб мешуда. Дар соли 1884 дар давраи Имперотурии Манчу (Манҷуриҳо), чиниҳо Туркистони Шарқиро тасхир ва номи онро ба “Синкёнг” табдил доданд, ки дар забони чинӣ ба маънои “марзи ҷадид” мебошад. Аммо дар соли 1933 уйғурҳо тавонистанд муҷаддадан ҷумҳурии мустақилли худро ба ҳамон ном (яъне Туркистони Шарқӣ) таъсис бикунанд. Дар давраи ҷанги ҷаҳонии дуввум дар соли 1944 низ, боз ҳукумати тозае ба кӯмаки Шӯравӣ дар ин сарзамин таъсис шуд ва то соли 1949 идома ёфт. Ин давлат артиши хосси худро дошт, ки тавассути низомиёни Шӯравӣ омӯзиш дода шуда буданд. Аммо бо пирӯзии Моу Тсе Тунг ва таъсиси Чини кумунист, шӯравиҳо зимни як доду ситади сиёсӣ бо ҳукумати ҷадид ва ҳаммаслаки худ дар Чин, моил шуданд, ки ҳукумати Туркистони Шарқӣ ба Чин замима шавад, вале раҳбарони ҳукумати Туркистони Шарқӣ бо ин нақша мувофиқ набуданд. Шӯравиҳо, ба баҳонае, раҳбарони Туркистони Шарқиро ба Маскав даъват карданд, ки ҳавопаймои ҳомили онон ба иллати номаълуме суқут мекунад ва тамоми раҳбарони уйғур кушта мешаванд ва сипас дар як бозаи замонии бисёр кӯтоҳ, ин кишвар ва ин сарзамини исломӣ куллан “чинӣ” мегардад.

Дар бораи чигунагӣ ва наҳваи “чинисозӣ”-и ин минтақа гуфта шуда: “Бо таваҷҷӯҳ ба ҷамъияти ками “Синкёнг” нисбат ба соири манотиқи ин кишвар, Чин бар он буда, то бо таваҷҷӯҳ ба рӯйкардҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва сиёсӣ, зимни густариши ҳузури худ дар ин минтақа, даст ба мубориза бо ҷудоиталабии қавмӣ бипардозад. Дар ҳамин росто, аз як сӯ давлати Пекин сармоягузориҳои калоне дар минтақа анҷом дода… ва аз сӯйи дигар сиёсати “чинисозӣ” ҳамвора мадди назари Пекин будааст, чунончи давлати Чин барои “чинисозӣ”-и ин минтақа талошҳои густурдае сурат додааст. Ба унвони намуна, расондани нархи ҷамъияти Ҳон (нажоди чинӣ) аз камтар аз 10 дарсад дар нимаи қарни 20-ум ба ҳудуди 50 дарсад дар авоили қарни 21, яке аз ин талошҳо ба ҳисоб меояд. Яъне дар воқеъ милюнҳо Ҳон дар ин минтақа сокин шуданд. Дар буъди фарҳангӣ низ Чин бо фишор бар фаъолиятҳои исломӣ, имомони масоҷид, тазриқи забони чинӣ, тағйири ҷуғрофиёи ҷамъиятӣ, густариши контролҳои мазҳабӣ (ағлаби фаъолиятҳои омӯзишӣ ва умумии исломӣ мамнӯъ шуда ва ҳатто таҳсил дар хориҷ аз кишвар барои донишҷӯёни мусалмон мушкилтар шудааст ва ғайра…)-ро ба иҷро гузордааст…” (1)

Ҳол, Уйғуристон ҷойи худ, ки дар ҳоли ҳозир дигар ҷузъе “лоятаҷаззо” аз Чин қаламдод шуда ва аҳаде дар ҷаҳон ҷуръат надорад дар бораи ин воқеият — ки сарзамини мазкур дар замоне начандон дур як давлати мустақил будааст – чизе ба забон биёварад, аммо ин сиёсати вайронгари Чин камокон ва дар ҳамин имрӯзҳо низ идома дорад. Ба ин воқеият таваҷҷӯҳ бифармоед: “Чин имрӯза ба унвони як кишвари санъатӣ, аз роҳи судури сармоя ва меконизми ҷаҳонии қиматҳо ва доду ситади маводди хом бо колоҳои сохташуда (дар Чин) ва фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, на ин ки бихоҳад аз кишварҳои камрушд баҳракашӣ бикунад, балки дар садад аст, заминҳоеро, ки дар як бурҳа аз торих ҳарчанд ба муддате кӯтоҳ таҳти қаламраваш будааст, тасоҳуб намояд. Албатта, “чинисозӣ” ба ҳамин ҳудуд маҳдуд намешавад, балки ба далели рушди ҷамъиятии фазоянда дар ин кишвар ва ниёзи шадидаш ба “замин”, дар тарҳе калон ва дарозмуддат, дар садади тавсиъаи сарзамини худ аз ҳисоби кишварҳои ҳамсояаш аст.” (2)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳақоиқ, ҳоло шумо нигоҳе биандозед ба сиёсате, ки Чин имрӯз дар қиболи кишвари мо иттихоз кардааст: сармоягузориҳои калон, харидани заминҳо, кӯчи чиниҳо ба Тоҷикистон ба унвони нерӯҳои корӣ (дар ҳоле ки тоҷикистониҳо худ дар Русия ба дунболи коранд), аҳёнан издивоҷи мардони чинӣ бо занони тоҷик, ҳимоят ва пуштибонии ҳамаҷониба ва бе чуну чарои ҳукумати Чин аз ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ҳадде ки гуфта мешавад, имрӯза ин Чин аст, ки ба ҷойи онҳо тасмим мегирад, на худашон, эъзоми ҷавонон барои таҳсил дар Чин, эътои вомҳо ва қарзҳои калон ба ҳукумат, ки маълум аст ба ин зудиҳо (ва ҳаттто даҳсолаҳо) ҳукумат қудрати бозпардохти онҳоро надорад… ва ғайра аз даҳҳо намунаҳои дигар.

Хуб, Чин дар кишвари мо ба дунболи чист? Оё сиёсатмадорон ва ҳукуматдорони мо ба моварои ин “саховатмандиҳои” Чин дар қиболи Тоҷикистон низ нигоҳ мекунанд?

Накунад, рӯзе аз хоб бедор бишавем ва бо ин “хабари фаврӣ” ва эълом рӯ ба рӯ гардем, ки: аз ин торих ба баъд, Тоҷикистон устоне аз устонҳои Чин маҳсуб мебошад, ва ин ҳам ба хотири масолеҳ ва манофеи худи мардуми Тоҷикистон!

Шояд ба назаратон баъид намоён шавад ва ё бихандед, вале замоне уйғурҳо низ баъид медонистанд, ки ҷузъе аз Чин гарданд, ва ба гуфтаи Алихон Тӯра Соғуний (вафотёфтаи соли 1976 дар Тошкант), раисиҷумҳури Туркистони Шарқӣ аз сӯйи Шӯравӣ дар солҳои 1943-1946, ки раҳбарии муборизаи уйғурҳо алайҳи чиниҳоро низ бар ӯҳда дошт, ки гӯё ҳатто ба хобаш намеомада, ки Уйғуристон ҷузъе аз Чин бишавад!

* * *

Пайнавишт:

(1) Фарзоди Рамазонии Буниш; Ҷудоиталабӣ дар Синкёнг ва рӯйкарди чинисозии Пекин

(2) Аҳмад Раҷабуғлу; Чинисозӣ ва кишварҳои ҳамсояи Чин.



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: