Оё Ҳофиз аввалин ғазали худро бо байте аз шеъри Язид оғоз кардааст?

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ

Чун имсол бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ мусодиф омада бо айёми Ошурои Ҳусайнӣ (а), моилам андаке дар бораи байте, ки гуфта мешавад Ҳофиз аввалин ғазали худро ба он оғоз карда, баҳс ба амал биёварам.

Дар аввалин ғазал аз сурудаҳои Ҳофиз чунин омадааст:

Ало ё айюҳас-соқӣ адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон нумуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.

Муҳаммади Судии Баснавӣ (вафот дар соли 1000 ҳ.қ)‏ дар шарҳе бар Девони Ҳофиз дар ин бора мегӯяд:

“Ин мисроъ байти сонӣ аз қитъаест, ки Язид ибни Муовия бар вазни баҳри ҳазаҷ (1) суруда ва асли қитъа айнан ба ин қарор аст:

انا المسموم ما عندى بتریاق ولا راقى

أدر کأسا وناولها الا یا ایها الساقى

(“Ман масмумам ва тарёк ва подзаҳре надорам, ҷомро баргардон ва ба дастам бидеҳ, эй соқӣ!”)

Пас Хоҷа Ҳофиз барои тавофуқ бо қофияи ғазали худ мисроъи мазкурро муқаддам ва муъаххар карда ва ба тариқи тазмин (2) дар аввали ғазали худ эрод кардааст. Аз ин ҷиҳат ва ба далели чунин тазмине, Ҳофиз мавриди интиқоди бархе қарор гирифтааст.” (3)

Яке аз шоирон низ посухи ин интиқодро дар қолаби шеъре баён доштааст:

Хоҷа Ҳофизро шабе дидам ба хоб,

Гуфтам: эй дар фазлу дониш беҳамол!

Аз чӣ бастӣ бар худ ин шеъри Язид,

Бо вуҷуди ин ҳама фазлу камол.

Гуфт: воқиф нестӣ з-ин масъала,

Моли кофир ҳаст бар мӯъмин ҳалол. (4)

Ба ҳар ҳол, дар бораи ин шеъри Ҳофиз ба нукоте бояд таваҷҷӯҳ намуд:

1. Ин қатъӣ нест, ки чунин шеъреро Язид гуфта бошад; зеро бино бар таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар манобеи ривоӣ ва ғайри ривоии мӯътабар ва қобили итминон, ки ашъори Язидро нақл кардаанд, чунин шеъре ёфт нашуд ва сухани Судӣ барои мо мӯътабар нест; аз ин рӯ, Алломаи Қазвинӣ дар як баҳси даҳсафҳаӣ ташкики муҳаққиқонае бар қавли Судӣ ворид мекунад ва феҳристи муфассале аз китобҳоеро, ки эҳтимоли вуҷуди шеъри Язид дар онҳо буда ном мебарад, ки дар ҳеч кадом аз онҳо нишоне аз ин абёт нест. Баъд ҳадс мезанад, ки бархе афроди мутаассибе, ки муосири Судӣ буданд ин ҳикоятро сохтаанд. Яъне шеърро ба Язид ва сипас тазмини онро ба Ҳофиз нисбат додаанд, то хонандагони Ҳофизро нисбат ба ӯ бадбин созанд. (5)

2. Агар касе бихоҳад дар бораи Ҳофиз аз рӯйи девонаш қазоват кунад, мисли ҳар шоири дигаре бояд тамоми ин девонро аз аввал то ба охир дар назар бигирад. Ба иборате, “Ҳофиз дар китоби худаш як калид ба дасти мо додааст ва он калид ин аст, ки калимоте ба кор мебарад, ки он калимот ҳама нишон медиҳад, ки мехоҳад бигӯяд, ман марде аз ин типам; мисли калимаи ориф, калимаи сӯфӣ, калимоти муқаддас дар Ҳофиз аз қабили солик, ориф, тариқ, тариқат, муршид, пир. Инҳо нишон медиҳад, ки ин девон аз типи девонҳоест, ки урафо танзим кардаанд, дар забони арабӣ ва дар забони порсӣ. Мо аввал бояд биравем суроғи урафо ба таври куллӣ. Ҳофизро мо наметавонем аз урафо ҷудо кунем ва тафсир кунем, чунин чизе маҳол аст. Мавлавиро мо наметавонем аз урафо ҷудо кунем ва тафсир кунем. Тафсири Ҳофиз бояд тафсире бошад дар зимни тафсири урафо, хубиҳо ё бадиҳояш дар ҳама бояд санҷида шавад. Пас, мо бояд як назари куллӣ ба ҳамаи урафо бикунем, бибинем аслан дар миёни урафо ин гуна ҳарф задан буда ё набуда? Мо мебинем, ба истилоҳи имрӯз самбулик ҳарф задан — яъне бо алфоз ва калимоте, ки ҳар кадом рамзи як маъност сухан гуфтан — амре буда, ки қарнҳо қабл аз Ҳофиз дар миёни урафои исломӣ — аъамм аз арабигӯй ва порсигӯй — роиҷ буда, ихтисос ба Ҳофиз надорад, қарнҳо қабл аз Ҳофиз буда ва худашон ҳам дар ҷоҳои дигар тасреҳ мекардаанд, ки ин калимот рамз ва истилоҳ аст.” (6)

3. Ба илова, ин шеър ҳам ҳатто агар аз Язид буда бошад, аммо то ин андоза шӯҳрат надошта, ки Ҳофиз омидона мисроъи аввалашро аз он тазмин кунад; зеро мавориде ба унвони зарбулмасал ва шеър дар забони мардум вуҷуд доранд, ки сароянда ва гӯяндаи он мушаххас нест ва шояд Ҳофиз ҳам аз ин боб онро дар ин байт оварда бошад.

Аз тарафе, дар каломи пешвоёни динӣ низ фарозҳое вуҷуд дорад, ки шеъри яке аз шоирони мушрик ва ё зарбулмасали бозмонда аз даврони ҷоҳилият мавриди истифода қарор гирифтааст ва ин лузуман ба маънои таъйиди шахсияти гӯянда ва сарояндаи онҳо нест.

* * *

Пайнавишт:

(1) “Ҳазаҷ” дар луғат ба маънои суруд ва тарона ва овози бо тараннум аст, ва дар истилоҳ арӯзи баҳрӣ аст, ки аз такрори ҷузъи “مفاعیلن” ташкил шуда бошад. (Фарҳанги форсии Муъин, вожаи “ҳазаҷ”).

(2) “Тазмин” он аст, ки шоир ашъор ё гуфтори машҳуреро бар сабили ъория на бар сабили сирқат, дар аснои шеъри худ биёварад.

(3) Судӣ, Баснавӣ, Муҳаммад, Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз, ҷ.1, с.1.

(4) Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз, ҷ.1, с.1-2,

(5) Ба нақл аз: Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Ҳофизнома, ҷ.1, с.91.

(6) Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, ҷ.23, с.352-353.

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: