Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 6

Қисмати шишум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Фармони ҳамла

Амр ибни Ҳаҷҷоҷ фарёд баровард ва ба сипоҳи Кӯфа гуфт: эй нодонҳо! Шумо медонед бо чӣ касоне меҷангед? Инҳо шуҷоъон ва диловарони араб ҳастанд. Шумо бо касоне меҷангед, ки худро омодаи марг сохтаанд. Касе ба танҳоӣ ба майдони онҳо наравад, инҳо шуморашон кам аст ва замони кӯтоҳе боқӣ хоҳанд монд, ба Худо савганд, агар онҳоро сангборон кунед кушта хоҳанд шуд.

Ибни Саъд гуфт: рост гуфтӣ, назари ту дуруст аст, касеро бифирист, то ба лашкариёни Кӯфа бигӯяд, ки ба танҳоӣ ба майдон наравад. (1)

Имом (а) дар ин ҳангом даст бар маҳосин гирифта гуфт:

Худо бар қавми яҳуд он гоҳ хашм гирифт, ки барои ӯ фарзанд қоил шуданд ва бар уммати Масеҳ он ҳангом ки ӯро яке аз се худои худ донистанд ва бар зартуштиён вақте ки бандагии моҳу хуршедро пазируфтанд ва ғазаби Худо инак дар бораи ин қавм ба ниҳоят расид, ки бар куштани писари духтари Паёмбари худ якдилу якзабон муттафиқ шуданд. Ба Худо қасам, он чӣ аз ман мехоҳанд иҷобат нахоҳам кард, то он ки дар хуни худ оғушта ба лиқои Парвардгорам ноил шавам.” (2)

Шаҳодати асҳоби Имом (а)

Ибни Саъд ба ёрони Имом (а) наздик шуд ва Зувайдро садо карда гуфт: парчамро наздик овар, ӯ парчамро наздик овард, пас Ибни Саъд тирро бар камон ниҳод ва ба сӯи ёрони Имом (а) андохта гуфт: гувоҳ бошед, ки ман аввалин касе будам, ки ба сӯи онҳо тир андохтам!

Сипас дигарон низ тир бар камон ниҳода, асҳоби Имомро нишона гирифтанд, (3) ки баъд аз ин иқдом касе аз ёрони Имом (а) намонд, ки он тирҳо ба ӯ исобат накарда бошад. Ва ҳамин кор сабаб шуд, то 50 тан аз ёрони Имом (а) ба шаҳодат бирасанд. (4)

Пас Имом (а) ба ёронаш фармуд: ин тирҳо фиристодаҳои ин ҷамоат аст. Бапо хезед ва биштобед ба сӯи марге, ки аз он гурезе нест, Худо шуморо биёмурзад!

Пас асҳоби он ҳазрат қисмате аз рӯзро ҷанг карданд, то он ки гурӯҳи дигаре аз ёрони Имом (а) шаҳид шуданд. (5)

Номҳои шуҳадои ҳамлаи аввал

Ибни Шаҳрошӯб шумори шуҳадои асҳоби Имомро дар ҳамлаи аввал 40 нафар зикр кардааст, ки номи 28 нафари онҳоро бурдааст. Ва сипас мегӯяд: 10 нафар аз онҳо аз маволии Ҳусайн (а) ва ду нафар аз маволиёни Алӣ (а) будаанд, (6) вале мо барои овардани тарҷумаи мухтасаре аз ҳар кадоми онҳо дар инҷо номҳои ононро аз китоби «Абсор-ул-айн»-и Самовӣ зикр мекунем, ки баъзе аз онҳо бар асоси нақли дигарон, дар ҳамлаи аввал шаҳид нашудаанд ва мавориди ихтилоф дар зайл зикр гардидааст:

1-Адҳам ибни Умайя

2-Умайя ибни Саъд

3-Бушр ибни Умар

4-Ҷобир ибни Ҳаҷҷоҷ

5-Ҳубоб ибни Омир

6-Ҷибилла ибни Алӣ

7-Ҷунода ибни Каъб

8-Ҷундаб ибни Ҳаҷири Киндӣ

9-Ҷавин ибни Молик

10-Ҳорис ибни Имраулқайс

11-Ҳорис ибни Набаҳон

12-Ҳаҷҷоҷ ибни Бадр

13-Ҳулос ибни Амр

14-Зоҳир ибни Амр

15-Зуҳайр ибни Салим

16-Солим (ғуломи Омир ибни Муслим)

17-Солим ибни Амр

18-Сивор ибни Абӯҳимяр

19-Шабиб ибни Абдуллоҳ

20-Оиз ибни Муҷаммаъ

21-Омир ибни Муслим

22-Абдуллоҳ ибни Башир

23-Абдуллоҳ ибни Язид

24-Убайдуллоҳ ибни Язид

25-Абдураҳмон ибни Абдурраб

27-Умар ибни Забиа

28-Аммор ибни Ҳассон

29-Аммор ибни Салома

30-Қосим ибни Ҳабиби Аздӣ

31-Қосит ибни Зуҳайр

32-Кардус ибни Зуҳайр

33-Канона ибни Атиқ

34-Муслим ибни Касир

35-Масъуд ибни Ҳаҷҷоҷ

36-Муқсит ибни Зуҳайр

37-Наср ибни Абӯнайзар

38-Нӯъмон ибни Амри Росибӣ

39-Наим ибни Аҷалон

40-Зуҳайр ибни Бушри Хасъамӣ

Истиғоса

Дар ин ҳангом Имом (а) фарёд баровард, ки:

اَمَا مِنْ مُغِيثٍ لِوَجْهِ اللهِ؟! اَمَا مِنْ ذَابٍّ يَذُبُّ عَنْ حَرَمِ رَسُولِ اللهِ

Оё фарёдрасе ҳаст, ки моро ба хотири Худо ёрӣ кунад?! Оё мудофеъе ҳаст, ки аз ҳарами Расули Худо дифоъ намояд?!” (7)

Номҳои шаҳидони дигар

Пас аз он ки гурӯҳе аз ёрони Имом (а), ки номашонро қаблан ёдовар шудем, дар аввалин ҳамла ҷон бохтанд ва шарбати шаҳодат нӯшиданд, навбати фидокорӣ ба асҳоби дигар ва ҳамчунин ба аҳли байти он ҳазрат аз Банӣ Ҳошим расид, ки ҳар кадом ба майдони разм шитофта ва ба истиқболи шамшерҳо ва найзаҳо рафтанд ва либоси сурхи шаҳодатро ба қомати худ пӯшониданд ва ба лиқои илоҳӣ ва ризвони Худо пайвастанд ва дар ҷивори раҳмат ва алтофи Ҳақ орамиданд, ки ба тартиб дар оғоз номи асҳоб ва сипас аҳли байти он ҳазратро зикр хоҳем кард:

1-Абдуллоҳ ибни Умайр

2-Сайф ибни Ҳорис

3-Молик ибни Абдуллоҳ

4-Амр ибни Холиди Сайдовӣ (8)

5-Саъд мавлои Амр (9)

6-Ҷобир ибни Ҳорис

7-Муҷаммаъ ибни Абдуллоҳ (10)

8-Бурайр ибни Хузайр

9-Амр ибни Қарза ибни Каъби Ансорӣ

11-Абулҳутуф ибни Ҳорис

12-Нофеъ ибни Ҳилол

13-Абушшаъсои Киндӣ

14-Муслим ибни Авсаҷа

15-Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ

16-Ҳабиб ибни Мазоҳир

17-Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ (11)

18-Абӯсамомаи Соидӣ

19-Салмон ибни Мазориб

20-Зуҳайр ибни Қайни

21-Ҳаҷҷоҷ ибни Масруқи Ҷӯъфӣ

22-Язид ибни Муғфали Ҷӯъфӣ

23-Ҳанзала ибни Асъади Шабомӣ

24-Обис ибни Абӯшабиб (12)

25-Шавзаб ибни Абдуллоҳ

26-Ҷавн ибни Абӯмолик

27-Абдураҳмони Ирҳабӣ

28-Ғуломи Туркӣ

29-Анас ибни Ҳорис

30-Абдуллоҳ ибни Урва

31-Абдураҳмон ибни Урва

32-Амр ибни Ҷунода

33-Возеҳи Туркӣ

34-Рофеъ ибни Абдуллоҳ

35-Язид ибни Сабит

36-Бакр ибни Ҳай

37-Зарғома ибни Молик

38-Муҷаммаъ ибни Зиёд

39-Уббод ибни Муҳоҷир

40-Ваҳаб ибни Ҳубоби Калбӣ

41-Ҳабашӣ ибни Қайс ибни Салама

42-Зиёд ибни Урайб

43-Уқба ибни Салт

44-Қаънаб ибни Умар

45-Анис ибни Маъқал

46-Қурра ибни Абӯқурра

47-Абдураҳмон ибни Абдуллоҳи Язанӣ

48-Яҳёи Мозинӣ

49-Мунҷиҳ

50-Сувайд ибни Амр

Шуҳадои Банӣ Ҳошим

Пас аз ин ки ёрони Имом (а) яке пас аз дигарӣ ба хидмати он ҳазрат омаданд ва изн гирифтанд ва ҷонона мубориза карданд, то ба файзи шаҳодат ноил омаданд, ҷуз аҳли байти хосси он ҳазрат дигар касе барои дифоъ аз ҳарими ҳурмати Имом (а) боқӣ намонд ва навбати фидокорӣ ба Аҳли Байт расид. (13) Инак ба шарҳи аҳвол ва тавсифи ҷонбозиҳои онон мепардозем:

Алӣ ибни Ҳусайн (а)

Ҳазрати Алӣ ибни Ҳусайн (Алии Акбар) дар 11-уми моҳи шаъбони (14) соли 33 ҳиҷрат мутаваллид шуд. (15) Ӯ аз ҷадди бузургвораш Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ҳадис нақл мекард ва Ибни Идрис дар «Сароир» ба ин матлаб ишора намудааст. Куняи ӯ Абулҳасан ва мулаққаб ба Акбар аст, зеро ӯ бар асоси ривояти мувассақ бузургтарин фарзанди Имом (а) буд. (16) Модараш Лайлӣ духтари Абӯмурра ибни Урва ибни Масъуди Сақафӣ аст. (17) Ва аз назари ваҷоҳат ва таносуби андом, касе ҳамтои ҳазрати Алӣ Акбар набуд.

Дар рӯзи Ошӯро ба маҳзи ин ки аз падар изни ҷангидан талабид, Имом (а) ба ӯ иҷозат фармуд, пас нигоҳе аз сари меҳр бар ӯ андохт ва баъд сари худро ба зер афканд ва ашк дар чашмони муборакаш ҳалқа зад (18) ва ангушти саббобаи худро ба тарафи осмон боло бурд ва гуфт:

Худоё! Гувоҳ бош, ҷавонеро барои ҷанг бо куффор ба майдон фиристодам, ки аз назари ҷамолу камол ва хулқу хӯй шабеҳтарини мардум ба Расули ту буд ва мо ҳар вақт муштоқи дидори Паёмбари ту мешудем, ба чеҳраи ӯ назар мекардем.

Худоё! Баракоти заминро аз онҳо дареғ дор ва ҷамъияти онҳоро пароканда соз ва дар миёни онҳо ҷудоӣ афкан ва умарои онҳоро ҳеч гоҳ аз онон розӣ магардон! Зеро инон моро даъват карданд, ки ба ёрии мо бархезанд ва акнун бар мо метозанд ва аз куштани мо ибое надоранд.”

Сипас Имом (а) рӯ ба Ибни Саъд карда фарёд зад: Худо насли туро қатъ кунад ва ҳеч корро бар ту муборак нагардонад ва бар ту касеро бигуморад, ки баъд аз ман сари туро дар бистар аз тан ҷудо кунад ва риштаи насли туро қатъ кунад, ки ту қаробати ман бо Расули Худоро нодида гирифтӣ, пас бо овози баланд ин оятро тиловат кард: (19)

إِنَّ اللّهَ اصْطَفَى آدَمَ وَنُوحًا وَآلَ إِبْرَاهِيمَ وَآلَ عِمْرَانَ عَلَى الْعَالَمِينَ ٭ ذُرِّيَّةً بَعْضُهَا مِن بَعْضٍ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Дар ин ҳангом Алии Акбар хурӯшид ва бар сипоҳи Кӯфа ҳамла кард, (20) дар ҳоле ки ин раҷазро мехонд: (21)

اَنا عَلِيُّ بْنُ حُسَيْنِ بْنِ عَلِيّ

نَحْنُ وَبَيـْتُ اللهِ اَوْلَى بـِالنَّبِيّ

اَطْعَـنُكُمْ بِالرُّمْحِ حَتّٰى يَنْثَنِى

اَضْرِبُكُمْ بِالسَّيْفِ اَحْمِى عَنْ اَبِى

ضَرِبَ غُلامٍ هاشِمِيٍّ عَلَوِيّ

وَاللهِ لا يَحْكُمُ فِينا ابْنُ الـدَّعِيّ

«Ман Алӣ писари Ҳусайн фарзанди Алӣ ҳастам, ба Худо савганд, ки мо ба Расули Худо аз ҳама кас наздиктарем. Он қадр бо найза бар шумо занам, ки хам шавад, аз падарам ҳимоят кунам ва бо шамшер бар шумо зарбате фуруд оварам. Он гуна, ки аз ҷавони Ҳошимии Алавӣ зебандааст, писари Зиёдро куҷо расад, ки дар бораи мо ҳукм кунад.»

Ва чандин бор бар сипоҳи душман тохт ва бисёре аз сипоҳиёни Кӯфаро кушт, то ин ки душман аз касрати кушта шудагон ба хурӯш омад.

Ва ривоят шудааст, ки он бузургвор бо ин ки ташна буд, 120 нафарро кушт, он гоҳ назди падар омад, дар ҳоле ки захмҳои зиёде бардошта буд ва гуфт: эй Падар! Ташнагӣ маро кушт ва сангинии силоҳ маро ба заҳмат андохт, оё ҷуръаи обе ҳаст, ки тавони идомаи размидан бо душманро пайдо кунам?!

Имом (а) гиря кард ва фармуд: эй писари ман! Андаки дигаре ба муборизаи худ идома деҳ, дере намегузарад, ки ҷадди бузургворат Расули Худоро зиёрат хоҳӣ кард ва туро аз обе сероб кунад, ки дигар ҳаргиз эҳсоси ташнагӣ накунӣ.

Бархе аз муаррихон навиштаанд, (22) ки Имом (а) ба ӯ фармуд: эй писарам! Забони худро наздик ор! Ва баъд забони ӯро дар даҳон гирифт ва макид ва ангуштарии худро ба ӯ дод ва фармуд: онро дар даҳон бигузор ва ба сӯи душман бозгард. Умедворам, ки ҳанӯз рӯз ба поён нарасида бошад, ки ҷаддат Расули Худо ҷоме ба ту нӯшонад, ки ҳаргиз ташна нагардӣ. Пас ба майдон бозгашт ва ин раҷазро мехонд: (23)

اَلْحَرْبُ قَدْ بانَتْ لَها الْحَقائِق

وَظَهَرَتْ مِنْ بَعْدِها مَصادِق

وَاللهِ رَبِّ الْعَرْشِ لا نُفارِق

جُمُوعَكُمْ اَوْ تُغْمَدَ الْبَوارِق

«Ҷанг аст, ки ҷавҳари мардонро ошкор месозад ва дурустии иддаъоҳо пас аз ҷанг зоҳир мешавад. Ба Худои Арш савганд, ки аз шумо ҷудо нагардам, магар он ки теғҳои шумо ғилоф шавад.»

Ва ҳамчунон меразмид, то он ки шумори афроде, ки ба дасти ӯ ба ҳалокат расиданд ба дусад нафар расид. (24)

Лашкариёни Ибни Саъд аз куштани Алӣ ибни Ҳусайн парҳез мекарданд, вале Мурра ибни Мунқизи Абдӣ, ки аз диловарии ӯ ба танг омада буд, гуфт: гуноҳи ҳамаи араб бар гардани ман агар ин ҷавон бар ман бигузарад ва ман доғи ӯро бар дили падараш нанишонам! Пас Алии Акбар ба ӯ расид, дар ҳоле ки бар он сипоҳ ҳамлавар буд, Мурра роҳ бар ӯ гирифт ва бо найзае ӯро аз асп бар замин андохт, он гурӯҳ дар атрофи ӯ ҷамъ шуданд ва бо шамшер пора — порааш карданд. (25)

Хонадони Ақил ибни Абӯтолиб (а)

1-Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил

Ӯ фарзанди Руқайя духтари Амири Мӯъминон (а) буд ва баъд аз Алӣ ибни Ҳусайн ба майдон омад, (26) дар ҳоле ки раҷаз мехонд ва мегуфт: (27)

اَلْيَوْمَ اَلْقٰى مُسْلِماً وَهُوَ اَبِى

وَفِتْيَةٌ بادُوا عَلَى دِينِ النَّبِيّ

لَيْسُوا كَقَوْمٍ عُرِفُوا بِالْكَذِبِ

لَكِنْ خِيارٌ وَكِرامُ النَّسَبِ

Навиштаанд, ки: дар се ҳамлаи мутаволӣ 98 нафарро аз сипоҳи Кӯфа ба дӯзах фиристод. (28) Марде ба номи Амр ибни Сабеҳ тире ба сӯи ӯ партоб кард, дар ҳоле ки Абдуллоҳ (29) ба тарафи ӯ метохт ва вақте дид, ки пешонии ӯро нишон гирифтааст, даст бар пешонии худ гузошт, то аз исобати тир ба пешонии худ пешгирӣ кунад, вале он тир дасти ӯро ба пешонӣ дӯхт ва вақте хост дасти худро ҷудо кунад, натавонист. Дар ин ҳол Амр ибни Сабеҳ найзаи худро ба қалби ӯ фурӯ бурд ва ӯро ба шаҳодат расонид. (30)

2-Муҳаммад ибни Муслим ибни Ақил

Баъд аз шаҳодати Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил, Банӣ Ҳошим ва фарзандони Абӯтолиб ба сурати ҳамоҳанг бар сипоҳи Кӯфа ҳамла карданд (31) ва Имом (а) фарёд зад: эй амакзодагони ман! Сабру муқовимат пеша созед. Ва эй аҳли байти ман! Шакебо бошед, ки баъд аз имрӯз дигар ҳаргиз рӯи сахтиву мусибатро нахоҳед дид. (32)

Ва дар ин ҳамла буд, ки Муҳаммад ибни Муслим ба рӯи замин афтод ва ӯро Абӯмарҳами Аздӣ ва Луқайт ибни Аёси Ҷӯҳнӣ ба шаҳодат расониданд. (33)

3-Ҷаъфар ибни Ақил

Модари ӯ Ҳавсоъ духтари Амр ибни Омир аст. Ӯ ба майдон омад ва шамшерзанон мегуфт: (34)

اَنا الْغُلامُ الْاَبْطَحِيُّ الطَّالِبِىّ

مِنْ مَعْشَرٍ فِى هاشِمٍ وَغالِبِ

فَنَحْنُ حَقـّاً سادَةُ الذَّوائِبِ

فِينا حُسَيْنٌ اَطْيَبُ الْاَطائِبِ

Ва 15 нафар аз сипоҳи Кӯфаро кушт ва ӯро саранҷом марде ба номи Бушр ибни Хавт ба шаҳодат расонд. (35) – (36)

4-Абдураҳмон ибни Ақил

Ӯ ба майдон омад ва раҷаз хонд ва аз лашкари душман 17 савораро ба дӯзах равона кард ва шахсе ба номи Усмон ибни Холиди Ҷӯҳнӣ ӯро ба шаҳодат расонд. (37)

5-Абдуллоҳ ибни Ақил

Ба ӯ Абдуллоҳҳи Акбар лақаб дода буданд, ба майдон омад ва мубориза кард ва оқибат ба дасти Усмон ибни Холид ва марде аз қабилаи Ҳамдон шаҳид шуд. (38)

6-Муҳаммад ибни Абӯсаъид ибни Ақил

Вақте Имом (а) шаҳид шуд, навҷавоне аз хайма берун омад, дар ҳоле ки дилҳураву музтариб буд ва ба тарафи чапу рости худ бо дилҳура нигоҳ мекард, саворае бар ӯ ҳамла кард ва зарбате бар ӯ ворид сохт, аз ному нишонаш пурсидам, гуфтанд, ки ӯ Муҳаммад ибни Абӯсаъид ибни Ақил аст, аз ному нишони он савора пурсидам, гуфтанд: Лақит ибни Аёси Ҷӯҳнӣ аст.

Ҳонӣ ибни Сабити Хазрамӣ мегӯяд: ман дар Карбало ҳангоми кушта шудани Имом (а) ҳузур доштам ва мо 10 нафар савора будем ва ман 10-умин нафари онҳо будам, ки аспҳоро дар майдон ба ҷавлон даровардем, ногаҳон навҷавоне аз аҳли байти Ҳусайн аз хайма берун омад, дар ҳоле ки чӯбе дар даст ва пероҳане дар бар дошт ва ба росту чапи худ менигарист, дар ин ҳангом саворае ба ӯ наздик шуд ва бадани ӯро бо шамшер пора кард.

Ҳишоми Калбӣ ноқили ин хабар мегӯяд: Ҳонӣ ибни Сабит худ қотили он навҷавон буд, вале аз тарс номи худро зикр накардааст. (39)

Хонадони Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р)

1-Авн ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар

Фарзанди Зайнаби Кубро Ақилаи Банӣ Ҳошим духтари Алӣ ибни Абӯтолиб (а) аст. (40)

Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ду фарзанди худро ба номи Авн ва Муҳаммад назди Имом (а) фиристод ва он ду дар водии Ақиқ ба Имом (а) мулҳақ шуданд.

Ва се нафар аз саворони сипоҳи душман ва 18 нафар аз пиёдагон онҳоро ба қатл расонид, он гоҳ Абдуллоҳ ибни Қутна бар ӯ ҳамла кард ва ӯро бо шамшер ба шаҳодат расонид. (41)

2-Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар

Фарзанди Хавсоъ духтари Ҳафса аст. Баъзе гуфтаанд ӯ қабл аз бародараш Авн ба майдон омад ва 10 нафар аз он гурӯҳро кушт, сипас душман бар ӯ ҳамлавар шуд ва саранҷом ӯро шахсе ба номи Омир ибни Наҳшали Тамимӣ ба шаҳодат расонид. (42)

3-Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар

Ӯ низ фарзанди Хавсоъ духтари Ҳафса буд ва ба ёрии Имом (а) омада буд, ки ба шаҳодат расид. (43) Ва гуфтаанд, ки ӯро Бушр ибни Ҳувайтари Қонасӣ ба қатл расонид. (44)

4-Қосим ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар

Ӯ ҳамеша ҳамроҳи писари амакаш, Имом (а) буд ва ҳаргиз аз ӯ ҷудо намешуд, Имом (а) духтари амакаш Умми Кулсум, ки духтари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва модараш Зайнаби Кубро (а) буд, ба ӯ тазвиҷ намуд.

Қосим ба ҳамроҳи ҳамсараш ба Карбало омад ва баъд аз Авн ба майдон рафт ва ҷамъи зиёде аз душманонро кушт, ки баъзе шумори саворагони онҳоро ҳаштод нафар ва пиёдагони онҳоро 12 нафар зикр кардаанд, то он ки ҷароҳатҳои зиёде бардошт, пас аз ҳар сӯ бар ӯ ҳамлавар шуданд ва ӯро шаҳид карданд. (45)

Фарзандони Имом Ҳасан (а)

1-Қосим ибни Ҳасан (а)

Модараш Рамла ном дошт (46) ва ӯ навҷавоне буд, ки ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасида буд, вақте барои иҷозати майдон рафтан хидмати Имом (а) расид, Имом (а) бар ӯ назар афканд ва даст бар гардани ӯ андохт ва ҳар ду гиря карданд, то аз ҳол рафтанд, он гоҳ барои мубориза аз Имом изн хост, вале Имом ибо кард, Қосим ба дасту пои Имом бӯса зад, то он ҳазрат бар ӯ рухсат дод, пас ба майдон омад, дар ҳоле ки ашкаш ба гунаҳояш ҷорӣ буд ва ин раҷазро мехонд: (47)

اِنْ تُنْكِرُونِ فَاَنـا ابْنُ الْحَسَن

سِبْـطِ النَّبِيِّ الْمُصْطَفَى الْمُؤْتَمَـن

هٰذا حُسَيْنٌ كَالْاَسِيرِ الْمُرْتَهَن

بَيْنَ اُناسٍ لا سُقُوا صَوْبَ الْمُزَن

Навиштаанд, ки чеҳраи ӯ монанди қурси моҳ буд, пас ҷанги шадиде кард ва бо ҳамон кӯдакӣ 35 нафарро ба қатл расонид.

Ҳамид ибни Муслим гӯяд: ман дар миёни сипоҳи Кӯфа истода будам ва ба ин навҷавон назар мекардам, ки пероҳане дар бар ва наълайне ба по дошт, пас банди яке аз онҳо пора шуд ва фаромӯш намекунам, ки банди наълайни пои чапи ӯ буд, Амр ибди Саъди Аздӣ ба ман гуфт: ман бар ӯ ҳамла хоҳам кард.

Ба ӯ гуфтам: Субҳоналлоҳ! Чӣ манзуре дорӣ? Ба Худо қасам, ки агар ӯ маро бикушад, ман дасти худро ба сӯи ӯ дароз накунам, ин гурӯҳ, ки атрофи ӯро гирифтаанд, ӯро бас аст.

Ӯ гуфт: ман ба ӯ ҳамла хоҳам кард.

Пас ба Қосим ҳамла кард ва зарбате бар фарқи ӯ зад, ки бо чеҳра ба замин афтод ва фарёд баровард: эй амакҷон! Пас Ҳусайн (а) бо шитоб омад ва аз миёни сафҳо гузашт, то бар болини Қосим расид ва зарбате бар қотили Қосим зад, ӯ дасти худро пеш овард, дасташ аз оринҷ ҷудо гардид ва кӯмак талабид, сипоҳи Кӯфа барои наҷоти ӯ шитофтанд ва ҷанги шадиде даргирифт ва синаи ӯ дар зери суми аспон хурд шуд, (48) ғубор фазои майдонро пур карда буд, вақте ғубор нишаст, Имом (а)-ро дидам, ки бар сари Қосим истода ва Қосим поҳои худро бар замин мекашад. Имом (а) фармуд:

Чӣ қадр бар амаки ту сахт аст, ки ӯро ба кӯмак бихонӣ ва аз дасти ӯ коре барнаояд ва ё агар коре ҳам битавонад анҷом диҳад, барои ту суде надошта бошад, аз раҳмати Худо дур бод қавме, ки туро куштанд.” (49)

Он гоҳ Имом (а) Қосимро ба сина гирифт ва ӯро аз майдон берун бурд.

Ҳамид ибни Муслим гӯяд: ман ба поҳои он навҷавон нигоҳ мекардам ва медидам, ки бар замин кашида мешавад ва Имом синаи худро ба синаи ӯ часпонида буд. Бо худ гуфтам, ки ӯро ба куҷо мебарад? Дидам ӯро овард ва дар канори куштаи фарзандаш Алӣ ибни Ҳусайн ва дигар шуҳадои хонадони худ қарор дод. (50)

Дар «Кифоят-ут-толиб» омадааст: Вақте Қосим аз рӯи асп бар замин афтод ва амакашро садо зад, модараш истода буд ва наззорагари саҳна буд ва Ҳусайн (а) дар ҳоле ки Қосимро ба сина гирифта буд ин ашъорро мехонд: (51)

غَرِيبُونَ عَنْ اَوْطانِهِمْ وَدِيـارِهِم

تَنُـوحُ عَلَيْهِمْ فِى الْبَرارِ وُحُوشُها

وَكَيْفَ وَلا تَبْكِى الْـعُيُونُ لِمَعْشَرٍ

سُيُوفُ الْاَعادِى فِى الْبَرارِ تَنُوشُها

بُـدُورٌ تَوارٰى نُـورُها فَـتَغَيَّرَتْ

مَحاسِنُها تُرْبُ الْـفَلاةِ نُعُـوشُها

2-Абӯбакр ибни Ҳасан (а)

Ӯ ва бародараш Қосим аз як модар буданд. Аз Имом Боқир (а) нақл аст, ки ӯро марде ба номи Уқбаи Ғанавӣ ба шаҳодат расонид. (52)

3-Абдуллоҳ ибни Ҳасан (а)

Дар ҳоле ки сипоҳи Кӯфа Имом (а)-ро муҳосира карда буд, Абдуллоҳ ибни Ҳасан (а), ки ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасида буд, мехост худро бо шитоб ба Имом (а) бирасонад, Зайнаби Кубро хост, то ӯро аз ин амал боздорад, вале ӯ муқовимат мекард ва мегуфт: ба Худо қасам, ки аз амакам ҳаргиз ҷудо намегардам. Дар ин ҳангом Баҳр ибни Каъб — ва баъзе гуфтаанд Ҳармала ибни Коҳил — бо шамшер ба Имом (а) ҳамла кард, Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: эй писари зани бадкора! Мехоҳӣ амакамро бикушӣ? Ва ӯ шамшери худро ба тарафи он кӯдак фуруд овард, Абдуллоҳ дасти худро сипар қарор дод ва шамшер дасти ӯро қитъа-қитъа ва онро ба пӯсти он овезон кард, пас ӯ фарёд зад: эй модар!

Имом (а) он кӯдакро дар оғӯш кашида гуфт: эй писари бародар! Дар ин сахтӣ шакебо бош ва аз Худои худ чашми некӣ дор, то туро ба падарони некӯкорат мулҳақ кунад. Ҳармала тире ба ӯ зад, дар ҳоле ки дар домони Имом қарор дошт ва он кӯдак ба шаҳодат расид. (53)

4-Ҳасан ибни Ҳасан (а)

Яке дигар аз фарзандони Имоми Муҷтабо (а) Ҳасани Мусанно аст, ӯ рӯзи Ошӯро ба майдон омад ва монанди далерони размҷӯ ҷангид, то ба замин афтод. Ҳангоме ки сипоҳи Кӯфа барои ҷудо кардани сарҳои шуҳадо омаданд, диданд, ки ӯ ҳанӯз зиндааст ва рамақе дар ӯ боқӣ аст, Асмоъ ибни Хориҷа, ки аз хешони модарии ӯ буд висотат кард ва ӯро бо худ ба Кӯфа бурд ва мудово кард, то захмҳои тани ӯ илтиём ёфт ва баъд аз Кӯфа ба Мадина рафт. (54)

Фарзандони Амири Мӯъминон Алӣ (а)

1-Абдуллоҳ ибни Алӣ (а)

Модари ӯ Фотима Уммулбанин аст ва ҳангоми шаҳодати Амири Мӯъминон (а) кӯдаки шашсолае будааст. Ҳангоме ки асҳоби Имом (а) ва гурӯҳе аз аҳли байти ӯ шаҳид шуданд, Аббос ибни Алӣ (а) бародарони худро, ки аз тарафи модар бо ӯ яке буданд хонд ва гуфт: ба майдон равед.

Аввалини онҳо Абдуллоҳ ибни Алӣ, ки аз Усмон ва Ҷаъфар бузургтар буд ба по хест, Абулфазл ба ӯ гуфт: эй бародар! Ба майдон бирав, то туро дар роҳи Худо кушта бинам ва ту фарзанде надорӣ, пас ӯ ба майдон омад ва раҷаз мехонд ва шамшер мезад ва мубориза мекард, то он ки марде ба номи Ҳонӣ ибни Сабит ба ӯ ҳамла кард ва бо шамшер зарбате бар сари ӯ ворид кард ва ӯро шаҳид намуд. (55)

2-Усмон ибни Алӣ (а)

Ӯ баъд аз бародараш Абдуллоҳ ибни Алӣ (а) ба майдон рафт, дар ҳоле ки бисту як сол аз умри ӯ мегузашт. (56) Ва ин раҷазро мехонд: (57)

اِنَّى اَنـا عَثْـمانُ ذُو مَفاخِـر

شَيْخِى عَلِيٌّ ذُو الْفِعالِ الطَّاهِر

صِنْوُ النَّبِيِّ ذِى الرَّشادِ السّائِر

مابَيْنَ كُـلِّ غائِبٍ وَحـاضِـر

Хавло ибни Язид тире бар ӯ зад ва ӯро ба шаҳодат расонид. Ва бархе навиштаанд, ки: дар асари он тир аз асп ба рӯи замин афтод ва марде аз қабилаи Банӣ Абон бар ӯ ҳамла кард ва ӯро шаҳид намуд ва сари ӯро аз бадан ҷудо кард. (58)

3-Ҷаъфар ибни Алӣ (а)

Ӯ ҳангоми шаҳодати Алӣ (а) ду сола буд ва бо бародараш Имом Ҳасан (а) дувоздаҳ сол ва бо бародараш Имом Ҳусайн (а) бисту як сол зиндагӣ кард ва ривоят шудааст, ки Амири Мӯъминон (а) ӯро ба номи бародараш Ҷаъфар номгузорӣ кард, ба хотири алоқае, ки ба бародараш дошт. Ӯ низ ба майдон рафт ва ин раҷазро мехонд: (59) – (60)

اِنِّى اَنا جَعْفَرُ ذُو الْمَعالِى

ابْنُ عَلِيِّ الْخَيْرِ ذُو النَّوالِ

ذاكَ الْوَصِيُّ ذُو السَّنا وَالْوالِى

حَسْبِى بِعَمِّى جَعْفَرٍ وَالْخالِ

اَحْمِى حُسَيْناً ذِى النِّدَى الْمِفْضالِ

ва мубориза кард, то он ки Хавло ибни Язид бар ӯ ҳамлавар гардид ва ӯро ба шаҳодат расонид ва баъзе қотили ӯро Ҳонӣ ибни Сабит зикр кардаанд. (61)

4-Абӯбакр ибни Алӣ (а)

Муаррихон номи ӯро зикр накардаанд ва Абӯбакр куняи ӯст ва модари ӯ Лайло духтари Масъуд ибни Холид аст. Ӯ низ ба майдон омад ва раҷаз хонд ва мубориза кард, то ин ки ба дасти марде аз қабилаи Ҳамдон шаҳид шуд. (62)

5-Муҳаммад ибни Алӣ (а)

Ӯ Муҳаммади Асғар аст ва Амири Мӯъминон (а) фарзанди дигаре ба номи Муҳаммад дорад, ки аз ӯ бузургтар будааст, лизо ӯро Муҳаммади Асғар мегӯянд, модари ӯ Умми Валад аст. Ӯро марде аз қабилаи Банӣ Абон ба шаҳодат расонид, (63) баъзе модари ӯро Асмоъ бинти Умайс навиштаанд. (64)

6-Аббоси Асғар (65)

Аз Қосим ибни Асбағи Муҷошаӣ нақл шудааст, ки гуфт: вақте ки сарҳои шуҳадоро вориди Кӯфа мекарданд, савораеро дидам, ки сари ҷавонеро, ки маҳосин надошт ба гардани аспи худ овехта буд ва чеҳраи он ҷавон мисли моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшид. Вақте ки асп сарашро ба зер мебурд, он сари нозанин ба замин мерасид. Аз он савора савол кардам: ин сари кадом мазлум аст, ки ба гардани аспи худ овехтаӣ?!

Гуфт: сари Аббос ибни Алӣ.

Гуфтам: ту кистӣ?

Гуфт: Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ.

Қосим гуфт: чанд рӯзе нагузашт дидам, ки рӯи Ҳармала сиёҳ шуд. (66)

7-Аббос ибни Алӣ (а)

Ӯ дар соли бисту шаши ҳиҷрӣ мутаваллид шуд ва модари бузургвори он ҳазрат Уммулбанин Фотима духтари Ҳузом ибни Холид аст.

Алӣ (а) ба бародараш Ақил — ки олими ансоб ва ахбори араб буд — фармуда буд: барои ман занеро, ки фарзандони шуҷое биёварад интихоб кун. Ақил Фотима духтари Ҳузомро муаррифӣ кард ва гуфт: дар байни араб шуҷоътар аз падарони ӯ касеро намешиносам. Алӣ (а) бо ӯ издивоҷ кард ва аввалин фарзанде, ки аз Уммулбанин ба дунё омад Аббос (а) буд, ки ӯро ба сабаби зебоии симо Қамари Банӣ Ҳошим лақаб дода буданд ва куняи ӯ Абулфазл аст ва пас аз Аббос аз Уммулбанин се фарзанд ба тартиб: Абдуллоҳ ва Усмон ва Ҷаъфар мутаваллид шуданд. Аббос ибни Алӣ чаҳордаҳ сол бо падараш Амири Мӯъминон (а) буд ва мобақии умри худро дар канори ду бародараш зиндагӣ кард ва ҳангоми шаҳодат сию чаҳор сол аз умри шарифаш гузашта буд. Ӯ дар шуҷоат беназир буд ва ҳангоме ки бар асп савор мешуд, пои муборакаш ба замин мерасид.

Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки фармуд: амакам Аббос ибни Алӣ (а) басирати нофиз ва имони маҳкаму пойдоре дошт ва дар рикоби Имом (а) ҷиҳод намуд ва некӯ мубориза кард, то ба шаҳодат расид.

Ва нақл шудааст, ки рӯзе Алӣ ибни Ҳусайн (а) ба фарзанди Аббос (а), ки номаш Убайдуллоҳ буд назар кард ва гиря намуд, сипас фармуд: ҳеч рӯзе бар Расули Худо (с) сахттар аз рӯзи ҷанги Уҳуд, ки Ҳамза ибни Абдулмутталиб шаҳид гардид набуд ва баъд аз он рӯзи ҷанги Мавтаъ, ки Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (а) писарамаки ӯ шаҳид гашт. Ва ҳеч рӯзе монанди рӯзи Ҳусайн (а) набуд, си ҳазор нафар гирди ӯ ҷамъ шуданд, ки худро аз ин уммат медонистанд ва бо хуни Ҳусайн (а) ба Худо тақарруб меҷустанд ва Ҳусайн (а) онҳоро мавъиза фармуд, вале напазируфтанд, то ӯро ба ситам шаҳид карданд.

Сипас Имом Саҷҷод (а) фармуд: Худо амакам Аббос (а)-ро раҳмат кунад! Ӯ худро фидои бародараш Ҳусайн (а) намуд ва эсор кард, то ин ки ҳар ду дасти ӯ қатъ шуд ва Худованд ба ӯ монанди Ҷаъфари Тайёр ду бол ато фармуд, ки дар биҳишт бо фариштагон парвоз кунад. Ва фармуд: барои Аббос (а) назди Худои Мутаол манзилат ва дараҷае аст, ки тамоми шуҳадо дар рӯзи қиёмат ба он дараҷаву манзилат ғибта мехӯранд. (67)

Шуморе аз муаррихон навиштаанд: Аббос (а) вақте танҳоии Имом (а)-ро дид, назди ӯ омад ва гуфт: оё маро рухсат медиҳӣ, то ба майдон равам?

Имом (а) гиряи шадиде кард ва он гоҳ гуфт: эй бародар! Ту соҳиби парчам ва аламдори ман ҳастӣ.

Аббос (а) гуфт: эй бародар! Синаам танг ва аз зиндагӣ хаста шудаам ва мехоҳам аз ин мунофиқон хунхоҳӣ кунам.

Имом (а) фармуд: барои ин кӯдакон каме об таҳия кун.

Аббос (а) ба майдон омад ва сипоҳи Кӯфаро мавъиза кард ва онҳоро аз азоби Худо тарсонд, вале асаре накард, пас бозгашт ва моҷароро ба бародар гуфт, дар он ҳангом буд, ки фарёди ал-аташи кӯдаконро шунид, пас бар маркаб савор шуд ва машку найзаи худро гирифт ва оҳанги Фурот намуд, чаҳор ҳазор аз сипоҳи душман, ки бар Фурот гуморида шуда буданд, ӯро иҳота карданд ва ҳадафи тир қарор доданд, Аббос (а) онҳоро пароканда кард ва ҳаштод нафар аз ононро кушт, то вориди Фурот шуд ва вақте хост, ки миқдоре об бинӯшад, ёди ташнагии Ҳусайн (а) ва Аҳли Байт ва кӯдакон ӯро аз нӯшидани об боздошт, пас обро рехт ва ба қавле ин ашъорро хонд: (68)

يا نَفْسُ مِنْ بَعْدِ الْحُسَيْنِ هُونِى

وَبَـعْدَهُ لا كُـنْتِ اَنْ تَـكُونِى

هٰذا الْحُسَـيْنُ شارِبُ الْمَنُـونِ

وَتَـشْرَبِيـنَ بـارِدَ الْمَعِيـنِ

Ва машкро аз об пур кард ва бар шонаи рости худ андохт ва роҳии хаймаҳо шуд, лашкари Кӯфа роҳро бар ӯ бастанд ва аз ҳар тараф ӯро муҳосира намуданд, Аббос (а) бо онҳо пайкор мекард ва ин раҷазро мехонд: (69)

لا اَرْهَـبُ الْمَوْتَ اِذا الْمَوْتُ زُقٰـى

حَتّٰى اُوارٰى فِى الْمَصـالِيتِ لُقـا

نَفْسِى لِنَفْسِ الْمُصْطَفَى الطُّهْرِ وِقـا

اِنِّى اَنـا الْعَبّاسُ اَغْدُو بِالسِّقا

وَلا اَخـافُ الشَّـرَّ يَوْمَ الْمُلْـتَقٰى

То ин ки Навфали Азрақ дасти рости ӯро аз бадан ҷудо кард, он гоҳ машкро бар дӯши чапи худ ниҳод ва парчамро ба дасти чап гирифт ва ин раҷазро хонд: (70)

وَاللهِ اِنْ قَطَعْـتُمُ يَـمِينِى

اِنِّى اُحـامِى اَبَداً عَنْ دِينِى

وَعَنْ اِمـامٍ صادِقِ الْيَقِينِ

نَجْلِ النَّبِيِّ الطَّاهِرِ الْاَمِينِ

Дасти чапи ҳазратро низ ҳамон малъун аз муч ҷудо кард ва низ нақл шудааст, ки дар он ҳангом Ҳаким ибни Туфайл, ки дар пушти дарахти хурмо камин карда буд, шамшере бар дасти чапи ӯ зад ва онро аз бадан ҷудо кард, он ҳазрат парчамро ба синаи худ часпонид ва ин раҷазро мехонд: (71)

يا نَفْسُ لا تَخْشِى مِنَ الْكُفّارِ

وَاَبْـشِرِى بِرَحْمَةِ الْجَبّـارِ

مَـعَ النَّبِيِّ السَّـيِّدِ الْمُخْتـارِ

قَـدْ قَطَعُوا بِبَغْيِهِمْ يَسارِى

فَـاَصْلِهِمْ يـا رَبِّ حَرَّ النّارِ

Пас машкро ба дандон гирифт, он гоҳ тире ба машк хӯрд ва обҳои он фурӯ рехт:

Ва тири дигаре бар синаи муборакаш исобат кард ва баъзе гуфтанд, ки тир бар чашми ҳазрат нишаст ва бархе навиштаанд, ки бо амуди оҳанин бар фарқи муборакаш заданд, ки аз асп бар замин афтод ва фарёд баровард ва Имом (а)-ро садо зад.

Он ҳазрат бар болини Аббос омад ва вақте он ҳолро дид, фармуд:

الآنَ اِنْكَسَرَ ظَهْرِي وَ قَلَّتْ حِيلَتِي

«Акнун камарам шикаст ва роҳи чора ба рӯям баста шуд.» (72)

Ва вақте чашми тирхӯрда ва тани дар хун тапидаи Аббосро бар рӯи замин дар канори Фурот дид, хам шуд ва дар канори ӯ нишаст, зор-зор гиря кард, то Аббос ҷон супурд, (73) сипас ӯро ба сӯи хайма бурд. (74)

Баъзе ҳам гуфтаанд: Имом (а) бадани Аббос (а)-ро ба хотири касрати ҷароҳатҳо натавонист аз қатлгоҳаш ба ҷое, ки аҷсоди шуҳадо дар он ҷо буд, ҳамл кунад. (75) – (76)

Он гоҳ Имом (а) бар душман ҳамла кард ва аз тарафи росту чап бар онон шамшер мезад ва он сипоҳ аз муқобилаш мегурехтанд ва он ҳазрат мегуфт: куҷо мегурезед? Шумо бародарамро куштед! Куҷо мегурезед? Шумо бозуи маро шикастед! Сипас ба танҳоӣ ба ҷойгоҳи аввали худ бозмегашт.

Аббос (а) охирин шаҳид аз асҳоби Имом (а) буд ва баъд аз ӯ кӯдаконе аз Оли Абӯтолиб (а), ки силоҳ надоштанд, шаҳид шуданд. (77)

Дар баъзе аз кутуб омадааст: ҳангоме ки Аббос (а) ва Ҳабиб ибни Мазоҳир (а) шаҳид шуданд, осори шикастагӣ дар чеҳраи Имом (а) зоҳир шуд, пас бо ғаму андӯҳ нишаст ва ашкаш бар чеҳраи муборакаш ҷорӣ шуд. (78)

Дар ин замон занони ҳарам ба гиря даромаданд ва Имом (а) гиря кард ва фармуд: во зайъатано баъдак! (79) Во инқитоа заҳроҳ! Сипас ин ашъорро қироат фармуд: (80)

اَخِى يا نُورُ عَيْنِى يـا شَقِيقِى فَلِى قَـدْ كُنْتَ كَالرُّكنِ الْوَثِيقِ

اَيا ابْنَ اَبِى نَصَحْتَ اَخاكَ حَتّٰى سَقـاكَ اللهُ كَـأْساً مِنْ رَحِيقِ

اَيـا قَمَراً مُنِيراً كُـنْتَ عَـوْنِى عَلَى كُـلِّ النَّوائِبِ فِى الْمَضِيقِ

فَبَعْـدَكَ لا تَـطِيبُ لَنـا حَيـاةٌ سَنُجْمَعُ فِى الْغَداةِ عَلَى الْحَقِيقِ

اَلا للهِ شَـكْوائـِى وَصَبـْرِى وَما اَلْقـاهُ مِنْ ظَمـَأٍ وَضـِيقِ

8-Муҳаммад ибни Аббос ибни Алӣ (а)

Ибни Шаҳрошӯб дар баёни шуҳадои Банӣ Ҳошим бо Имом (а) зикр кардааст, ки: баъзе гуфтаанд Муҳаммад ибни Аббос ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (а) низ шаҳид шудааст. (81)

Охирин лаҳзаҳо ва кӯдакони ширхор

Имом (а) ба хайма омад ва фарзандаш Абдуллоҳро назди вай оварданд, он ҳазрат ӯро дар домани худ нишонид, дар ин асно марде аз қабилаи Банӣ Асад тире партоб кард ва он тифлро шаҳид намуд, пас Имом (а) хуни он тифлро гирифт ва чун дасташ пур шуд онро рӯи замин рехт (82) ва фармуд: Парвардгоро! Агар борони осмонро аз мо манъ фармудӣ хайри моро дар ин хун қарор деҳ ва интиқоми моро аз ин гурӯҳи ситамгар бигир. Он гоҳ он тифлро овард ва дар канори шуҳадои дигар қарор дод. (83)

Дар нақли дигаре омадааст, ки: Имом (а) муқобили хаймаҳо омад ва ба Зайнаб (а) гуфт: фарзанди кӯчакамро назди ман оред, то бо ӯ видоъ кунам, пас ӯро гирифт ва чеҳраашро наздик овард, то ӯро бибӯсад, Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ тире раҳо кард ва гулӯи он кӯдакро дарид ва ӯро қурбонӣ кард.

Пас Имом (а) ба Зайнаб (а) фармуд: кӯдакро бигир, он гоҳ дасти худро зери хуни гулӯи ӯ гирифт ва чун дасташ аз хун пур шуд ба сӯи осмон пошид ва гуфт: «Чун Худо мебинад он балоеро ки бар ман нозил шуд, бало бар ман осон гашт.» (84)

Пас аз ин ки он тифл шаҳид шуд, Имом (а) бо ғилофи шамшер наздики хайма қабри кӯчаке канд ва ӯро бо ҳамон ҳолат ба хок супурд. (85)

Ва нақл шудааст, ки бар ҷанозаи ӯ намоз гузорид ва ӯро ба хун оғушта сохт ва баъд дафн намуд. (86)

Навзоди шаҳид

Имом (а) дар ҳоле ки бар аспи худ савор ва роҳии майдон буд, кӯдакеро, ки дар ҳамон соат мутаваллид шуда буд назди он ҳазрат оварданд, Имом (а) дар гӯши фарзанди худ азон гуфт ва коми ӯро бардошт, дар он ҳангом тире бар ҳалқи он тифл исобат кард ва ӯро ба шаҳодат расонид. Имом (а) тирро аз ҳулқуми он тифл берун кашид ва кӯдакро ба хунаш оғушт ва гуфт: ба Худо қасам ту гиромитар аз ноқаӣ (ноқаи Солеҳ) дар пешгоҳи Худои Таоло ва ҷадди ту Расули Худо (с) гиромитар аз Солеҳ Паёмбар аст дар пешгоҳи Худо. Он гоҳ ҷанозаи хунолуди кӯдакро овард ва назди дигар фарзандон ва бародарзодагонаш ниҳод. (87)

Шумори шуҳадои Аҳли Байт (а)

Аҳли таърих дар шумори шуҳадои Аҳли Байт (а) ихтилоф кардаанд, ки ба бархе аз он ақвол ишора мекунем:

1-«17 нафар», ин адад аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст. Дар ҳадисе омадааст, ки он ҳазрат фармуд: хуне аст, ки Худо онро талаб хоҳад кард, онон ки аз авлоди Фотима шаҳид шуданд ва мусибате монанди мусибати Ҳусайн нест, ки бо ӯ ҳабдаҳ нафар аз аҳли байти худ шаҳид шуданд ва дар роҳи Худо сабр пеша сохта ва холисона ҷон бохтанд.

Ва аз Муҳаммад ибни Ҳанафия нақл шудааст, ки: ҳабдаҳ нафар бо Ҳусайн кушта шуданд, ки ҳамаи онҳо аз Фотима духтари Асад модари Амири Мӯъминон (а) мебошанд.

Дар зиёрати ноҳия номи ҳабдаҳ нафар аз Аҳли Байт зикр шудааст ва Шайх Муфид ҳам ҳамин ададро зикр кардааст ва шояд ҳамин наздиктар ба ҳақиқат бошад.

2-«16 нафар», ин қавл аз Ҳасани Басрӣ нақл шудааст, ки мегӯяд: Бо Ҳусайн ибни Алӣ (а) шонздаҳ нафар кушта шуданд, ки монанду назире дар рӯи замин надоштанд.

3-«15 нафар», ин ададро Муғира ибни Навфал дар шеъре, ки дар марсияи онон сурудааст, зикр кардааст.

4-«19 нафар».

5-«20 нафар».

6-«23 нафар».

7-«27 нафар» аз авлоди Фотима бинти Асад.

8-«78 нафар» инро Нассоба Саййид Абӯмуҳаммад Ҳусайни Ҳусайнӣ зикр кардааст ва шояд шумори тамоми шуҳадои Карбало бошад, на шуҳадои Аҳли Байт.

9-«30 нафар», ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Синон омадааст.

10-«13 нафар», инро Масъудӣ дар Муруҷ-уз-заҳаб зикр кардааст.

11-«14 нафар», ин ададро Хоразмӣ зикр кардааст. (88)

* * *

Пайнавишт:

(1) Иршоди Шайх Муфид 2/103.

(2) Ал-малҳуф 42.

(3) Иршоди Шайх Муфид 2/101.

(4) Биҳор-ул-анвор 45/12.

(5) Ал-малҳуф 42.

(6) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/113.

(7) Ал-малҳуф 49.

(8) Амр ибни Холид дар Кӯфа марди шариф ва аз мухлисони Аҳли Байт (а) буд, ӯ бо Муслим ибни Ақил қиём кард ва вақте аҳли Кӯфа ӯро танҳо гузоштанд, Амр чорае ҷуз махфӣ шудан надошт ва дар ихтифоъ буд, то он ки шунид фиристодаи Ҳусайн (Қайс ибни Мусаҳҳар) ба шаҳодат расид, худ ва мавлояш Саъд ҳаракат карданд ва ба Имом (а) мулҳақ шуданд. (Василат-уд-дорайн 176).

(9) Ӯ ба дунболи Амр ибни Холид дар роҳ ба Имом (а) пайваст, ӯ марди шарифу ҳимматбаланд буд ва дар Карбало шаҳид гардид. (Ибсор-ул-айн 68).

(10) Муҷаммаъ ибни Абдуллоҳ аз тобиин ва аз асҳоби Амирулмӯъминин (а) буд ва дар ҷанги Сиффин ҳузур дошт. Падари ӯ Абдуллоҳ аз асҳоби Расули Худост. (Василат-уд-дорайн 192).

(11) Ӯ аз шиаёни маъруф дар Кӯфа буд, ҳам соҳиби шуҷоат ва ҳам аҳли ибодат будааст. (Василат-уд-дорайн 146).

(12) Баъзе ӯро Обис ибни Шабиб овардаанд (Тазаллум-уз-Заҳро 192), вале дар Ибсор-ул-айн 74 ва Танқеҳ-ул-мақол 2/112 ӯро Обис ибни Абӯшабиб забт кардаанд.

(13) Иршоди Шайх Муфид 2/106.

(14) Али-ул-Акбари Муқаррам 12.

(15) Али-ул-Акбари Муқаррам 12. Ба нақл аз Ҳадоиқ-ул-вирдия.

(16) Ибсор-ул-айн 21.

(17) Иршоди Шайх Муфид 2/106. Комили ибни Асир 4/74.

(18) Нафс-ул-маҳмум 307.

(19) Сураи Оли Имрон ояти 33-34. «Худованд Одам ва Нӯҳ ва Оли Иброҳим ва Оли Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод. Онҳо фарзандон (ва наслҳое) буданд, ки баъзе аз баъзеи дигар гирифта шуда буданд ва Худованд Шунаво ва Доност».

(20) Биҳор-ул-анвор 45/42.

(21) «Ман Алӣ писари Ҳусайн фарзанди Алӣ ҳастам, ба Худо савганд, ки мо ба Расули Худо аз ҳама кас наздиктарем. Он қадар бо найза бар шумо занам, ки хам шавад, аз падарам ҳимоят кунам ва бо шамшер бар шумо зарбате фуруд оварам. Он гуна, ки аз ҷавони Ҳошимии Алавӣ зебандааст, писари Зиёдро куҷо расад, ки дар бораи мо ҳукм кунад».

(22) Мақтал-ул-Ҳусайн, Хоразмӣ 2/31.

(23) «Ҷанг аст, ки ҷавҳари мардонро ошкор месозад ва дурустии иддаоҳо пас аз ҷанг зоҳир мешавад. Ба Худои Арш савганд, ки аз шумо ҷудо нагардам, магар он ки теғҳои шумо ғилоф шавад».

(24) Нафс-ул-маҳмум 308.

(25) Иршоди Шайх Муфид 2/106.

(26) Ибсор-ул-айн 50.

(27) «Имрӯз падарам Муслимро мулоқот хоҳам кард, бо он гурӯҳе, ки бар дини Паёмбари Худоянд. Онҳо монанди гурӯҳе, ки машҳур ба дурӯғ ҳастанд, набошанд, балки аз хубону дорои насаби карим ҳастанд».

(28) Василат-уд-дорайн 231.

(29) Баъзе барои Муслим ибни Ақил ду фарзанд зикр кардаанд, ҳар ду ба номи Абдуллоҳ ва ҳар ду дар Карбало шаҳид шуданд, ки модари яке аз онҳо Руқайя духтари Амири мӯъминон ва модари дигарӣ каниз будааст. (Василат-уд-дорайн 231).

(30) Иршоди Шайх Муфид 2/107.

(31) Ибсор-ул-айн 50.

(32) Биҳор-ул-анвор 45/36.

(33) Ибсор-ул-айн 50.

(34) «Ман ғуломи Абтаҳии Толибӣ аз хонадони Ҳошим ва Ғолиб ҳастам, мо дар ҳақиқат аз бузургону содот ҳастем ва Ҳусайн (а) дар миёни мо покизатарини покизагон аст».

(35) Ибсор-ул-айн 51.

(36) Бархе гуфтаанд: Абдуллоҳ ибни Урваи Хасъамӣ ибтидо тире ба ӯ зад ва он гоҳ Бушр ба сӯи ӯ рафт, дар ҳоле ки модараш пеши хайма истода буд ва тамошо мекард, ӯро шаҳид кард ва дар зиёрати ноҳия омадааст: «Ассалому ало Ҷаъфар ибни Ақил ибни Абӯтолиб, лааналлоҳу қотилаҳу ва ромияҳу Бушр ибни Хавтин-ил-Ҳамдонӣ».

(37) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/105.

(38) Мақотил-ут-толибиййин 93.

(39) Ибсор-ул-айн 51.

(40) Мақотил-ут-толибиййин 91.

(41) Ибсор-ул-айн 39.

(42) Ибсор-ул-айн 40.

(43) Мақотил-ут-толибиййин 92.

(44) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/106.

(45) Танқеҳ-ул-мақол 2/24.

(46) Ибсор-ул-айн 36.

(47) «Агар маро намешиносед, ман фарзанди Имом Ҳасан ҳастам, ки ӯ фарзанди Паёмбари Худо, баргузидаву мӯътаман аст. Ин Ҳусайн аст, ки монанди асир дар миёни гурӯҳе, ки Худо онҳоро аз боронаш сероб накунад».

(48) Дар ин ки бадани Қосим зери суми аспон рафта ё қотили ӯ кӣ буд ихтилоф аст ва локин зоҳири иборати Шайх Муфид дар Иршод ва дигарон ин аст, ки бадани қотили ӯ зери суми аспон рафтааст.

(49) Биҳор-ул-анвор 45/34.

(50) Нафс-ул-маҳмум 323.

(51) «Аз хонаҳову ватанҳояшон дур афтоданд ва ваҳшиён дар биёбон бар онҳо навҳа мекунанд. Чӣ гуна чашмҳо нагиряд бар гурӯҳе, ки шамшерҳои душманон ононро дар бар гирифтааст? Моҳҳое, ки нури онон хомӯш ва баданҳои зебои ононро хоки биёбон дигаргун кард». (Василат-уд-дорайн 252).

(52) Абулфараҷ шаҳодати ӯро қабл аз Қосим навиштааст, вале Табарӣ ва Ҷазарӣ ва Шайх Муфид шаҳодати ин навҷавонро баъд аз Қосим зикр кардаанд. (Нафс-ул-маҳмум 325).

(53) Ал-малҳуф 51.

(54) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 3/256.

(55) Ибсор-ул-айн 34.

(56) Соҳиби Ибсор-ул-айн синни ин навҷавонро 23 сол зикр кардааст ва ин саҳеҳтар ба назар мерасад, зеро бародараш Ҷаъфар аз ӯ кӯчактар буда ва ӯ 21 сола будааст.

(57) «Ман Усмон соҳиби мафохир ҳастам, шайхам Алӣ соҳиби кирдори пок аст, бародари Паёмбар соҳиби истиқомату ҳидоят, миёни ҳар ғоибу ҳозир аст».

(58) Нафс-ул-маҳмум 327. Аз Алӣ (а) ривоят шуда, ки: Ман ин фарзандамро бо номи бародарам Усмон ибни Мазъун ном ниҳодам.

(59) «Ман Ҷаъфар соҳиби маротиб ҳастам, фарзанди Алии некӯ хислату соҳибкарам, ӯ ки васии Паёмбар ва дорои мартабаи баланду волое аст, амакам Ҷаъфар маро кофӣ аст, Ҳусейнро ҳимоят мекунам, ки соҳиби фазлу карам аст».

(60) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/107.

(61) Ибсор-ул-айн 35.

(62) Мақотил-ут-толибиййин 86.

(63) Мақотил-ут-толибиййин 85.

(64) Таърихи Табарӣ 6/89.

(65) Баъзе эҳтимол додаанд, ки аз фарзандони Амири Мӯъминон (а) ду нафар ба номи Аббос дар Карбало шаҳид шуданд: Яке Аббоси Асғар аст, ки шаби Ошӯро ба шаҳодат расидааст, ки модари ӯ Саҳбои Саълабия аст ва дигарӣ Аббоси Акбар аст, ки рӯз Ошӯро шаҳид шудааст, бо се бародари дигараш, ки модарашон Фотима Уммулбанин мебошад.

Муқаррам Аббоси Асғарро аз ҷумлаи авлоди Алӣ (а) зикр кардааст, ки ӯ ва Умари Атраф аз як модар буданд ба номи Саҳбо ва нақл кардааст, ки ин бузургвор шаби Ошӯро барои овардани об ба шариаи Фурот рафт ва дар он ҷо шаҳид гардид. (Ал-Аббос, Муқаррам 52. Василат-уд-дорайн 262).

(66) Тазкират-ул-хавос 281.

(67) Ибсор-ул-айн 25.

(68) «Эй нафс! Зиндагӣ баъд аз Ҳусайн хориву зиллат аст ва баъд аз ӯ намонӣ, то ин зиллатро бибинӣ. Ин Ҳусайн аст, ки шарбати марг менӯшад ва ту оби сарду гуворо менӯшӣ?!».

(69) «Аз марг ҳаргиз намеҳаросам, вақте ки фарёд занад, то ҳангоми муқобила бо шуҷоон ононро бо шамшер ба зер афканам. Ман нафси худро ҳофизу нигаҳбони писари Паёмбар қарор додаам. Ман Аббосам, ки мақоми саққоӣ дорам ва дар рӯзи мулоқот аз марг бим надорам». (Маноқиби ибни Шаҳррошӯб 4/108).

(70) «Ба Худо қасам агар дасти ростамро ҷудо кардед, ман ҳамеша ҳомии динам хоҳам буд ва ҳомии Имоме, ки дар имонаш содиқ аст ва фарзанди Паёмбари Поку Амин аст».

(71) «Эй нафс! Аз кофирон маҳарос ва ба раҳмати Худо шод бош, бо Паёмбар, ки ӯ Мавлои Баргузидаи Худост, инон ба ситам дасти чапамро қатъ карданд. Парвардигоро! Онҳоро ба гармии оташ бисӯзон».

(72) Биҳор-ул-анвор 45/42.

(73) Дар баъзе аз кутуб омадааст: Имом (а) сари Аббос (а)-ро дар доман гирифт ва хун аз чашмонаш пок кард ва ӯро дид, ки мегиряд, фармуд: Бародар аз чӣ мегирйӣ? Абулфазл (а) гуфт: Чӣ гуна нагирям эй бародар ва эй нури чашмам?! Ва Ҳусайн (а) нишаста буд, ки Аббос (а) фарёд зад ва рӯҳи покаш ба малакути аъло пайваст, Ҳусайн (а) фарёд баровард: Во ахоҳ! Во Аббосоҳ! (Василат-уд-дорайн 274).

(74) Биҳор-ул-анвор 45/41. Ибсор-ул-айн 40.

(75) Ад-дамъат-ус-сокиба 4/324.

(76) Қосим ибни Асбағ мегӯяд: Марде аз қабилаи Банӣ Абонро дидма, ки чеҳрааш сиёҳ шуда буд ва қаблан ӯро дида будам, ки рӯи сафеду чеҳраи зебое дошт, аз иллати тағйири чеҳрааш ҷӯё шудам? Ӯ гуфт, ки: Дар Карбало марди қавӣ ва зебо чеҳраеро куштам, ки миёни чашмонаш асари саҷда намоён буд, аз он замон ҳар шаб вақте ба хоб меравам, назди ман омада маро ба сӯи ҷаҳаннам мекашонад ва ман фарёд мезанам ва афроди қабилаи ман шабона фарёди маро мешунаванд.

Қосим ибни Асбағ мегӯяд: Ин хабар дар ҳама ҷо мунташир шуд, то зане аз ҳамсоягони ӯ гуфт: Фарёди ӯ шабҳо хобро аз чашми мо рабудааст, ман бо гурӯҳе назди ҳамсари ӯ рафта, моҷароро аз ӯ ҷӯё шудем? Ӯ гуфт: Оре, матлаб ҳамон гуна аст, ки худи ӯ гуфтааст.

Қосим ибни Асбағ мегӯяд: Он диловари хушчеҳрае, ки ба дасти ин нобакор ба шаҳодат расид, ҳазрати Аббос ибни Алӣ (а) будааст. (Ибсор-ул-айн 32).

(77) Ибсор-ул-айн 30.

(78) Зариат-ун-наҷот 125.

(79) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 270.

(80) «Бародарам эй нури чашму пораи танам! Ту барои ман монанди рукни мутмаинне будӣ. Эй писари падарам! Холисона размидӣ, то аз паймонае, ки дар он раҳиқи биҳиштӣ аст нӯшидӣ. Эй моҳи мунири ман! Ту дар тамоми масоибу сахтиҳо кӯмакам будӣ. Баъд аз ту зиндагӣ барои мо талх аст, фардо ману ту дар канори ҳамдигар хоҳем буд. Бидон, ки ба Худо шикоят ва барои ӯ сабр мекунам ва аз ташнагиву сахтӣ, ки дидам ба ӯ паноҳ мебарам». (Василат-уд-дорайн 273).

(81) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/112.

(82) Дар ривояти дигаре омадааст, ки Имом (а) он хунҳоро ба тарафи осмон рехт ва қатрае аз хун ба замин бознагашт. (Ибсор-ул-айн 24).

(83) Иршоди Шайх Муфид 2/108.

(84) Нафс-ул-маҳмум 349.

(85) Ибсор-ул-айн 24.

(86) Нафс-ул-маҳмум 351. Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 273.

(87) Таърихи Яъқубӣ 2/245.

(88) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 3/309.



Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: