Нигаронии Созмони Милал аз ҳукми Ёров ва Маҳкамов

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Дар матни изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ «дар мурофиаи амалан пӯшида» аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе ба 23 ва 21 сол зиндонӣ гардиданд.

Дар ин изҳорот омадааст: «Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои «Сипар» моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш — муовини раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 Нуриддин Маҳкамов, ки ҳамчун ҳимоятгари Ёров баромад менамуд, дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд

Бар пояи ин гузориш, дар изҳороти Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукми онҳо «бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст

Идораи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ин ҳукмҳо бо ӯҳдадориҳои давлат дар бораи эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифат доранд.

Гуфтанист, ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 6 октябр содир шуд. Ҳар ду маҳкумшуда гуфтанд, айбҳои эълоншударо эътироф намекунанд ва дар додгоҳи таҷдиди назар барои бозбинии ҳукм мубориза хоҳанд бурд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: