Помир; маншаи ойини Зартушт

Мардум ақида доранд, маншаи ойини Зартушт ба Эрон бармегардад, вале ахиран донишманде матраҳ кардааст, ки эҳтимолан зодгоҳи дини Зартушт дар Осиёи Миёна ва ба эҳтимоли зиёд як минтақаи тоҷикнишин дар атрофи шаҳри Торим ё дар қуллаи Помир будааст.

Ба гузориши Родю байналмилалии Чин (CRI) Ву Шин Ҳво, масъули гурӯҳи пажӯҳиши ҷомеъи кӯҳи Кунлун матлаби ёдшударо матраҳ кардааст. Соли 2013 вай масъулияти иктишофоти вайрона‎ҳои теппа‎ҳои бостонӣ воқеъ дар Тошқурғонро бар ӯҳда гирифт. Таҳқиқот нишон медиҳад, ин вайрона‎ҳои 2500-сола мутаъаллиқ ба амокини мазҳабии дини зартуштӣ ҳастанд ва то кунун қадимитарин вайрона‎ҳои кашфшуда дар робита бо дини зартуштӣ ба шумор ме‎раванд.

4-уми сентябр гурӯҳи пажӯҳиши ҷомеъи кӯҳи Кунлун аз ин вайронаҳо боздид карданд. Коршиносони ширкаткунанда низ изъон доштанд, ки ин вайронаҳо бо маншаи фарҳанги зартуштӣ иртибот доранд ва эҳтимолан мӯҷиби ислоҳи торих хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб, ин кашф дар зумраи муҳимтарин иктишофот дар ҷаҳон қарор хоҳад гирифт ва дар айни ҳол таъйид мекунад Шин Ҷиёнг ба унвони чорроҳи тамаддуни ҷаҳон, нақши ҷойгузиннопазире дар табодулоти тамаддунҳои Осиё ва Урупо ифо кардааст.

Ву Шин Ҳво дар вайронаи дини Зартушт

Мусоҳибаи хабарнигори Родю байналмилалии Чин бо Лю Ван Суъу

Вайронаи дини Зартушт

Вайронаи дини Зартушт

Вайронаи дини Зартушт



Рубрики:Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: