Таҳриф ва дасткорӣ дар “ҳувияти забон”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Миллатҳо ҳамвора барои худ “хатти қирмиз”-ҳое доштаанд, ки ба ҳеч ваҷҳ иҷоза надодаанд (ва намедиҳанд) на касе аз даруни худашон он “хутут”-ро бишканад ва на ғарибае ҷуръат ба шикастани онҳо бикунад. Забон, фарҳанг ва торихи (гузаштаи) ҳар миллат, аз ҷумлаи ин “хатти қирмиз”-ҳост.

Мумкин аст давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҳар миллате тағйир бикунад ва ҳатто инқилобҳо дар он ба вуқӯъ бипайвандад ва ба табаъи он, сиёсатҳо ва наҳваи идораи кишвар, аз ин давлат то ба он давлат, мутафовит ва аҳёнан мутазодд ҳам бошанд, ва лекин бо ин ҳама, забон ва фарҳанг ва гузаштаи ӯ – ки фарзандонашро ба ҳам мепайвандад – дастнахӯрда боқӣ мемонад (ва бояд ҳам чунон бимонад), ва бо тағйири ҳукумат ва ё вуқӯъи инқилобҳо, ин “хатти қирмиз”-ҳо мавриди дасткорӣ ва таҳриф воқеъ намешаванд.

Ба сухани дигар, ҳар миллате, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, дар ҳеч шароите ба худаш ин иҷозаро намедиҳад, ки “хатти қирмиз”-ҳояш шикаста ва мавриди таҳриф ва дасткорӣ воқеъ бишавад. Зеро убур аз ин “хутут” ва шикастани онҳо, ҳазинаҳое ҷуброннопазир ва паёмадҳои бас вахим барои он миллат ба дунбол хоҳад дошт, ки яке аз онҳо, падидаи “азхудбегонагӣ” аст. Дар торих агар миллате суқут карда ва ақиб уфтода ва таназзул ёфта, сабаби умдаи он, азхудбегонаии вай будааст.

* * *

Мутаассифона, пас аз истилои русҳо ва ҳукумати кумунистон дар сарзамини мо, ин “хатти қирмиз”-ҳо шикаста шуд. Таҳрифи торих ва талош барои тағйири фарҳанг, ки ҷойи худаш, вале бадтар аз ҳама, тағйири хатт (он ҳам ду бор), ва аз он ҳам бадтар, таҳриф ва дасткорӣ дар “ҳувияти забон” будааст; бад-ин тартиб, ки ин бовар тазриқ шуд, ки забони мо, тоҷикҳо, ғайр аз забони порсигӯёни Афғонистон ва ғайр аз забони эрониҳо будааст ва он гоҳ барояш ном ва унвоне ҷадид ҳам тарошиданд; “забони тоҷикӣ”. Ва ба тадриҷ ин бовар русух пайдо кард ва ниҳодина шуд ва рафта-рафта бо “ҳувияти миллӣ” ва “ғайрати тоҷикӣ” гиреҳ хӯрд; ба наҳве, ки агар имрӯз касе бигӯяд, забони мо аз назари моҳият ва ҳувият, тафовуте бо забони порсигӯёни Афғонистон ва ё эрониҳо надорад ва ҳар ду порсӣ ҳастанд ва агар тафовуте ҳаст, дар лаҳҷа ва гӯйиш аст, раги ғайрати тоҷикиамон баланд мешавад ва касонеро ҳам, ки мегӯянд, забони мо порсист, ба “хиёнат”, “беғайратӣ” ва аҳёнан “вобаста будан” муттаҳам мекунем. Ин аст таҳриф ва дасткорӣ дар “ҳувияти забон”.

Ва ин дар ҳоле аст, ки аҳаде аз мо дар ин ҳақиқати торихӣ тардид намекунад, ки ҳам тағйири хатт ва ҳам таҳрифи “ҳувияти забон”, далоиле сирф сиёсӣ доштанд. Ҳар як аз мо медонад, ки ҳадафи кумунистҳо ва давлатмардони вақти Шӯравӣ, яке ин буд, ки миллати моро бо худаш, бо аслаш, бо решааш ва бо гузаштааш бегона созанд, ва дигар он ки: моро аз ҳамзабонон ва ҳамфарҳангҳои худ (яъне бақияи порсигӯён) бибуранд, то заминаи эҷоди “ҷомеаи кумунистӣ” фароҳам ояд; ҷомеае, ки афродаш мебоист ҳеч рангу бӯйи бахусусе, ба ҷуз ранги кумунистӣ, надошта бошанд. Ва балое ҳам, ки пас аз шикаста шудани ин “хутути қирмиз” домангири миллати мо шуд, дигар ниёз ба гуфтан надорад ва азизон ҳама медонанд.

* * *

Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар, умед мерафт худамонро аз нав биёбем, аммо бо камоли таъассуф, кучактарин талоше дар сатҳи расмӣ барои ин бозёбӣ нашуд (ва намешавад), ки ҳеч, балки боз ҳам масолеҳ ва манофеъи зудгузари сиёсӣ ва аҳёнан “хусуматҳо” бо бархе аз кишварҳои порсигӯй, сабаб шудаанд, ҳамон таҳрифҳо ва дасткориҳо дар “ҳувияти забон” идома биёбанд, ва ин бор албатта аз сӯйи фарзандони миллат. Яъне, агар дар даврони ҳукумати Шӯравӣ ин таҳриф бо иҷбор бар мо таҳмил шуда буд, аммо ҳоло фарзандони миллат худашон исрор доранд, то забони худро ғайр аз забони порсигӯёни Афғонистон ва Эрон унвон бидоранд.

Имрӯзҳо исрор бар ин таҳриф ва дасткорӣ аз сӯйи афроди вобаста ба ҳукумати кунунӣ, музоъаф ва дучандон шуда. Ва афроде, ки кучактарин иттилоъ ва огоҳӣ дар бораи ҳувият ва торих ва гузаштаи забон ва бузургони адаби мо надоранд, изҳори назарҳои аҷибу ғарибе мекунанд, аз ин қабил, ки “Бародар, худат агар тоҷик бошӣ, чӣ гуна забонат номи дигар метавонад дошта бошад?! Эрониҳо лаҳҷаи форсии тоҷикиянд. Асосгузори адабиёти тоҷику форс устоди бузургамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз куҷо медонист, ки форсӣ чист? Тоҷикӣ менавишт-ку. Наход то ҳол макри таърихии зидди тоҷикиро нафаҳмида бошед, ки аз забони худ даст мекашед.” Ин сухан сухани касе аст, ки ба навъе масъулияти “таъйини” самту сӯйи сиёсатҳои калони кишварро бар ӯҳда дорад. Охир, Рӯдакӣ “тоҷикӣ менавишт-ку” яъне чӣ?

Ҳол, гӯяндаи ин ҳарфҳо, ки таклифаш рӯшан аст, ӯ шояд чорае ҷуз ин надорад, ки чунин бигӯяд, муқтазои сиёсате, ки ҳукумати феълӣ пеш гирифта шояд ҳамин бошад. Аммо ҷойи бас таъассуф аст, ки аҳли фазлу дониш ва касоне, ки ба истилоҳ забоншшинос ва забондон ҳастанд (ва банда тардиде ҳам дар дониши онҳо надорам, воқеан огоҳ ҳастанд), зимни мақолот ва пажӯҳишҳое, дар ҳоли таъйид ва сиҳҳа гузоштан бар он таҳриф ва дасткорӣ мебошанд. Яъне айни ҳарфи ҳамин оқоро мегӯянд, аммо ба забони “илм”. Намехоҳам инҷо аз ин азизон ном бибарам, мешиносед.

* * *

Нуктае, ки лозим медонам ба ин азизон ёдовар бишавам ин аст, ки: дар робита бо забоне, ки мо — тоҷикҳо — ба он менависем ва сӯҳбат мекунем, тафовуташ бо забони порсигӯёни Афғонистон ва ё эрониҳо ба чист? Ба сухани дигар ва ба забони илмӣ: забоне, ки порсигӯёни Афғонистон ва Эрон ба он такаллум мекунанд, аз назари моҳият оё қасими “забони тоҷикӣ” аст (номе, ки бар он исрор доред) ё қасими гӯиши тоҷикҳо?

Тавзеҳ ин ки: дар мантиқ (дар боби тақсимот) ин баҳс матраҳ аст, ки масалан агар бихоҳанд инсонҳоро аз назари ранг тақсим бикунанд, мегӯянд: инсонҳо ё сиёҳпӯст ҳастанд ё сурхпӯст ё сафедпӯст ё зардпӯст… Дар ин тақсимбандӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯсту сурхпӯсту зардпӯст қасими якдигар ҳастанд. Яъне ҳамаи инҳо “қисмҳое” аз як моҳиятанд. Дар моҳият бо ҳам ҳеч тафовуте надоранд, ҳама инсонанд, фарқашон фақат ба ранги пӯст аст.

Хуб, вақте гуфта мешавад, “забони тоҷикӣ” ғайр аз забони эрониҳо ё порсигӯёни Афғонистон аст, манзур аз ин “ғайрият” чист? Оё дар моҳият бо ҳам фарқ доранд – мунтаҳо, як қаробат ва хешовандӣ миёни онҳо вуҷуд дорад, назири забони урду ва ҳинду, ки ду забон ҳастанд, аммо ба ҳам наздик ва хешованд? Оё манзур ҳамин аст? Агар мурод ин аст, пас Устод Рӯдакӣ ба кадом далел ва ба чӣ муносибате ба унвони сардафтари адабиёти ҳар ду воқеъ шуда? Оё ниме аз ашъори Рӯдакӣ ба “забони тоҷикӣ” ва ниме дигар ба забони ғайри тоҷикӣ (масалан, эронӣ) суруда шуда ва лизо ҳар ду, Устодро сардафтари худ дар забон ва адаби хеш мешуморанд?

Ин ҷост, ки чорае ҷуз ин надоред, ки бигӯед, “забони тоҷикӣ”-и мавриди иддаъо, дар моҳият ҳеч фарқе бо забони роиҷ дар Эрон ва ё Афғонистон надорад ва агар тафовуте ҳаст, тафовут дар гӯиш аст. Хуб, бо ин ҳисоб, пас чаро исрор ва пойфишорӣ бар ин ин ки бигӯем, забони мо “тоҷикӣ” аст ва ғайр аз забони эрониҳо?!

Аз ин рӯй, (ба забони илмӣ) бояд чунин гуфт: забони порсӣ мунқасим аст ба гӯишҳое чун: машҳадӣ, теҳронӣ, исфаҳонӣ, ларӣ, кӯлобӣ, гилакӣ, хуҷандӣ, самарқандӣ, бухороӣ ва ғайраву золик… мунтаҳо, гӯишҳое чун самарқандӣ, бухороӣ, кӯлобӣ, хуҷандӣ ва… ба лиҳози ҷуғрофиёӣ дар Фарорӯд воқеъ шуда ва гӯяндагони он ба “тоҷикҳо” маъруфанд, ва аммо гӯишҳое мисли гилакӣ, исфаҳонӣ, машҳадӣ, ларӣ, теҳронӣ ва ғайра… дар Эрони кунунӣ воқеъ шудаанд. Агар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ сарфи назар кунем, мебинем, гӯиши машҳадӣ наздиктар ба гӯиши кӯлобӣ ва ё хуҷандӣ аст, то гӯиши гилакӣ. Вақте мозандарониҳо ба гӯиши худ (гилакӣ) бо ҳам сӯҳбат бикунанд, як теҳронӣ чизе аз он намефаҳмад.

Бо ин ҳисоб, исрори мо бар ин ки бигӯем забони мо “тоҷикӣ” аст, на он чӣ масалан дар Теҳрон ба он сӯҳбат мекунанд, мисли ин аст, ки як машҳадӣ бигӯяд, забони ман “забони машҳадӣ” аст ва дар моҳият бо забони роиҷ дар Теҳрон (масалан) фарқ мекунад.

* * *

Ҳоло агар ин ҳарфҳо ба мазоқи баъзе аз азизон хуш наояд (ба ҳар далеле, чӣ сиёсӣ ва ё мазҳабӣ) ва раги ғайраташон баланд бишавад ва бандаро муттаҳам ба “хиёнат” ва “ватанфурӯшӣ” ва аз ин ҷур чизҳо бикунанд, ин кори онҳост ва кучактарин эътиное нахоҳам кард, вале Худо гувоҳ аст, рӯзгор нишон хоҳад дод, ки чӣ касе ба забонаш хиёнат карда ва дар он таҳриф ва дасткорӣ карда ва чӣ касе ҳам ба дифоъ аз ҳувияти воқеии забонаш бапо хостааст! Торих худаш шоҳид ва гувоҳ хоҳад буд.



Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: