Қимори Ашраф Ғанӣ бо “қассоби Кобул”

Мақолае аз Наҷиб Шариф дар пойгоҳи шабакаи Aljazeera

Давлати Афғонистон ахиран бо Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори бадном ва нахуствазири собиқ, тавофуқи сулҳ имзо кард. Тавофуқи сулҳе, ки биму умедҳои бисёре ба ҳамроҳ дошт. Ин тавофуқ аз он ҷиҳат, ки нахустин тавофуқи давлати Афғонистон бо раҳбари як гурӯҳи шӯришӣ буд, умедҳо нисбат ба ояндаро борвар кард; ба вижа ин ки ин барои нахустин бор аст, ки як гурӯҳи шӯришӣ тавофуқ кардааст, ки аслиҳаи худро замин бигузорад, қонуни асосии Афғонистонро бипазирад ва вориди ҷараёни сиёсии ин кишвар шавад.

Аммо бозгашти Ҳикматёр метавонад анбӯҳе аз мушкилоти сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоӣ низ ба ҳамроҳ дошта бошад, ки дар ин сурат асароти мухарриби он ба маротиб бештар аз таъсироти созандааш хоҳад буд.

Ҳикматёр мулаққаб ба «қассоби Кобул», гузаштаи баҳсбарангезе дорад. Дар тӯли се даҳаи гузашта, ӯ ҳаддиақал ду бор тухми кудеторо дар Афғонистон кошта, ки албатта ба самар нанишастааст. Дар ҷараёни ҷангҳои дохилии даҳаи 1990, ӯ дар талош барои расидан ба қудрат, бо бисёре аз руқабои худ ва ҳатто душманони қасамхӯрдааш чун женерол Абдуррашид Дӯстум, ҷангсолори ӯзбак ва Алӣ Мазорӣ, ҷангсолори ҳазора, эътилоф кард. Аммо тақрибан ба тамоми ин эътилофҳо пушти по зад ва эътибори худро ба унвони фарде ғайриқобили эътимод ва мутаққаллиб, ба хатар андохт.

Чеҳрае ҷоҳталаб

Ҳикматёр дар тӯли 30 соли гузашта борҳо номаш дар феҳристи ҳуқуқбигирони ожонсҳои иттилоотии кишварҳои мухталиф сабт шудааст. Ӯ фарди ҷоҳталабе аст, ки бераҳмона дар таъқиби қудрат аст. Дар ҷараёни ҷангҳои дохилӣ, Ҳикматёр дар мубориза барои расидан ба риёсати ҷумҳурӣ, Кобулро бо ҳазорон рокет ба тӯп баст ва даҳҳо ҳазор тан аз сокинони ин шаҳрро кушт ё маҷрӯҳ кард.

Ӯ ба ин бадном шуда, ки барои тазъифи мухолифонаш ва расидан ба қудрат, танишҳои фирқаиро дар Афғонистон доман мезанад. Агар бихоҳед аз корномаи гузаштаи ӯ чизе дастгиратон шавад ва дар бораи оянда пешбинӣ кунед, натиҷа ин аст: Ҳикматёр бераҳмӣ ва ташнагии худ барои қудратро ба тавофуқи ҷадид бо давлати Афғонистон ҳам хоҳад овард.

Фазои сиёсии феълии Кобул шикананда аст ва ноамнии бештар бахшҳои Афғонистонро таҳдид мекунад. Даргириҳои дохилии давлати ваҳдати миллии Афғонистон (NUG), ки дар соли 2014 шакл гирифт, ба ин шиканандагии фазои сиёсӣ дар Кобул доман зада ва худ боис шуда, ки даври ҷадиде аз танишҳои қавмӣ дар ин кишвар боло бигирад. Заъфи давлати марказии Афғонистон боиси беэътибории он шуда ва ҷангсолорон ба суръат ҷойи холии давлати марказиро дар бахшҳои мухталифи давлат пур кардаанд. Дар ин шароит, бозгашти Ҳикматёр ба Афғонистон фазои сиёсиро беш аз пеш печида карда ва мавҷи ҷадиде аз танишҳои сиёсӣ, қавмӣ ва ҷиноҳиро ба дунбол хоҳад дошт.

Ҳикматёр раҳбари Ҳизби Исломӣ, муҳимтарин ҳизби тундрави паштун аст. Агар ӯ бихоҳад, ки ба сиёқи собиқ аз доман задан ба ихтилофоти қавмӣ барои қабза кардани қудрат ва тазъифи мухолифон истифода кунад — коре, ки дар ҷараёни ҷангҳои дохилии Афғонистон анҷом медод — қатъан танишҳои қавмӣ беш аз пеш ташдид хоҳад шуд.

Ҳизби Исломӣ аз даҳаи 1980 рақиби Ҷамъияти Исломӣ, муҳимтарин ҳизби тоҷик будааст. Ҳар дуи ин гурӯҳҳо мусаллаҳ ҳастанд ва ба ҳамин далел бозгашти Ҳикматёр ба Афғонистон на танҳо метавонад ҷараққае барои боло гирифтани ихтилофоти сиёсӣ бошад, балки метавонад ба оғози даргириҳои мусаллаҳона миёни ин ду ҷиноҳ мунҷар шавад; ба вижа ин ки Ҳикматёр ҳанӯз собит накарда, ки метавонад бо шароити ҷадиди Афғонистони мудерн канор биёяд; ҷое, ки дар он мавзӯъҳое чун озодии баён, озодии матбуот, ҳуқуқи занон ва рақобати сулҳомези сиёсӣ бо эҳтиром ба тарафи муқобил матраҳ аст.

Ангезаҳои сиёсӣ

Ангезаи Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, барои кашондани Ҳикматёр ба фароянди сулҳ бештар сиёсӣ аст. Дар тавофуқи тақсими қудрат, ки ба ташкили давлати ваҳдати миллӣ анҷомид, Ашраф Ғанӣ қудрати лозим барои контроли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллӣ ва урдугоҳи ӯро надорад. Дар ин шароит бозгашти Ҳикматёр метавонад мувозинаи қудрат дар Кобулро ба нафъи Ашраф Ғанӣ ва ба зарари Абдуллоҳ Абдуллоҳ тағйир диҳад; чаро ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ қудрати худро аз ҳизби Ҷамъияти Исломӣ мегирад, ки ба таври суннатӣ мухолифи Ҳизби Исломии Ҳикматёр аст.

Бозгашти Ҳикматёр ҳамчунин метавонад дар тағйири мувозинаи қудрат ба нафъи Ашраф Ғанӣ дар баробари Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бошад. Карзай соли 2014 дафтари риёсати ҷумҳурии Афғонистонро тарк кард ва ҳоло бесаброна мунтазири бозгашт ба ҷое аст, ки ҳаққи худ медонад. Воқеият ин аст, ки ҳузури Ҳикматёр метавонад нақши муҳимме дар ҷилавгирӣ аз бозгашти Карзай ба қудрат бозӣ кунад. Бисёре бар ин боваранд, ки шароити сиёсӣ ва амниятии Афғонистон дар буъди миллӣ таҳти таъсири ихтилофоти дохилии давлати ваҳдати миллӣ аст, ки то бад-ин ҳадд ошуфта аст.

Аммо он чӣ дар ин миён аҷиб ба назар мерасад, тамоюли Исломобод барои тасҳили масири ин тавофуқ аст. Покистон яке аз ҳомиёни қадимии Ҳикматёр аст ва дар ҳоли ҳозир низ ба ӯ ва хонаводааш паноҳ додааст. Гарчи Исломобод то кунун ба тавофуқи сулҳ вокунише нишон надода, аммо ин сукут ба ҳеч ваҷҳ ба маънои бетафовутии покистониҳо нест.

Дуои хайри Покистон

Ҳикматёр ҳаргиз бидуни таъйид ва “дуои хайри” Покистон тавофуқи сулҳ бо Кобулро имзо намекард. Ба ҳамин далел, бо таваҷҷӯҳ ба равобити шиканандаи ин рӯзҳои Кобул ва Исломобод ва чолишҳои ҷиддии амниятӣ ва сиёсӣ, ки давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо он рӯ ба рӯст (шароите, ки Покистонро хушнуд ҳам мекунад), мушаххас нест, ки чаро Исломобод бидуни ҳеч манфиати мустақим аз чунин тавофуқи сулҳе ҳимоят кардааст?! Ду эҳтимол вуҷуд дорад.

Эҳтимоли аввал ин ки Покистон аз Ҳикматёр барои тазъифи нуфузи рӯ ба рушди Ҳинд дар Афғонистон истифода карда бошад. Покистон ҳамеша равобити наздик миёни Ҳинд ва Афғонистонро ба унвони таҳдиде ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии худ талаққӣ мекунад. Ба ҳамин далел Ҳикматёр бо пешинаи зиддиҳиндии худ мумкин аст, ки Исломободро ба ин натиҷа расонда, ки метавонад аз ӯ барои коҳиши нуфузи Ҳинд дар Кобул истифода кунад.

Эҳтимоли дуввум бар ин фарзия устувор аст, ки Покистон эҳтимолан аз Ҳикматёр барои эъмоли фишор бар давлати заъифи Кобул истифода хоҳад кард. Шояд покистониҳо ақида доранд, ки бозгашти Ҳикматёр метавонад фазои сиёсии ноороми имрӯзи Кобулро беш аз пеш печида кунад ва ин масъала эҳтимолан боиси нуфузи бештари Исломобод дар Кобул хоҳад шуд.

Барои Ашраф Ғанӣ ворид кардани Ҳикматёр ба фазои сиёсии Кобул як пирӯзии сиёсӣ аст, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки ин пирӯзии сиёсӣ битавонад субот ва оромишро барои Афғонистон ба ҳамроҳ дошта бошад. Агар Ҳикматёр ҳамчунон бар табли ақоиди гузашта бикӯбад ва аз пазириши демукросии Афғонистон сар боз бизанад, бори бозгардондани ӯ ва масмум кардани фазои сиёсии Афғонистон, бар ӯҳдаи давлати Ашраф Ғанӣ хоҳад буд. Ашраф Ғанӣ бо эътимод кардан ба яке аз бераҳмтарин ҷангсолорони Афғонистон, даст ба қимори бузурге зада, ки метавонад амнияти миллӣ ва суботи сиёсии Афғонистонро дар маърази хатари ҷиддӣ қарор диҳад.

Aljazeera



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: