Инҷо касе Толибон ва Омрикоро намешиносад (тасовир)

Сарзамини ношинохтаи Вохон дар шимоли шарқии Афғонистон ҷойе аст, ки дар тамоми солҳои пурилтиҳоби торихи муосири Афғонистон, аз газанди хушунат ва хунрезӣ ба дур буда ва акнун давлати ин кишвар онро ба унвони як ҷозибаи гардишгарӣ барои хориҷиҳо матраҳ мекунад.

Ба гузориши Dailymail, Вохон яке аз манотиқи ҷолиб ва дидании вилояти Бадахшон дар шимоли шарқии Афғонистон ҳадди фосили Покистон ва Тоҷикистон аст, ки ба далели доштани табиати беназир ва собиқаи хуби торихӣ, таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. Инҷо 6 ҳазор метр аз сатҳи дарё болотар аст ва бисёре ба он лақаби “Боми ҷаҳон” додаанд.

Ин минтақа, ки наздик ба 12 ҳазор нафар ҷамъият дорад, ба хотири қуллаҳо ва кӯҳҳои сар ба фалаккашида тавониста дар тамоми солҳои пурилтиҳоби торихи муосири ин кишвар, аз газанди хушунат ва хунрезӣ дур бимонад. Амният дар ин минтақа тавре аст, ки бар асоси гуфтаҳои ришсафедони он, дар замони шадидтарин ҷангҳо ва ишғоли қушуни Шӯравии собиқ ҳатто як бор ҳам дар ин минтақа гулӯлае шиллик нашудааст. Дар даҳаҳои ахир низ ҳаргиз пойи Толибон ё ишғолгарони омрикоӣ ба ин минтақа нарасидааст.

Сокинони аслии Вохонро тоҷикҳои “вохӣ”, ки ҳама шиъаи исмоилӣ ҳастанд ташкил медиҳад, ки дар тӯли торих тавонистаанд фарҳанги худро ҳифз кунанд.

Фарозу нишеби дараҳои сарсабзу зебо, чашмаҳои оби сарду зулол, чашмаҳои оби гарми дилпазир, обшорҳои зебо ва дилкаш, ҷангалҳои табиии зебо, меваҳои мутанаввеъи кӯҳӣ, гиёҳони мухталифи доруӣ, манозири табиӣ ва қалъаҳои куҳани торихӣ, аз ҷозибаҳои гардишгарии ин минтақа аст.

Ҳайвоноти ваҳшӣ ва нодир монанди паланги барфӣ, хирс, рӯбоҳ, гург, харгӯш ва ғайра шӯҳрати ҷаҳонии ин минтақаро бештар кардааст.

Дар солҳои ахир, ки давлати Афғонистон саъй карда ин минтақаро ба гардишгарони хориҷӣ бишносонад, байни 100 то 300 гардишгар дар сол аз он боздид мекунанд, аммо ҳукумати Афғонистон бо эҷоди порки миллӣ дар Вохон умедвор аст, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ва алоқамандони бештареро ба ин минтақа ҷалб кунад.

Аккоси фаронсавӣ Эрик Лофург чанде пеш барои кашфи ҷозибаҳои ин сарзамини ношинохта ба онҷо сафар кардааст. Аксҳое, ки ин аккос аз Вохон бардошта таъйидкунандаи табиати бикр ва зебо ва мардумони соддаест, ки «на аз Месси хабар доранд ва на аз Рунолду, на аз ҷанг хабаре доранд, на аз Толибон ва на аз нерӯҳои омрикоӣ.»



Рубрики:Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: