Муовия ибни Язид (р)

Дар ин айём, муносиб дидам андаке дар бораи писари Язид бинависам. Ҷавоне, ки агар нагӯем, аслан мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирад, лоақал метавон гуфт, камтар мавриди таваҷҷӯҳ аст.

Язид писаре дошт ба номи Муовия, ки дар торих ба “Муовияи сонӣ” маъруф аст. Ӯ инсоне солеҳ, некӯкор ва обиде буд. Ҳофиз Ибни Касир дар торихи худ менависад:

معاوية بن يزيد بن معاوية أبي عبد الرحمن ويقال أبو يزيد ويقال أبو يعلى القرشي الاموي… بويع له بعد موت أبيه — وكان ولي عهده من بعده — في رابع عشر ربيع الاول سنة أربع وستين، وكان رجلا صالحا ناسكا، ولم تطل مدته

Муовия ибни Язид мулаққаб ба “Абӯабдурраҳмон”, “Абӯязид ва низ “Абӯяъло” – ки валиаҳди Язид ба шумор мерафт — пас аз он ки падараш мурд, мардум дар торихи 14 рабиъулаввали соли 64 ҳ.қ. бо ӯ ба унвони халифа байъат карданд. Ӯ ҷавоне солеҳ ва обид буд. Аммо ҳукумати ӯ бисёр давом наёвард…” (Албидоя ван-ниҳоя, 8/260, Ашшомила)

Ва аммо ин ки чаро ҳукумати Муовияи сонӣ бисёр давом наёвард – ки ҳамагӣ 40 рӯз ва бино ба қавле 3 моҳу чанд рӯз будааст — достоне дорад бисёр ҷолиб. Тибқи нақли торихнигорон, ин ҷавони солеҳ ва некӯкор пас аз он ки ӯро ба унвони халифа бармегузинанд, худаш сар боз мезанад ва канорагирӣ мекунад. Масъудӣ дар “Муруҷуз-заҳаб” ва ҳамчунин Абулмаҳосин Ҷамолуддин Юсуф ибни Тағрибердӣ (аз муаррихон ва донишмандони маъруфи ҳанафӣ) дар “Аннуҷумуз-зоҳира” менависанд:

إن معاوية هذا لما أراد خلع نفسه جمع الناس… وقال: أيها الناس! إن جدي معاوية نازع الأمر أهله ومن هو أحق به منه لقرابته من رسول الله صلى الله عليه وسلم وهو علي بن أبي طالب، وركب بكم ما تعلمون حتى أتته منيته، فصار في قبره رهيناً بذنوبه وأسيراً بخطاياه؛ ثم قلد أبي الأمر فكان غير أهل لذلك، وركب هواه وأخلفه الأمل، وقصر عنه الأجل. وصار في قبره رهيناً بذنوبه، وأسيراً بجرمه؛ ثم بكى حتى جرت دموعه على خديه ثم قال: إن من أعظم الأمور علينا علمنا بسوء مصرعه وبئس منقلبه، وقد قتل عترة رسول الله صلى الله عليه وسلم وأباح الحرم وخرب الكعبة، وما أنا بالمتقلّد ولا بالمتحمل تبعاتكم

Муовия ибни Язид вақте хост канорагирӣ кунад, мардумро гирд овард ва хитоб бад-эшон гуфт: эй мардум! Ҳамоно ҷаддам Муовия дар мавзӯи хилофат ва ҳукумат бо касе, ки шоистагӣ ва сазоворияш дар тасаддии мақоми хилофат ба маротиб аз ӯ беш буд, яъне бо Алӣ ибни Абӯтолиб, ба кашмакаш ва набард бархост ва ба умуре дасти худ биёлуд, ки худ медонед, то билохира маргаш фаро расид ва инак дар гӯри худ гирифтори иштибоҳот ва посухгӯи гуноҳони хеш аст. Пас аз вай, падарам Язид ӯҳдадори амри ҳукумат шуд, дар ҳоле ки ҳеч гуна шоистагии ин корро надошт. Вай бар маркаби ҳавову ҳавас нишаст, аммо ба орзуҳояш нарасид, чун аҷал мӯҳлаташ надод. Ӯ низ дар гӯр қарини гуноҳон ва гирифтори бадиҳои хеш аст.

Сипас Муовия ибни Язид сахт ба гиря уфтод чандон ки қатраҳои ашк бар гунаҳояш сарозер шуд ва изҳор дошт: ҳамоно бузургтарини умур бар мо ин аст, ки аз фарҷоми бади падарам огоҳем. Ӯ хонадони Паёмбари Акрам (с)-ро ба қатл расонид ва ҳурмати онҳоро шикаст ва Каъбаро хароб кард.

Сипас гуфт: ман ҳаргиз ӯҳдадори амри ҳукумат нахоҳам шуд ва визру ваболи шуморо ба гардан нахоҳам гирифт…” (Аннуҷумуз-зоҳира фи мулуки Мисра вал-Қоҳира, 1/163, Ашшомила)

Дар ин ҳангом буд, ки модараш (бино ба навиштаи Масъудӣ дар “Муруҷуз-заҳаб”) бархост ва гуфт:

ليت إني خرقة حيضة ولم أسمع منك هذا الكلام

Эй кош ман порчаи ҳайз мебудам ва аз ту ин суханро намешунидам!

Муовия ибни Язид хитоб ба модараш гуфт:

وليتني يا أماه خرقة حيض ولم أتقلد هذا الأمر

Кош, эй модар, ман порчае ҳайз будам ва ин амрро (ҳукуматро) ӯҳдадор намешудам!” (Муруҷуз-заҳаб, 1/379, Ашшомила) Яъне бароям порчае ҳайз будан беҳтар аз он аст, ки ин амр (ҳукумат)-ро ӯҳдадор бишавам!

Тибқи нақли торихнигорон, ба ҳамин ҷиҳат буд, ки Муовия ибни Язидро билофосила масмум карданд, зеро ӯ бо онҳо ҳамақида набуд ва шабоҳате надошт ва аз дунё чашм пӯшид. Ва саранҷом пас аз вафоти Муовия ибни Язид, ин ҷавони солеҳ, ҳукумат аз хонадони Банӣ Суфён ба Марвон ибни Ҳакам, сарсилсилаи Марвониён мунтақил шуд. (Ҳамон манбаъ)

Қабри Муовия ибни Язид дар Димишқ аст ва қуббае ҳам дорад ва зиёратгоҳи мусалмонон аст. Бар болои мазори ӯ навишта шуда: “Қабри дӯстдори хонадони Паёмбари Акрам (с) Муовия ибни Язид (р).”

Ризвон ва раҳмати Худо бар ин бандаи солеҳ!



Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: