“Арабистон гуфт, бо Эрон қатъи робита кун, то аз ту ҳимоят кунем”

Раисиҷумҳури Сурия гуфт: “Сарони Арабистони Саудӣ хеле содда ва сареҳ ба ман гуфтанд, агар аз Эрон дур шавӣ ва эълом кунӣ, ки ҳамаи равобити Сурия бо Эронро қатъ кардаӣ, ба ту кӯмак хоҳем кард.”

Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи русии “Комсомольская правда” тасреҳ кард: “Эрон, Русия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳампаймонони Димишқ ҳастанд, ки бо муҷаввизи қонунӣ ва ба манзури муборизаи ҷиддӣ бо теруризм, вориди Сурия шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки дигар кишварҳо бо ҳадафи дахолат дар умури дохилии Сурия ва ҳимоят аз такфириҳо, қадам ба Сурия ниҳодаанд.”

Раисиҷумҳури Сурия бо баёни ин ки давлати Димишқ равобити бисёр хубе бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад, гуфт: “Арабистони Саудӣ талош кард, то равобит миёни Эрон ва Сурияро ба куллӣ нобуд кунад. Саудиҳо аз Сурия хостанд, то дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон биистад. Ба ҳамин далел аст, ки онҳо барои нобудии Сурия талош мекунанд, то бад-ин тартиб ин масъала таъсири манфӣ бар Эрон бигузорад. Аз сӯйи дигар, Ғарб низ ба далели мӯътариз будан ба равобити хуб миёни Сурия ва Русия, дар ростои нобудии Сурия талош мекунад, то ин масъала низ бар Русия таъсири манфӣ бигузорад.”

Вай, дар посух ба суоле перомуни нақши Туркия дар таҳаввулоти Сурия, изҳор дошт: “Туркия ба сурати аланӣ вориди ҷанг бо Сурия шудааст. Ҳамон гуна ки медонед, низомиёни Туркия вориди бахше аз хоки Сурия шудаанд ва ин худ ба маънои ҷанг алайҳи давлати Димишқ аст. Онҳо ҳокимияти миллии Сурияро нақз ва қавонини байналмилалиро зери по ниҳоданд.”

Башшор Асад дар ҳамин замина таъкид кард: “Давлати Онкоро талош мекунад, то бар нияти воқеии худ аз таҷовузи ғайри қонунӣ ба хоки Сурияро бипӯшонад. Ҳадафи Туркия аз дахолат дар умури Сурия, сарпӯш ниҳодан бар иқдомоти он дар ҳимоят аз теруристҳои такфирии ДОЪИШ ва Ҷабҳатуннусра аст. Бояд бидонед, ки Туркия ҳамчунон аз такфириҳо ҳимоят мекунад ва танҳо дар калом, муддаъии ҷанг бо онҳост.”

Раисиҷумҳури Сурия афзуд: “Давлати Туркия аз ҷумлаи давлатҳои ташкилдиҳандаи ДОЪИШ аст. Онкоро аз ДОЪИШ ба ашколи мухталиф ҳимоят мекунад. Давлати Онкоро ба ДОЪИШ иҷоза медиҳад, то нафти Сурияро аз тариқи марзҳои Туркия ва хоки ин кишвар ва бо мушорикати фарзанди Ардуғон ва атрофёни вай, ба фурӯш бирасонад. Туркҳо муддаъӣ ҳастанд, ки ДОЪИШ дар фалон минтақа ба фазли ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии Туркия шикаст хӯрдааст. Ин воқеан як намоиши масхара ва музҳике аст, ки Онкоро барои мардум дар саросари ҷаҳон бозӣ мекунад. Туркия вориди Сурия шуд, то аз Ҷабҳатуннусра ва ДОЪИШ ҳимоят кунад, на ин ки ба мубориза бо онҳо бипардозад.”

Вай, бо баёни ин ки бо диди мусбат ба равобит миёни Русия ва Туркия менигарад, гуфт: “Равобит миёни Маскав ва Онкоро моро умедвор мекунад, ки Русия битавонад бархе тағйиротро дар мавозеъи Туркия эҷод кунад. Ман мутмаин ҳастам, ки аввалавияти аввали диплумосии хориҷии Русия дар равобиташ бо Туркия, эҷоди тағйир дар мавозеъи Онкоро хоҳад буд.”

Раисиҷумҳури Сурия ҳамчунин ба нақши режими саҳюнистӣ дар ҳимоят аз теруристҳои такфирӣ дар Сурия низ ишора карда ва изҳор дошт: “Ҳар фарди мусаллаҳе, ки ҳамакнун дар Сурия меҷангад, аз сӯйи Телавив мавриди ҳимоят қарор гирифтааст, чӣ ба сурати мустақим ва чӣ ба сурати ғайри мустақим. Исроил душман мост ва бахше аз хоки моро ба ишғоли худ даровардааст. Исроил ба мо ба чашми душман менигарад. Исроил аз такфириҳо ҳимоят мекунад, чаро ки мӯътақид аст, бо ҳимоят аз онҳо, Димишқ машғули умури дигаре мешавад ва ба баландиҳои ишғолии Ҷулон ва лузуми озодсозии онҳо намеандешад. Ҳеч тафовуте миёни Исроил ва гурӯҳҳои теруристие ҳамчун ДОЪИШ, Ҷабҳатуннусра ва Алқоъида вуҷуд надорад.”

Башшор Асад дар идома тасреҳ кард: “Пас аз зуҳуру бурузи бӯҳрони Сурия, бо пешниҳодҳое аз сӯйи тарафҳои хориҷӣ барои муомила бо онҳо мувоҷеҳ шудем. Онҳо ба мо эълом карданд, ки аҳдофашонро амалиётӣ кунем, то ба мо барои фурӯкаш кардани бӯҳрон кӯмак кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз оғози бӯҳрони Сурия, онҳо аз мо дархост мекарданд, аммо пас аз оғоз бӯҳрон, гуфтанд муомила мекунем. Дар он замон, парвандаи ҳастаии Эрон муҳимтарин масъалаи рӯзи ҷаҳон буд ва дархост аз Сурия дар он бурҳа, қонеъ кардани Эрон ба анҷоми иқдомоте бар хилофи масолеҳ ва манофеъаш буд. Арабистони Саудӣ аз мо хост, бидуни ҳеч тавҷеҳе, аз Эрон дӯр шавем. Арабистон расман ба мо пешниҳод дод, ки агар равобити худро бо Эрон қатъ кунед, ба шумо дар ҳалли бӯҳрони Сурия кӯмак мекунем. Онҳо ин пешниҳодро ба сурати мустақим матраҳ карданд.”

Машрӯҳи гуфтугӯи Башшор Асад бо хабарнигори рӯзномаи русии “Комсомольская правда”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: