Занони фармонраво дар давлатҳои исломӣ – 4

Бахши ҷаҳорум

Туркон Хотун

Туркон Хотун (Қутлуғ Туркон), чаҳорумин подшоҳи силсилаи Қутлуғхонии минтақаи Кирмони Эрон мебошад. Вай аз соли 655 ҳ.қ то 12 сол баъд яъне 667 ҳ.қ дар Кирмон бо дироят ва хайрхоҳии тамом авзоъро сарусомон дод.

Силсилаи Қутлуғхонӣ аз тобеъини Чингизхон буд ва Буроқ Ҳоҷиб, аз ҳокимони дастнишондаи онон дар минтақаи Кирмон буд, ки пас аз мусалмон шудан, халифа Анносир ба ӯ лақаби “Қутлуғ Султон” эъто кард. (Bertold Spuler, с.158) Буроқ Ҳоҷиб барои ҷонишинии худ писари бародараш Қутбуддинро таъйин намуд ва духтари худ Туркон Хотун (Қутлуғ Туркон)-ро низ ба ақди издивоҷи ӯ даровард. (Муншии Кирмонӣ, с.26)

Буроқ Ҳоҷиб дар соли 632 ҳ.қ фавт кард ва Қутбуддин зимоми умурро ба даст гирифт. Аксари торихҳои қадимӣ анҷоми тамоми корҳои барҷастаи Қутбуддинро дар асари иршод ва роҳнамоии зани шоистаи ӯ Қутлуғ Туркон медонанд. Умарои дарбори Кирмон пас аз вафоти Қутбуддин, ба ҷиҳати кучак будани фарзандони музаккари вай, аз Ҳалокухон дархост карданд, ки ҳамсари ӯ Қутлуғ Турконро ба ниёбати фарзандаш ҷонишини вай гардонад. Ҳалокухон низ бо судури фармоне ҳокимияти ӯро тасбит гардонд. (Хоҷа Рашидуддин, ҷ.2, с.403)

Туркон Хотун зане одил ва хайрхоҳ буд ва тамоми талоши худро сарфи ободонии сарзаминаш, рифоҳи мардум, ташвиқи уламо ва эҳтиром ба фузало кард ва дар эҷоди мадорис, масоҷид ва биноҳои хайрия бисёр кӯшид. (Хондамир, ҷ.3, с.129)

Агарчи салтанат дар ибтидо ба исми нописарии Туркон Хотун, яъне Ҳаҷҷоҷ буд, вале идораи мамлакат дар амал ба дасти Туркон Хотун буд. (Муставфӣ, с.530) Аммо пас аз он ки Ҳаҷҷоҷ ба синни булуғ расид, равобити онҳо ба тирагӣ гаройид; чунон ки як шаб Ҳаҷҷоҷ дар зиёфате, ки баргузор карда буд, дар ҳолати мастӣ аз Қутлуғ Хотун хост, ки бирақсад ва Хотун бо ин ки аз ин амали нописарии худ нороҳат шуда буд, аммо рақси мухтасаре намуд. Ин амали нодурусти Ҳаҷҷоҷ Султон дар ҳаққи модар, хушоянд наомад ва Хотун онро бо Обоқохон, писари Ҳалокухон, ки домодаш буд, дар миён гузошт ва вай дар ин бора фармон содир кард, ки баъд аз ин, Ҳаҷҷоҷ аз идораи умури Кирмон даст бикашад ва тамоми корҳои давлатиро ба дасти Туркон Хотун бисупорад. (Ҳамон, 532-531)

Баъд аз бозгашти Туркон Хотун, Ҳаҷҷоҷ барои тасоҳуби муҷаддади қудрат, махфиёна ба назди фарзандони Ӯктой рафт. Туркон Хотун низ бо фиристодани намояндае назди Обоқохон ӯро аз ин кор огоҳ сохт. Обоқохон аз ин кори Ҳаҷҷоҷ сахт нороҳат гардид ва фармоне мабнӣ бар дастгирии Ҳаҷҷоҷ ва овардани ӯ ба урдугоҳ содир намуд. (Муъинуддин, ба нақл аз Учук, с.180) Ҳаҷҷоҷ ба Систон ва сипас ба сӯйи Деҳлӣ фирор кард ва пас аз 10 сол зиндагӣ дар онҷо, дар ҳангоми бозгашт дар соли 650 ҳ.қ фавт кард. (Муншии Кирмонӣ, с.48)

Дар тамоми ин муддат, Туркон Хотун бидуни монеъ ва бо озодии комил дар Кирмон ҳукумат мекард. Баъд аз муддате, қудрати Ҷалолуддин Сиюрғотмиш, бародари Ҳаҷҷоҷ, бо тасоҳуби амлоки бародар ва гирифтани маносиби гуногун, афзоиш ёфт. Ӯ бо умарои нофармони Кирмон ва руқабои Туркон Хотун муттаҳид шуд. Туркон Хотун ҷараёнро бо Обоқохон, домодаш, дар миён гузошт ва Обоқохон низ бо фармоне Сиюрғотмишро аз куллияи маносиб маҳрум гардонид. (Муставфӣ, с.533) Аммо дере напойид, ки Обоқохон фавт кард ва Султон Аҳмад Такудор ҷонишини ӯ гардид.

Сиюурғотмиш, ки бо Султон Аҳмад собиқаи дӯстӣ дошт, бо висотати модари вай Қутӣ Хотун тавонист назари Султон Аҳмадро нисбат ба Туркон Хотун махдуш созад ва пас аз он бо фармоне идораи умури давлати Қутлуғхонӣ ба таври мусовӣ ба ҳар дуи онҳо вогузор гардид. Аммо Қутӣ Хотун — модари Султон Аҳмад, ки аз ин фармон нохушоянд шуда буд, ба Султон гуфт, ки агар шумо ин фармонро иҷро кунед, Сиюрғотмиш аз шумо нафрат пайдо мекунад ва ба Хуросон назди Арғунхон (рақиби Султон Аҳмад) меравад ва бо ӯ муттаҳид мешавад. Аз ин рӯй, пешниҳод мекунад, ки Туркон Хотунро, ки ба дарбори Султон Аҳмад омада буд ва дар онҷо муддате монда буд, зимистон нигаҳ доранд, то дар тобистон бо омадани Сиюурғотмиш ихтилофотро ҳаллу фасл кунанд.

Бинобар ин, Туркон Хотун зимистони он солро дар маҳалле ба номи Бурдаъ сипарӣ намуд ва аз тарафи соҳибдевон Шамсуддини Ҷувайнӣ — ки дар он мавқеъ корҳои дарбори муғулонро ҳаллу фасл мекард (Муншии Кирмонӣ, с.54) — муҳаббат ва эҳтироми бисёр дид ва бо омадани баҳор, ба сӯйи Чарандоби Табрез ҳаракат намуд ва аз ғояти ҳузну андӯҳ мариз шуд ва дар соли 681 ҳ.қ вафот кард ва нахуст ҳамонҷо мадфун гардид. (Хондамир, ҷ.3, с.269)

Пас аз муддате, Бибӣ Туркон ва Подшоҳ Хотун (духтарони Туркон Хотун) ҷасади вайро ба Кирмон оварда ва Султон Ҷалолуддин Сиюрғотмиш ва бузургони Кирмон аз ҷасади ӯ истиқбол намуданд ва ба духтаронаш таслият гуфтанд. Ҷасади Туркон Хотун дар беҳтарин нуқтаи шаҳр дар зери гунбади мадраса ба хок супурда шуд. Уламо ва фузало ва аҳолии Кирмон аз марги ӯ бисёр нороҳат шуданд. Бад-ин тартиб давлати Қутлуғхонӣ дар замони фармонравоии зани боирода ва баландназаре чун Туркон Хотун, баҳори зиндагии худро гузаронд.

Сафватуддин Подшоҳ Хотун

Подшоҳ Хотун (духтар Қутлуғ Туркон) муддате пас аз марги модараш, дар Кирмон ба ҳукумат расид. Сафватуддин лақаби Подшоҳ Хотун буд. Подшоҳ Хотун духтари Қутбуддин Муҳаммад дар соли 654 ҳ.қ мутаваллид гардид. Ӯ зане оқил, бовиқор, хушрӯ ва некӯсират буд. Сафватуддин бо номи Ҳасаншоҳ дар миёни бародарони худ бузург шуда ва розаш аз атрофиён махфӣ нигаҳ дошта шуда буд. (Мирхонд, с.192) Дар фанни хат маҳорат дошт, мусҳафҳо ва китобҳо ба хатти ӯ, дар Кирмон ва соири вилоёт мавҷуд аст. (Торихи Шоҳӣ, с.227)

Сафватуддин ба лиҳози зебоӣ чунон буд, ки мадҳи ӯ ба гӯши Обоқохон фарзанди Ҳалокухон расид. Обоқохон вайро аз модараш Туркон Хотун хостгорӣ кард ва Туркон Хотун бо таҳияи ҷаҳизияи муфассале шароити издивоҷро муҳайё намуд. (Муншии Кирмонӣ, с.47)

Издивоҷи Подшоҳ Хотун — саршиностарин зани давлати Қутлуғхонӣ бо Обоқои муғул ва ғайри мусалмон, мухолифи қавонин исломӣ буд, вале дар инҷо манофеъи зоҳирии давлат бар қавонини исломии тозапазируфтаи онҳо пешӣ ҷуст ва натиҷаи сиёсии ин издивоҷ тасбити авзоъи шаҳри Кирмон ва барқарории оромиш дар даврони муғулон буд.

Марги ногаҳонии Обоқохон дар соли 680 ҳ.қ боис гардид, ки Туркон Хотун дар замони Султон Аҳмад Такудор, ҷонишини ӯ, ҳокимияти худро муддате аз даст бидиҳад. Аммо дар муборизаҳое, ки байни Султон Аҳмад Такудор ва бародарзодааш Арғунхон дар соли 683 ҳ.қ даргирифт, Арғунхон ба унвони “илхон” (раис) интихоб гардид. Дар ин миён руқабои сиёсии Туркон Хотун ҳамчун Султон Ҷалолуддин Сиюрғотмиш бо ҳимояти Буқочангсонг Амирулус бо иттихози ҳила ва тадбире, нақшаи издивоҷи Подшоҳ Хотунро бо Гихоту, нописарии Обоқохон кашиданд, то бо фиристодани ӯ ба Онотулӣ назди ҳамсараш, аз нуфузаш кам кунанд. Издивоҷи модар бо нописарии худ ҳарчанд мухолифи қавонини ислом буд, вале аз одот ва русуми мутадовали муғулон будааст. (Ҳамон, с.57)

Рақобати Подшоҳ Хотун ва бародараш Ҷалолуддин пас аз он низ идома ёфт; зеро Ҷалолуддин ба сарзаминҳои Сирҷон, ки мутаъаллиқ ба Подшоҳ Хотун буд назар дошт, аммо Арғунхон барои ҷилавгирӣ аз идомаи ихтилофот, амлоки Сирҷонро бо даромади солонаи 50 ҳазор динор ба Сиюрғотмиш вогузор кард ва дар иваз заминҳоеро бо даромади фақат 70 ҳазор динор дар диёри Рум ба Подшоҳ Хотун дод. Дар соли 689 ҳ.қ Подшоҳ Хотун барои гирифтани Сирҷон аз дасти бародараш, ибтидо дар Онотулӣ ва сипас дар Табрез бо Арғунхон мулоқот кард (Ҳамон, с.62) ва Арғунхон ба Подшоҳ Хотун иззат ва эҳтироми бисёр гузошт.

Дар соли 690 ҳ.қ бо марги Арғунхон, Гихоту, ҳамсари Подшоҳ Хотун ҷонишини вай шуд ва аввалин кори ӯ азли Ҷалолуддин Сиюрғотмиш аз салтанати Кирмон ва вогузор кардани ҳокимияти онҷо ба ҳамсараш Подшоҳ Хотун буд. Подшоҳ Хотун бо фармоне аз тарафи шавҳараш, дар раъси нерӯе аз сарбозон ва фармондеҳон ва бо расми хоссе, вориди Кирмон шуд (ҳамон, с.69) ва бо лақаби “Сафватуддунё ваддин” бар тахти салтанат ҷулус намуд ва бародарашро низ ба ҷонишинӣ интихоб кард. Аммо бо мушоҳидаи савдои салтанатхоҳии бародар, маҷбур ба ҳабси вай шуд ва бо фирори ӯ аз қалъа бо навиштани номае ба Гихоту аз нофармониҳои ӯ шикоят кард. (Ҳамон, с.72) Гихоту низ ба ҳимояти Подшоҳ Хотун, ҳамсараш, Ҷалолуддинро ба таври ҳақоратомезе дар хонаи бародарзодааш, Юлиғшоҳ дар Кирмон зиндонӣ намуд.

Пас аз муддате, Подшоҳ Хотун аз хатои бародараш гузашт ва бародар зиёфате ба ифтихори хоҳари тоҷдори худ баргузор кард. Аммо руқабо ва фитнагарон, ки бархӯрди самимии хоҳару бародарро диданд, нақшаи қатли Сиюрғотмишро аз тариқи Подшоҳ Хотун тарҳрезӣ карданд. Подшоҳ Хотун бо диққат ва борикбинии тамом барои наҷоти зиндагияш аз изтироб ва нигаронӣ, дастури қатли бародари нотании худро содир кард (ҳамон, с.72) ва бад-ин тартиб ҳукми нафрати мардумро алайҳи худ имзо намуд. Подшоҳ Хотун барои рафъи нафрати мардум, ҳадоёи зиёде байни мардум пахш кард ва пас аз он ба тадбири умур ва ҷобаҷоии маносиби девонӣ пардохт.

Дар ҳамин даврон ҳукумати Гихоту (ҳамсари Подшоҳ Хотун) ба далели бекифоятии ӯ дастхуши номулойимоти сиёсӣ ва иқтисодӣ гардид ва руқабои салтанат аз ҷумла Бойду, аз умарои Илхонон, алайҳи вай ба муқобила бархостанд. Дар ин миён Гихоту мағлуб ва дар соли 694 ҳ.қ тавассути Бойду эъдом шуд. Подшоҳ Хотун ба маҳзи шунидани хабари исёни Бойду, бисёр музтариб гардид ва аз онҷо, ки Шоҳиолам (зани Бойду), духтари Сиюрғотмиш ва Кардучин, модари Шоҳиолам низ дар пайи фурсате барои интиқом аз Подшоҳ Хотун буданд, бо ҳамкории умарои хоин ба сӯйи Подшоҳ Хотун ба ҳаракат даромаданд ва пас аз ворид шудан ба шаҳри Кирмон, вузаро ва умарои Подшоҳ Хотунро дастгир ва зиндонӣ карданд. Шоҳзодахонум Кардучин бо азамат ва шукӯҳ бар тахт нишаст. Подшоҳ Хотун бо муттаҳам шудан ба хиёнат дар хонаи Ҷалолуддин зиндонӣ гардид ва пас аз муддате ба хости Шоҳиолам чанд мард вориди чодари Подшоҳ Хотун шуданд ва ӯро ба қатл расонданд. Мақбараи Подшоҳ Хотун дар канори модараш Туркон Хотун дар шаҳри Кирмон аст. (Ҳамон, с.72)

Подшоҳ Хотун дар арсаи сиёсӣ подшоҳи шоистае буд ва дар анҷоми умур адолатро риоят мекард. Ӯ хаттоти моҳир ва нависандае соҳибсабк буд. (Мирхонд, ҷ.3, с.270-271) Дар заминаи тазҳиб ва тазйин низ маҳорат дошт ва бисёре аз нусхаҳои Қуръони Каримро тазҳиб намуд. Шоири бисёр тавоное низ буд. Гуфта шудааст, ки “Лола Хотун” тахаллуси ӯ будааст. Аз ӯст:

Бас ғусса, ки аз чашмаи нӯши ту расид

То дасти ман имрӯз ба дӯши ту расид

Дар гӯши ту донаҳои дур мебинам

Оби чашмам магар ба гӯши ту расид

Идома дорад



Рубрики:Бонувон, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: