Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 7

Қисмати ҳафтум

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Чигунагии шаҳодати Имом Ҳусайн (алайҳис салом)

Кӯмакхоҳии Имом (а)

Вақте Имом Ҳусайн (а) баданҳои пора-пораи ёронашро дид, ки бар рӯйи хоки Карбало афтодааст ва дигар касе намондааст, ки аз ӯ ҳимоят кунад ва низ бетобии Аҳли Байтро мушоҳида фармуд, дар баробари сипоҳи Кӯфа истод ва фарёд баровард:

«Оё касе ҳаст, ки аз ҳарами Расули Худо дифоъ кунад? Ва оё Худопарасте дар миёни шумо вуҷуд дорад, ки дар бораи зулме, ки бар мо рафтааст, аз Худо битарсад? Ва оё касе ҳаст, ки ба фарёдрасии мо ба Худо дил баста бошад? Ва оё касе ҳаст, ки дар кӯмак кардан ба мо чашми умед ба аҷру савоби илоҳӣ дӯхта бошад?» (1)

Занони ҳарам вақте ки инро аз Имом (а) шуниданд, садои онҳо ба гиря баланд шуд. (2)

Ва Имом Саҷҷод (а) вақте истиғосаи падарро шунид аз хайма берун омад ва ӯ чунон бемор буд, ки наметавонист шамшери худро ҳамл кунад ва бо ин заъфи шадид ба сӯйи майдон ҳаракат кард, дар ҳоле ки Умми Кулсум аз пушти сар ӯро садо зад, ки: эй фарзанди бародарам! Бозгард. Ва он ҳазрат мегуфт: эй амма! Маро бигузор, ки дар ҳузури писари Расули Худо (с) мубориза кунам.

Имом (а) фармуд: эй хоҳар! Ӯро нигаҳ дор, ки замин холӣ аз насли Оли Муҳаммад (с) нашавад. (3)

Суфориши Имом Ҳусайн (а) ба Имом Саҷҷод (а)

Аз Имом Саҷҷод (а) нақл шудааст, ки фармуд: падарам дар рӯзи шаҳодаташ маро ба сина часпонид, дар ҳоле ки хун аз сару пояш меҷӯшид ва ба ман фармуд: эй фарзандам! Ин дуоро, ки таълим мекунам, ҳифз кун, ки онро модарам Фотимаи Заҳро (а) ба ман таълим дод ва ӯ аз Расули Худо (с) ва Расули Худо аз Ҷабраил (а) нақл кардаанд. Ҳангоме ки ҳоҷати бисёр муҳим ва ғами бузург ва амри азиму душворе ба ту рӯ кунад, бигӯ: (4)

بِحَقِّ يٰس وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ وَبِحَقِّ طٰهٰ وَالْقُرْآنِ الْعَظِيمِ، يا مَنْ يَقْدِرُ عَلَى حَوائِجِ السَّائِلِينَ، يا مَنْ يَعْلَمُ ما فِى الضَّمِيرِ، يا مُنَفِّساً عَنِ الْمَكْرُوبِينَ، يا مُفَرِّجاً عَنِ الْمَغْمُومِينَ، يا راحِمَ الشَّيْخِ الْكَبِيرِ، يا رازِقَ الطِّفْلِ الصَّغِيرِ، يا مَنْ لا يَحْتاجُ اِلَى التَّفْسِيرِ، صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَآلِ مُحَمَّدٍ وَافْعَلْ بِى كَذا وَ كَذا

Видоъи Имом (а)

Дар ин ҳангом Имом (а) барои видоъ ба сӯйи хаймаҳо омад ва фармуд: «Эй Сакина! Эй Фотима! Эй Зайнаб! Эй Умми Кулсум! Бар шумо аз ман салом!»

Сакина фарёд баровард: эй падар! Оё тан ба марг додаӣ?

Имом (а) фармуд: чӣ гуна чунин набошад, касе ки на ёре дорад ва на ёваре?

Сакина гуфт: эй падар! Моро ба ҳарами ҷаддамон бозгардон!

Имом (а) фармуд: агар мурғи қуторо раҳо мекарданд, мехобид. (5)

Хонумҳои ҳарам бо шунидани суханони Имом (а), ба зориву шеван пардохтанд, Имом (а) онҳоро сокит фармуд ва рӯй ба Умми Кулсум намуда гуфт: эй хоҳар! Туро васият мекунам, ки худдор бошӣ! Он гоҳ Сакина фарёдкунон ба сӯйи Имом (а) омад ва он ҳазрат Сакинаро бисёр дӯст медошт, ӯро ба сина часпонид ва ашки ӯро пок карда гуфт: (6) – (7)

سَيَطُولُ بَعْدِى يا سَكِينَةُ فَاعْلَمِى

مِنْكِ الْبُكاءُ اَذا الْحِمامُ دَهانِى

لا تُحْرِقِى قَلْبِى بِدَمْعِكِ حَسْـرَةً

مادامَ مِنِّى الرُّوحُ فِى جُثْمانِى

فَـاِذا قُتـِلْتُ فَاَنْتِ اَوْلَى بِالَّذِى

تَأْتِينَنِى يا خِيرَةَ النِّسْوانِ

Духтари сесола

Ҳангоме ки Имом (а) бо аҳли ҳарам видоъ кард ва иродаи майдон фармуд, духтари сесолаи худро бӯсид ва он тифл аз шиддати ташнагӣ фарёд баровард: «Эй падарҷон! Ташнаам!». Он ҳазрат фармуд: эй духтари кӯчаки ман! Сабр кун, то бароят обе биёварам.

Пас он ҳазрат равонаи майдон шуд ва ба сӯи Фурот рафт, дар ин замон марде аз сипоҳи Кӯфа омада гуфт: эй Ҳусайн! Лашкар ба хаймаҳо ҳамла оварданд.

Он ҳазрат аз Фурот берун омад ва худро бо шитоб ба хаймаҳо расонид. Он духтари кӯчак ба истиқболи падар омад ва гуфт: эй падари меҳрубон! Барои ман об овардаӣ?!

Имом (а) аз шунидани ин сухан ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд ва фармуд: азизам! Ба Худо савганд, ки таҳаммули ташнагӣ ва беқарории ту бар ман душвор аст, пас ангушти худро дар даҳони он тифл гузорид ва даст бар пешонии ӯ кашид ва ӯро тасаллӣ дод. Ва вақте Имом (а) хост аз хайма берун равад, он тифл ба сӯйи Имом (а) давид ва домани Имомро гирифт. Имом (а) фармуд: эй фарзандам! Назди ту хоҳам омад. (8)

Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки: Имом (а) вақте ки ҳангоми шаҳодаташ расид, духтари бузургаш Фотимаро фаро хонд ва номаи печидае ба ӯ дод ва васияте ба сурати шифоҳӣ ба ӯ фармуд ва Алӣ ибни Ҳусайн (а) ба гунае бемор буд, ки умеди беҳбудии ӯро зоҳиран надоштанд ва Фотима он навиштаро ба Алӣ ибни Ҳусайн (а) таслим кард ва пас аз ӯ ба мо расид. (9)

Муборизаи Имом (а)

Он гоҳ Имом (а) дар ҳоле ки шамшерашро бараҳна карда буд, дар баробари сипоҳи душман истод ва ин шеърро қироат фармуд: (10) – (11)

اَنَا ابْنُ عَلِيِّ الطُّهْرِ مِنْ آلِ هاشِمٍ كَفـانِى بِهٰذا مَفْخَراً حِيـنَ اَفْخَرُ

وَجَدِّى رَسُولُ اللهِ اَكْرَمُ مَنْ مَشٰى وَنَحْنُ سِراجُ اللهِ فِى الْخَلْقِ نَزْهَرُ

وَفـاطِمُ اُمِّى مِنْ سُلالَـةِ اَحْمَـدٍ وَعَمِّى يُـدْعٰى ذا الْجَنَاحَيْنِ جَعْفَرُ

وَفِينـا كِتـابُ اللهِ اُنْـزِلَ صادِقاً وَفِينا الْهُدٰى وَالْوَحْيُ بِالْخَيْرِ يُذْكَرُ

وَنَحْنُ اَمـانُ اللهِ لِلنّٰـاسِ كُلّـُهُمُ نُطُولُ بِهٰـذا فِى الْاَنـامِ وَنَـجْهَرُ

وَنَحْنُ وُلاةُ الْحَوْضِ نَسْقِى وُلاتَنَا بِكَـأْسِ رَسُولِ اللهِ ما لَيْسَ يُنْكَـرُ

وَشِيعَتُنا فِى الْـحَشْرِ اَكْرَمُ شِيعَةٍ وَمُبْغِضُنا يَـوْمَ الْقِيامَةِ يَخْسَرُ

Сипас ононро ба мубориза талабид ва ҳар кас ба майдон қадам мениҳод, ӯро ба қатл мерасонид, то гурӯҳи зиёде аз душманро кушт, пас бар майманаи сипоҳи душман ҳамла кард ва мегуфт: (12)

اَلْمَوْتُ اَوْلَى مِنْ رُكُوبِ الْعارِ

وَالْعارُ اَوْلَى مِنْ دُخُولِ النّارِ

Он гоҳ бар майсара ҳамлавар мешуд ва мефармуд: (13) – (14)

اَنَـا الْحُسَيْـنُ بْنُ عَلِي آلَيْـتُ اَنْ لا اَنـْثَـنِى

اَحْمِى عِيـالاتِ اَبِـى اَمْضِى عَلَى دِينِ النَّبِي

Навиштаанд: Имом (а) 1950 нафар аз сипоҳи душманро ба ғайр аз маҷрӯҳон ба қатл расонид, то ин ки Ибни Саъд фарёд баровард: вой бар шумо! Медонед бо кӣ мубориза мекунед? Ин фарзанди Алӣ ибни Абӯтолиб кушандаи араб аст! Пас, аз ҳар тараф бар ӯ битозед. Пас аз судури ин фармон 180 нафар бо найза ва 4000 нафар бо тир ба он ҳазрат ҳамлавар шуданд. (15)

Имом (а) бар Аъвари Суламӣ ва Амр ибни Ҳаҷҷоҷ, ки бо 4000 нафар бар шариаи Фурот нигаҳбон буданд ҳамла кард ва аспи худро аз шариаи Фурот ронд. Вақте асп сар дар об бурд, ки бинӯшад… Пас Имом (а) дасташро дароз кард ва муште аз об бардошт.

Дар ин ҳангом Шимр ба Имом гуфт: ба Худо савганд, ки ба он дастрасӣ пайдо нахоҳӣ кард. Пас марде ба Имом (а) гуфт: Фуротро мебинӣ, ки монанди шиками моҳиён ҷилва мекунад? Ба Худо савганд, ки аз он нанӯшӣ, то ташналаб ҷон диҳӣ.

Имом (а) фармуд: Худоё! Ӯро ташна бимирон.

Навиштаанд, ки пас аз он моҷаро он мард фарёд мезад: маро об диҳед! Барояш об меоварданд ва он қадр об менӯшид, ки аз даҳонаш мерехт, боз фарёд мезад: маро сероб кунед! Ташнагӣ маро кушт. Ва чунин буд, то ҷон дод. (16)

Бархе ҳам гуфтаанд, ки дар он ҳангом саворае гуфт: эй Абӯабдуллоҳ! Ту аз хӯрдани об лаззат мебарӣ, дар ҳоле ки ҳарими туро ғорат мекунанд?

Пас Имом (а) аз шариа берун омад ва бар он қавм ҳамла кард, то худро ба хайма расонид. (17)

Охирин хутба

Имом (а) дар охирин хутбаи худ, бо баёни балиғу расое душманонро аз мафтун шудан ба дунё ва мағрур шудан ба он барҳазар дошт. Аз навиштаи муаррихон чунин бармеояд, ки он ҳазрат ба фосилаи кӯтоҳе пас аз эроди ин хутбаи пуршӯр ба шаҳодат расид ва он хутба чунин аст:

Эй бандагони Худо! Тақвои Худо пеша созед ва аз дунё ҳазар кунед, агар дунё барои касе боқӣ мемонд ва касе дар дунё ҷовидон буд, анбиёи илоҳӣ сазовортарини мардум ба бақо ва авло ба ризову хушнудӣ ва розитар ба қазои илоҳӣ буданд. Вале Худои Таоло дунёро барои балову озмоиш офаридааст ва аҳли онро барои фано халқ фармудааст, ҳар чизи наве кӯҳна мешавад ва неъматҳои он аз байн меравад ва сурури он ба талхӣ мубаддал мегардад. Дунё манзили мондан нест, балки маҳалли тӯша гирифтан аст, пас тӯша бигиред, ки беҳтарини тӯшаҳо тақво аст ва тақвои Худоро пеша созед, то растагор шавед!» (18) – (19)

Охирин видоъ

Сипас Имом (а) барои бори дуввум ба хаймаҳо омад ва бо аҳли байти худ видоъ фармуд ва ононро ба сабру шикебоӣ фаро хонд ва ба савобу аҷри илоҳӣ ваъда дод ва фармон дод, ки либосҳои худро пӯшида омодаи бало шаванд ва ба онон фармуд: худро барои сахтиҳо муҳайё кунед ва бидонед, ки Худои Таъоло ҳофиз ва ҳомии шумост ва ба зудӣ шуморо аз шарри душманон наҷот хоҳад дод ва оқибати амри шуморо хатми ба хайр хоҳад намуд ва душманони шуморо ба анвоъи балоҳо гирифтор хоҳад сохт ва дар ивази ранҷҳо ва сахтиҳое, ки мекашед, шуморо аз анвоъи неъматҳо ва кароматҳо бархӯрдор хоҳад кард, пас шиква макунед ва сухане нагӯед, ки аз қадру арзиши шумо бикоҳад. (20)

Он гоҳ фармуд: либосеро барои ман оред, ки касе дар он тамаъ накунад, то онро зери либосҳоям бипӯшам, ки аз баданам берун наёваранд. Пас либоси кӯтоҳеро барои ӯ оварданд, он ҳазрат фармуд: на, ин либоси аҳли зиллат аст. Он гоҳ либоси кӯҳнаеро гирифта, онро пора-пора намуд ва дар бар кард. (21) Пас шалвореро талаб намуд ва онро чок зад ва пӯшид ва чунин кард, ки онро берун наёваранд.

Ва вақте хост ба тарафи майдон равад, нигоҳе ба сӯйи духтараш намуд, ки аз занон ҷудо гашта ва дар гӯшае мегиристу нудба мекард. Имом (а) назди ӯ омад ва ӯро тасаллӣ дод ва ин забони ҳоли ӯст: (22)

هٰذا الْوِداعُ عَزِيزِتِى وَالْمُلْتَقٰى يَوْمَ الْقِيـامَةِ عِنْدَ حَوْضِ الْكَوْثَـرِ

فَدَعِى الْبُكـاءِ وَلِلْاَسارِ تَهَيَّئِى وَاسْتَشْعِرِى الصَّبْرَ الْجَمِيلَ وَبادِرِى

وَاِذا رَأَيْتِينِى عَلَى وَجْهِ الثَّرٰى دامِى الْوَرِيدِ مُبَـضَّعاً فَـتَصَبَّـرِى

Ҳамлаи ваҳшиёна

Он гоҳ Умар ибни Саъд фарёд баровард ва ба сипоҳи Кӯфа гуфт: модоме, ки Ҳусайн дар канори хаймаҳо бо аҳли байти худ машғули видоъ аст, бар ӯ ҳамла кунед, ки агар аз онон фориғ шавад, шуморо аз ҳам ба тавре пароканда мекунад, ки маймана аз майсара шинохта нашавад. Пас бар он ҳазрат ҳамла карда ва эшонро тирборон намуданд, ба гунае ки тирҳо аз миёни таноби чодурҳо ва хаймаҳо мегузашт ва пероҳани баъзе аз занонро пора мекард. Сипас Имом (а) бар сипоҳи душман ҳамла кард ва монанди шери хашмгине бар онон тохт, дар ҳоле ки аз ҳар тараф борони тир меборид ва он бузургвор синаашро сипари он тирҳо қарор медод. (23)

Дар ин ҳангом Имом (а) ба сипоҳи Кӯфа фармуд:

Барои чӣ бо ман ҷанг мекунед? Оё ҳаққеро тарк кардам ё суннатеро тағйир додаам? Ва ё шариатеро табдил кардаам?

Он ҷамоат посух доданд:

На, вале бо ту қитол мекунем ба хотири кинае, ки аз падарат дорем. Ва он чӣ бо падарону пирамардони мо дар рӯзи Бадр ва Ҳунайн кардааст.” (24)

Вақте Имом (а) ин суханро аз он гурӯҳ шунид, сахт гиря кард ва баъд ба тарафи чапу рост нигарист, вале касе аз ансорашро надид, магар ин ки хок бар пешонии онҳо нишаста ва шаҳид шуда буданд. (25)

Тири сешӯъба

Имом (а) истод, то лаҳзае истироҳат намояд, дар ҳоле ки бар асари мубориза ва шиддати гармо тавонаш кам шуда буд, ногоҳ санге бар пешонии муборакаш исобат кард, пас либоси худро гирифт, ки хунро аз чеҳрааш пок намояд, тири сешӯъбаи оҳанин ва заҳролуд бар синаи муборакаш — ва бар асоси баъзе ривоёт — бар қалби мубораки ҳазраташ нишаст.

Имом (а) фармуд: “Бисмиллоҳи ва биллоҳи ва ъало миллати Расулиллоҳ” ва сар ба сӯйи осмон бардошта гуфт: “Худоё! Ту медонӣ, ки инҳо касеро мекушанд, ки дар рӯйи замин фарзанди паёмбаре ҷуз ӯ нест” Сипас тирро гирифта аз пушт берун овард ва хун монанди новдон ҷорӣ шуд. Он гоҳ дасташро зери он захм гирифт ва вақте аз хун лабрез шуд, ба осмон пошид ва аз он хун қатрае бознагашт. Боз дасти муборакашро аз хун пур кард ва бар чеҳра ва маҳосинаш молид ва фармуд: ҳамин гуна бошам, то ҷаддам Расули Худоро мулоқот кунам ва бигӯям: эй Расули Худо! Маро ин гурӯҳ куштанд. (26)

Таҳоҷум ба хаймаҳо

Сипас боз ҳам он ҳазрат бо душман ҷанг мекард, то ин ки Шимр омад ва байни ӯ ва хаймаҳо ва аҳли байти он ҳазрат ҳоил шуд. (27) Имом (а) бар сипоҳи Кӯфа фарёд зада фармуд:

Вой бар шумо эй пайравони Оли Абӯсуфён! Агар дине надоред ва аз рӯзи қиёмат тарсе надоред, ақаллан дар дунё озода бошед, агар аз нажоди араб ҳастед, ба ҳасаби худ бозгардед!

Шимр нидо кард: чӣ мегӯӣ, эй писари Фотима?

Имом (а) фармуд: ман бо шумо ҷанг мекунам ва шумо бо ман ҷанг доред, занонро гуноҳе нест, ба ин гурӯҳи таҷовузгари худ суфориш кун, то ман зинда ҳастам, мутаъарризи ҳарами ман нашаванд.

Шимр гуфт: ин чунин хоҳам кард, эй писари Фотима!

Он гоҳ рӯ ба лашкар кард ва фарёд зад: аз ҳарам ва саропардаи ин мард дур шавед ва оҳанги худи ӯро кунед, ки ба ҷони худам савганд, ки ӯ рақиби кариме аст.

Пас сипоҳи Кӯфа бо силоҳ рӯ ба он ҳазрат кард ва он бузургвор бар онҳо ҳамла мекард ва онон бар он ҳазрат ҳамла мебурданд ва дар он ҳол дар талаби ҷуръае об буд, вале наёфт, то ин ки 72 захм бар баданаш ворид шуд. (28)

Ва гуфтаанд: он қадр тир бар бадани муборакаш исобат карда буд, ки зиреҳи он ҳазрат монанди хорпушт пур аз тир шуда буд ва тамоми ин тирҳо дар қисмати пеш ва пеши рӯйи он ҳазрат буд. (29)

Пас муддати нисбатан тӯлоние аз рӯз сипарӣ шуд ва мардум аз куштани он ҳазрат парҳез карда ва ҳар кадом ин корро ба дигарӣ вогузор менамуданд. Дар ин ҳангом Шимр фарёд зад: вой бар шумо! Модаратон дар азоятон бигиряд! Чӣ интизоре доред? Ӯро бикушед. Пас аз ҳар ҷониб ба ӯ ҳамлавар шуданд. (30)

Баъзе навиштаанд, ки Имом (а) се соат рӯйи замин афтода буд ва ба осмон назар мекард ва мегуфт: “Бар қазои ту сабр мекунам, ки ҳеч маъбуде ғайр аз ту нест, эй фарёдраси фарёдгарон!” Пас 40 нафар аз лашкар ба сӯйи ӯ шитофтанд, то сар аз баданаш ҷудо созанд ва Ибни Саъд мегуфт: дар куштани ӯ шитоб кунед!

Шабас дар ҳоле ки шамшер дар даст дошт наздики Имом (а) омад, ки сар аз тани он бузургвор ҷудо намояд. Он ҳазрат назаре ба ӯ намуд, ки ӯ шамшерро раҳо кард ва дар ҳоле ки фарёд мезад гурехт. (31)

Дуои Имом (а)

Вақте кор бар Имом Ҳусайн (а) сахт шуд, сар ба сӯйи осмон бардошт ва гуфт:

Эй Худои баландмартаба ва дорои қудрату салтанати азим ва тадбиру ъиқоби шадид, бениёз аз халоиқ ва дорои кибриёи паҳновару густарда ва бар ҳар чӣ хоҳӣ қудрат дорӣ, раҳмати ту қариб ва ба ваъдаи худ амал хоҳӣ кард, неъмати ту тамом ва балои ту некӯ, вақте хонда шавӣ наздик ва бар махлуқот иҳота дошта ва тавбаи тоибро мепазирӣ, бар ҳар чӣ ирода кунӣ нерӯманд ва бар он чӣ анҷом диҳӣ тавоно, вақте туро сипос гӯянд подош диҳӣ ва вақте туро ёд кунанд, ёдашон кунӣ!

Туро мехонам, дар ҳоле ки мӯҳтоҷам ва рағбат ба сӯйи ту дорам, дар ҳоле ки фақирам, ба ту паноҳ мебарам, дар тарсу ҳарос ва дар сахтиҳо мегирям ва дар ҳоли заъф аз ту кӯмак мегирам ва бар ту таваккул мекунам ва маро ин кофӣ аст.

Худоё! Байни мо ва қавм ту ҳукм фармо, инҳо моро фирефта ва моро танҳо гузоштанд ва бо мо найранг намуданд ва мо итрати Паёмбари туем ва фарзанди ҳабиби ту Муҳаммад (с), ки ӯро ба рисолат баргузидӣ ва ӯро амини ваҳйи худ қарор додӣ. Пас барои кори мо фараҷу кушоише қарор деҳ, эй меҳрубонтарини меҳрубонон!» (32) – (33)

Муноҷоти Имом (а)

Имом (а) дар охирин лаҳзаҳои умри шарифаш бо Худо розу ниёз намуда, бо ин ҷумлаҳо муноҷот мекард:

«Бар қазову ҳукми ту, эй Худо сабр пеша созам, Худое ғайри ту нест, эй фарёдраси фарёдгарон! Парвардгоре барои ман ғайр аз ту нест ва маъбуде ғайри ту надорам, бар ҳукми ту сабр мекунам, эй фарёдраси касе, ки ғайри ту фарёдрасе надорад ва эй касе, ки абадӣ ва доимӣ ҳастӣ ва мурдагонро зинда мекунӣ, эй огоҳ ва шоҳиду нозир бар тамоми кирдору афъоли махлуқи худ! Ту дар миёни ман ва ин гурӯҳ ҳукм кун, ки ту беҳтарини ҳукмкунандагонӣ!» (34) – (35)

Шаҳодати Имом (а)

Ҳангоме ки дар асари касрати ҷароҳатҳо ва ташнагӣ заъф бар он бузургвор боло гирифт, Шимр фарёд зад: чаро мунтазир ҳастед? Ҳусайн ҷароҳоти зиёде бардошта ва найзаҳо ӯро аз пой даровардааст, аз ҳар тараф бар ӯ ҳамла кунед, модаратон дар азои шумо бигиряд!

Пас аз ҳар тараф бар ӯ ҳамлавар шуданд. Ҳасин ибни Тамим тире бар даҳони он ҳазрат зад ва Абӯайюби Ғанавӣ тире бар ҳалқи нозанинаш ва Зуръа ибни Шарик зарбате бар китфи Имом (а) ворид сохт ва Синон ибни Анас найзае бар синаи мубораки он ҳазрат зад ва Солеҳ ибни Ваҳаб найзае бар паҳлӯи он бузургвор ворид кард, ки он ҳазрат бар гунаи рост рӯйи замин афтод. Он гоҳ он ҳазрат нишаст ва тирро аз ҳалқи шарифаш баровард, дар ин ҳол Умар ибни Саъд ба Имом (а) наздик шуд. (36)

Фарёди Ақила (а)

Зайнаби Кубро (а) – ақилаи Бани Ҳошим — аз хайма берун омад ва фарёд мезад:

Во ахоҳ (вой бародарам)! Во Саййидоҳ! Во аҳла байтоҳ! Эй кош осмон бар замин суқут мекард ва эй кош кӯҳҳо хурду пароканда бар ҳомун мерехт.” (37)

Сипас бар Ибни Саъд фарёд зад: вой бар ту! Абӯабдуллоҳро мекушанд ва ту тамошо мекунӣ? Ӯ ҳеч ҷавобе надод. Зайнаб (а) фарёд баровард ва гуфт: вой бар шумо! Оё дар миёни шумо мусалмоне нест? Боз ҳеч кас посух надод. (38)

Ва баъзе нақл кардаанд, ки: Ибни Саъд ашкаш ҷорӣ гардид, вале чеҳраашро аз Зайнаб (а) баргардонд. (39)

Ҳилол ибни Нофеъ

Ҳилол мегӯяд: мо бо ёрони Умар ибни Саъд истода будем, ки ногаҳон дидем касе хитоб ба Умар ибни Саъд фарёд мезад: эй амир! Башорат, ки инак Шимр Ҳусайнро ба қатл расонд!

Ҳилол мегӯяд: ман миёни ду саф омадам ва ҷон додани Имомро тамошо мекардам. Ба Худо қасам, ҳеч куштаи ба хун оғуштаеро некӯтар ва дурахшандатар аз ӯ надидам, нури чеҳраи ӯ ва зебоии ҳайъати ӯ андешаи қатли вайро аз ёди ман бурд ва дар он ҳол шарбате аз об мехост, шунидам марде мегуфт: ҳаргиз об нахӯрӣ, то бар оташ дароӣ ва аз ҳамими он бинӯшӣ. Ва Имом (а)-ро шунидам, ки дар посух мефармуд: ман назди ҷаддам меравам ва дар биҳишт дар канори ӯ хоҳам буд ва аз оби гуворо менӯшам ва аз он чӣ шумо бо ман кардед, ба ӯ шикоят мекунам. Пас ҳамаи ҷамоат дар ғазаб шуданд, ки гӯё Худованд дар дили онҳо раҳмат наёфарида буд ва ман гуфтам: ба Худо қасам, дигар дар ҳеч кор бо шумо шарик нашавам. (40)

Охирин лаҳзаҳо

Пас замоне гузашт ва ҳар кас, ки наздики он бузургвор мешуд ва куштани Имом (а) бар ӯ мумкин буд, бозмегашт ва кароҳат дошт, ки он ҳазратро ба қатл бирасонад, сипас шахсе, ки ӯро Молик ибни Нумайри Киндӣ мегуфтанд ва ӯ марди шақӣ ва бебок буд, наздики Имом (а) омад ва шамшере бар сари он бузургвор зад, ки кулоҳро қатъ карда, ба сари мубораки он ҳазрат расид, ки хун ҷорӣ гардид. Имом (а) он кулоҳро андохт ва кулоҳеро талаб кард ва бар сар гузошт ва ба он мард фармуд: ҳаргиз бо он даст обу таъом нахӯрӣ ва Худо туро бо золимон маҳшур гардонад! Он марди Киндӣ кулоҳи Имомро бардошт ва баъд аз он ҳамеша дар фақру мискинӣ басар мебурд ва дастонаш монанди одамҳои шал аз кор афтод. (41)

Ва вақте он бузургвор аз асп бар рӯйи замин фуруд омад, хост бар ҷониби рост бихобад, вале аз касрати ҷароҳатҳо мумкин нашуд, сипас бар паҳлӯи чап хост бихобад, аммо нашуд, пас миқдоре аз рамлу хокро гирд овард ва монанди болиште дуруст кард ва сар бар он ниҳод ва сипоҳи Кӯфа дар ҳайрат буданд, ки ӯ дар чӣ ҳолате аст! Баъзе мегуфтанд: ӯ аз дунё рафтааст ва баъзе мегуфтанд: тавони ҷанг кардан надорад. (42)

Фармони қатл

Умар ибни Саъд ба марде, ки дар тарафи рости ӯ буд гуфт: вой бар ту! Пиёда шав ва ӯро ба қатл бирасон. Хавла ибни Язид шитоб кард, то сари Имомро ҷудо созад, Синон ибни Анаси Нахаӣ (лаънатуллоҳи алайҳ) пиёда шуд ва бо шамшер бар гулӯи шарифи он ҳазрат мезад ва мегуфт:

Валлоҳ! Ман сари туро ҷудо мекунам ва медонам ту писари Расули Худо ҳастӣ ва падару модарат беҳтарини мардум аст!

Сипас сари муқаддаси он бузургворро аз бадан ҷудо кард. (43)

Қотили Имом

1- Шимр ибни Зилҷавшан:

Ибни Абдулбар аз Халифа ибни Хайёт нақл кардааст: он касе ки Имом (а) — ро ба қатл расонид, Шимр аст, ки ӯ амири лашкари Ибни Саъд будааст. (44)

Навиштааст, ки: Шимр дар хашм шуд ва рӯйи синаи мубораки Имом (а) нишаст ва маҳосини он бузургворро гирифт, вақте хост Имомро ба қатл бирасонад, Имом лабханде зад ва фармуд: оё маро мекушӣ ва медонӣ ман кистам?

Шимр гуфт: туро хуб мешиносам, модарат Фотимаи Заҳро ва падарат Алии Муртазо ва ҷаддат Муҳаммади Мустафост, туро мекушам ва боке ҳам надорам. Пас Имомро бо 12 зарбати шамшер ба шаҳодат расонд ва сари мубораки он ҳазратро ҷудо кард. (45)

2- Синон ибни Анаси Нахаӣ:

Синон ба Хавла гуфт: сари Ҳусайнро аз бадан ҷудо кун, Хавла вақте хост чунин кунад, сустие дар ӯ пайдо шуд ва ларза бар андомаш афтод, Синон ӯро гуфт: “Худо бозуятро суст гардонад, чаро меларзӣ?” Пас худ пиёда шуд ва сари Имомро ҷудо кард ва ӯро ба дасти Хавла дод. (46)

3- Хавла ибни Язид:

Ӯ бар Имом ҳамла бурд ва сари муқаддаси он бузургворро ҷудо намуд ва назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бурд ва гуфт:

اَوْقِرْ رِكابِ فِضَّةً وَذَهَبـا اِنِّى قَتَلْـتُ الْمَلِـكَ الْمُحَجَّبـا

قَتَلْتُ خَيْرَ النّاسِ اُمّاً وَاَبا وَخَيْرَهُمْ اِنْ يَنْسَبُونَ نَسَبا

Хабари шаҳодат

Ровӣ мегӯяд: канизе аз ноҳияи хаймаи Имом (а) берун омад, марде ба ӯ гуфт: сарвари ту кушта шудааст.

Он каниз мегӯяд: ман бо шитоб ба сӯйи бонуи худ ба ҳарам бозгаштам ва фарёд задам ва занони ҳарам низ бапо хоста, ҳамроҳи ман фарёд заданд. (47)

Охирин шаҳид

Сувайд ибни Мутоъ дар миёни шуҳадо дар асари ҷароҳоти зиёд афтода буд, (зоҳиран ӯ дар ҳамлаи аввал дар асари тирҳои душман рӯйи замин афтода ва аз ҳуш рафта буд), вақте ба ҳуш омад шунид, ки мегӯянд: «Ҳусайн кушта шуд», дар худ эҳсоси сабукӣ кард, ки метавонад бархезад ва бо ӯ ҳарбае буд ва шамшери ӯро гирифта буданд, пас бо ҳамон ҳарба соате бо душман ҷанг кард, то ӯро Урва ибни Битон ва Зайд ибни Руқод ба қатл расониданд ва ӯ охирин нафар аз асҳоби Имом (а) буд, ки шаҳид гардид. (48)

* * *

Пайнавишт:

(1) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 3/274.

(2) Ал-малҳуф 51.

(3) Биҳор-ул-анвор 45/46.

(4) Нафс-ул-маҳмум 347.

(5) Ин масалро дар ҷое ба кор мебаранд, ки касе маҷбур бар анҷоми коре шавад, ки онро бад бинад.

(6) «Эй Сакина! Бидон, ки гиря кардани ту пас аз шаҳодати ман тӯлонӣ хоҳад буд. Дили маро бо ашки ҳасрати худ масӯзон, модоме, ки ҷон дар тани ман аст. Ва ҳангоме ки кушта гардам ту авло ҳастӣ, ки дар азои ман нишинӣ, эй баргузидаи занон».

(7) Нафс-ул-маҳмум 346.

(8) Махзан-ул-букоъ, Мулло Солеҳи Бурғонӣ, маҷлиси нуҳум.

(9) Биҳор-ул-анвор 46/17.

(10) «Ман фарзанди Алии пок аз хонадони Ҳошимам ва фахр мекунам ва ин фахр маро кифоят мекунад. Ҷаддам Расули Худо беҳтарин касе, ки рӯи замин ҳаракат кард ва мо машъалҳои нуронии илоҳӣ дар миёни халқем. Модарам Фотима аз сулолаи Аҳмад аст ва амакам Ҷаъфар аст, ки соҳиби ду бол мебошад. Дар миёни мо китоби Худо ба сидқ нозил шуд ва дар мо ҳидояту ваҳй ба хубӣ зикр мешавад. Мо амони Худоем барои тамоми мардум, ки ошкору пинҳон онро баён мекунем. Мо соҳибони ҳавзем, дӯстонро сероб мекунем бо косаи Расули Худо ва ин қобили инкор нест. Шиаёни мо дар миёни мардум гиромитарин пайравонанд ва душмани мо рӯзи қиёмат зиёнкор аст».

(11) Ал-эҳтиҷоҷ 2/103.

(12) «Мурдан беҳ аз олуда шудан ба ору нанг ва ор беҳ аз дохил шудан дар оташ».

(13) «Ман Ҳусайн ибни Алӣ ҳастам, қасам ёд кардам, ки таслим нашавам, иёлоти падарамро ҳимоят мекунам ва пайрави дини Набии Акрам бошам».

(14) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 274.

(15) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/110.

(16) Мақотил-ут-толибиййин 86.

(17) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/58. Марҳум Шаъронӣ мегӯяд: Ин гуна ғафлату фиреб шоистаи мақоми имомат нест, ҳар чанд Ҷаллудӣ ноқили ин ҷараён аз машоҳири ахбориён аст ва Амири Мӯъминон (а) фармуд: «Ман аз фиребе ғафлат намекунам». Ва агар аз имомат ҳам сарфиназар кунем, зиракӣ ва тезҳушии онон қобили инкор нест. (Тарҷумаи Нафс-ул-маҳмум 249).

(18)

 عِبادَ اللهِ اتَّقُوا اللهَ وَكُونُوا مِنَ الدُّنْيا عَلَى حَذَرٍ فَاِنَّ الدُّنْيا لَوْ بَقِيَتْ لِاَحَدٍ وَبَقِيَ عَلَيْها اَحَدٌ لَكَانَتِ الْاَنْبِياءُ اَحَقُّ بِالْبَقاءِ وَاَوْلَى بِالرِّضاِ وَاَرْضٰى بِالْقَضاءِ، غَيْرَ اَنَّ اللهَ تَعالَى خَلَقَ الدُّنْيا لِلْبَلاءِ وَخَلَقَ اَهْلَها لِلْفَناءِ، فَجَدِيدُها بالٍ وَنَعِيمُها مُضْمَحِلٌّ وَسُرُورُها مُكْفَهِرٌّ وَالْمَنْزِلُ بُلْغَةٌ وَالدّٰارُ قَلْعَةٌ، فَتَزَوَّدُوا فَاِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوٰى وَاتَّقُوا اللهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

(19) Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 3/282.

(20) Нафс-ул-маҳмум 355.

(21) Ал-малҳуф 51.

(22) «Эй азизи ман! Ин охирин видоъ аст ва мулоқот рӯзи қиёмат назди Ҳавзи Кавсар хоҳад буд. Гиряро раҳо кун ва барои асорат муҳайё бош, бурдбории некӯро шиори худ қарор деҳ. Ва вақте пайкари қитъа-қитъаи маро рӯи хок мушоҳида кардӣ, дар ҳоле ки аз рагҳоям хун ҷорӣ аст, шакебоӣ кун».

(23) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 277.

(24) Ал-Имом-ул-Ҳусайн ва Асҳобуҳ 306.

(25) Зариат-ун-наҷоти Гарморӯдӣ 134.

(26) Биҳор-ул-анвор 45/53.

(27) Мусир-ул-аҳзон 72.

(28) Ал-малҳуф 50. Биҳор-ул-анвор 45/51.

(29) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/111.

(30) Комили ибни Асир 4/78.

(31) Тазаллум-уз-Заҳро 211.

(32)

 اَللّهُمَّ مُتَعالِى الْمَكانِ عَظِيمُ الْجَبَرُوتِ شَدِيدُ الْمِحالِ غَنِيٌّ عَنِ الْخَلائِقِ عَرِيضُ الْكِبْرِياءِ قادِرٌ عَلَى ما تَشاءُ قَرِيبُ الرَّحْمَةِ صادِقُ الْوَعْدِ سابِغُ النِّعْمَةِ حَسَنُ الْبَلاءِ قَرِيبٌ اِذا دُعِيتَ مُحِيطٌ بِما خَلَقْتَ قابِلُ التَّوْبَةِ لِمَنْ تابَ اِلَيْكَ قادِرٌ عَلَى ما اَرَدْتَ تُدْرِكُ ما طَلَبْتَ شَكُورٌ اِذا شُكِرْتَ ذَكُورٌ اِذا ذُكِرْتَ، اَدْعُوكُ مُحْتاجاً وَاَرْغَبُ اِلَيْكَ فَقْيراً وَاَفْزَعُ اِلَيْكَ خائِفاً وَاَبْكِى مَكْرُوباً وَاَسْتَعِينُ بِكَ ضَعِيفاً وَاَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ كافِياً، اَللَّهُمَّ احْكُمْ بَيْنَنا وَبَيْنَ قَوْمِنا فَاِنَّهُمْ غَرُّونا وَخَذَلُونا وَعَذَرُوا بِنا وَنَحْنُ عِتْرَةُ نَبِيِّكَ وَوُلْدُ حَبِيبِكَ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ الَّذِى اصْطَفَيْتَهُ بِالرِّسالَةِ وَائْتَمَنْتَهُ عَلَى الْوَحْيِ، فَاجْعَلْ لَنا مِنْ اَمْرِنا فَرَجاً وَمَخْرَجاً، يا اَرْحَمَ الرّٰاحِمِينَ

(33) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 282.

(34)

 صَبْراً عَلَى قَضائِكَ يا رَبِّ، لا اِلٰهَ سِواكَ، يا غِياثَ الْمُسْتَغِيثِينَ، ما لِى رَبٌّ سِواكَ وَلا مَعْبُودَ غَيْرَكَ، صَبْراً عَلَى حُكْمِكَ يا غِياثَ مَنْ لا غِياثَ لَهُ، يا دائِماً لا نَفادَ لَهُ يا مُحْيِى الْمَوْتٰى، يا قائِماً عَلَى كُلِّ نَفْسٍ بِما كَسَبَتْ، احْكُمْ بَيْنِى وَبَيْنَهُمْ وَاَنْتَ خَيْرُ الْحاكِمِينَ

(35) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 283.

(36) Биҳор-ул-анвор 45/55.

(37) Ал-малҳуф 51. Комили ибни Асир 4/78.

(38) Иршоди Шайх Муфид 2/112.

(39) Комили ибни Асир 4/78.

(40) Нафс-ул-маҳмум 366.

(41) Ансоб-ул-ашроф 3/203.

(42) Ал-муфид фӣ зикр-ас-сибт-иш-шаҳид 123.

(43) Ал-малҳуф 52.

(44) Ал-истиоб 1/395. Ибсор-ул-айн 14.

(45) Биҳор-ул-анвор 45/56.

(46) Комили ибни Асир 4/78. Ансоб-ул-ашроф 3/203.

(47) Ал-малҳуф 55.

(48) Комили ибни Асир 4/79. Ва Ансоб-ул-ашроф 3/204.

Реклама


Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: