Туркия мехоҳад Эронро бо Арабистон оштӣ диҳад

Вазири хориҷаи Туркия аз омодагии кишвараш барои миёнҷигарӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури азсаргирии равобит хабар дод.

Ба гузориши хабаргузори Mehrnews, Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия, дар конфронси матбуотии муштарак бо Одил ал-Ҷубайр, ҳамтои арабистонии худ дар поёни нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Туркия дар Риёз, эълом кард, ки Онкоро омодаи миёнҷигарӣ миёни Арабистон ва Эрон дар сурати тарҳи чунин дархосте аз сӯйи тарафайн аст.

Човушуғлу дар бораи бӯҳрони Сурия низ изҳор дошт: “Оддисозии равобит (равобити Туркия) бо Русия, ба маънои тағйири мавзеъи мо дар қиболи Сурия ва Башшор Асад нест… Ва мо хоҳони ифои нақши мусбати Маскав дар Ҳалаб ҳастем.”

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ тасреҳ кард: “Мо (дар нишасти Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Туркия) авзоъи Ироқ ва иқдомоти иттихозшуда дар Мусилро мавриди баррасӣ қарор додем, ва ин аҳолии Мусил ҳастанд, ки бояд шаҳрашонро аз дасти ДОЪИШ наҷот диҳанд ва набояд ин маъмуриятро ба нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъбӣ) вогузор кунанд.”

Човушуғлу ҳамчунин аз сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ба Арабистони Саудӣ хабар дод ва эълом кард, ки торихи ин сафар баъдан эълом хоҳад шуд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: