Фалсафа ва равиши реализм (41)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (14)

Хулосаи назарияи моддигароёни ҷадид

Аз маҷмӯи гуфтаҳои моддигароён ин натиҷа истинбот мешавад: фикр ва идрок ба таври куллӣ аз хоссиятҳои муайяни ташкилоти моддии аъсоби мағзӣ аст ва ин хоссият вақте ба зуҳур мерасад, ки таъсире аз хориҷ бар аъсоб ворид шавад, монанди таъсири амвоҷи нур аз роҳи чашм ва таъсири амвоҷи савтӣ аз роҳи гӯш.

Пас аз он ки таъсироти зиёде аз роҳи ҳавосс бар мағз ворид шуд ва осори моддии нисбатан зиёде боқӣ гузошт, қудрати тафаккур дар мағз пайдо мешавад, яъне истидлол мекунад, қазоёи риёзӣ ҳал мекунад, қавонини куллии табиатро кашф мекунад, усули куллии фалсафӣ ва мантиқиро ба даст меоварад. Ва албатта қудрати тафаккурро набояд як амали хориқулода дар табиат талаққӣ кард, зеро амали тафаккур ҷуз як силсила тағйироти шимиёӣ, ки дар мағз ҳосил мешавад, чизи дигаре нест.

Навъи сохтмони силсилаи аъсоби ашхос мумкин аст мутафовит бошад, ва агар мухталиф буд, қаҳран навъи “эҳсосот” (ҳис карданҳо) ва тарзи “тафаккурот”-и ашхос ҳам фарқ хоҳад кард. Ва ба илова, чун ҳар ҷузъе аз аҷзоъи табиат бино бар вазъ ва мавқеияти махсус ва дар таҳти таъсири авомили мухталиф тағйири хоссият медиҳад, мумкин аст навъи эҳсосот ва тарзи тафаккуроти як нафар низ дар муҳитҳои мухталиф фарқ кунад. Ва аз ин рӯ, набояд интизор дошт, ки агар як нафар инсон дар курраи Миррих бузург шавад ва солҳо умри худро дар онҷо тай кунад, ҳамон тавр ки мо дар замин фикр мекунем фикр кунад; зеро мумкин аст дар онҷо тамоми афкор ва идрокоташ шакли дигаре, ки муқтазои он муҳит аст пайдо кунад, масалан тавре қазоёи риёзиро ҳал кунад, ки мухолифи афкори мо бошад, масалан аз 2 x 2 натиҷаи 3 бигирад ва таври дигаре қавонини табиатро кашф кунад, таври дигаре мантиқ ва фалсафа бисозад ва ҳамчунин…

Ин аст хулосаи назарияи моддигароён дар боби ҳақиқати нисбӣ.

Қатъи назар аз ишколоти зиёде, ки бар моддӣ будани фикр ва идрок ворид аст ва мо қаблан дар мақолаи 3 равшан кардаем, ва қатъи назар аз он чӣ дар мақолаи 5 баён хоҳем кард, ки дар миёни афкори мо як силсила афкори мутлақ ва ғайри қобили тағйир мавҷуд аст ва чунонки дар матн ишора шудааст, худи моддигароён низ (бидуни таваҷҷӯҳ) як силсила афкори худро мутлақ ва ғайри нисбӣ ва ғайри қобили тағйир медонанд.

Оё инҷо ин пурсиш пеш намеояд, ки пас мо бояд бигӯем, он чӣ мо аз ҷаҳон чӣ ба василаи ҳисс ва чӣ ба василаи фикр (ақл) идрок мекунем ва мефаҳмем, ҳама он тавр ҳастанд, ки сохтмони мағзи мо дар вазъ ва мавқеияти махсус иқтизо мекунад ва аммо воқеъ чӣ гуна аст, намедонем?

Оё лозимаи ҳамаи ин муқаддимот ин нест, ки мо бояд аз лиҳози воқеъбинӣ, ба ҳеч фикре эътимод накунем ва фалсафа (ҳатто худи материализми диалектик) ва ҷамиъи риштаҳои улуми табиӣ ва риёзиро бо тардид ва шак талаққӣ кунем?

Оё шаккокони қадим ва ҷадид (қатъи назар аз роҳи истидлол), ғайр аз ин мақсуде доштанд? Оё байни назарияи Конт ва назарияи материализми диалектик аз лиҳози арзиши маълумот, фарқ аст ё на?

Моддигароён Конти олмониро шаккок ба ҳисоб меоваранд ба ин хотир, ки ӯ байни “шайъ бинафсиҳи” (воқеияти хориҷии шайъ) ва “шайъ барои мо” (тасаввуре, ки аз он шайъ дар зеҳни мо ҳаст) фарқ гузошта, зеро Конт мӯътақид аст, ки зеҳн фитратан як маъонии қаблӣ (аз қабили замону макон) аз худ дорад, ки дар хориҷ нестанд ва ҳар чиро идрок мекунад, дар зарфи он маъонӣ ва дар қолаби онҳо идрок мекунад, пас натиҷа мегирад, ки ҳамеша байни “шайъ бинафсиҳи” ва “шайъ барои мо” ихтилоф аст.

Ҳамчунон ки хонандаи мӯҳтарам мутаваҷҷеҳ аст, худи моддигароён низ байни “шайъ бинафсиҳи” ва “шайъ барои мо” фарқ мегузоранд, бо ин тафовут, ки Конт аз роҳе ворид шуда, ки натиҷааш ихтилоф байни “шайъ бинафсиҳи” ва “шайъ барои мо” аст, вале “шайъ барои мо” нисбат ба ашхос фарқ намекунад, вале моддигароён аз роҳе ворид шудаанд, ки байни “шайъ бинафсиҳи” ва “шайъ барои ҳар кас ҷудо-ҷудо” фарқ пайдо мешавад.

Конт ба нақли марҳуми Фурӯғӣ мегӯяд:

Инсонҳо ҷаҳонро бо як айнаки махсус мебинанд ва наметавонанд ин айнакро аз чашми худ дур созанд.”

Аммо моддигароён мегӯянд:

Ҳар фарде аз афроди инсон ҷаҳонро бо айнаки махсус ба шахси худ мебинад ва наметавонад онро аз худ дур созад.”

Фарқи дигаре низ ҳаст, ва он ин ки: Конт ин айнакро фақат барои мушоҳидаи аворизи табиат дар ҷилави чашми инсон қарор медиҳад ва аммо моддигароён ин айнакро барои мутолеаи ҳар чизе ҳатто риёзиёт ва фалсафа, дар ҷилави чашми ашхос қарор медиҳанд.

Конт ба нақли марҳуми Фурӯғӣ мегӯяд:

Маълумро ташбеҳ мекунем ба маводди ғизоӣ, ки бояд ба бадан бирасад ва “бадали мо ятаҳаллал” шавад. Барои ин мақсуд, бояд маводди хӯрокӣ аз хориҷ дохили меъда шавад, он гоҳ бояд меъда ва аъзои дигари ҳозима шираҳое аз худ замима кунанд, то хӯрокҳо ғизо шавад. Пас, хӯрокҳо ба манзилаи эҳсосотанд (чизҳое, ки ҳисс мешаванд) ва шираҳо ҳукми замону макон (ки ба ақидаи Конт, ин ду ғайри айнӣ ва аз мафҳумоти қаблии зеҳн мебошанд)-ро доранд.

Чунонки собиқан аз гуфтори Аронӣ нақл кардем, моддигароён низ айни ҳамин ташбеҳи Контро такрор карданд, танҳо ихтилофи назар дар навъи шираҳое аст, ки зеҳн аз худ замима мекунад. Ба ақидаи Конт, он шираҳо иборат аст аз мафҳумоти қаблии зеҳн ва ба ақидаи моддигароён иборат аст аз навъи таъсири махсуси силсилаи асабӣ.

Бинобар ин, чӣ имтиёзе дар байн аст, ки мо Контро шаккок ва идеалист ва моддигароёнро реалист бидонем?! Оё байни мактаби шакгароӣ ва материализми диалектик аз лиҳози арзиши маълумот, фарқ аст ё на?

Қаблан ишора кардем, ки тарафдорони материализми диалектик байни назарияи худ дар боби арзиши маълумот ва назарияи нисбиюн фарқ мегузоранд, зеро онҳо ҳақоиқи нисбиро дорои хоссияти таҳаввул ва такомул медонанд ва аммо соири нисбиюн (ба ҳасби иддаъои моддигароён) ин ақидаро надоранд ва аз ҳамин лиҳоз аст, ки маслаки худро “маслаки ҷазм” (догматизм) ва маслаки онҳоро маслаки шак (септисизм) муаррифӣ мекунанд. Ҳоло бояд бибинем, оё воқеан ин миқдор фарқ мӯҷиб мешавад, ки арзиши маълумот дар назари ин ду даста фарқ кунад, нисбиюн шаккок ва моддигароён яқинӣ ва ҷазмӣ бошанд ё на? Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 39 мегӯяд:

Аз тавлиди як иштибоҳ ҷилавгирӣ мекунем. Мумкин аст аз истеъмоли мафҳуми “нисбӣ” роҷеъ ба “ҳақиқат”, моро ҷузъи нисбиюн, ки дар ҷадвал ҷузъи огнустисистҳо (agnosticist = лоадриюн) зикр шуда тасаввур кунанд. Вале ин ду мавзӯъро бояд комилан ҷудо кард. Ба ақидаи мо, дараҷаи ҳар ҳақиқат, ҳар идеологияи илмӣ, машрут ба замон аст ва он чӣ ки билошарт аст ин ки ҳар таърих, ҳар идеологияи илмӣ бо як воқеият яъне бо табиати мутлақ назир мебошад. Аз як тараф ин ҳақиқати нисбӣ, ки мо мегӯем, ғайри мушаххас аст ва ба воситаи ҳамин ғайри мушаххас будан аст, ки илми башар ҷомид ва рокид намонда такомул пайдо кардааст. Вале аз тарафи дигар, дар айни ҳол ба андозаи кофӣ мушаххас аст, ки фикри мантиқиро аз инкори вуҷуди ҳақиқат ва воқеият яъне аз табаияти идеализм ва огнустисизми амсоли Конт ва Ҳюм халос намояд. Ин ихтилоф байни “материализми диалектик” ва ақидаи “нисбии фалсафӣ”-ро бояд дар назар дошт. Ҳамон тавр ки Ҳегел гуфтааст, диалектики шомил, як ҷузъи ақоиди нисбӣ ва нафю шакро дорост, вале мунҳасир ба ин афкор нест, яъне нисбӣ будани ҳақиқатро қабул мекунад, вале дар зимн нишон медиҳад, ки ин нисбӣ будан, таърихӣ яъне мутобиқи таволии замон аст ва ҳар қадр замон пеш меравад, аҷзоъи бештаре аз равобити воқеияти хориҷӣ ҷузъи ҳақиқати нисбӣ мешавад ва ҳол он ки мактабҳои нисбӣ ва шаккокин ин ақидаро надоранд.”

Мо собиқан масъалаи такомули ҳақиқатро баён кардем ва равшан кардем, ки такомули ҳақиқат ба маъное, ки манзури моддигароён аст (ҳақиқати мутағайир ва ғайри мушаххас) мавҳуми маҳз аст ва ба маъоние, ки саҳеҳ аст (тавсиъаи тадриҷии маълумот, табдили фарзияҳо дар улуми табиӣ) рабте ба муддаъои моддигароён надорад.

Акнун изофа мекунем, фаразан, ки мо ҳақоиқро мутағайир ва мутакомил бидонем, ишколи шаккок будан боқӣ аст, зеро тибқи ақидаи моддигароён, ин ҳақиқати мутаҳаввили мутакомил, дар ҳамаи мароҳил нисбӣ аст на мутлақ, ва ин мароҳил ҳам то бениҳоят — ба эътирофи худашон — идома дорад, пас дар ҷамиъи мароҳил ҳар ҳақиқатеро, ки дар назар бигирем, он тавр аст, ки муқтазои хосси зеҳни башар аст на он тавр ки воқеъ аст, яъне воқеан ҳақиқат нест. Ва ин айни ҳамон аст, ки нисбиюн ва соири шаккокон мегӯянд.

Ҳақиқат ин аст, ки тарафдорони материализми диалектик масъалаи такомули ҳақиқат ё тағйири такомулии мафоҳимро — ки пояи асосии мантиқи диалектик ва муҳимтарин сангари ҳамлаи онон ба мантиқи қадим аст — аз роҳҳои мухталифе баён мекунанд, ки бо ҳам фарқ мекунад ва худашон ин роҳҳоро аз якдигар тафкик намекунанд (шояд таъаммуд доранд, ки барои гум кардани роҳ, чандпаҳлӯ мақсуди худро адо кунанд) ва басо ҳаст барои хонандаи мақолоташон ибтидоан тавлиди таҳайюр намояд.

Мо барои ин ки хонандагони мӯҳтарам арзиши воқеии фалсафаи моддӣ ва мантиқи диалектикро беҳтар дарёбанд, тамоми роҳҳои мухталифи исботи такомули мафоҳимро тафкик карда ва ҷудо-ҷудо баён мекунем ва ба посухи онҳо мепардозем.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: