Шарҳи Маснавӣ (132)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (1)

* * *

Дар шудан, харгӯш бас таъхир кард,

Макрро бо хештан тақрир кард.

Харгӯш дар рафтан ба сӯйи шер таъхири бисёр кард, аммо макрҳоеро, ки мехост ба кор гирад, бо худ як бор мурур кард.

Тақрир кардан: баён кардан.

Дар раҳ омад баъди таъхири дароз,

То ба гӯши шер гӯяд як ду роз.

Харгӯш баъд аз таъхири тӯлонӣ, ба роҳ афтод, то назди шер равад ва яке ду шамма аз макрҳои худро ба шер бигӯяд.

То чӣ оламҳост дар савдои ақл,

То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.

Дар вуҷуди ақл дарёҳои бас аҷибе вуҷуд дорад. Дарёи ақл чӣ фарох ва паҳновар аст!

Савдои ақл: дар инҷо ба маънои вуҷуди ақл омадааст. (Шарҳи Кабири Анқуравӣ, ҷ.1, с.478)

Нукта: Мавлоно дар Маснавӣ дар бораи ақл матолиби гуногун ва ба зоҳир мутаъоризе дорад. Гоҳ онро хор мешуморад ва гоҳ бас бузургаш медорад.

Ба таври куллӣ, ақл дар истилоҳи ҳукамо, тақсим мешавад ба ақли назарӣ ва ақли амалӣ. Ақли назарӣ (ё илмӣ) иборат аст аз шиносоии сирф, бе он ки таваҷҷӯҳ ба амал ва кайфияти кор дошта бошад, монанди ин ки медонем ҳар махлуқеро холиқе офаридааст, ва ё медонем, ки ҷаҳон ҳамвора дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст ва амсоли ин умур, ки фақат ба сурати илм ва дониста дар зеҳни мо манқуш аст.

Аммо ақли амалӣ ақле аст, ки дар он ҷанбаи амал низ вуҷуд дорад. Яъне, илова бар донишҳои куллӣ, кайфияти амал низ малҳуз аст. Ва ба таври куллӣ метавон гуфт, ки ақли амалӣ илм ба ҳусну қубҳ ва масолеҳу мафосиди аъмол ва афъоли инсонӣ аст, монанди ин ки медонем дурӯғ ва хиёнат нописанд ва намоз ва ниёиш матлуб аст ва ғайра… (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.375)

Агар руҳи одамиро ба парандае монанд кунем, ду қувваи ақли назарӣ ва амалӣ барои он паранда, ба манзилаи ду бол аст, ки бе он ду, парвоз мумкин нест.

* * *

Ақл дар истилоҳи Мавлоно

Ақл дар истилоҳи Мавлоно, ба чанд маънӣ гуфта мешавад, ки баъзеро ақли мамдуҳ яъне ақли сутуда хонанд ва баъзеро ақли мазмум яъне ақли накӯҳида шуморанд.

Ақл дар Маснавӣ ба маъонии зайл омадааст:

1. Қувваи қудсии идрок ва фаҳм ва шуъур дар тадбири умури маъош ва маъод ва ташхиси неку бад ва масолеҳу мафосиди аъмол ва аҳвол:

Оқил он бошад, ки ӯ бо машъаласт,

Ӯ далелу пешвои қофиласт.

* * *

Ақл бошад мардро болу паре,

Гар набошад ақл, ақли раҳбаре.

* * *

Бе зи мифтоҳи хирад ин қаръи боб

Аз ҳаво бошад, на аз рӯйи савоб.

2. Ақли имонӣ ва аршӣ. Ин ақл низ аз таҷаллиёти ҳамон ақли мамдуҳи амалӣ аст:

Ақли имонӣ чу шаҳнай одил аст,

Посбону ҳокими шаҳри дил аст.

* * *

Ақл дар тан ҳокими имон бувад,

Ки зи бимаш нафс дар зиндон бувад.

3. Қувваи шайтанат ва гурбузӣ ва ҳушу тазвир дар умури дунё, ки мазҳари ақли мазмум аст:

З-ин хирад ҷоҳил ҳаме бояд шудан,

Даст дар девонагӣ бояд задан.

4. Ақли ҷузъӣ, ки ноқис ва норасост. Ин ақл барои дарки ҳақоиқи умур ва ашё кофӣ нест, чаро ки дар маърази офати ваҳму гумон аст:

Ақли ҷузвӣ офаташ ваҳм асту зан,

З-он ки дар зулмот шуд ӯро ватан.

* * *

Ақли ҷузвӣ ақли истихроҷ нест,

Ҷуз пазирои фану мӯҳтоҷ нест.

* * *

Ақли ҷузвиро вазири худ магир,

Ақли кулро соз, эй султон, вазир.

* * *

Ақли ҷузвӣ ишқро мункир бувад,

Гарчи бинмояд, ки соҳибсир бувад.

4. Ақли куллӣ ё ақли кул, ки дар истилоҳи Мавлоно ба ду маъност: яке ақли муҷарради илвии муфориқ аз модда ва моддиёт, ки онро бо нафси куллӣ ё нафси кул ҳамрадиф донанд. Аммо маънои дигари ақли кул ақли комили расост, ки муҳит бар ҳамаи ашёст ва ҳақоиқи умурро ба шоистагӣ дарк мекунад. Ва ин навъ ақл ба эътиқоди Мавлоно, хосси хавосси бандагон ва муқаррабон аст, ки шомили анбиё ва авлиё ва абдол ва ақтоб ва машойихи ростин мешавад:

Ақли куллу нафси кулли мард Худост,

Аршу курсиро мадон, к-аз вай ҷудост.

* * *

Пир пири ақл бошад, эй писар!

На сапедий мӯй андар ришу сар.

* * *

Ҷаҳд кун, то пири ақлу дин шавӣ,

То чу ақли кул ту ботинбин шавӣ.

Дар инҷо манзури Мавлоно аз ақл зоти ақдаси илоҳист. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.375-376)

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: