Занони фармонраво дар давлатҳои исломӣ – 5

Бахши панҷум

Абиш Хотун

Абиш ё Абиш Хотун як зани турк буд, ки дар фосилаи солҳои 662-685 ҳ.қ дар минтақаи Форси Эрон ба подшоҳии давлати Салғуриён расид. Абиш Хотун духтари Саъди 2-ум (Атобак Саъд ибни Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ), аз тарафи модар аз насли ҳуккоми қутлуғхонии Кирмон буд. Модари Абиш Хотун Бибӣ Туркон буд, модарбузургаш Ёқут Туркон яке аз чаҳор духтари Буроқ Ҳоҷиб. Кардучин духтари Абиш Хотун бо Султон Ҷалолуддин Сиюрғотмиш фарзанди Қутбуддин Муҳаммад издивоҷ намуд. (Муншии Кирмонӣ, с.56)

Салғуриёни Форс ба воситаи ин издивоҷ, бо давлати қутлуғхонии Кирмон робитаи хешовандӣ барқарор намуданд. Ҳамзамон бо ҳокимияти Туркон Хотун дар Кирмон, Абиш Хотун пас аз ғалаба бар мушкилоти дохилӣ, ба идораи вилояти Форс мансуб гардид. Бад-ин тартиб, Абиш Хотун дар соли 662 ҳ.қ бо ҳукми Ҳалокухон, бидуни кучактарин мушкиле ба салтанат расид ва рӯзҳои ҷумъа ба номаш хутба хонда шуд ва сикка зарб гардид. (Заркӯби Шерозӣ, с.89)

Абиш Хотун ба ҳангоми расидан ба мақоми атобакӣ, бисёр ҷавон буд. Ӯ пас аз як соли ҳукумат дар Форс, ба иттифоқи хоҳараш Салғам ва модараш Бибӣ Туркон ба хидмати илхонон расид. Дар он замон Абиш Хотун номзади Мингу Теймур писари Ҳалокухон буд ва бо ӯ издивоҷ намуд. Хотун дуввумин зани ӯ буд. Ҷаҳизияи ӯ бо фармони илхон, ба ғайр аз як шашуми вилояти Форс, солона 70 ҳазор динор таъйин гардид. (Ёддоштҳои Қазвинӣ, ба нақл аз Учук, с.220) Дар воқеъ, васлате, ки байни муғулон ва духтарони ҳуккоми тобеъ сурат мегирифт, роҳе барои хешовандӣ ва тасоҳуби вилоятҳои боарзиши дунёи ислом буд.

Абиш Хотун ҷиҳати таъйиди ҳукуматаш аз Форс ба иттифоқи модараш Бибӣ Туркон пеши илхони вақт яъне Султон Аҳмад Такудор рафт ва бо супориш ва ҳимояти Мингу бо хазоини фаровон ҷалби мусоидати Такудорро фароҳам карда ва бо дархости вай ҷиҳати атобакӣ (подшоҳӣ) мувофиқат шуд.

Бад-ин тартиб Абиш Хотун бо дабдаба ва кабкабаи тамом вориди Шероз шуд ва тахти подшоҳии падар ва падарбузургро тасоҳуб намуд. Аҳолии Шероз ва аз ҷумла қозиҳо ва соҳибони амлок аз вай истиқболи гарме карданд.

Абиш Хотун ба маҳзи истиқрор дар Шероз, Хоҷа Низомуддинро ба вазорат баргузид. Ӯ, ки як фарди маҳаллӣ буд, бо ризояти мардум барои идораи умури Форс интихоб шуд ва заминаи оромиш ва рифоҳи мардумро фароҳам овард.

Бо рӯйи кор омадани Арғунхон дар соли 683 ҳ.қ идораи Форс ба Сайид Имодуддин Абӯяло вогузор гардид ва тарафдорони Абиш Хотун ба муқобила бо вай пардохтанд, ӯро кушта ва дар гудоле андохтанд. Хабари ин иттифоқот ба Арғунхон расид ва ӯ бидуни қабули ҳеч узре, Абиш Хотун ва атрофиёнашро ба Табрез фиристод. Абиш Хотун чун арӯси Ҳалокухон буд, аз муҳокима ва муҷозот наҷот ёфт, вале атрофиёнаш ба анвоъи мухталифи муҷозотҳо маҳкум шуданд.

Дар ниҳоят Абиш Хотун дар асари нороҳатиҳои зиёд дар Табрез бемор шуд ва пас аз 23 соли ҳукумат дар соли 685 ҳ.қ дар маҳаллаи Чарандоби Табрез, ки яйлоқи урдуи муғулон буд, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. (Заркӯби Шерозӣ, с.96) Абиш Хотун дар маҳаллаи Чарандоб бар асоси расми муғулон бо зеваролоти тилло ва нуқрааш ба хок супурда шуд, вале муддати зиёде дар ин маҳал боқӣ намонд ва ба сарзамини худаш яъне Шероз бурда шуд ва дар мадрасаи Азудия, ки ба василаи модараш Бибӣ Туркон ба номи “Азудуддин Муҳаммад” эҳдос намуда буд, дафн гардид. (Хавофӣ, ҷ.2, с.357). Пас аз Абиш Хотун ҳокимияти Салғуриён дар Форс барчида шуд.

Давлат Хотун

Дар ҳудуди солҳои 574-970 ҳ.қ дар ҷануби ғарбии Эрон давлате ба номи “Атобакони Луркучак” шакл гирифт, ки силсилаи Оли Хуршед дар он ба ҳукумат расид. Маркази Луркучак шаҳри Хуррамобод буд. Ҳукмронони ин силсила бо таъйид ва ҳимояти хулафои Бағдод салтанат мекарданд.

Изуддин Муҳаммад фарзанди Изуддин Ҳусайн 13-умин ҳукмрони ин минтақа буд, ки дар сояи итоат аз муғулон то соли маргаш (717 ҳ.қ) бо ҳифзи истиқлоли зоҳирӣ дар Луркучак ҳукумат кард. Аммо баъд аз марги худ на фарзанд ва на бародаре барои ҷонишинии худ надошт, аз ин рӯй баъд аз марги Изуддин Муҳаммад, ҳамсараш Давлат Хотун духтари Шамсуддин барои ҳукумат муносиб ташхис дода шуд.

Давлат Хотун ба унвони 14-умин подшоҳи Оли Хуршед ба ҳукумат расид. Ӯ ба унвони як атобак (подшоҳ) аз як давлати нимамустақил аз имперотурии қудратманди муғул буд ва истиқлоли том надошт, бад-ин сабаб натавонист аз мудохилаи уммоли муғул дар қаламрави ҳокимияташ ҷилавгирӣ кунад.

Давлат Хотун иқтидори дигар подшоҳони зан чун Туркон Хотун (ҳокими Кирмон) ва ё дигаронро надошт ва аз тарафе ба иллати мастур кардани беш аз ҳадди худ, натавонист мушкилоти ҳукуматро ҳал кунад. (Муъинӣ, ба нақл аз Учук, с.233)

Давлат Хотун ба сабаби фишори муғулон ва тарси аз даст додани истиқлоли Луркучак, ки ба иллати доштани маъодини гаронбаҳо мавриди таваҷҷӯҳи онон буд, бо тасвиби девони муғул салтанатро ба бародараш Изуддин Ҳусайн вогузор кард. (Муставфӣ, ҷ.1, с.556-557)

Давлат Хотун пас аз инсироф аз салтанат, бо Юсуфшоҳ аз Лурбузург издивоҷ кард. Дар бораи вазъияти дохилӣ ва хориҷии ҳукумати Давлат Хотун иттилооте дар даст нест. Дар маҷмӯъ ҳукуматеро, ки аз тарафи шавҳараш ба ӯ расида буд, баъд аз муддати кӯтоҳе ба бародараш вогузор кард ва инчунин идомаи ин давлати кучакро мумкин сохт ва аз афтодани тамоми ин манотиқ ба дасти хориҷиён ҷилавгирӣ намуд.

Идома дорад



Рубрики:Без рубрики

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: