Фалсафа ва равиши реализм (42)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (15)

Роҳҳои исботи такомули ҳақиқат дар назари тарафдорони материализми диалектик ва посухи онҳо

Тарафдорони материализми диалектик назарияи “такомули ҳақиқат”-ро на танҳо як назарияи саҳеҳ муаррифӣ мекунанд, балки муддаъӣ ҳастанд, ягона метод ва услуби саҳеҳи тафаккур, ҳамон услуби мантиқи диалектик аст, ва муҳимтарин асоси услуби мантиқи диалектик асли такомули ҳақиқат (тағйири такомулии мафҳумот) аст.

Тарафдорони материализми диалектик тарзи тафаккури моддигароёни қабл аз Маркс ва Энгелсро, ки бар ин асос набудааст, метафизикӣ (яъне воқеан ғалат) медонанд.

Ин донишмандон такомули ҳақиқатро аз роҳҳои мухталиф исбот мекунанд. Инак баёни он роҳҳо:

Роҳи аввал: Фикр, хоссияти махсуси моддаи мағз аст ва бинобар ин, ҷузъе аз табиат аст. Тамоми аҷзоъи табиат дар таҳти таъсири авомили мухталиф доиман тағйир мекунанд ва наметавонанд як “лаҳза” сокин ва яксон ва беҳаракат бимонанд, пас мағз низ бо ҳамаи муҳтаваёти худ (афкор ва идрокот) дар тағйир аст ва наметавонад сокин ва беҳаракат бимонад.

Табиат ҳамвора дар тағйироти худ такомул пайдо мекунад, пас мафоҳими зеҳнӣ низ, ки дар моддаи мағз ҷойгузин ҳастанд, дар такомул ҳастанд.

Посух: Мо дар мақолаи 3 равшан кардем, ки идрокот хоссиятҳои умумии модда ва аз он ҷумла хоссияти тағйирро надоранд ва бо он ки мағз бо ҷамиъи муҳтаваёти худ дар тӯли умри як нафар чандин бор иваз мешавад, мумкин аст афкори шахс дар тамоми ин муддат собит ва побарҷо боқӣ бимонанд, ва ин худ далел аст, ки афкор дар модда ҷойгузин нестанд.

Дар инҷо изофа мекунем: агар фаразан (бар фарзи маҳол) афкор дар моддаи мағз ҷойгузин бошанд ва ба ҳамроҳи соири аҷзоъи табиат сайри истикмолӣ дошта бошанд, ин навъ аз такомули афкорро наметавон ҷузъи қавонини махсуси “мантиқ” ва “методи тафаккур” ба шумор овард; зеро бадеҳӣ аст ин тағйиру табдил қонуни ҷабрӣ ва зарурии табиат аст. Ва агар фикр аз хоссиятҳои мағз ва ҷузъи табиат бошад, ҷабран тағйир хоҳад кард ва дар ин хоссият афкор ва идрокоти ҳамаи инсонҳо балки ҳамаи ҳайвонҳо мусовӣ хоҳанд буд ва қаҳран мафоҳими зеҳнии ҳамаи инсонҳо, хоҳ моддӣ бошанд ва хоҳ илоҳӣ, дорои тағйири такомулӣ хоҳанд буд. Моддигароён наметавонанд ин хоссиятро танҳо тарзи тафаккури махсуси худ бидонанд ва ба унвони услуб ва методи хосси мантиқи худ ба шумор оваранд, зеро чунонки медонем, қоъидаҳо ва қавонини “мантиқ” қоъидаҳоест дастурӣ ва бо қоъидаҳои фалсафӣ ва илмӣ фарқ мекунад. Қонуни фалсафӣ ва қонуни илмии соири улум аз як воқеияти айнии хориҷӣ ҳикоят мекунад, аммо қонуни мантиқӣ метод ва равиши фикр карданро меомӯзад ва дастури тарзи тафаккуре, ки ба натиҷа мерасонад медиҳад, ва аз ин ҷиҳат шабеҳи қонуни ахлоқӣ аст, ки аз воқеияте ҳикоят намекунад, балки сирфан дастури амали некӯ медиҳад.

Илми ахлоқ дастури амали саҳеҳ медиҳад ва мантиқ дастури фикр кардани саҳеҳро. Ва чун ин ду илм дастурӣ ҳастанд, ба кор бастани онҳо манут ба иродаи ашхос аст, афрод метавонанд тибқи он дастурот рафтор бикунанд ва метавонанд рафтор накунанд, ва аз инҷо тафовут байни ашхос пайдо мешавад.

Аммо як қонуни фалсафӣ (мисли қонуни ҳаракат) ё як қонуни физикӣ (мисли қонун сиқл ва сангинӣ), бар ҳамаи афрод ба як наҳв ҳукумат мекунад.

Пас, агар руҳ ва хоссиятҳои руҳӣ ва аз он ҷумла тафаккур, моддӣ ва мутағайир бошанд, қаҳран ва ҷабран мафоҳими зеҳнии умуми афрод мутағайир ва мутаҳаррик ва ҷунбанда хоҳанд буд. Ва чун тафаккури диалектикӣ, тибқи таърифи моддигароён, тафаккуре аст, ки дар вай мафоҳим мутаҳаррик буда ва ҷомид нест, пас ҳамаи инсонҳо тафаккури диалектикӣ доранд, хоҳ худашон мутаваҷҷеҳ бошанд ва хоҳ мутаваҷҷеҳ набошанд ва маҳол аст касе пайдо шавад, ки тафаккури диалектикӣ надошта бошад, танҳо имтиёзи моддигароён дар ин ҷиҳат хоҳад буд, ки онҳо медонанд, ки ҳамаи тафаккурот диалектикӣ аст ва дигарон намедонанд. Ва ин донистан ва надонистан, тағйире дар тарзи тафаккури умумӣ, ки ҷабран диалектикӣ аст намедиҳад.

Хулосаи матлаб ин ки: аввалан, мафоҳим чун ғайри моддӣ ҳастанд, тағйир намекунанд, ва сониян, агар ҳам (фаразан) тағйир бикунанд, ҳамаи афрод дар он яксон хоҳанд буд ва наметавон онро ба унвони тарзи тафаккур ва услуби мантиқии як дастаи махсус муаррифӣ кард.

Роҳи дуввум: Ашёи хориҷӣ (аҷзоъи табиат), ки фикр бо онҳо тамос мегирад, тағйир ва ҳаракати такомулӣ доранд (асли тағйир) ва ин ашёи мутағайири мутаҳаввил ҳама бо якдигар муртабит ва дар якдигар муассиранд (асли таъсири мутақобил).

Ашёро ба ду наҳв метавон мутолеа кард: яке дар ҳоли сукун ва ҷудо-ҷудо, ва дигар дар ҳоли тағйир ва иртибот. Пас, мафоҳиме, ки аз ашёи хориҷӣ дар зеҳни мо нақш мебандад, ба ду наҳв мумкин аст сурат бигирад.

Саҳеҳтарин тарзи тафаккур, ки ҳамон тарзи тафаккури диалектикӣ аст ин аст, ки ҳар шайъеро дар ҳоли “ҳаракати такомулӣ” (на дар ҳоли сукун ва ҷумуд) ва дар ҳоли “иртибот” бо соири аҷзоъи табиат (на мустақил ва ҷудо) мутолеа кунад.

Ва аз тарафе, маълум аст ҳар мафҳуме ҳангоме ҳақиқат аст, ки бо воқеияти хориҷӣ “назир” бошад, ва чун воқеиятҳои хориҷӣ дар ҳоли такомул ва ҳама бо ҳам муртабит ва дар якдигар муассиранд, мафоҳими зеҳнии мо низ агар бихоҳанд ҳақиқат бошанд, бояд мутаҳаррик ва мутағайир ва дар якдигар муассир бошанд, ва илло ҳақиқат набуда хато ва ғалат хоҳанд буд.

Мантиқи қадим ҷомид (static) буд, аммо мантиқи диалектик мутаҳаррик (dynamic) аст, ва айби асосии мантиқи қадим, ки пояи метафизика аст, ду чиз буд:

Яке ин ки: ашёро дар ҳоли ҷумуд ва сукун мутолеа мекард (асли сукун) ва аз ин рӯ мафоҳиме, ки аз ашё дошт, сокин ва беҳаракат буд.

Дигар ин ки: ашёро аз якдигар мустақил ва ҷудо-ҷудо мутолеа мекард (асли ҷудоӣ), байни ҳар шайъ ва соири ашё девор ва ҳоиле қоил буд ва аз ин рӯ ҳар мафҳум барояш мустақил ва аз соири мафоҳим ҷудо буд ва мафоҳим дар якдигар муассир набуданд.

Аммо барои касе ки бо мантиқи диалектик фикр мекунад, мафоҳим ҳамвора мутаҳаррик ва дар якдигар муассиранд. Натиҷа ин ки: мафоҳим дар мантиқи ҷомид ҳамвора ҷомид ва беҳаракат ва аз якдигар мустақил ва ҷудо буд, пас ҳақиқат набуд, зеро бо воқеияти хориҷӣ “назир” набуд ва аммо дар диалектик мафоҳим ҳамвора мутаҳаррик ва дар якдигар муассиранд, пас ҳақиқатанд, зеро бо воқеияти хориҷӣ назиранд ва мутобиқат доранд.

Пас, ҳақиқат, ки маҳсули тарзи тафаккури диалектикӣ аст, ҳамвора мутаҳаввил ва мутакомил аст.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 56 мегӯяд:

Асли дуввуми диалектик “асли такомули зиддайн” ё “қонуни такопӯи табиат” аст. Воқеият (модда, замон, макон) чун замонро дарбар дорад, шомили мафҳуми тағйир низ мебошад. Ин тағйир ва шудан ва такомул, воқеият дорад ва такопӯи табиати воқеӣ аст. Ҳамин такопӯи воқеӣ дар мағзи мо ба сурати ҳақиқати қонуни такопӯи табиат тасвир мешавад.”

То онҷо, ки мегӯяд:

Ин қонун роҷеъ ба ҳаракат (тағйир)-и воқеии ашё ва ҳаракати ҳақоиқ (тасовири воқеият) дар фикр аст.”

Дар сафҳаи 48 мегӯяд:

Диққат кунед, ки ду мафҳумро бо якдигар махлут накунед. Агар сӯҳбат аз диалектик дар табиат бошад, ғараз воқеияти диалектик яъне таъсири мутақобили аҷзоъи табиат ва такопӯи онҳо бидуни иртибот бо тарзи тафаккури башар аст, ва агар аз услуби диалектик бошад, ғараз тасвире аз воқеияти диалектик дар мағзи мост, ки бо як воқеият назир аст ва тариқаи истидлоли мост.”

Посух: Ин баёни донишмандони моддӣ шомили ду қисмат аст:

Қисмати аввал ин ки: табиати хориҷӣ дар ҳоли тағйиру таҳаввул ва такомул аст ва сукун ва яксон мондан, дар табиати хориҷӣ вуҷуд надорад ва ҳамин табиати мутағайир ва мутакомил ҳамаи аҷзоъаш дар якдигар муассир ва бо якдигар муртабитанд.

Ин қисмат албатта саҳеҳ аст ва мавриди таъйиди фалосифаи илоҳӣ буда ва ҳаст. Асли ин назария тозагӣ надорад ва ба иқрори худи моддигароён, асли ҳаракат ва тағйирро аввалин бор Ҳероклид дар қарни шашуми қабл аз милод иброз кард ва асли таъсир ва иртиботи аҷзоъи табиат бо якдигар аввалин бор аз тарафи Афлотун ва Арасту иброз шуд.

Дар ҳудуди се қарну ним пеш Садрулмутааллиҳин — файласуфи бузурги исломӣ, ки таҳаввули азиме дар фалсафа ба вуҷуд овард, асли такомули табиатро ба тарзи бадеъ ва бесобиқае баён кард. Вай бо меъёрҳои фалсафӣ ба исбот расонид, ки тамоми аҷзоъи табиат ашкол ва танаввуъоти махсуси ҳаракатанд ва сукун ва яксон мондан хилофи муқтазои зоти табиат аст ва аз ин ҷиҳат ҳудуд (моҳиятҳо) ҳамвора мутаҳаррик ва барои як шайъ дар ду лаҳза наметавон як моҳияти собит фарз намуд.

Донишмандони Урупо дар қуруни ҷадида ва махсусан дар қарни 19-ум, аз роҳи ковишҳои таҷрибӣ қавонини махсуси такомулро дар наботот ва дар мавҷудоти зинда ба даст оварданд. Ломорк (Lamarck) ва Дарвин (Darwin) фарзияи такомули тадриҷии мавҷудоти зиндаро дар таҳти қавонини махсус баён карданд.

Рӯиҳамрафта таҳқиқоти фалсафӣ аз як тараф ва ковишҳои илмӣ аз тарафи дигар дар боби ҳаракат, ин натиҷаро дар боби кайфияти мутолеаи ашё ва кашфи ҳақиқати онҳо ба дасти башар дод, ки ашёро набояд сокин ва ҷомид мутолеа кард. Яъне агар тасаввуре аз як ҳодисаи табиӣ дар як ҳолати хосс дошта бошем, набояд ин тасаввурро барои ҳамеша нисбат ба он ҳодиса кофӣ бидонем, зеро он шайъ ё он ҳодисаи табиӣ ба тадриҷ дар имтидоди замон тағйир ва такомул пайдо мекунад ва тасаввури собиқи мо фақат нисбат ба ҳолати собиқи он ҳодисаи табиӣ саҳеҳ аст ва аммо нисбат ба ҳар як аз ҳолоти дигар, эҳтиёҷ ба тасаввурҳои ҷудо-ҷудо дорем. Ва аз ин ҷиҳат, мисдоқи ҳар як аз тасаввуроти мутаъаддиди зеҳнии мо фақат яке аз ҳолоти мутаъоқиби он ҳодиса аст. Ва дар мақоми ташбеҳ, дастгоҳи идрокиро метавон ташбеҳ кард ба дастгоҳи аксбардорӣ, ки аз як тифл, ки ба тадриҷ такомул пайдо мекунад, аксҳои мутаъаддиде бармедорад, албатта ҳар як аз аксҳо ва тасвирот рӯйи сафҳаи муқавво тифлро дар як замони муайян ва як марҳилаи муайян аз мароҳили такомул нишон медиҳад ва нисбат ба он ҳолат доиман содиқ ва мунтабиқ аст, вале нисбат ба соири ҳолоти он тифл, ки тағйир карда содиқ нест, ва агар бихоҳем ҳолоти дигари он тифлро нишон бидиҳем, эҳтиёҷ ба аксҳои мутаъаддиди дигаре дорем.

Ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, ин қисмат аз баёни такомул, ки марбут ба такомули воқеият аст, мавриди таъйиди фалосифаи илоҳӣ буда ва ҳаст, ва натиҷааш мутолеаи табиат ба тарзи хоссе аст, ки гуфта шуд.

Қисмати дуввум: Ин қисмат натиҷаи махсусе аст, ки тарафдорони материализми диалектик ба салиқаи худ аз қисмати аввал дар боби кайфияти мутолеаи табиат гирифтаанд ва он ин ки:

Мафоҳиме, ки инсон дар зеҳни худ аз табиат дорад, ҳангоме ҳақиқат аст ва бо воқеъ мунтабиқ аст, ки бо воқеияти табиат назир бошад. Яъне дорои ҳамон хоссияте бошад, ки воқеияти табиат дорад ва чун воқеиятҳои табиат ба ҳукми “асли тағйир” дар тағйиру такомул ва ба ҳукми “асли таъсири мутақобил” дар таҳти таъсир якдигаранд, ночор агар бино шавад тасаввурҳои зеҳнӣ ҳақиқат ва мутобиқ бо воқеъ бошанд, бояд ҳамон хоссиятҳоро дошта бошанд. Яъне бояд мутаҳаввил ва мутакомил буда ва дар якдигар таъсир дошта бошанд.

Тарафдорони материализми диалектик ин қисматро низ ба Ҳероклид — донишманди қадими Юнон нисбат медиҳанд, чунонки дуктур Аронӣ дар сафҳаи 49 ҷузваи мазбур пас аз он ки ҷумлаи маъруфро (“Дар як рӯдхона ду дафъа наметавон ворид шуд”) аз Ҳероклид нақл мекунад, мегӯяд:

Ҳероклид мутаваҷҷеҳи таъсири мафҳуми ҷараён дар мафҳуми рӯдхона шудааст.”

Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳеч як аз ҳукамои қадими Юнон ва ҳукамои давраи исломӣ ва ҳукамои ҷадиди Урупо, дар ин қисмат бо тарафдорони материализми диалектик шарик нестанд.

Аз донишмандони ҷадиди Урупо фақат Ҳегел (нимаи дуввуми қарни 18-ум ва нимаи аввал қарни 19-уми милодӣ)-ро метавон ном бурд, ки чунин ақидае доштааст. Ва аз донишмандони давраи исломӣ танҳо Муҳаққиқ Ҷалолуддини Даввонӣ (қарни 10-уми ҳиҷрӣ) ақидаи хоссе дар боби илм дорад, ки ҳамин натиҷаро медиҳад. Иштибоҳи асосии материализми диалектик ҳам ҳамин ҷост.

Ин оқоён гумон кардаанд, ки агар як мафҳум ҳақиқат ва мутобиқ бо воқеъ бошад, бояд хоссияти мисдоқи худро дошта бошад ва чун мисдоқҳои хориҷӣ хоссияти такомул ва таъсири мутақобилро доранд, айни ин ду хоссият бояд дар мафоҳими зеҳнӣ мавҷуд бошад ва илло бо воқеъ мутобиқ нахоҳанд буд, ғофил аз ин ки агар бино шавад мафҳум хоссияти мисдоқи худро дошта бошад, бояд тамоми хоссиятҳои ӯро дошта бошад ва дар ин сурат, ин мафҳум мафҳуми шайъи хориҷӣ нест, балки худ як воқеияте аст дар арзи он воқеият ва соири воқеиятҳои табиат.

Касоне, ки ба мантиқ ва фалсафаи қадим — ки ин оқоён онҳоро кӯҳна ва ҷомид мехонанд — ошноӣ доранд, медонанд, ки дар мабҳаси маъруфи “Вуҷуди зеҳнӣ” — ки аз ғомизтарин ва печидатарин масоил аст — шубҳаи маъруфе ҳаст, ки асоси он шубҳа бо ин иштибоҳе, ки материализми диалектик дар боби ҳақиқат дучори он шудааст яке аст. Он шубҳа ин аст: агар айни моҳияти маълум дар зеҳн мавҷуд шавад, яъне агар мафҳуми зеҳнӣ ҳақиқат ва мутобиқ бо воқеъ бошад, ночор бояд тасаввуроти зеҳнӣ мисдоқи моҳияти маълум бошанд ва қаҳран тамоми хоссиятҳо ва осоре, ки соири масодиқ доранд дошта бошанд. Масалан, агар як ҷавҳаре аз ҷавоҳир ё камме аз каммиёт ё кайфияте аз кайфиёти ҷисмониро тасаввур кунем, лозим аст, ки тасаввури мо худаш мисдоқи “ҷавҳар” ё мисдоқи “камм” ё мисдоқи “кайфи ҷисмонӣ” буда бошад ва қаҳран хоссиятҳо ва осори онҳоро дошта бошад, ва ҳол он ки мо медонем, тасаввуроти мо кайфиёти нафсонӣ ҳастанд ва мисдоқи мақулаи “кайф” буда ва хоссиятҳо ва осори “кайфи нафсонӣ”-ро доро мебошанд.

Фалосифа посухҳои мутаъаддиде ба ин шубҳа додаанд. Беҳтарин посухҳо ҳамон аст, ки Садрулмутааллиҳин дода ва мавриди қабули фалосифаи баъд аз худаш воқеъ шуда. Мо бо ҳазфи муқаддимот ва далоиле, ки ин файласуфи бузург оварда, ба асли назарияаш ишора мекунем, зеро баёни муфассали ин назария эҳтиёҷ ба баёни муқаддимот ва тавзеҳи истилоҳот дорад, ки муносиби ин мақола нест. Ғарази мо феълан ишора ба яке аз решаҳои иштибоҳоти материализми диалектик аст ва он ин ки:

Мафоҳим аз як лиҳоз айни моҳияти “маълум” ҳастанд (ба ҳамли аввалии зотӣ), вале аз лиҳози дигар айни он нестанд, яъне мисдоқи моҳияти “маълум” нестанд (ҳамли шойеъи синоъӣ) ва аз ин рӯ хоссиятҳо ва осори “маълум”-ро надоранд. Ва аз ин ҷиҳат агар мо як шайъи мутакаммим (дорои каммият) ё мутакайиф (дорои кайфият) ё мутаҳаррик (дорои ҳаракат)-ро тасаввур кунем, мафҳуми мутасаввари мо дар айни ин ки бо хориҷ айният ва татобуқ дорад, хоссиятҳо ва осори шайъи хориҷиро надорад, яъне мафҳуми мутасаввари мо дорои каммият ва кайфият ё ҳаракат нахоҳад буд.

Аз хонандагони мо онон, ки ба фалсафа ошно ҳастанд, ба ҳамин ишораи мухтасар, ба решаи ин иштибоҳ хуб мутаваҷҷеҳ шуданд ва тору пуди ин мантиқи диномикро, ки ҳамаҷо ба мантиқи қадим ҳамлавар мешавад ва онро ҷомид (истотик) мехонад, ба даст оварданд ва донистанд, ки решаи ин мантиқи мутаҳаррик фақат як иштибоҳи бузурге аст, ки қарнҳост панбаи он зада шудааст.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: