Шарҳи Маснавӣ (133)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (2)

* * *

Сурати мо андар ин баҳри ъизоб,

Медавад чун косаҳо бар рӯйи об.

Ба унвони мисол: вуҷуди ошкори мо дар дарёи гуворои зоти аҳадият медавад ва ҳаракат мекунад, дуруст монанди косаҳое, ки бар рӯйи об шиновар аст.

Ъизоб: ҷамъи “ъазб” ба маънои ширин ва гуворо. “Баҳри ъзоб” киноя аз зоти Ҳақ Таъолост.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: маншаи ҳаракати олами аҷсом зоти Ҳақ Таъолост, чунонки ҳаракати косаҳо бар об аз об аст. Таъайюноти инсон ҳамчун косаест бар сатҳи дарё, коса то вақте ки холист, бар об меравад, ҳамин тавр то вақте ки инсон аз дами раҳмонӣ ва ишқи илоҳӣ тиҳӣ бошад, худро касе медонад ва лофҳо мезанад, аммо ҳамин ки аз ишқ ва маърифати яздонӣ пур шуд, дар жарфои дарё ғарқ шавад ва ба мақоми “фанои филлоҳ” расад. Ташбеҳи сурат ба коса ва ҳақиқат ба дарё, дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно сафҳаи 153 низ омадааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.376)

То нашуд пур бар сари дарё чу ташт,

Чунки пур шуд ташт, дар вай ғарқ гашт.

Модом ки косаи вуҷуди одамӣ аз оби дарёи бекарони илоҳӣ холӣ бошад, бар сатҳи об меравад, вале ҳамин ки косаи вуҷуди мо аз ишқи дарёи илоҳӣ пур шуд, дар он дарё ғарқ мешавад.

Ақл пинҳон асту зоҳир оламе,

Сурати мо мавҷ ё аз вай наме.

Ҳамон тавр ки ақл пинҳон аст ва олами сурат зоҳир, пас зоти ҳазрати Ҳақ низ ҳамонанди дарё зоҳиран пинҳон аст ва суратҳои мавҷудот ва мумкинот ошкор аст.

Нукта: Урафо вуҷуди мутаъайинро ба мавҷ ё нам ташбеҳ кардаанд ва вуҷуди мутлақро ба дарё. Зеро мавҷу нам аз мазоҳир ва шуъуноти дарёст ва ин олами касрат низ мазҳари Ҳақ Таъолост. Аз аҷоиби шуъуноти илоҳӣ он аст, ки дар айни хафо зоҳир менумояд ва бо вуҷуди он ки ғайри Ӯ ҳеч нест ва Ӯст, ки айни ҳамаи ашё шуда, таъайюнот ва ташаххусот пардаи ҷамоли он ҳазрат гаштаанд ва дар зери пардаи ҳар заррае аз заррот, ҷамоли он маҳбуби ҳақиқӣ пинҳон шуда ва ба сурати ҳама ҷилвагарӣ мекунад ва ба ранги ҳама бармеояд. (Шарҳи гулшани роз, с.128)

Ҳар чӣ сурат ме-василат созадаш,

З-он василат баҳр дур андозадаш.

Сурат ҳар чӣ ки барои расидан ба дарёи ҳақиқат васила фароҳам орад, дарёи ҳақиқат бо ҳамон васила суратро аз худ дур мекунад. (Яъне висол ба Ҳақ барои суратпарастон ва аҳли зоҳир муяссар нест.)

Нукта: Ва ин бад-он ҷиҳат аст, ки чун сурат маҳдуд аст, ҳар он чӣ аз сурат ба вуҷуд меояд низ маҳдуд аст ва он воситаҳо ва василаҳо ба ҷойи он ки боиси қурб ва наздикӣ шаванд, эҷоди буъд ва дурӣ мекунанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.377)

То набинад дил диҳандай розро,

То набинад тир дурандозро.

Ҳазрати Ҳақ касонеро, ки барои висол ба Ҳақ ба завоҳир ва суратҳо мутавассил мешаванд, аз худ дур месозад, то натавонанд ба асрори зоти илоҳӣ воқиф шаванд; чунон ки масалан тир наметавонад тирандозро бибинад.

Нукта: Мисроъи дуввум тамсил аст барои мисроъи аввал. Яъне, ҳамон тавр ки тир дар қабзаи қудрати тирандоз аст, одамӣ низ дар қабзаи машияти илоҳист. “Тир” дар инҷо шомили ваҳму гумони одамӣ низ мешавад. Одамӣ барои найл ба ҳақиқат, ҳар қадр ба ваҳму гумон такя кунад, аз водии ҳақиқат дуртар меафтад.

Асби худро ёва донад в-аз ситез

Медавонад асби худ дар роҳ тез.

Ба унвони мисол: инсони ғофил аспи худро гумшуда мепиндорад ва аз сари шитоб аспашро тунду тез медавонад.

Ёва: гумшуда, мафқуд, маҷозан бар сухани ҳарза ва ҳазён итлоқ мешавад.

Нукта: Мавлоно аз инҷо то чаҳор байти дигар, руҳи илоҳиро ба асп ташбеҳ мекунад ва ҷисми одамӣ ё колбади ҷаҳонро ба саворкор. Бо он ки саворкори ғофил тавассути асп аз сӯйе ба сӯйе меравад, бо ин ҳол аз вуҷуди асп хабар надорад ва дар ба дар ба дунболи он асп аст; чунонки инсони ғафлатзада зуҳури Ҳақро намебинад ва аз маъият ва ҳамроҳии Ҳақ ғофил аст ва беҳуда худро ба мазоҳир машғул доштааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.378)

Ҳаким Сабзаворӣ гӯяд: “Мурод аз ин байт он аст, ки то ҷони одамӣ худшинос ва Худошинос нашавад ва дар талаб бошад, савореро монад, ки асп дар зери рон дошта бошад ва аспро гумшуда бидонад ва дар ҷустуҷӯи он бошад. Яке аз маъонии “Ман арафа нафсаҳу, фақод арафа Раббаҳу” он аст, ки ҳар ки шинохта нафси худро, аввал бояд шинохта бошад Рабби худро, то он маърифати аввалӣ мизони нафс шавад.” (Шарҳи асрор, с.45)

Асби худро ёва донад он ҷавод

В-асб худ ӯро кашон карда чу бод.

Он ҷавонмард (соҳиби асп) аспи худро гумшуда медонад, дар ҳоле ки аспаш монанди бод ӯро бо худ ҳамл мекунад ва ӯ намедонад, ки бар ҳамон аспе савор аст, ки дар ба дар суроғашро мегирад.

Ҷавод: ҷавонмард.

Дар фиғону ҷустуҷӯ он хирасар,

Ҳар тараф пурсону ҷӯён дар ба дар.

Он шахси ҳайрону парешонҳол оҳу фиғон мекунад ва дар ба дар суроғи аспашро аз ҳар кас мегирад.

Хирасар: парешон ва ошуфта.

К-он ки дуздид асби моро, куву кист?

Ин ки зери рони туст, эй хоҷа чист?

Он марди ҳайрон мегӯяд: он касе ки аспи маро дуздида куҷост? Ӯ кист? Ҳол бояд ба ин шахс гуфта шавад: эй оқои мӯҳтарам! Пас ин аспе, ки савораш шудаӣ, чист?

Оре ин асб аст, лек ин асб ку?

Бо худ ой, эй шаҳсавори асбҷӯ.

Он шахси ҳайрон мегӯяд: бале, албатта ки ин асп аст, вале аспи гумшудаи ман ку? Эй чобуксаворе, ки суроғи аспатро мегирӣ! Ба худ биё ва бибин, ки аспат ҳамроҳи худи туст!

Нукта: Ин абёт тамоман дар баёни маъият ва ҳамроҳии ҳазрати Ҳақ ва тафсири қисмате аз ояти 4 сураи Ҳадид аст, ки фармояд:

وهو معكم اينما كنتم

Ва ҳам Ӯст бо шумо ҳарҷо ки бошед…

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: