Добиқ аз ДОЪИШ пасгирифта шуд

Ба гуфтаи гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия ва фармондеҳони шӯришиён, шаҳри Добиқ дар шимоли Сурия ба тасарруфи шӯришиёни мавриди ҳимояти Туркия даромадааст.

Амалиёт барои тасарруфи ин шаҳр, ки барои гурӯҳи ДОЪИШ аҳаммияти намодини зиёде дорад, ду рӯз пеш (шанбе, 15 октябр) оғоз шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ҳам ахбори марбут ба пешравӣ ба сӯйи ин шаҳрро таъйид карда буд.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Бритониё гуфтааст, ки шӯришиён аз пуштибонии ҳавоии Туркия бархӯрдор буданд ва пас аз он ки нерӯҳои ДОЪИШ ин минтақаро раҳо карданд, шӯришиҳо шаҳрро ба тасарруфи худ дароварданд.

Аҳмад Усмон, фармондеҳи гурӯҳи шӯришии “Султон Мурод” (тобеи «Артиши Озод»), ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки ин гурӯҳ ҳамчунин деҳкадаи Сурон дар ҳамсоягии ин шаҳрро ҳам аз ДОЪИШ боз пас гирифта ва ба контроли худ даровардааст.

Гуфта шуда, ки тасарруфи Добиқ бахше аз амалиёти густардаи гурӯҳҳои шӯришии мавриди ҳимояти Туркия ва мухолифи давлати Сурия аст.

Хабаргузории давлатии Туркия (Онотулӣ) ҳам гуфтааст, ки шӯришиён дар ҳоли ҳозир дар талошанд, то минҳо ва талаҳои инфиҷории коргузошташуда дар ин минтақаро хунсо кунанд.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, дар ҷараёни амалиёти рӯзи шанбе дастикам 9 шӯришӣ кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Добиқ дар 10 километрии марзи Туркия воқеъ аст.

Туркия дар моҳи августи соли ҷорӣ (ҳудуди ду моҳ пеш) амалиётеро барои поксозии манотиқи марзии ин кишвар аз пайкорҷӯён оғоз кард.

Бен Алӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия ҳам дар моҳи гузашта (сентябр) эълом кард, ки хатти марзии 91 километрии ин кишвар «ба таври комил эман шуда ва тамоми созмонҳои теруристӣ аз ин минтақа ба ақаб ронда шудаанд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: