Муҳокимаи Шайх Кубайсӣ ба иттиҳоми тавҳин ба ваҳҳобият

Як додгоҳи ӯрдунӣ ба дархости як вакили саудӣ Шайх Аҳмад Кубайсӣ, руҳонии номдори аҳли суннатро ба иттиҳоми тавҳин ба фирқаи ваҳҳобият муҳокима мекунад.

Рӯзномаи саудии Уккоз гузориш дод, як вакили арабистонӣ дар додгоҳе дар Ӯрдун алайҳи Шайх Аҳмад Кубайсӣ, руҳонии аҳли суннати ироқӣ, ки дар шабакаи моҳвораии “Диҷла” алайҳи ваҳҳобият ва муассиси он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб сухан гуфта буд, иқомаи даъво кардааст.

Бар асоси ин хабар, Шайх Кубайсӣ борҳо бо ҳузур дар барномаҳои телевизиюнӣ, аз ифротгароии ваҳҳобият ва мубаллиғони саудӣ интиқод карда буд.

Вай дар гуфтугӯ бо шабакаи “Диҷла” дар посух ба суоле дар бораи Абӯбакр Бағдодӣ, саркардаи ДОЪИШ гуфтааст: “Ӯ аз Шимр, ки Имом Ҳусайнро ба шаҳодат расонд ҳам бадтар аст. Бағдодӣ ҷосуси Исроил аст, ҳамон тавр ки Муҳамад ибни Абдулваҳҳоб, муассиси ваҳҳобият ҳам ҷосус ва абзори дасти саҳюнизм буд.”

Усмон ал-Утейбӣ, вакили арабистонӣ, ибтидо дар додгоҳе дар Дубай алайҳи Шайх Кубайсӣ иқомаи даъво карда буд, ки дархости ӯ дар додгоҳ рад шуд ва ҳоло дар додгоҳе дар Ӯрдун Шайх Кубайсиро ба “эҷоди фитнаи мазҳабӣ ва нажодӣ ва таҳрики мардум алайҳи аносури уммати исломӣ” муттаҳам кардааст.

Бар асоси ин хабар, додгоҳи Ӯрдун дар ҳоли баррасии мизони хасорате аст, ки ин руҳонии ироқӣ ба фирқаи ваҳҳобият ворид кардааст ва бар асоси қонуни ҷазоии ин кишвар, мумкин аст Шайх Кубайсӣ дастикам бо ҳукми 3 сол зиндон ва ҷаримаи молӣ рӯ ба рӯ шавад.



Рубрики:Салафият, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: