Омрико ДОЪИШ-ро ба шимоли Афғонистон мунтақил мекунад

Ба қалами Ошиқ Турӣ, таҳлилгари масоили Афғонистон дар Irdiplomacy

Дар ҳоле ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Омрико муддаъӣ ҳастанд, гурӯҳи ДОЪИШ-ро дар шарқи ин кишвар саркӯб кардаанд, рӯзона аммо гузоришҳое ба нақл аз манобеъи хабарии Омрико ва нерӯҳои афғонӣ мунташир мешавад, ки даҳҳо тан аз доъишиён ба ҳалокат расидаанд!

Женерол Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ, ки барои озодсозии шаҳристони Ғурмоч дар вилояти Фориёб, ба шимоли ғарбии Афғонистон сафар кардааст, мегӯяд: “Қарор аст бар асоси як пружа, теъдоди 7 ҳазору 500 нафар аз ҷангҷӯёни ДОЪИШ аз шаҳрвандони Чечен, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ки назди ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ омӯзиш дида ҷангидаанд, ба шимоли Афғонистон интиқол ёбанд.”

Ногуфта намонад, дар робита бо тасарруфи манотиқ ва шаҳристонҳо тавассути Толибон дар Афғонистон низ, Дӯстум мегӯяд, ин кор бар асоси муъомилот сурат мегирад.

Шаҳристонҳо, манотиқ, посгоҳҳо, тонкҳо ва дигар силоҳҳои сабуку сангин, дар қиболи пул ба Толибон вогузор мешавад, вале масъулон ва нерӯҳои амниятӣ, ки дар ин қазия даст доранд, ба зудӣ шиносоӣ ва таҳвили қонун хоҳанд шуд.

Ногуфта намонад, фасоди молӣ, ки дар баданаи давлатии Афғонистон русух карда, дар баданаи низомии ин кишвар ба қадре нуфуз карда, ки ба гуфтаи женерол Дӯстум, дар шаҳристонҳо, силоҳҳои сангину сабук бо Толибон мавриди муъомила қарор мегирад ва ҳатто гуфта мешавад, ба номи ҳазорон нафар аз нерӯҳое, ки вуҷуди хориҷӣ надоранд, мавриди фасоди молӣ қарор мегиранд.

Дар чунин вазъияте боз ҳам беш аз 15 милёрд дулор ба унвони кӯмак барои чаҳор соли оянда ба ҳамин систем дар конфронси Бруксел аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ эълом шуд, бидуни ин ки фикре барои муборизаи ҷиддӣ бо фасоди идорӣ ва молӣ дар Афғонистон шуда бошад. Албатта ба гуфтаи манобеъи давлатии Афғонистон, 80 дарсади ин кӯмакҳо, ки то кунун ба ин кишвар сурат гирифта тавассути худи хориҷиҳо ба вижа Омрико ҳазина шудааст. Пас, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки аз як сӯ Толибон дар шимол, ҷануб ва ғарби Афғонистон метозад ва шаҳристонҳо ва манотиқро тасарруф мекунанд ва садҳо тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистонро ба хоку хун мекашанд ё ононро ба асорат мегиранд, ва аз сӯи дигар ДОЪИШ дар шарқи Афғонистон лона кардааст.

Ба гуфтаи женерол Дӯстум, қарор аст бар асоси як пружа, теъдоди 7 ҳазору 500 нафар аз ҷангҷӯёни ДОЪИШ ба шимоли ин кишвар низ интиқол ёбанд. Ғулом Ҷилонии Завок, раиси дафтари мутолеъоти истротежики Афғонистон мегӯяд: “Гузоришҳои мувассақ аз шаҳристонҳои Ҳаска Мина, Ачин ва дигар манотиқи вилояти Нангарҳор, ҳикоят аз кушта шудани ғайринизомиён ба номи ДОЪИШ дорад.” Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин манотиқ ба шиддат аз давлат ва омрикоиҳо шокӣ ҳастанд, ки ДОЪИШ мавриди ҳадаф ва бархӯрд қарор намегирад, балки ба ҷойи онон, мардуми ғайринизомӣ, ки бо ДОЪИШ мухолифанд, бомбборон мешаванд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои амниятӣ, ки чанде пеш манотиқеро аз дасти ДОЪИШ поксозӣ ва озод карда буданд, бо раҳо кардани он манотиқ, нерӯҳои ДОЪИШ бори дигар онҷоро тасарруф кардаанд. Ғулом Ҷилонӣ Завок дар мавриди интиқоли 7 ҳазору 500 нафар ДОЪИШ ба шимоли Афғонистон низ гуфт: “Ин як пружаи бузург аст, ки аз сӯйи Омрико мавриди пайгирӣ ва амал қарор мегирад.” Ба гуфтаи оқои Завок, “Покистон низ дар пиёда кардани ин пружа Омрикоро ёрӣ мекунад.” Раиси дафтари мутолеъоти истротежики Афғонистон бо ишора ба ҳадафи ин пружаи омрикоӣ баён мекунад: “Омрико қасд дорад, бо интиқоли ҷанг ба Осиёи Миёна, ҳаёти халвати Русияро, ки моломол аз энержӣ низ ҳаст ноамн кунад ва ба баҳонаи мубориза бо ДОЪИШ, дар онҷо ҳузури низомӣ пайдо кунад.”

Аммо Устод Ҳабибуллоҳ Рафеъ, раиси бахши доиратулмаориф дар Окодемии улуми Афғонистон ва нависандаи маъруфи ин кишвар, зимни радди иддаъоҳои женерол Дӯстум, гуфтааст: “Интиқоли ДОЪИШ дар ин ҳад ба шимоли Афғонистон бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад, то женерол Дӯстум ба баҳонаи мубориза бо ДОЪИШ, милишиёи низомии худро ҳамчунон ҳифз ва беш аз пеш мусаллаҳ созад.”

Оқои Рафеъ дар айни ҳол ,мавзӯи ДОЪИШ-ро то ҳудуде таъйид карда ва гуфтааст, ки иддае маҳдуд аз афрод таҳти номи ДОЪИШ мавриди ҳимояти нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Омрико ҳастанд, то бо эҷоди тарс, ҳузури тӯлонимуддати омрикоиҳоро дар Афғонистон тавҷеҳ кунанд.

Irdiplomacy



Рубрики:Сиёсат, Такфир, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: