Оғози озодсозии Мусил ва фирори Бағдодӣ ба Риққа

Фармондеҳи гурдони 9-уми зиреҳии артиши Ироқ эълом кард, ки ин гурдон ба ҳамроҳи нерӯҳои пиёданизом, ба 20 километрии шаҳри Мусил расидаанд. Ва ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Абӯбакр Бағдодӣ ба шаҳри Риққа (пойтахти ДОЪИШ дар Сурия) фирор кардааст.

Амалиёти озодсозии шаҳри Мусил саранҷом аз соати 2 бомдоди имрӯз (17 октябр) бо дастури Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Айн”-и Ироқ, сарлашкар Қосим ал-Моликӣ, фармондеҳи гурдони 9-уми зиреҳии артиши Ироқ эълом кард, ки ин гурдон ба ҳамроҳи нерӯҳои пиёданизом тавониста ба 20 километрии ҷануби Мусил бирасад ва амалиёти низомӣ идома дорад.

Ӯ дар ин бора идома дод: “Нерӯҳои амниятӣ манотиқи мухталиферо озод кардаанд ва тавонистаанд рустоҳои Иброҳим ал-Халил, ал-Идла, Конҳаром ва Аббос Раҷабро озод кунанд ва амалиёт барои озодсозии Мусил идома дорад.”

Ба гуфтаи ал-Моликӣ, амалиёти низомӣ дар як меҳвар сурат намегирад ва нерӯҳои низомӣ низ дар як нуқта намеистанд ва дар нуқоти мухталиф ҷобаҷо мешаванд.

Кудето алайҳи Абӯбакр Бағдодӣ дар Мусил ва фирори саркардаи ДОЪИШ ба Риққа

Як манбаи маҳаллӣ дар устони Найнаво эълом кард, ки дар ҳоле ки амалиёти Мусил оғоз шудааст, нерӯҳое, ки ба номи “нерӯҳои пулиси ДОЪИШ” маъруф ҳастанд, ҳамроҳи теъдоде аз аъзои ин гурӯҳ алайҳи Абӯбакр Бағдодӣ кудето кардаанд.

Ин манбаи маҳаллӣ дар устони Найнаво дар гуфтугӯ бо шабакаи Сумариянюз эълом кард: “Раиси пулиси исломии ДОЪИШ, ки мулаққаб ба Абӯусмон ва аз аҳолии Мусил аст, раҳбарии кудето алайҳи Абӯбакр Бағдодӣ, саркардаи ДОЪИШ-ро бар ӯҳда гирифтааст.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, Абӯбакр Бағдодӣ аз артиши “Алъусра” хоста бо ин кудето муқобила кунанд ва ҳафт тан аз раҳбарони пулиси ДОЪИШ-ро эъдом кунанд.

Ба гуфтаи ин манбаи маҳаллӣ, кудеточиён алайҳи Бағдодӣ аз тариқи баландгӯ дар Мусил аз боздошти зани Бағдодӣ ва фирори вай ба Риққаи Сурия хабар дода ва таъкид карданд, ки «ҳукумати» Бағдодӣ дар Мусил ба поён расидааст.

Абӯбакр Бағдодӣ имрӯз (душанбе, 17 октябр) аз як ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии минтақаи Алғоботи Мусил ҷон ба дар бурд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: