Ал-Ҷубайр: “Иштироки манофеъ миёни кишварҳои арабӣ бо Исроил дар муқобила бо Эрон ба вуҷуд омадааст”

Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон гуфт: “Иштироки манофеъ миёни кишварҳои арабӣ бо Исроил дар муқобила бо Эрон ба вуҷуд омадааст.”

Ба гузориши рӯзномаи исроилии “Маъориф, Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи саудӣ, дар мусоҳиба бо ин рӯзнома, дар бораи мавзӯъҳои мухталифи минтақаӣ аз ҷумла бӯҳрони Яман ва тарҳи сулҳи арабӣ ҷиҳати поён додан ба муноқишаи Исроил бо Фаластин сӯҳбат карда ва аз режими саҳюнистӣ хостааст, то аз фурсате, ки барои қабули тарҳи сулҳи арабӣ дорад, истифода кунад.

Одил ал-Ҷубайр дар ин мусоҳиба, бо баёни ин ки тарҳи сулҳи Арабистон ҳанӯз побарҷост, гуфтааст: “Арабистон феълан нигарони он чӣ аст, ки дар Яман ва Сурия иттифоқ меафтад.”

Вазири хориҷаи Арабистон афзуда: “Арабистон ба талош барои роҳкори мусолиматомез ҷиҳати поён додан ба бӯҳрони Сурия идома медиҳад… Вазъияти Яман ва таҳдидоти теруристӣ авлавияти Арабистони Саудӣ аст ва барои иқдомоташ дар ин заминаҳо аз Исроил кӯмак гирифтааст.”

Одил ал-Ҷубайр дар ин мусоҳиба, изҳороти вазири хориҷаи Баҳрайн дар бораи талоши кишварҳои узви Шӯрои халиҷи Форс барои хариди сомонаҳои дифоъи мушакии “Гунбади оҳанин” аз тариқи кишвари сеюм аз Исроил ҷиҳати муқобила бо таҳдидоти Эронро таъйид карда ва гуфт: “Иштироки манофеъ миёни кишварҳои арабӣ бо Исроил дар муқобила бо Эрон ба вуҷуд омадааст.”

Ҳамчунин рӯзномаи “Алахбор”-и Лубнон, бо ишора ба ин мусоҳиба навиштааст, ки “ҳамзамон бо иқдоми Исроил дар куштори фаластиниҳо ва тахриби хонаҳояшон ва мубоҳ шумурдани муқаддасоти исломӣ, Арабистон дар қолиби мусоҳибаи вазири хориҷааш бо рӯзномаи исроилии Маъорив, пешниҳоди сулҳаш бо душманро такрор карда ва дар ҷангаш алайҳи Яман, аз ҳимояташ бархӯрдор шуда ва тамоюлашро барои хариди сомонаи зиддимушакӣ (“Гунбади оҳанин”)-и Исроил дар муқобила бо Эрон, нишон додааст.”

Алахбор афзуда: “Одил ал-Ҷубайр паёми сулҳи Арабистонро дубора барои Исроил ирсол кард ва аз Телавив хост, ки фурсатро ғанимат бишуморад ва тарҳи сулҳи Арабистонро бипазирад, ки дар соли 2002 матраҳ кард. Ба гуфтаи ал-Ҷубайр, ин тарҳ бар хилофи ҳамаи таҳаввулот, ҳануз рӯйи миз аст.”

Алахбор навишт: “Рӯзномаи Маъорив гузориш карда, ки Арабистон парвандаи бӯҳрони Сурияро акнун аз масъалаи Фаластин заруритар мебинад ва вазъият дар Яман ва хатари тероризм, дар раъси авлавиятҳои Арабистон аст ва тибқи иттилооти байналмилалӣ, Арабистон аз Исроил барои ҷанг дар Яман кӯмакҳое дарёфт кардааст.”



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: