Ба чашми мӯр макаш сурмаи сулаймонӣ

Ёддошти Асадулло Вализода

Ҳадиси ишқ ба аҳли ҳавас чӣ мегӯӣ,

Ба чашми мӯр макаш сурмаи сулаймонӣ

(Рӯзҳои ахир кашмакашҳои ақидавию мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба авҷ ниҳода, аз ин рӯ ин ёддоштро бо баъзе андешаҳои дигар муҷаддадан нашр кардем. (Асадулло Вализода))

Имрӯз пайкари олами Ислом аз дарди кашмакашҳои сиёсию динӣ ва тафриқаандозиҳои «худӣ», ки аз ҷаҳолати динию шахшудагии ақидавӣ ва нодида гирифтани мавқеъҳои якдигару дидгоҳҳои сиёсӣ маншаъ мегирад, дар ранҷу фиғон аст.

Дар чунин ҳолати бӯҳронӣ ва фитнабор, ки манотиқи исломӣ оғуштаи хун ва гирифтори ихтилофи шадиди динию сиёсӣ аст, аз баҳс дар бораи масоили ихтилофии мазҳабӣ ва динӣ худдорӣ варзем.

Кишвари азизамон бардошти якчунин ихтилофоту кашмакашҳову «ҳақтарошона»-и нобамавқеъро надорад, зеро аксари кулли мардуми мусалмон фаҳми чунин муноқишаҳоро дарк накарда, ба гирдоби шакку шубҳа ва баҳсҳои носолим фурӯ мераванд.

Аз тарафи дигар, ҳар лаҳза сайёдони фурсатҷӯ мардуми ноогоҳро барои баровардани аҳдофи хеш бо такя ба ин нофаҳмиҳо, ба танишҳои мазҳабию руёрӯии ақидавӣ равона мекунанд.

Ба фикри банда, макони чунин баҳсҳо байни мутахассисону уламои андешаманд дар нишастҳое дохили толорҳост. Таҳаммули андеша ва фикру раъйи ҳамдигар ва посуху табодули назар дар чорчӯбаи одоби исломӣ ҳам, аз диндорию тақводорӣ мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки бидуни барномаи фарогири таълими динӣ, ки омӯзишҳои исломӣ ҷузъи асосии онро бояд шомил бошад, аз байн бурдани бесаводии динӣ ва таъассуби мазҳабӣ ва шинохти дуруст аз диндорӣ доштан ғайриимкон аст. Бо назардошти манофеи умумимиллӣ ва ватанӣ, дар ин ҷода муносибати давлат, аҳзоби сиёсӣ, марказҳои таъсиргузори ватанию бурунмарзии тоҷикӣ ва уламои динию шахсиятҳои матраҳи ҷомеа новобаста аз муносибати ақидавӣ ба шинохти дини аксари кулли шаҳрвандони кишвар, ки Ислом аст, инсофан бояд созанда, мӯътадилу муносиб бошад, хусусан дар ин айём, ки низоъҳои Олами Исломӣ бо пӯшиши аҳдофи сиёсӣ ва рақобатҳои геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ, танишҳои мазҳабиро тезутунд кардааст.

Аз мусалмонӣ ҳарф зада, ба саҳнаи муқобила, муноқишаи ғаразнок кашидани шиорҳои динӣ ва пойбандӣ ба арзишҳои диниро бефарҳангию кӯҳнапарастӣ қаламдод кардан, теша ба решаи ватану миллат задан аст. Ба ҳар андешаи мӯътадили сиёсатмадори исломӣ ва уламои исломӣ баҳои сазовор дода, набояд аз ҳарфи солим ифроту хушунат кофт.

Ба андешаи банда, масъулияти динию шинохти дуруст аз чолишҳои замони муосир ва матолиби рушди ҷомеа тақозо дорад, ки масоили сиёсиро аз баҳсҳои динӣ бояд ҷудо намуд, то чунин бардошт нашавад, ки аз як идда барои манофеи сиёсию ҳизбӣ аз дину мазҳаб суистифода мекунанд.

Вижигиҳои замони муосир ва таваҷҷӯҳи беандозаи бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Олами Ислом, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин осебпазир шудани мафҳуми исломи сиёсӣ ва таҳаввулоти ахири сиёсии кишвар, таҷдиди назар карданро дар масоили дин, ҷомеаи маданию дунявӣ ва аҳзоби сиёсӣ аз гузашта бештар лозим кардааст.

Ба ҳама ситезу ҷонибдорӣ ва бетарафии ақидавӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонию дигар анҷуманҳои минтақавӣ кишвари мусалмоннишин медонанд ва аз ин дидгоҳ ба он бархӯрд менамояд.

Аз тарафи дигар, тағйироти мусбатро бе ширкати фаъоли огоҳона ва дигаргуншавии мавқеъ ва андешаҳои мӯътадили диндорону даъватгарони ҷавон интизор шудан ғайриимкон мебошад.

Бинобар ин, бе дониши амиқи динӣ вориди баҳсҳои мазҳабӣ шудан осебпазир кардани ойини исломист. Мазҳабситезию тарғибгари дигар равияю мазҳаб шудан ва воқеияти мазҳабии минтақаю маҳалро, ки дар масоили умдаи ақидавию фиқҳӣ ба асосҳои исломию усули дин мухолифате надоранд, ба баҳсу зери шубҳа бурдан аз дирояту роҳи даъват ва равшангарӣ нест.

Аз ин рӯ, мувофиқи ҳикмату заковат амал намуда, барои ҳимоят аз манфиати миллату ормонҳои динӣ зарур аст, ки ба ҷаҳониён аз Ислом бардошти накӯ пешкаш намуда, бо ваҷҳу симои накӯ намоён шавем.

Илоҳо, ҳамбастагию иттиҳод ва фаҳми солимро бароямон эҷод ва барқарор гардон!

Омин!

(Манбаъ: Фейсбук, ёддошти фавқ дар октябри соли 2014 навишта шуда)



Рубрики:Нақду назар

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: