Оё Бедил мӯътақид ба “назарияи такомул” будааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Азизони хонанда ҳатман бо назарияи такомули Дорвин ошноӣ доранд. Инки назарияи мазкур дуруст аст ё нест, изҳори назар дар бораи он, бар ӯҳдаи дониши зистшиносӣ аст ва банда пештар дар мақолае дар ин мавзӯъ ба тафсил баҳс карда будам. Феълан, меҳвари баҳс дар ин ҷустор он нест, балки мехоҳам дар бораи байте аз Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ, ки бисёр ҷанҷолбарангез ҳам будааст, баҳс ба амал биёварам. Бедил дар ғазале мегӯяд:

Ҳеч шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,

Одамӣ ҳам пеш аз он, к-одам шавад, бӯзина буд.

Ин сурудаи Бедил аз сӯйи бисёре аз мӯътақидон ба назарияи Дорвин, мавриди баҳрабардорӣ воқеъ шуда ва ҳатто баъзе аз онон изҳор доштаанд, ки Бедил садҳо сол пеш аз Дорвин “назарияи такомул” (ва ё фаргашт)-ро матраҳ карда будааст.

Ҳоло, қатъи назар аз дурустӣ ва ё нодурустии назарияи мазкур, ин баҳрабардорӣ воқеан ғалат ва иштибоҳ ва ба дур аз мантиқ аст; ба ду далел:

1. Аввал ин ки, изҳори назар дар бораи ин масъала натиҷаи ковишҳои илмӣ ва таҷрубӣ аст. Яъне, касе бояд дар ин масъала изҳори назар кунад, ки қоъидатан бояд зистшинос бошад, солҳо умри худро сарфи ковишҳои илмӣ ва озмоишҳои амалӣ намуда бошад, мисли Чорлз Дорвин. Ва ин дар ҳолест, ки на ҳеч далеле бар ин ки Бедил зистшинос будааст дар даст дорем ва на ҳатто худи Бедил иддаъо карда, ки илова бар шоъир будан, зистшинос ҳам будааст;

2. Ва сониян, касоне ки ин сурудаи Бедилро далел бар иддаъои худ қарор дода ва медиҳанд, ё воқеан маънои ин байтро донистаанд вале суистифода мекунанд, ва ё ин ки тасаввури дурусте аз маънои он дар зеҳни худ надоранд.

Ҳол, маънои ин байт чист?

Дар мавриди инсон ва моҳияти ӯ, аз қадимулайём назди фалосифа, чӣ юнонӣ ва чӣ исломӣ, ин андеша роиҷ будааст, ки ҳар мавҷуди мумкини моддӣ, аз ҷумла инсон, мураккаб аст аз “ҳаюло” ва “сурат” (шакл).

Мурод аз “ҳаюло” дар истилоҳи онон, унсур ва хамирае аст, ки он мавҷуд аз он ташкил шудааст, ва ба он “модда” ҳам мегӯянд. Масалан, моддаи либос порча аст, моддаи миз чӯб аст ва ғайра… Ва аммо манзур аз “сурат” (ва ё шакл) қолиб ва сохтори он мавҷуд аст, яъне навъе назм ва сохторе, ки он мавҷудро шакл мебахшад. Ба унвони мисол, хайёт порчаеро – ки моддаи либос аст – шакл дода ва ба сурати либос дармеоварад, ва ё харрот чӯберо, ки моддаи миз аст, шакл дода ва ба сурати миз дармеоварад ва ғайра…

Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки манзур аз “сурат” фақат шакл ва қиёфаи як чиз нест, балки дар воқеъ чизе аст, ки он мавҷудро аз соири ҳамҷинсҳои худ ҷудо месозад. Масалан, “сурат”-и инсон ҳамон вижагиҳое аст, ки ӯро аз асп (ки дар ҷинс бо инсон муштарак аст) ҷудо мекунад, мисли ақлаш.

Ҳол, инсон дар “модда” (ҳаюло) ҳеч фарқе бо як бӯзина ва ё асп ва ё гов надорад. Ва ба баёни содатар, маводди инҳо ҳама яксон ҳастанд, ҳама аз гӯшту пӯсту хуну инҳо ташкил ёфтаанд. Тафовути ин мавҷудот ба “сураташон” (шаклашон) аст. Ин сурати инсонӣ аст, ки инсонро инсон кардааст.

Нуктаи дигар он ки: сурат ва модда (ҳаюло) ҳамеша бо ҳам вуҷуд доранд ва имкон надорад яке бидуни дигаре таҳаққуқ пайдо кунад. Инки мегӯяд: “Ҳеч шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд”, ишора ба ҳамин нукта дорад. Яъне ҳеч “сурате” бидуни “модда” суратпазир нест. Бояд моддае (ҳаюлое) бошад, то ба шакле дарояд, масалан бояд моддае ва унсуре бошад, ки ба сурати инсон (масалан) дароварда шавад.

Ва ин ҳам, ки мегӯяд: “Одамӣ ҳам пеш аз он, к-одам шавад, бӯзина буд”, ишора ба ин дорад, ки мавҷуде, ки одамаш мехонем, бидуни “сурати инсонӣ” одам нест ва ҳеч фарқе бо соири ҳамҷинсҳои худ надорад, масалан ҳеч тафовуте бо як бӯзина надорад. Бӯзина дар инҷо ба унвони мисол оварда шудааст.

Тамоми қисса дар мавриди ин сурудаи Бедил ҳамин аст.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: